БУРҶИ ДИДБОНӢ (НАШРИ ОМӮЗИШӢ) Июн 2017

Ин нашр мақолаҳои омӯзишӣ аз 31 июл то 27 августи соли 2017-ро дар бар мегирад.

Оё шумо дар хотир доред?

Оё шумораҳои охирини «Бурҷи дидбонӣ»-ро бодиққат хонда будед? Пас, худро санҷед, ки ба саволҳои зерин ҷавоб дода метавонед ё не.

Яҳува дар вақтҳои душворӣ моро тасаллӣ медиҳад

Баъзе аз душвориҳое, ки имрӯз ходимони Худо дар ҳаёти оилавӣ рӯ ба рӯ шуда метавонанд, кадоманд? Агар шумо бо ин гуна душвориҳо рӯ ба рӯ шавед, чӣ тавр тасаллӣ ёфта метавонед?

Дар дилатон суханони Худоро ҷо кунед!

Мо бояд кадом ганҷҳоро ҷамъ кунем ва чӣ тавр ин корро карда метавонем?

Оё шумо ба дили одам нигоҳ мекунед?

Вақте ки яке аз Шоҳидони Яҳува бо марди бехонае, ки муомилаи бад дошту худро аз одамон дур мекашид, пурсаброна гап зад, чӣ шуд?

Оё шумо сулҳҷӯ ҳастед?

Ҳамаи одамон сулҳу оромӣ мехоҳанд. Лекин, вақте ки чизе барояшон маъқул намешавад, одатан сулҳпарвариро як сӯ мегузоранд. Чӣ ба шумо кӯмак мерасонад, ки ба онҳо монанд нашавед?

«Хиради ту муборак аст»

Ин суханонро Довуд ба зане гуфт, ки Абиҷайл ном дошт. Чаро Довуд Абиҷайлро таъриф кард ва мо аз ин зан чӣ ибрат гирифта метавонем?

Диққати худро ба тарафдорӣ кардани ҳокимияти Яҳува равона созед

Чӣ бояд барои одамон чизи аз ҳама муҳим бошад? Чаро шумо бояд дар ин бора донед?

Ҳокимияти Яҳуваро дастгирӣ кунед!

Агар шумо Яҳуваро чун ягона Ҳокими Даҳр шиносед, ин ба ҳаётатон чӣ хел таъсир мерасонад?

Оё шумо медонед?

Чаро Исо онҳоеро, ки дар маъбади Ерусалим савдо мекарданд, ба дуздон баробар кард?