Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Нагузоред, ки хатогиҳои дигарон шуморо пешпо диҳад

Нагузоред, ки хатогиҳои дигарон шуморо пешпо диҳад

«Якдигарро афв кунед» (ҚӮЛ. 3:13).

СУРУДҲО: 53, 28

1, 2. Дар Китоби Муқаддас оиди зиёдшавии шумораи халқи Худо чӣ пешгӯӣ шудааст?

ДАР тамоми дунё ташкилоте вуҷуд дорад, ки аъзоёнаш Яҳуваро дӯст медоранду ба Ӯ хизмат кардан мехоҳанд. Онҳо Шоҳидони Яҳува мебошанд. Пӯшида нест, ки онҳо нокомиланд ва камбудиҳои худро доранд. Лекин Яҳува онҳоро ба воситаи рӯҳи муқаддасаш роҳнамоӣ мекунад. Биёед баъзе мавридҳоро дида бароем, ки чӣ тавр Яҳува бо воситаи одамони нокомил иродаашро иҷро мекунад.

2 Соли 1914 Яҳуваро одамони кам ибодат мекарданд. Вале Яҳува кори мавъизаро баракат дод. Тӯли даҳсолаҳои охир миллионҳо одамон бо ҳақиқати Китоби Муқаддас шинос шуда Шоҳиди Яҳува гаштанд. Яҳува дар бораи гул-гулшукуфии халқаш чунин гуфт: «Камшумор ба ҳазорҳо мубаддал хоҳад шуд, ва бемаҷол — ба халқи зӯровар. Ман — Худованд инро дар вақташ хоҳам тезонид» (Иш. 60:22). Имрӯз мо аниқу равшан мебинем, ки ин пешгӯӣ иҷро шуда истодааст. Шумораи халқи Худо имрӯз хеле зиёд аст, ки он аз шумораи аҳолии бисёр давлатҳо дида зиёдтар аст.

3. Чӣ тавр Шоҳидони Яҳува ба дигарон муҳаббат зоҳир мекунанд?

3 Дар ин рӯзҳо Яҳува ба халқи худ кӯмак мерасонад, ки хислати асосии Ӯ — муҳаббатро инкишоф диҳанд (1 Юҳ. 4:8). Исо, ки ба муҳаббати Худо пайравӣ мекард, ба шогирдонаш чунин гуфт: «Ба шумо ҳукми тозае медиҳам, ки якдигарро дӯст доред... Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред» (Юҳ. 13:34, 35). Ҳарчанд дар тамоми рӯи дунё дигар халқҳо ба ҷангу хунрезиҳо даст зананд ҳам, Шоҳидони Яҳува ба дигарон муҳаббат зоҳир менамоянд. Масалан, танҳо дар Ҷанги дуюми ҷаҳон, қариб 55 миллион нафар ҳалок гаштанд. Лекин Шоҳидони Яҳува дар он ҷанг иштирок накарданд. (Мико 4:1, 3-ро хонед.) Бо ин рафторашон онҳо худро «аз хуни» одамон пок нигоҳ доштанд (Аъм. 20:26).

4. Чаро зиёдшавии халқи Худо ҷолиби диққат аст?

4 Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «худои ин дунё»-и шарир Шайтон аст. Нигоҳ накарда ба ин халқи Худо рушд карда истодааст (2 Қӯр. 4:4). Шайтон сиёсату воситаҳои ахбори ҷаҳонро идора карда пеши роҳи мавъизаи хушхабарро гирифтан мехоҳад. Лекин вай ин корро карда наметавонад. Ӯ медонад, ки вақташ кам мондааст. Аз ин рӯ вай кӯшиш мекунад, ки мо ба Яҳува ибодат карданро бас кунем (Ваҳй 12:12).

САДОҚАТИ МО ОЗМУДА МЕШАВАД

5. Чаро баъзан дигарон моро хафа карда метавонанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

5 Дар ҷамъомад мо дар бораи муҳим будани муҳаббат нисбати Худо ва одамон мефаҳмем. Исо муҳимияти муҳаббатро қайд карда чунин гуфт: «“Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор”. Ҳамин аст ҳукми аввалин ва бузургтарин; Ва дуюмаш монанди он аст: “Ёри худро мисли худ дӯст бидор”» (Мат. 22:35–39). Китоби Муқаддас аниқу равшан нишон медиҳад, ки аз сабаби гуноҳи Одам ҳамаи мо гунаҳкор таваллуд мешавем. (Румиён 5:12, 19-ро хонед.) Барои ҳамин баъзан вақт дар ҷамъомад ягон кас моро бо рафтору гуфтораш ранҷонида метавонад. Агар чунин шавад мо чӣ кор мекунем? Магар муҳаббати мо ба Яҳува суст мешавад? Оё мо ба Ӯ ва халқаш содиқ мемонем? Дар гузашта ҳатто баъзе ходимони содиқи Худо бо рафтору гуфторашон дигаронро хафа мекарданд. Биёед бифаҳмем, ки мо аз рафтори онҳо чӣ дарс гирифта метавонем.

Агар дар замонҳои Элӣ ва писаронаш зиндагӣ мекардед, ба хатогии онҳо чӣ хел муносибат менамудед? (Ба сархати 6 нигаред.)

6. Чаро гуфтан мумкин аст, ки Элӣ писаронашро тарбия карда натавонист?

6 Масалан, саркоҳин Элӣ ду писар дошт, ки ба қонунҳои Яҳува беҳурматӣ мекарданд. Мо дар бораи онҳо суханони зеринро мехонем: «Писарони Элӣ шахсони нобакор буданд: Худовандро намешинохтанд» (1 Подш. 2:12). Ҳарчанд Элӣ барои пешравии ибодати ҳақиқӣ нақши муҳимро мебозид, вале писаронаш гуноҳҳои ҷиддӣ мекарданд. Элӣ инро медонист ва бояд онҳоро ислоҳ менамуд, вале ӯ дар ин кор сустӣ мекард. Худо дар натиҷа Элӣ ва писаронашро ҳукм кард (1 Подш. 3:10–14). Ва баъдтар Яҳува намонд, ки насли ӯ чун саркоҳин хизмат кунад. Агар шумо дар замонҳои Элӣ мебудед, ба сустии ӯ нисбати писаронаш чӣ хел муносибат мекардед? Оё шумо мегузоштед, ки рафтори вай сабаби аз ҳақиқат рафтанатон гардад?

7. Довуд чӣ гуноҳ кард ва Худо ба ин чӣ хел муносибат намуд?

7 Яҳува Довудро дӯст медошт ва ӯ «мувофиқи табъи дили» Худо буд (1 Подш. 13:13, 14; Аъм. 13:22). Лекин баъдтар Довуд бо Батшобаъ зино кард ва ӯ ҳомиладор шуд. Дар ин ҳангом шавҳараш Уриё дар ҷанг буд. Вақте Уриё ба муддати кӯтоҳ ба хонааш баргашт, Довуд кӯшиш кард, ки ӯ бо занаш Батшобаъ ҳамхоба шавад, то дар натиҷа ҳама гумон кунанд, ки падари кӯдак Уриё аст. Вале Уриё пеши занаш нарафт. Аз ин рӯ Довуд барои пинҳон кардани гуноҳаш куштори Уриёро ташкил намуд. Довуд барои ин гуноҳаш ҷазои сахт гирифт — ба сари ӯ ва хонаводааш бадбахтиҳо омаданд (2 Подш. 12:9–12). Баъдтар Яҳува ба Довуд раҳм карда ӯро бахшид. Худо медонист, ки Довуд «бо дили соф» пеши Ӯ роҳ мерафт (3 Подш. 9:4). Агар шумо дар он вақт зиндагӣ мекардед, ба гуноҳи Довуд чӣ хел муносибат менамудед? Оё аз пушти рафтори нодурусти Довуд шуда ба Яҳува хизмат карданро бас мекардед?

8. а) Чӣ тавр Петрус ба гапаш наистод? б) Чаро Яҳува минбаъд низ Петрусро барои пеш бурдани иродааш истифода мебурд?

8 Мисоли дигари Китоби Муқаддас ҳаввории Петрус мебошад. Исо ӯро чун ҳавворӣ интихоб кард. Бо вуҷуди ин Петрус баъзан корҳое мекард, ки оқибат пушаймон мешуд. Масалан, Петрус гуфта буд, ки ҳатто агар дигарон ӯро тарк кунанд ҳам, вай ин корро ҳаргиз намекунад (Марқ. 14:27–31, 50). Вале дар лаҳзаҳои душвортарини ҳаёти Исо, вақте ӯро ба ҳабс гирифтанд ҳамаи ҳаввориён ӯро тарк карданд, аз он ҷумла Петрус низ. Ӯ такрору ба такрор мегуфт, ки Исоро намешиносад (Марқ. 14:53, 54, 66–72). Вале Петрус аз кори кардааш сахт пушаймон шуд. Барои ҳамин Яҳува ӯро бахшид ва барои пеш бурдани иродааш истифода бурд. Агар шумо он вақт шогирди Исо мебудед, оё рафтори Петрус боварии шуморо нисбати Яҳува суст мекард?

9. Чаро шумо боварӣ доред, ки Худо ҳамеша боадолат аст?

9 Мисолҳои дар боло овардашуда танҳо баъзе мисолҳое мебошанд, ки дар он одамон бо рафтору гуфтори нодурусташон ба дигарон таъсир мерасонданд. Боз дигар мисолҳои зиёде ҳастанд, ки дар замонҳои пеш ходимони Яҳува бо рафтори нодуруст дигаронро меранҷонданд. Имрӯз низ ҳамин гуна вазъият ба назар мерасад. Агар бо шумо чунин рӯй диҳад, чӣ кор мекардед? Оё мегузоштед, ки хатогии дигарон боиси ба ҷамъомад нарафтан ё ҳатто аз Яҳува ва халқаш рӯй гардонданатон шавад? Ё шумо фаҳмиш зоҳир карда фикр мекардед, ки Яҳува раҳмдил аст ва барои тавба кардани шахс вақт дода метавонад? Аз тарафи дигар баъзан онҳое ки гуноҳи ҷиддӣ содир кардаанд, раҳмдилии Яҳуваро рад карда аз кори кардаашон пушаймон намешаванд. Оё шумо боварӣ доред, ки Яҳува инро медонад ва дар вақти даркорӣ ин масъаларо ҳал мекунад, ҳатто агар лозим шавад, онҳоро аз ҷамъомад хориҷ карда метавонад?

МИНБАЪД НИЗ СОДИҚ МОНЕД

10. Исо дар мавриди хатогии Яҳудою Петрус чиро медонист?

10 Дар Китоби Муқаддас дар бораи ходимони Худо навишта шудааст, ки нигоҳ накарда ба хатогиҳои ҷиддии одамони гирду атрофашон ба Яҳува содиқ монданд. Масалан, Исо тамоми шаб ба Падараш дуо гуфта 12 ҳаввориёнашро интихоб кард, ки дар байни онҳо Яҳудои Исқарют буд. Ҳангоме ки Яҳудо Исоро фурӯхт ва Петрус ӯро рад кард, Исо нагузошт, ки ин рафтори ҳаввориёнаш ба муносибати ӯ бо Падараш таъсир кунад (Луқ. 6:12–16; 22:2–6, 31, 32). Исо медонист, ки ин кори онҳо дар асл хатогии Яҳува ва ё халқаш набуд. Вай нигоҳ накарда ба он ки баъзе аз шогирдонаш ӯро ноумед мекарданд, хизматашро давом медод. Дар натиҷа Яҳува Исоро баракат дода аз мурдагон эҳё кард ва баъдтар подшоҳи Салтанаташ гардонд (Мат. 28:7, 18–20).

11. Китоби Муқаддас дар бораи ходимони Яҳува чӣ пешгӯӣ кард?

11 Намунаи Исо моро таълим медиҳад, ки ба Яҳува ва халқаш содиқ монем. Ва мо барои ин сабаб дорем. Мо мебинем, ки чӣ хел Яҳува ходимонашро дар ин рӯзҳои охир роҳнамоӣ мекунад. Ӯ ба онҳо кӯмак мерасонад, ки ҳақиқатро дар тамоми рӯи дунё паҳн кунанд ва чи хеле ки мебинем онҳо ягона халқе мебошанд, ки ин корро мекунанд. Ҳамчунин онҳо дар ҳақиқат хурсанду тифоқанд, чунки Яҳува онҳоро таълим медиҳад. Дар ин бора Яҳува чунин гуфт: «Инак, бандагони Ман аз хушии дил тараннум хоҳанд намуд» (Иш. 65:14).

12. Чӣ тавр мо бояд ба хатогии дигарон муносибат кунем?

12 Мо дар ҳақиқат хурсандем, ки Яҳува моро роҳнамоӣ мекунад ва барои некӣ кардан кӯмак мерасонад. Баръакси ин одамони ҷаҳон ба оянда умед надоранд. То чӣ андоза беақлона ва беадолатона мебуд, агар мо аз пушти рафтору гуфтори касе шуда Яҳува ва ҷамъомади Ӯро тарк кунем. Ба ҷои ин ба мо лозим аст, ки ба Яҳува содиқ монда аз рӯи дастуроташ амал намоем. Ҳамчунин мо бояд ба хатогии дигарон дуруст муносибат карданро ёд гирем.

МУНОСИБАТИ МО БА ХАТОГИҲО

13, 14. а) Чаро мо бояд нисбати ҳамдигар пурсабр бошем? б) Кадом ваъдаро мо бояд фаромӯш накунем?

13 Вақте ки ходими Худо бо рафтору гуфтораш моро хафа мекунад, чӣ бояд кард? Дар Китоби Муқаддас як принсипи нағз оварда шудааст: «Дар рӯҳи худ ба хашм гирифтан шитоб накун, чунки хашм дар синаи аблаҳон қарор меёбад» (Воиз 7:9). Ба ҳамаи мо маълум аст, ки қариб 6000 сол пеш дар боғи Адан Одаму Ҳавво комилиятро аз даст доданд. Аз ин рӯ ҳамаи мо нокомил ҳастему хато мекунем. Барои ҳамин хуб намебуд, ки мо аз ҳамимонон комилиятро интизор шавем. Мо набояд дар барои хатогиҳои онҳо фикр карданро давом диҳем, зеро аз сабаби ин мо хурсандиамонро гум карда метавонем. Ва оқибат имони мо суст шуда ҳатто ташкилоти Яҳуваро тарк карда метавонем. Агар ин хел шавад, мо на ба Яҳува хизмат карда метавонему на дар дунёи нав зиндагӣ карда метавонем.

14 Барои хурсандӣ ва умеди худро аз даст надодан мо бояд ин ваъдаи Яҳуваро дар хотир нигоҳ дорем: «Инак Ман осмони нав ва замини нав меофарам, ва чизҳои пештара ба хотир нахоҳад расид, ва ба дил нахоҳад омад» (Иш. 65:17; 2 Пет. 3:13). Нагузоред, ки хатогии дигарон шуморо аз гирифтани чунин баракатҳо маҳрум созад.

15. Мувофиқи гуфтаҳои Исо вақте дигарон хатогӣ мекунанд чӣ бояд кард?

15 Албатта, ҳоло мо дар дунёи нав нестем. Аз ин рӯ агар касе моро хафа кунад, мо бояд ба ин вазъият бо чашми Яҳува нигарем. Масалан, Исо принсипи муҳимеро гуфт: «Агар шумо ба мардум хатоҳошонро бибахшед, Падари шумо, ки дар осмон аст, ба шумо низ хоҳад бахшид». Вақте Петрус аз Исо пурсид, ки «оё то ҳафт бор» бахшад, Исо дар ҷавоб чунин гуфт: «Ба ту намегӯям: “То ҳафт бор”, балки то ҳафтод карат ҳафт бор». Исо моро таълим дод, ки бояд ҳамеша бо тайёрӣ дигаронро бахшем (Мат. 6:14, 15; 18:21, 22).

16. Юсуф ба мо чӣ намуна гузошт?

16 Намунаи Юсуф моро таълим медиҳад, ки чӣ тавр ба хатогиҳои дигарон муносибат кунем. Танҳо Юсуф ва Бинёмин писарони Яъқуб аз Роҳел буданд. Яъқуб даҳ писари дигар дошт, лекин бисёртар Юсуфро дӯст медошт. Аз ин сабаб даҳ бародари Юсуф ба ӯ рашк мекарданд. Дар натиҷа онҳо Юсуфро чунон бад диданд, ки ӯро ба ғуломӣ ба Миср фурӯхтанд. Пас аз чандин солҳо фиръавн Юсуфро ҳокими дуюми Миср таъин намуд, зеро корҳои неки Юсуф барояш хеле маъқул шуданд. Баъдтар вақте ки гуруснагӣ ҳама ҷоро фаро гирифт, бародарони Юсуф ба Миср барои харидани хӯрок омаданд, вале Юсуфро нашинохтанд. Юсуф метавонист, ки аз мақому мартабаи худ истифода бурда бародаронашро ҷазо диҳад. Вале ӯ ин корро накард, ба ҷои ин ӯ бародаронашро санҷид, ки оё онҳо дигар шудаанд ё не. Вақте Юсуф дид, ки бародаронаш дар ҳақиқат дигар шудаанд, ӯ кӣ буданашро ба онҳо ошкор кард ва баъдтар гуфт: «Акнун натарсед. Ман ризқу рӯзии шумо ва кӯдакони шуморо хоҳам дод». Дар Китоби Муқаддас ҳамчунин гуфта шудааст: «Онҳоро тасаллӣ дод, ва суханони дилпазир ба онҳо гуфт» (Ҳас. 50:21).

17. Шумо ба хатогиҳои дигарон чӣ хел муносибат кардан мехоҳед?

17 Дар хотир доред, ки ҳамаи мо хатогӣ мекунем ва мо низ дигаронро ранҷонида метавонем. Агар мо пай барем, ки касеро хафа кардаем, пас бояд аз рӯи маслиҳати Китоби Муқаддас амал намоем. Аз он шахс бахшиш пурсем ва кӯшиш кунем, ки бо ӯ осоиштагиро барқарор намоем. (Матто 5:23, 24-ро хонед.) Вақте ки дигарон хатогии моро мебахшанд, мо аз онҳо хеле миннатдор мешавем. Барои ҳамин мо низ бояд нисбати дигарон чунин рафтор кунем. Дар Қӯлассиён 3:13 гуфта шудааст: «Ба ҳамдигар илтифот намуда, якдигарро афв кунед, агар касе аз дигаре ранҷида бошад: чӣ тавре ки Масеҳ [Яҳува, ТДН] шуморо омурзидааст, шумо низ ҳамин тавр кунед». Агар мо дар ҳақиқат бародарону хоҳаронро дӯст дорем, «ба дил кина» намегирем (1 Қӯр. 13:5). Агар мо дигаронро бахшем, Яҳува низ моро мебахшад. Биёед нисбати хатогиҳои дигарон раҳмдил бошем, чи хеле ки Яҳува нисбати мо раҳмдил аст. (Забур 102:12–14-ро хонед.)