Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Худованд Худои мо Худои ягона аст»

«Худованд Худои мо Худои ягона аст»

«Бишнав, эй Исроил! Худованд Худои мо Худои ягона аст» (ТАКР. Ш. 6:4).

СУРУДҲО: 1, 2

1, 2. а) Чаро дар байни яҳудиён гуфтаҳои Такрори Шариат 6:4 машҳур аст? б) Чаро Мусо ин суханонро гуфт?

ТӮЛИ АСРҲО шаш калимаи матни ибронии Такрори Шариат 6:4-ро дар дини яҳудӣ чун як қисми дуояшон истифода мебурданд. Онҳо ҳар рӯз, шому саҳар ин дуоро мегуфтанд. Номи ин дуо Шма мебошад, ки дар суханони аввали ин оят асос ёфтааст. Бо ин дуо яҳудиёни худотарс нишон медоданд, ки танҳо ба Худо вафодоранд.

2 Ин суханонро Мусо ба халқи Исроил соли 1473 то э. мо дар даштҳои Мӯоб гуфта буд. Он вақт исроилиён тайёр буданд, ки аз дарёи Ӯрдун гузашта ба Замини ваъдашуда дароянд (Такр. Ш. 6:1). Мусо 40 сол боз пешвои ин халқ буд. Ӯ мехост, ки исроилиёнро рӯҳбаланд кунад, то ба душвориҳои оянда истодагарӣ карда тавонанд. Ба онҳо лозим буд, ки ба Яҳува боварӣ кунанд ва танҳо ба Ӯ содиқ монанд. Бешубҳа, ин суханони охири Мусо ба халқ таъсир кард. Пас аз Даҳ Аҳком ва дигар талаботи Яҳуваро ба халқи Исроил додан, Мусо суханони рӯҳбаландкунандаи дар Такрори Шариат 6:4, 5 овардашударо гуфт. (Оятҳоро хонед.)

3. Мо дар ин мақола кадом саволҳоро дида мебароем?

3 Магар исроилиён ба ягона будани Яҳува шубҳа доштанд? Албатта, не. Исроилиён яккаву ягона будани Худоро медонистанд ва Яҳува Худои падаронашон Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқубро ибодат мекарданд. Агар ин тавр бошад, пас чаро Мусо диққати онҳоро ба яккаву ягона будани Яҳува равона кард? Ягона будани Яҳува ва бо тамоми дилу ҷон, ҳуш ва қувват дӯст доштани Ӯ, чӣ алоқамандие дорад? Гуфтаҳои Такрори Шариат 6:4, 5 имрӯз барои мо чӣ маъно доранд?

ЯҲУВА ЯККАВУ ЯГОНА АСТ

4, 5. а) Ибораи «Худои ягона» чӣ маъно дорад? б) Яҳува аз дигар худоён бо чӣ фарқ мекунад?

4 Ягона. Ибораи «Худои ягона» маънои онро дорад, ки Яҳува яккаву ягона аст ва монанди Ӯ ҳеҷ касе нест. Ин суханонро Мусо бо мақсади рад кардани таълимоти нодурусти динҳои дурӯғ нагуфт. Яҳува Офаридгори замину осмон ва Ҳокими Даҳр мебошад. Ӯ на танҳо Худои зинда ва ҳақиқист, балки ҳеҷ ягон худо ба Ӯ баробар шуда наметавонад (2 Подш. 7:22). Бо ин суханонаш Мусо ба исроилиён хотиррасон кард, ки онҳо бояд танҳо Яҳуваро ибодат кунанд. Исроилиён набояд ба одамони гирду атрофашон, ки ҳар хел санаму худоҳоро парастиш мекарданд, пайравӣ менамуданд. Ин халқҳо боварӣ доштанд, ки худоёнашон баъзе қисмҳои табиатро идора карда метавонанд.

5 Масалан, мисриён худоҳои бисёрро парастиш мекарданд, ба мисли худои офтоб Ра, олиҳаи осмон Нут, худои замин Геб, худои дарёи Нил — Хапи ва бисёр ҳайвоноти дигарро муқаддас мешумориданд. Яҳува бо даҳ бало нишон дод, ки Ӯ аз ин худоҳои сохта дида бузургтар аст. Худои асосии Канъон — Баал, худои бороварӣ буд, ки онро чун худои осмону борон ва тӯфон низ ибодат мекарданд. Дар бисёр ҷойҳо одамон барои ҳимоя ба Баал муроҷиат мекарданд (Ад. 25:3). Исроилиён бояд дар хотир медоштанд, ки Худои онҳо Яҳува, Худои ҳақиқӣ ва ягона аст (Такр. Ш. 4:35, 39).

6, 7. Ибораи «Худои ягона» боз чӣ маъно дорад ва чӣ тавр Яҳува ягона будани худашро исбот кард?

6 Собитқадам ва бовафост. «Худои ягона» ҳамчунин маънои онро дорад, ки нияту корҳои Яҳува ҳамеша иҷро мешаванд. Худо тағйир намеёбад. Ӯ ҳамеша содиқ, собитқадам, яъне доимо ба гапаш меистад, бовафо ва Худои зинда аст. Масалан, Яҳува ба Иброҳим ваъда дод, ки насли ӯ Замини ваъдашударо мерос хоҳанд гирифт. Ва барои ин ваъдаашро иҷро кардан Ӯ бисёр мӯъҷизаҳо нишон дод. Пас аз гузаштани 430 сол Яҳува аз қавлаш нагашт (Ҳас. 12:1, 2, 7; Хур. 12:40, 41).

7 Асрҳо пас Яҳува халқи Исроилро шоҳидонаш номида чунин гуфт: «Ман ҳастам, ва пеш аз Ман Худое набуд, ва баъд аз Ман нахоҳад буд». Яҳува ҳамчунин таъкид кард, ки мақсадаш тағйирнопазир аст: «Имрӯз низ Ман ҳамонам» (Иш. 43:10, 13; 44:6; 48:12). Барои исроилиён ба Худои собитқадам ва бовафо хизмат кардан то чӣ андоза шарафи бузург буд! Имрӯз мо низ чунин шарафи бузург дорем! (Мал. 3:6; Яъқ. 1:17).

8, 9. а) Яҳува аз ходимонаш чиро талаб мекунад? б) Чӣ тавр Исо муҳимияти суханони Мусоро қайд кард?

8 Мусо ба халқ хотиррасон кард, ки муҳаббату ғамхории Яҳува тағйирнаёбанда аст. Дар ҷавоб Яҳува интизор буд, ки онҳо танҳо ба Ӯ вафодор бошанд ва бо тамоми дилу ҷон ва қувваташон Ӯро дӯст доранд. Ҷавонон низ бояд чунин мекарданд, чунки Яҳува ба волидон фармуда буд, ки ҳар як имкониятро истифода бурда фарзандонашонро таълим диҳанд (Такр. Ш. 6:6–9).

9 Яҳува ҳеҷ гоҳ нияташро тағйир намедиҳад, аз ин рӯ вай ҳеҷ гоҳ талаботи асосиашро барои шахсонеро ки Ӯро ибодат мекунанд, тағйир нахоҳад дод. Агар мо хоҳем, ки Яҳува ибодатамонро қабул кунад, мо ҳам аз тарафи худ бояд танҳо ба Ӯ вафодор монем ва Ӯро бо тамоми дилу ҳуш ва қувватамон дӯст дорем. Исо гуфт, ки ин аз ҳама аҳкоми муҳим аст. (Марқӯс 12:28–31-ро хонед.) Биёед бубинем, ки чӣ тавр бо рафторамон нишон дода метавонем, ки Яҳува барои мо «Худои ягона» аст.

ТАНҲО БА ЯҲУВА ВАФОДОР БОШЕД

10, 11. а) Танҳо Яҳуваро ибодат кардан чиро дар бар мегирад? б) Чӣ тавр ҷавонони ибрӣ танҳо ба Яҳува вафодор буданашонро нишон доданд?

10 Азбаски Яҳува Худои яккаву ягона аст, мо бояд танҳо ба Ӯ вафодор бошем. Ибодати мо набояд нимкола бошад ва ё дар ибодатамон ягон фикр ё амали дини дурӯғро истифода барем. Мо бояд дар ёд дорем, ки Яҳува на танҳо Худое мебошад, ки аз дигар худоён дида бузургтар ё тавонотар аст, Ӯ ҳамчунин Худои Зинда аст. Мо бояд фақат Яҳуваро ибодат кунем. (Ваҳй 4:11-ро хонед.)

11 Аз китоби Дониёл мо дар бораи ҷавонони ибрӣ Дониёл, Ҳананё, Мишоил ва Азарё мехонем. Онҳо аз хӯроке, ки ҷисмашонро нопок мегардонд ва аз саҷда ба ҳайкали тиллоӣ даст кашида танҳо ба Яҳува вафодориашонро нишон доданд. Чунин рафтори ин ҷавонон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҷои аввали ҳаёташон чӣ меистод. Онҳо пурра ба Яҳува содиқ буданд (Дон. 1:1–3:30).

12. Барои вафодориамонро ба Яҳува нигоҳ доштан мо бояд аз чӣ даргурез бошем?

12 Яҳува бояд дар ҳаёти мо дар ҷойи аввал истад. Мо набояд гузорем, ки ягон чиз қисман ё пурра дар ҳаётамон ҷои Яҳуваро гирад. Ин чӣ буда метавонад? Дар Даҳ аҳкоми худ Яҳува аниқу равшан мегӯяд, ки халқаш набояд ягон худоеро ғайр аз Ӯ ибодат кунад ва ба ягон намуди бутпарастӣ даст занад. Дар замони мо бутпарастӣ намудҳои гуногун дорад ва баъзеи онҳоро пай бурдан хеле душвор аст. Вале талаботи Яҳува дигар нашудааст ва Ӯ то ҳол «Худои ягона» аст. Биёед мефаҳмем, ки чӣ тавр мо имрӯз аз бутпарастӣ даст кашида метавонем.

13. Чӣ муносибати моро бо Яҳува вайрон карда метавонад?

13 Дар Қӯлассиён 3:5 мо дар бораи чизҳое мехонем, ки пурра муносибати моро бо Яҳува вайрон карда метавонанд. (Оятро хонед.) Аҳамият диҳед, ки чашмгуруснагӣ бо бутпарастӣ алоқаманд аст. Чаро чунин гуфтан мумкин? Чунки одам чунон ба пулу мол ё чизҳои қиматбаҳо дода шуда метавонад, ки он чун худои пурқудрат ҳаёташро идора мекунад. Лекин агар мо пурра ба оят аҳамият диҳем, мебинем, ки дигар гуноҳҳои овардашуда низ бо чашмгуруснагӣ алоқаманданд, ки он як намуди бутпарастист. Агар мо ба ин чизҳо дил бандем, мо метавонем чизу чораро аз Худо дида бештар дӯст дорем. Агар мо ба ин роҳ диҳем, Яҳува барои мо «Худои ягона» намешавад. Албатта, мо ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ додан намехоҳем.

14. Юҳаннои ҳавворӣ моро аз чӣ огоҳ кард?

14 Юҳаннои ҳавворӣ фикри ба ин монандро қайд карда огоҳ кард, ки агар шахс чизҳои дунёро дӯст дорад, яъне «шаҳвати ҷисм, ҳаваси чашмон ва ғурури зиндагонӣ»-ро, пас «дар вай муҳаббати Падар нест» (1 Юҳ. 2:15, 16). Аз ин бармеояд, ки мо доимо бояд дили худро тафтиш карда фаҳмем, ки оё мо ин ҷаҳонро дӯст медорем ё не. Ҳангоми тафтиш мо шояд пай барем, ки вақтхушиҳо, одамон ва тарзи либоспӯшиву ороишоти ин ҷаҳон ба мо таъсири худро расонидааст. Ё шояд барои «чизҳои бузург»-ро пайдо кардан аз пайи ба даст овардани маълумоти олӣ шудаем (Ирм. 45:4, 5). Мо дар остонаи дунёи нави ваъдашуда қарор дорем. Барои ҳамин суханони Мусоро дар ёд доштан хеле муҳим аст. Агар мо аниқ фаҳмем ва боварии қавӣ дошта бошем, ки Яҳува «Худои мо Худои ягона аст» мо ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, то ки танҳо ба Ӯ вафодор монему бо тарзи дилхоҳаш ба Ӯ хизмат кунем (Ибр. 12:28, 29).

ЯГОНАГИРО НИГОҲ ДОРЕД

15. Чаро Павлус ба масеҳиён яккаву ягона будани Яҳуваро ёдрас кард?

15 Аз ибораи «Худои ягона» мо мефаҳмем, ки Яҳува мехоҳад, то ходимонаш муттаҳид бошанд ва мақсади ҳаёташон як хел бошад. Ҷамъомади масеҳиёни асри як аз яҳудиён, юнониён, румиён ва одамони дигар халқу миллат иборат буд. Дин, урфу одат ва ҳиссиёти онҳо гуногун буданд. Аз ин сабаб ба баъзеи онҳо душвор буд, ки аз тарзи ибодати худ пурра даст кашида ибодати навро қабул кунанд. Аз ин рӯ Павлус зарур донист, ки ба ин масеҳиён дар бораи Худои яккаву ягонаашон, Яҳува ёдрас кунад. (1 Қӯринтиён 8:5, 6-ро хонед.)

16, 17. а) Кадом пешгӯӣ дар замони мо иҷро шуда истодааст ва бо кадом натиҷа? б) Чӣ ягонагии моро вайрон карда метавонад?

16 Имрӯз дар бораи ҷамъомади масеҳӣ чӣ гуфтан мумкин? Ишаъё-пайғамбар пешгӯӣ карда буд, ки «дар айёми охир» одамони ҳар халқу миллат барои ибодати Яҳува ҷамъ мешаванд. Онҳо мегӯянд: «Ӯ [Яҳува] тариқҳои Худро ба мо таълим диҳад, ва мо ба роҳҳои Ӯ равона шавем» (Иш. 2:2, 3). Мо хеле хурсандем, ки имрӯз иҷрошавии ин пешгӯиро дида истодаем! Дар ҳақиқат ҳам дар ҷамъомадҳо бародарону хоҳарони ҳар халқу миллат, маданият ва забон Яҳуваро ҷалол медиҳанд. Ба ҳар ҳол ин гуногунӣ душвориҳои худро дорад.

Оё шумо ба ягонагии ҷамъомад мусоидат мекунед? (Ба сархатҳои 16–19 нигаред.)

17 Масалан, шумо нисбати ҳамимононе, ки маданияташон дигар аст, чӣ гуна муносибат доред? Забон, тарзи либоспӯшӣ, гапзанӣ ва хӯроки онҳо аз он чизе ки шумо одат кардаед, фарқ мекунад. Оё шумо худро аз онҳо дур кашида танҳо бо шахси дилхоҳатон муошират мекунед? Ё шумо нисбати пирони ҷамъомадатон, ки аз шумо дида ҷавонтаранд ё миллату маданияташон дигар мебошад, чӣ тавр муносибат менамоед? Оё шумо мегузоштед, ки ин чизҳо ягонагии ҷамъомадро вайрон кунад?

18, 19. а) Дар Эфсӯсиён 4:1–3 чӣ маслиҳат дода шудааст? б) Барои ягонагии ҷамъомад мо чӣ кор карда метавонем?

18 Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ин душвориҳоро бартараф кунем? Ба масеҳиёни шаҳри Эфсӯс, ки шаҳри тараққикарда буду одамони ҳар халқу миллат дар он зиндагӣ мекарданд, Павлус маслиҳати амалӣ дод. (Эфсӯсиён 4:1–3-ро хонед.) Аҳамият диҳед, ки Павлус чунин хислатҳоро ба монанди ҳалимӣ, фурӯтанӣ, пурсабрӣ ва муҳаббат қайд кард. Ин хислатҳоро ба сутуни хона монанд кардан мумкин аст, ки хонаро мустаҳкам нигоҳ медорад. Лекин барои хонаро дар ҳолати нағз нигоҳ доштан меҳнати зиёд дар талаб аст. Павлус масеҳиёни Эфсӯсро барангехт, ки барои «ягонагии Рӯҳро дар иттифоқи осоиштагӣ» нигоҳ доштан кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд.

19 Ҳар яки мо бояд кӯшиш кунем, ки дар ҷамъомад ягонагиро нигоҳ дорем. Барои ин чӣ кор кардан даркор? Дар аввал мо бояд он хислатҳоеро, ки Павлус қайд кард, ба мисли ҳалимӣ, фурӯтанӣ, пурсабрӣ ва муҳаббатро дар худ инкишоф диҳем. Сипас, кӯшиш кунем, ки «иттифоқи осоиштагӣ»-ро нигоҳ дорем. Нофаҳмиҳо дар ягонагии мо мисли як ҷойи кафидагии девор мебошад. Мо бояд кӯшиш кунем, ки ин нофаҳмиҳоро бартараф карда дар байни худ сулҳу осоиштагиро нигоҳ дорем.

20. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки суханони «Худованд Худои мо Худои ягона аст»-ро мефаҳмем?

20 «Худованд Худои мо Худои ягона аст». Чӣ гуфтаҳои таъсирбахше! Ин гуфтаҳо ба исроилиён қувват бахшид, то душвориҳои бо Замини ваъдашуда алоқамандро паси сар кунанд. Агар мо ин суханонро дар дили худ ҷой диҳем, он моро қувват мебахшад, то мусибати бузургро паси сар карда ба сулҳу осоиштагӣ дар биҳишт мусоидат кунем. Биёед минбаъд низ танҳо ба Яҳува вафодор монему Ӯро бо тамоми дилу ҷон, ҳуш ва қувватамон дӯст дошта хизмат кунем. Ҳамчунин кӯшиш кунем, ки дар ҷамъомад ягонагиро нигоҳ дорем. Агар мо чунин кунем, Исо пас аз доварӣ моро ба қатори одилон дохил мекунад ва мо иҷрошавии суханони зерини ӯро хоҳем дид: «Биёед, эй баракатёфтагон аз Падари Ман, Малакутеро, ки аз ибтидои офариниши олам барои шумо муҳайё шудааст, мерос бигиред» (Мат. 25:34).