Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо дар хотир доред?

Оё шумо дар хотир доред?

Оё шумораҳои охирини «Бурҷи дидбонӣ»-ро бодиққат хонда будед? Пас, худро санҷед, ки ба саволҳои зерин ҷавоб дода метавонед ё не:

Барои он ки наврас ба Яҳува хизмат кунад, волидон кадом корҳои муҳимро карда метавонанд?

Волидон бояд фарзандашонро дӯст доранд ва дар зоҳир кардани фурӯтанӣ намуна бошанд. Ҳамчунин муҳим аст, ки волидон сабаби рафтори фарзандашонро фаҳмида нисбати онҳо фаҳмиш зоҳир кунанд (15.11 [bw564], саҳ. 9–11).

Пеш аз сухан гуфтан мо бояд дар бораи чӣ фикр кунем?

Барои нармгуфтор будан мо бояд дар ёд гирем, ки 1) кай гап занем (Воиз 3:7), 2) чӣ гӯем (Мас. 12:18) ва 3) чӣ тавр гап занем (Мас. 25:15) (15.12 [bw565], саҳ. 19–22).

Оё тадҳин шудани масеҳӣ маънои онро дорад, ки ӯ ҳатман дар осмон зиндагӣ хоҳад кард?

Не. Тадҳин шудан маънои онро дорад, ки ӯ ба зиндагии осмонӣ фақат даъват шудааст. Агар тадҳиншуда то охир ба Яҳува содиқ монад, танҳо он вақт ба осмон меравад (16.01 [bw566], саҳ. 17–21).

Мо бояд нисбати масеҳиёне ки рамзҳоро қабул мекунанд, чӣ гуна муносибат кунем?

Масеҳиён набояд чунин шахсонро болобардор кунанд (Мат. 23:8–12). Тадҳиншуда намехоҳад, ки дар байни одамон бо содиқиаш ба Худо машҳур бошад (16.01 [bw566], саҳ. 23, 24).

Мо аз он ки чӣ тавр Иброҳим дӯсти Яҳува шуд, чӣ меомӯзем?

Шояд Иброҳим аз Сом дар бораи Яҳува шунид. Иброҳим муносибати Яҳуваро бо ӯ ва оилааш дида имони худро қавӣ гардонд. Мо низ чунин карда метавонем (16.02 [bw567], саҳ. 9, 10).

Чӣ тавр мо ба содиқии Йӯнотон пайравӣ карда метавонем?

1) Агар шахси ҳокимиятдор беинсофу порахӯр бошад ҳам, ӯро бояд эҳтиром кунем; 2) Агар бародарони масъул моро нодуруст фаҳманд ва ё нисбати мо беадолатона рафтор кунанд ҳам, ба Яҳува вафодор буданро бас накунем; 3) Ба ваъдаи худ вафо кардан душвор бошад ҳам, вафо кунем (16.02 [bw567], саҳ. 21–25).

Чӣ тавр шумо дар ҷамъомади худ чун миссионерон хизмат карда метавонед?

Дар хизмат имкониятҳои нав ҷӯед. Агар бародари таъмидёфта бошед, кӯшиш кунед, ки чун ходими ёвар ва ё пири ҷамъомад ба бародару хоҳарон хизмат кунед. Бояд ҳамимонони худро нағз шиносед ва нисбати ҳамдигар бодиққат бошед (Ибр. 10:24) (16.03 [bw568], саҳ. 23).

Вақте Шайтон Исоро озмуд ӯро дар ҳақиқат ҳам, ба маъбад бурд ва ё ин рӯъё буд?

Мо аниқ намедонем. Гуфтаҳои ояти Матто 4:5 ва Луқо 4:9 шояд дар назар дорад, ки Исо ба он ҷо дар рӯъё бурда шуд ё шояд ӯ дар ягон ҷои баландтарини маъбад меистод (16.03 [bw568], саҳ. 31, 32).

Чӣ тавр хизмати мо метавонад мисли шабнам бошад?

Шабнам форам, тароватбахш ва ҳаётбахш аст. Он баракати Худост (Такр. Ш. 33:13). Кӯшиши якҷояи халқи Худо дар хизмат монанди шабнам аст (16.04 [bw569], саҳ. 4).

«Мӯҳр» ва «гарав»-е, ки ҳар як тадҳиншуда аз Худо мегирад, чист?

Гарав ин гирифтани тани осмонӣ ва бефаноӣ мебошад. Мӯҳр зада шудани тадҳиншудагон маънои онро дорад, ки онҳо бо рӯҳи муқаддас гӯё тамға зада шуданду моликияти Яҳува ҳисоб мешаванд (16.04 [bw569], саҳ. 14, 15).