Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё мегузоред, ки Кӯзагари Бузург шуморо шакл диҳад?

Оё мегузоред, ки Кӯзагари Бузург шуморо шакл диҳад?

«Инак, чунон ки гил дар дасти кӯзагар аст, ончунон шумо... дар дасти Ман мебошед» (ИРМ. 18:6).

СУРУДҲО: 23, 22

1, 2. Чаро Худо Дониёлро «марди дилписанд» номид ва чӣ тавр мо мисли ӯ итоаткор буда метавонем?

ВАҚТЕ яҳудиён ба Бобил асир шуданд, онҳо ба шаҳре даромаданд, ки он пур аз бутҳо буд ва мардумаш арвоҳи шарирро парастиш мекард. Бо вуҷуди ин яҳудиёни содиқ ба мисли Дониёл ва се рафиқаш намонданд, ки рафтору кирдори мардуми Бобил ба онҳо таъсир кунад (Дон. 1:6, 8, 12; 3:16–18). Дониёлу рафиқонаш ба таври қатъӣ қарор карданд, ки ба Кӯзагари худ Яҳува содиқ мемонанд. Ва онҳо дар ин кор муваффақ гаштанд! Дониёл қариб тамоми умрашро дар Бобил гузаронда бошад ҳам, фариштаи Худованд гуфт, ки ӯ «марди дилписанд» аст (Дон. 10:11, 19).

2 Одатан кулолгар барои гилро мулоим кардан бо дастонаш онро зер мекунад, то шакли дилхоҳашро ба даст орад. Имрӯз ходимони Худо медонанд, ки Яҳува Ҳокими Даҳр аст ва ҳуқуқ дорад, ки халқҳоро шакл диҳад. (Ирмиё 18:6-ро хонед.) Ҳамчунин Яҳува ҳақ дорад, ки ҳар яки моро шакл диҳад. Дар баробари ин Ӯ озодии иродаи моро ба инобат гирифта мехоҳад, ки ба Ӯ ихтиёран итоат кунем. Барои дар дасти Яҳува чун гили мулоим мондан биёед се саволи зеринро дида бароем: 1) Чӣ тавр мо аз хислатҳое, ки диламонро сахт карда метавонанд, даргурез буда метавонем? 2) Чӣ тавр мо хислатҳоеро инкишоф дода метавонем, ки барои дар дасти Яҳува чун гили мулоим будан ёрдам мекунанд? 3) Вақте Яҳува фарзандонро тарбия мекунад, чӣ тавр волидон ба Ӯ итоат карда метавонанд?

САХТДИЛ НАШАВЕД

3. Чӣ дили моро сахт карда метавонад? Мисол оред.

3 Дар Масалҳо 4:23 чунин гуфта шудааст: «Бештар аз ҳар чизи ҳифзталаб дили худро маҳфуз дор, зеро ки зуҳуроти ҳаёт аз он аст». Аз кадом хислатҳои бад мо бояд дурӣ ҷӯем? Мағрурӣ, одати гуноҳ кардан ва сустимонӣ. Доштани чунин хислатҳо касро беитоату саркаш мегардонад (Дон. 5:1, 20; Ибр. 3:13, 18, 19). Шоҳи Яҳудо, Узиё мағруриашро нишон дод. (2 Вақоеънома 26:3–5, 16–21-ро хонед.) Дар аввали ҳукмрониаш Узиё «он чи дар назари Худо дуруст буд, ба амал меовард» ва «Худоро ҷӯё буд». Ҳарчанд Яҳува ҳукмронии Узиёро қавӣ гардонида бошад ҳам, «ҳангоме ки ӯ қавӣ шуд, дилаш то дараҷаи бадкирдорӣ мутакаббир гардид», яъне ӯ ҳавобаланд шуд. Узиё ҳатто дар маъбад бухур сӯзониданӣ шуд, ки ба ин танҳо коҳинон аз насли Ҳорун ҳақ доштанд. Вақте коҳинон Узиёро аз ин кораш боздоштанӣ шуданд, ӯ дарғазаб шуд. Ин ба чӣ оварда расонд? Ӯ дар дасти Худо чун гили сахт «шикаст» хӯрд ва то рӯзи вафоти худ махавӣ буд (Мас. 16:18).

4, 5. Агар мо ба мағрурӣ роҳ диҳем, чӣ мешавад? Мисол оред.

4 Агар мо ба мағрурӣ роҳ диҳем, худро аз дигарон беҳтар шуморида шояд маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро рад кунем (Рум. 12:3; Мас. 29:1). Биёед мисоли бародар Ҷимро, ки пири ҷамъомад буд, дида бароем. Ҷим дар як масъалаи бо ҷамъомад вобастабуда бо пирон розӣ нашуд. Ӯ нақл мекунад: «Ман ба бародарон гуфтам, ки онҳо муҳаббат надоранд ва ба вохӯриҳо рафтанро бас кардам». Қариб шаш моҳ пас ӯ ба дигар ҷамъомад гузашт, лекин ӯро дар он ҷо чун пир таъин накарданд. Ҷим мегӯяд: «Ман шикаст хӯрдам. Худбовариам бар ман ғалаба карду ман аз ҳақиқат рафтам». Ҳамин тавр Ҷим даҳ сол ғайрифаъол буд. Ӯ иқрор мешавад: «Ман мағрурӣ карда ҳатто Яҳуваро айбдор мекардам. Тӯли солҳо бародарон ба хотири дастгирӣ ба хабаргириам меомаданд, вале ман кӯмаки онҳоро қабул намекардам».

5 «Ман диққатамро фақат ба рафтори дигарон, ки ба назар нодуруст менамуд, равона мекардам» — мегӯяд Ҷим. Саргузашти ӯ нишон медиҳад, ки мағрурӣ ба худсафедкуниву саркашӣ оварда мерасонад (Ирм. 17:9). Оё боре шуморо ҳамимонатон хафа карда буд? Ё ин ки шумо аз сабаби аз даст додани таъинот хафа шуда будед? Агар чунин шуда бошад, шумо чӣ тавр рафтор кардед? Оё ба мағрурӣ роҳ додед? Ё ин ки шумо кӯшиш кардед, ки бо бародаратон осоиштагиро нигоҳ дошта ба Яҳува содиқ монед? (Забур 118:165 ва Эфсӯсиён 4:32-ро хонед.)

6. Агар мо одати гуноҳ карданро дошта бошем, чӣ рӯй медиҳад?

Вақте шахс гуноҳ кардан мегирад ва гуноҳашро пинҳон мекунад, қабул кардани маслиҳати Худо барояш душвор шуда метавонад. Дар натиҷа ба гуноҳ даст задан барояш осонтар мешавад. Бародаре мегӯяд, ки оҳиста-оҳиста одам аз рафтори бадаш дигар хавотир намешавад. Дигар бародаре, ки одати тамошо кардани порнографияро дошт, баъдтар иқрор шуд: «Ман дар худ пай бурдам, ки нисбати пирон айбҷӯиро инкишоф додаам». Одати тамошои порнография муносибати ӯро бо Яҳува вайрон кард. Оқибат рафтори ӯ ба ҳама фош шуд ва пирон ба ӯ кӯмак расониданд. Албатта, ҳамаи мо нокомилем. Лекин агар мо ба ҷои аз Яҳува бахшишу кӯмак пурсидан айбҷӯй бошем ё худро сафед кунем, дили мо сахт шуда метавонад.

7, 8. а) Чӣ тавр Исроили қадим сустимонӣ зоҳир намуд? б) Мо аз ин чӣ дарс мегирем?

7 Мо дар мисоли исроилиёне, ки Яҳува онҳоро аз Миср озод кард, мебинем, ки чӣ тавр сустимонӣ дилро сахт карда метавонад. Онҳо мӯъҷизаҳои Худоро, ки баъзеаш дар ҳақиқат ҳайратовар буд, диданд! Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда вақте онҳо ба Замини ваъдашуда наздик шуданд, сустимонӣ карданд. Ба ҷои ба Яҳува бовар кардан онҳо ба тарсу ваҳм дода шуда ба зидди Мусо шикоят карданд. Онҳо ҳатто мехостанд ба Миср, ки пештар дар он ҷо ғулом буданд, баргарданд! Ба Яҳува ин хеле дарднок буд. Ӯ гуфт: «То ба кай ин қавм Маро хор медоранд?» (Ад. 14:1–4, 11; Заб. 77:40, 41). Он насл аз сабаби дилсахтиву сустимониаш дар биёбон мурда рафт.

8 Имрӯзҳо бо наздикшавии дунёи нав имони мо озмуда мешавад. Хуб мебуд, ки мо сифати имонамонро санҷем. Чӣ тавр мо боварӣ ҳосил карда метавонем, ки имонамон қавӣ аст? Масалан, мо бовариамонро оиди суханони Исо, ки дар Матто 6:33 навишта шудааст, санҷида метавонем. Аз худ пурсед: «Оё қарорҳову рафторам нишон медиҳанд, ки ман дар ҳақиқат ба ин ваъдаи Исо боварӣ дорам? Оё ман аз паси пулу мол шуда ба ҷамъомад ё хизмат намеравам? Агар кор вақту қуввати зиёди маро гирад, ман чӣ кор мекунам? Оё мегузорам, ки ин ҷаҳон маро шакл дода аз ҳақиқат дур созад?»

9. Чаро ва чӣ тавр мо бояд имони «худро тафтиш» кунем?

9 Агар мо ба гуфтаҳои Китоби Муқаддас оиди муошират бо ёрони бад, аз ҷамъомад хориҷшудагон ё вақтхушӣ гӯш надиҳем, дили мо сахт шуда метавонад. Аз худ пурсед: «Агар бо ман чунин мешуд, чӣ кор мекардам?» Агар мо дар худ чунин рӯҳияи нодурустро пай барем, бояд ба зудӣ имонамонро тафтиш кунем! Китоби Муқаддас маслиҳат медиҳад: «Худро тафтиш намоед, ки оё дар имон ҳастед? Худро имтиҳон кунед» (2 Қӯр. 13:5). Мо бояд мунтазам мулоҳиза ронем ва дар асоси Каломи Худо имонамонро ростқавлона тафтиш кунем.

ҲАМЕША ГИЛИ МУЛОИМ БОШЕД

10. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки дар дасти Яҳува гили мулоим бошем?

10 Худо ба воситаи Каломаш, ҷамъомад ва мавъиза ба мо кӯмак мерасонад, ки гили мулоим бошем. Чи хеле ки об гилро мулоим месозад, ҳамин тавр хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас ва мулоҳиза оиди он ба мо ёрдам мекунад, ки дар дасти Яҳува гили мулоим бошем. Яҳува аз подшоҳони Исроил талаб мекард, ки Қонуни Ӯро рӯбардор карда онро ҳар рӯз хонанд (Такр. Ш. 17:18, 19). Барои ҳаввориён низ хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас ва мулоҳиза оиди он барои хизматашон хеле муҳим буд. Чунки онҳо дар суханонашон зуд-зуд ба Навиштаҳои Ибронӣ муроҷиат намуда дар номаҳои худ садҳо маротиба ба он ишора мекарданд ва дигаронро низ ба ин кор бармеангехтанд (Аъм. 17:11). Дар замони мо ҳам хеле муҳим аст, ки Каломи Худоро хонем ва бо дуо оиди он мулоҳиза ронем (1 Тим. 4:15). Чунин амал ба мо кӯмак мерасонад, ки дар назди Яҳува хоксор монем ва дар дастонаш гили мулоим бошем.

Барои гили мулоим мондан, ба дастуроти Худо гӯш диҳед! (Ба сархатҳои 10–13 нигаред.)

11, 12. Чӣ тавр Яҳува барои шакл додани мо ҷамъомадро истифода мебарад? Фаҳмонед.

11 Яҳува бо воситаи ҷамъомад мувофиқи ниёзҳоямон моро шакл медиҳад. Бародар Ҷим, ки дар борааш пештар гуфтем, баъд аз он ки пире нисбаташ таваҷҷӯҳ зоҳир намуд, кӯшиш мекард, ки дилашро мулоим кунад. Ӯ чунин мегӯяд: «Ӯ маро ягон бор барои корҳои гузашта айбдор накард ва маро танқид намекард. Ба ҷои ин Ӯ бо ман муносибати хуб дошт ва ба дастгирӣ карданам тайёр буд». Тақрибан баъд аз се моҳ он пир Ҷимро ба ҷамъомад таклиф намуд. Ҷим мегӯяд: «Дар ҷамъомад маро хеле хуш пазируфтанд ва муҳаббати онҳо сабаби ба ҷамъомад баргаштанам шуд. Ман фаҳмидам, ки ҳиссиёти ман чизи муҳим нест. Бо дастгирии меҳрубононаи бародарон ва ҳамсари азизам, ки ҳеҷ вақт рӯҳан суст намешуд, ман муносибатамро бо Яҳува аз нав қавӣ гардонидам. Ман ҳамчунин аз мақолаҳои «Яҳува айбдор нест» ва «Ба Яҳува содиқона хизмат кунед», «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 ноябри соли 1992 рӯҳбаландӣ гирифтам».

12 Бо гузашти вақт Ҷим аз нав пири ҷамъомад шуд. Аз он вақт инҷониб ӯ ба бародароне, ки бо чунин душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд, барои рӯҳан барқарор шуданашон кӯмак мерасонад. Ӯ хулоса мекунад: «Ман гумон мекардам, ки бо Яҳува муносибати наздик доштам, лекин дар асл ин хел набуд! Ман фаҳмидам, ки мағрурӣ чашмонамро кӯр кардааст, то чизҳои муҳимро надида фақат айбҷӯӣ кунам» (1 Қӯр. 10:12).

13. Кори мавъиза барои инкишоф додани кадом хислатҳо кӯмак мекунад ва чӣ манфиат меорад?

13 Чӣ тавр кори мавъиза барои шакл гирифтанамон кӯмак мекунад? Хушхабарро ба дигарон нақл кардан ба мо кӯмак мекунад, ки фурӯтанӣ ва дигар хислатҳоро дар худ инкишоф диҳем (Ғал. 5:22, 23). Он хислатҳои хуберо, ки шумо ба туфайли мавъиза инкишоф додед, ба ёд оред. Зоҳир кардани хислатҳои хуб дар расонидани хушхабар хеле муҳим аст. Зеро он ба муносибати одамони маҳалламон нисбати мо таъсир карда метавонад. Масалан, дар Австралия ду воизе суханони соҳибхонаеро, ки бо онҳо начандон хуб муомила кард, эҳтиромона гӯш карданд. Баъдтар он зан аз кори кардааш пушаймон шуда ба филиал нома навишт. Ӯ гуфт: «Ман аз он ду шахси фурӯтан барои худбоварию муомилаи нодурустам узр мехоҳам. Ман беақлӣ карда он ду шахсеро ки суханони Худоро ба ман гуфтанӣ буданд, пеш кардам». Агар воизон аққалан камакак ғазаболуд мешуданд, магар ин зан чунин нома менавишт? Албатта, не. То чӣ андоза мавъиза ҳам барои мо ва ҳам барои дигарон манфиатовар аст!

ВОЛИДОН, БА КӮЗАГАРИ БУЗУРГ ИТОАТ КУНЕД

14. Волидон бояд чӣ кор кунанд, то дар тарбияи фарзандон муваффақ шаванд?

14 Кӯдакони хурдсол таълим гирифтан мехоҳанд ва ба фурӯтанӣ майл доранд (Мат. 18:1–4). Волидони бохирад ҳамавақт ҳаракат мекунанд, ки дар ақлу дили кӯдаконашон дониши Худо ва нисбати ҳақиқат муҳаббатро ҷойгир кунанд (2 Тим. 3:14, 15). Албатта, барои дар ин кор муваффақ гаштан волидон пеш аз ҳама бояд ҳақиқатро дар дили худашон ҷой диҳанд ва онро мақсади ҳаёташон гардонанд. Вақте волидон чунин мекунанд, фарзандон на танҳо ҳақиқатро мешунаванд, балки онро дар амал мебинанд. Ғайр аз ин онҳо ёд мегиранд, ки тарбияи волидонро чун изҳори муҳаббати Яҳува қабул кунанд.

15, 16. Вақте фарзандон аз ҷамъомад хориҷ мешаванд, чӣ тавр волидон имонашонро ба Худо нишон дода метавонанд?

15 Нигоҳ накарда ба кӯшишҳои волидон баъзе фарзандон аз ҳақиқат мераванд ё аз ҷамъомад хориҷ мешаванд, ки ин ба оила дарднок аст. Хоҳаре аз Африқои Ҷанубӣ чунин мегӯяд: «Вақте акаамро аз ҷамъомад хориҷ карданд, ин ба он монанд буд, ки гӯё вай мурд. Ин хеле дардовар буд!» Ин хоҳар ва волидонаш чӣ хел рафтор карданд? Онҳо аз рӯи дастуроти Китоби Муқаддас амал намуданд. (1 Қӯринтиён 5:11, 13-ро хонед.) Волидонаш гуфтанд: «Мо қарор кардем, ки аз рӯи гуфтаҳои Китоби Муқаддас амал менамоем. Ва дарк мекардем, ки ба гапи Яҳува гӯш додан натиҷаи хуб меорад. Вақте писарамон аз ҷамъомад хориҷ шуд, мо ба ин чун ба тарбияи Яҳува нигоҳ мекардем ва боварӣ доштем, ки тарбияи Худо ин изҳори муҳаббаташ мебошад ва Ӯ аз меъёр зиёд ҷазо намедиҳад. Аз ин рӯ бо писарамон танҳо дар вақтҳои зарурӣ оиди масъалаҳои корӣ гап мезадем».

16 Писарашон худро чӣ хел ҳис мекард? Ӯ мегӯяд: «Ман медонистам, ки оилаамон аз ман нафрат намекунанд, балки онҳо ба гапи Яҳува гӯш медиҳанд. Вақте дар ҳаёт бо душвориҳо рӯ ба рӯ шудам, танҳо Яҳува ба ман кӯмак карда тавонист ва маро бахшид. Он гоҳ ман фаҳмидам, ки то чӣ андоза ба дастгирии Яҳува мӯҳтоҷам». Танҳо тасаввур кунед, ки пас аз ба ҷамъомад баргаштани писарашон ин оила то чӣ андоза хурсанд шуданд! Дар ҳақиқат агар мо дар ҳама роҳҳои худ диққатамонро ба Яҳува равона созем, натиҷаи хуб ба даст меорем (Мас. 3:5, 6; 28:26).

17. Чаро мо бояд ба Яҳува итоат кунем ва чӣ тавр ин ба мо манфиат меорад?

17 Ишаъё-пайғамбар пешгӯӣ кард, ки яҳудиёни асиршуда тавба карда чунин мегӯянд: «Эй Худованд, Ту Падари мо ҳастӣ; мо гил ҳастем, ва Ту — кӯзагари мо, ва ҳамаамон амали дастҳои Ту мебошем». Ва боз аз Яҳува илтиҷо мекунанд: «Худовандо... гуноҳро то абад дар хотир нигоҳ надор; лутфан назар андоз, ки ҳамаамон қавми Ту ҳастем» (Иш. 64:8, 9). Агар мо фурӯтан бошему ҳамеша ба Яҳува итоат кунем, Ӯ моро мисли пайғамбар Дониёл шахси дилписанд ҳисоб мекунад. Илова бар ин Яҳува ба воситаи Калом, рӯҳи муқаддас ва ташкилоташ минбаъд низ моро шакл дода рӯзе фарзандони комили Худ мегардонад (Рум. 8:21).