Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Нофаҳмиҳоро бо муҳаббат ҳал кунед

Нофаҳмиҳоро бо муҳаббат ҳал кунед

«Бо якдигар муросо кунед» (МАРҚ. 9:50).

СУРУДҲО: 39, 35

1, 2. Дар китоби Ҳастӣ дар бораи чӣ нақл карда мешавад ва чаро он воқеаҳо барои мо фоиданоканд?

ОЁ ШУМО ягон бор дар бораи ҷанҷолу хархашаҳое ки дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд, фикр кардаед? Биёед дар аввал чанд боби аввали Ҳастиро дида бароем. Қобил Ҳобилро мекушад (Ҳас. 4:3–8). Ҷавоне Ломакро захмдор мекунад ва ӯ ҷавонро барои ин кораш мекушад (Ҳас. 4:23). Чӯпонони Иброҳим бо чӯпонони Лут ҷанг мекунанд (Ҳас. 13:5–7). Ҳоҷар Сороро паст мезанад, Соро бошад, аз Иброҳим меранҷад (Ҳас. 16:3–6). Дар бораи Исмоил гуфта мешавад, ки ӯ бар зидди ҳама ва ҳама бар зидди ӯ мебароянд (Ҳас. 16:12).

2 Чаро ин гуна ҷанҷолу нофаҳмиҳо дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд? То ки мо аз ин одамони нокомил, ки бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешуданд, дарс гирем. Мо низ нокомилем ва, вақте дар ҳаёт бо ин гуна душвориҳо рӯ ба рӯ мешавем, мо ба намунаҳое ки дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд, пайравӣ мекунем ва аз намунаҳои бад даргурез мешавем (Рум. 15:4). Инчунин он ба мо кӯмак мерасонад, ки бо дигарон муросо карданро ёд гирем.

3. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

3 Дар ин мақола гап дар бораи он меравад, ки чӣ тавр ва чаро бояд ходимони Яҳува нофаҳмиҳоро бартараф кунанд. Ҳамчунин мо баъзе принсипҳоро аз Китоби Муқаддас дида мебароем, ки ба мо барои нигоҳ доштани сулҳ бо дигарон ва муносибати хуб бо Яҳува кӯмак мерасонанд.

ЧАРО ХОДИМОНИ ХУДО БОЯД НОФАҲМИҲОРО БАРТАРАФ КУНАНД?

4. Чӣ гуна рӯҳия дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд ва он чӣ оқибате овард?

4 Сабабгори асосии ҷангу ҷидолҳои одамон Шайтон мебошад. Дар боғи Адан Шайтон даъво намуд, ки ҳар як инсон бояд худаш қарор кунад, ки чӣ хуб асту чӣ бад. Ба гуфти вай инсон ҳақ дорад, ки аз Худо вобаста набошад (Ҳас. 3:1–5). Акнун мо мебинем, ки оқибати чунин фикрронӣ чӣ шуд. Имрӯз дунё пур аз одамонест, ки худашон барои худ қарор мекунанд, ки чӣ нек асту чӣ бад. Онҳо мағрур, худхоҳ ва рақобатпарастанд ва барояшон ҳеҷ фарқе нест, ки қарори онҳо ба каси дигар чӣ тавр таъсир мекунад. Чунин худпарастӣ ба сари одамизод нохушиҳои бисёре овардааст. Дар Китоби Муқаддас беҳуда гуфта нашудааст: «Шахси хашмгин ситеза меангезад, ва тундмизоҷ бисёр ҷиноят мекунад» (Мас. 29:22).

5. Исо ба шунавандагони худ чӣ гуна маслиҳатҳо дод?

5 Дар Мавъизаи болои кӯҳ Исо шогирдонашро таълим дод, ки дар ҳар маврид ба сулҳу оштӣ ва ҳал кардани нофаҳмиҳо кӯшиш кунанд, ҳатто агар ин бар зарари онҳо бошад. Масалан, ӯ ба онҳо маслиҳат дод, ки ҳалиму фурӯтан ва сулҳҷӯ бошанд. Исо гуфт, ки онҳо бояд норозигиҳо ва нофаҳмиҳоро зуд ҳал кунанд, хафагиву дигар ҳиссиёти бадро аз дили худ дур созанд ва душманонашонро дӯст доранд (Мат. 5:5, 9, 22, 25, 44).

6, 7. а) Чаро ҳал кардани нофаҳмиҳо муҳим аст? б) Кадом саволҳоро ҳамаи мо бояд ба худ диҳем?

6 Мо бо дуо гуфтан, ба ҷамъомадҳо рафтан ва дар мавъиза иштирок кардан Яҳуваро ибодат мекунем. Лекин агар мо бо дигарон сулҳро нигоҳ доштан нахоҳем, он гоҳ ҳама кӯшишҳои мо беҳудаанд (Марқ. 11:25). Агар мо хатогиҳои дигаронро набахшем, дӯсти Яҳува буда наметавонем. (Луқо 11:4 ва Эфсӯсиён 4:32-ро хонед.)

7 Яҳува аз ҳамаи ходимонаш интизор аст, ки бахшанда бошанд ва бо дигарон муросо кунанд. Мо метавонем аз худ бипурсем: «Оё ба ман бахшидани хоҳару бародарон осон аст? Оё ба ман бо онҳо будан маъқул аст, ҳатто агар онҳо моро хафа карда бошанд ҳам?» Агар бинед, ки ба шумо бештар бахшанда будан лозим аст, дар дуо аз Яҳува пурсед, ки ба шумо барои аз ин ҷиҳат беҳтар шудан ёрдам кунад. Агар мо аз Падари осмониамон бо фурӯтанӣ чизе пурсем, Ӯ чунин дуоро мешунавад ва ба он ҳатман ҷавоб медиҳад (1 Юҳ. 5:14, 15).

ОЁ МЕТАВОНЕД ХАФАГИРО ФАРОМӮШ КУНЕД?

8, 9. Вақте касе моро хафа мекунад, мо бояд чӣ гуна рафтор кунем?

8 Ҳамаи мо нокомилем, барои ҳамин як рӯз не, як рӯз дигарон бо ягон рафтор ё гуфторашон моро хафа карда метавонанд. Аз ин ҷойи гурез нест (Воиз 7:20; Мат. 18:7). Дар чунин маврид шумо чӣ гуна рафтор мекунед? Аз воқеаи зерин мо барои худ дарси муҳиме гирифта метавонем. Дар як вохӯрии дӯстона хоҳаре бо ду бародар тавре салому алейк мекунад, ки ба яке аз бародарон маъқул намешавад. Ба назари бародар ин рафтори хоҳар нораво метобад. Вақте бародарон танҳо мемонанд, бародари хафашуда хоҳарро танқид мекунад. Лекин бародари дигар ба ӯ хотиррасон мекунад, ки хоҳар нигоҳ накарда ба душвориҳои зиёд 40 сол боз содиқона ба Яҳува хизмат карда истодааст ва илова менамояд, ки хоҳар, бешакк, ӯро хафа карданӣ набуд. Бародари хафашуда ин суханонро шунида чунин ҷавоб медиҳад: «Ту рост мегӯӣ». Сипас бародар қарор мекунад, ки ин воқеаро фаромӯш созад.

9 Мо аз ин воқеа чӣ меомӯзем? Вақте касе моро хафа мекунад, он ки мо дар ҷавоб чӣ гуна рафтор мекунем, дар ихтиёри мост. Шахси меҳрубон бахшанда аст. (Масалҳо 10:12 ва 1 Петрус 4:8-ро хонед.) Вақте мо «аз бадкорӣ чашм» мепӯшем, ин дар назари Яҳува як чизи зебо аст (Мас. 19:11; Воиз 7:9). Барои ҳамин агар касе бо ягон рафтор ё гуфтораш шуморо хафа кунад, аз худ бипурсед: «Оё ман ин хафагиро фаромӯш карда метавонам? Оё ҳоҷат аст, ки ман дар ин бора фикр карда шинам?»

10. а) Як хоҳар ба айбҷӯии дигарон дар аввал чӣ гуна муносибат кард? б) Кадом фикр аз Китоби Муқаддас ба ин хоҳар кӯмак расонд, то оромии ботиниро нигоҳ дорад?

10 Вақте дигарон дар ҳаққи мо сухани ноҷо мегӯянд, ба он аҳамият надодан душвор аст. Биёед мебинем, ки бо пешраве ки номашро шартан Лайло мегӯем, чӣ рӯй дод. Баъзе аъзоёни ҷамъомад мегуфтанд, ки ӯ самаранок хизмат намекунад ва вақташро дуруст истифода намебарад. Ӯ аз ин хеле ғамгин шуд ва барои кӯмак ба бародарони рӯҳан баркамол муроҷиат кард. Ӯ мегӯяд: «Маслиҳате ки онҳо дар асоси Навиштаҳо доданд, ба ман кӯмак кард, ки ба фикру ақидаи дигарон дуруст муносибат намоям ва бештар дар бораи Яҳува фикр кунам». Оятҳои Матто 6:1–4 ӯро рӯҳбаланд карданд. (Оятҳоро хонед.) Ин оятҳо ба ӯ хотиррасон карданд, ки мақсади вай бояд хурсанд кардани Яҳува бошад. Лайло мегӯяд: «Ҳатто агар дигарон дар бораи хизмати ман суханони бад гӯянд, ман хушбахтиамро аз даст намедиҳам, зеро медонам, ки бо тамоми қувватам кӯшиш карда истодаам, ки Яҳува аз ман розӣ бошад». Акнун Лайло ба гапҳои бади дигарон бисёр диққат намедиҳад.

ВАҚТЕ БА НОФАҲМӢ ЧАШМ ПӮШИДА НАМЕШАВАД

11, 12. а) Вақте аз масеҳӣ ҳамимонаш норозӣ бошад, ӯ чӣ тавр бояд рафтор кунад? б) Аз он ки чӣ тавр Иброҳим душвориро ҳал кард, мо чӣ меомӯзем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

11 «Ҳамаи мо бисёр пешпо мехӯрем» (Яъқ. 3:2). Фарз кардем, шумо мефаҳмед, ки ягон бародар аз рафтор ё гуфтори шумо хафа шудааст. Дар ин маврид шумо бояд чӣ кор кунед? Исо гуфта буд: «Ҳангоме ки қурбонии худро назди қурбонгоҳ меоварӣ ва дар он ҷо ба хотират ояд, ки бародарат аз ту норозист, қурбонии худро дар он ҷо назди қурбонгоҳ бимон ва рафта, аввал бо бародари худ мувосо кун ва баъд омада, қурбонии худро тақдим кун» (Мат. 5:23, 24). Аз рӯи маслиҳати Исо амал карда бо бародари худ гап занед. Аммо як чизро аз хотир набароред: ҳангоми бо ӯ сӯҳбат кардан мақсади шумо он нест, ки гуноҳро ба сари бародаратон бор кунед. Мақсади шумо ин аст, ки айби худро ба гардан гиред ва бо бародаратон мувосо кунед, яъне оштӣ шавед.

12 Намунаҳои Китоби Муқаддас ба мо дар нигоҳ доштани сулҳ кӯмак мерасонанд. Яке аз чунин намунаҳо ин воқеаи байни Иброҳиму Лут мебошад. Ҳар дуи онҳо соҳиби гову мол буданд. Рӯзе чӯпонони онҳо барои замин ҷанҷол карданд. Чун шахси сулҳҷӯ Иброҳим ба Лут имконият дод, ки якум шуда барои худ замин интихоб кунад (Ҳас. 13:1, 2, 5–9). Чӣ намунаи хубе! Иброҳим аз пайи сулҳ буд, на фоидаи худ. Оё ӯ аз сабаби саховатмандиаш ягон чизро аз даст дод? Не. Дарҳол баъд аз ин воқеа Яҳува ба Иброҳим баракатҳои зиёдеро ваъда дод (Ҳас. 13:14–17). Мо аз ин воқеа чӣ меомӯзем? Агар мо нофаҳмиҳоро аз рӯи муҳаббат ҳал кунем, дар аввал чизеро аз даст диҳем ҳам, Яҳува ба мо баракат медиҳад. [1]

13. Чӣ тавр як нозир ба суханони сахти бародар муносибат кард ва мо аз ин чӣ меомӯзем?

13 Биёед як воқеаеро дида бароем, ки дар рӯзҳои мо рӯй додааст. Нозири яке аз шӯъбаҳои анҷуман ба бародаре занг зада аз ӯ кӯмак мепурсад. Он бародар якчанд сухани пасту баланд зада, баъд телефонро мемонад. Сабаб дар он буд, ки нозири пештара ӯро сахт хафа карда буд. Нозир аз ин рафтори бародар намеранҷад. Лекин ӯ наметавонист ба ин воқеа бепарвоёна назар кунад. Як соат пас нозир ба он бародар занг зада пешниҳод кард, ки вохӯрда масъаларо якҷоя ҳал кунанд. Як ҳафта пас онҳо дар Толори Салтанат вохӯрданд. Баъд аз он ки онҳо ба Яҳува дуо гуфтанд, бародар сабаби хафагиашро ба нозир нақл кард. Нозир бодиққат ва бо меҳрубонӣ ӯро гӯш карда, баъзе оятҳои мувофиқро аз Навиштаҳо бо ӯ муҳокима намуд. Баъд аз ин ҳар дуи онҳо бо хотири ҷамъ хайрухуш карданд. Бародар таклифи нозирро қабул кард ва дар анҷуман бо ӯ ҳамкорӣ кард. Ӯ аз нозир хеле миннатдор аст, ки оромона ва меҳрубонона бо ӯ муносибат кард.

ОЁ ДАХОЛАТИ ПИРОН ЛОЗИМ АСТ?

14, 15. а) Маслиҳати Матто 18:15–17-ро мо бояд дар кадом вақт ба кор барем? б) Исо дар бораи кадом се қадам гап зад ва ҳангоми онҳоро ба кор бурдан мақсади мо бояд чӣ бошад?

14 Аксари нофаҳмиҳоеро ки байни ду масеҳӣ рӯй медиҳанд, бе дахолати шахси сеюм ҳал кардан мумкин ва лозим аст. Лекин Исо гуфт, ки дар баъзе мавридҳо дахолати ҷамъомад даркор мешавад. (Матто 18:15–17-ро хонед.) Агар шахс на ба бародари худ, на ба шоҳидон ва на ба ҷамъомад гӯш диҳад, он гоҳ-чӣ? Дар ин маврид ба ӯ бояд «чун халқҳо ё чун боҷгир» муносибат кард. Имрӯз мо мегӯем, ки чунин шахсро бояд аз ҷамъомад хориҷ кард. Албатта, ин ҷо гап дар бораи гуноҳҳои ҷиддӣ меравад, на дар бораи масъалаҳои ночиз. Якум, он гуноҳест, ки байни ду кас онро ҳал кардан мумкин аст. Дуюм, он гуноҳи ҷиддиест, чунки агар масъала ҳал нашавад, шояд аз ҷамъомад хориҷ кардани шахс лозим шавад. Гуноҳе ки дар ин ҷо гап дар борааш меравад, метавонад дар худ қаллобӣ, фиребгарӣ ва ё тӯҳмат дошта бошад, ки ба обрӯи касе зарар расонида метавонад. Се қадаме ки Исо дар борааш гап зада буд, фақат дар чунин мавридҳо ба кор бурда мешаванд. Лекин, агар гуноҳе ба монанди зино, ҳомосексуализм, осият ва ё бутпарастӣ содир карда шавад, дар ин маврид бечунучаро иштироки пирони ҷамъомад зарур аст.

Барои дарёфтани бародари худ, шояд, бо ӯ якчанд бор сӯҳбат кардан лозим ояд (Ба сархати 15 нигаред.)

15 Мақсади маслиҳати Исо он аст, ки чӣ тавр мо аз рӯи муҳаббат метавонем ба хоҳару бародарон кӯмак расонем (Мат. 18:12–14). Чӣ тавр мо ин маслиҳатро ба кор бурда метавонем? 1) Мо бояд кӯшиш кунем, ки бе дахолати дигарон бо бародарамон оштӣ шавем. Шояд бароямон бо ӯ якчанд бор гап задан лозим ояд. Лекин агар оштӣ карда натавонем, чӣ кор бояд кард? 2) Мо метавонем ҳамроҳи каси дигар бо ӯ гап занем. Ҳамроҳамон касеро гирифта метавонем, ки вазъиятро хуб медонад ва ё дида метавонад, ки оё ягон чиз нодуруст карда шудааст ё не. Агар душворӣ ҳал шавад, шумо бародари худро дарёфтед. 3) Мо ба пирон танҳо он вақт муроҷиат мекунем, агар якчанд бор бо бародарамон гап задем, лекин масъала ҳал нашуд.

16. Чаро гуфтан мумкин аст, ки аз рӯи маслиҳати Исо амал кардан, муҳаббати шахсро нишон медиҳад?

16 Дар аксари вазъиятҳо лозим намеояд, ки шахс ҳар се қадамро гузорад. Яъне аксар вақт чунин масъалаҳо то ба дараҷае намерасанд, ки шахсро аз ҷамъомад хориҷ кунанд. Бисёр вақт шахси хатокарда гуноҳашро ба гардан мегирад. Шахси хафашуда бошад, барои нигоҳ доштани сулҳ бародарашро мебахшад. Аз ин суханони Исо бармеояд, ки лозим нест, ки шахс пеш аз санҷидани ду қадами аввал даррав ба назди пирон равад. Танҳо кай пеши пирон рафтан лозим аст? Агар ба шахс ду қадами аввал кӯмак нарасонад ва, агар ӯ исботи хатои шахси дигарро дошта бошад.

17. Касоне ки барои нигоҳ доштани сулҳ кӯшиш мекунанд, чӣ гуна баракатҳоро соҳиб мешаванд?

17 То даме ки мо нокомилем, хоҳу нохоҳ якдигарро хафа мекунем. Яъқуби ҳавворӣ навишта буд: «Касе ки дар сухан пешпо намехӯрад, вай одами комил аст, ки метавонад ҷилави тамоми ҷисмро бикашад» (Яъқ. 3:2). Барои ҳал кардани нофаҳмиҳо мо бояд «талабгори осоиштагӣ» шавему аз пайи он бошем (Заб. 33:15). Агар мо сулҳҷӯ бошем, мо бо бародару хоҳарон дӯстӣ ва ягонагиро нигоҳ медорем (Заб. 132:1–3). Аз ҳама муҳимаш, мо бо Яҳува — «Худои сулҳу осоиштагӣ» муносибати наздик дошта метавонем (Рум. 15:33). Мо ҳамаи ин баракатҳоро соҳиб мешавем, агар бо муҳаббат нофаҳмиҳоро ҳал кунем.

^ [1] Сархати 12. Дар Китоби Муқаддас намунаи шахсоне оварда шудааст, ки нофаҳмиҳоро ҳал карда бо дигарон муросо намудаанд: Яъқуб бо Эсов (Ҳас. 27:41–45; 33:1–11); Юсуф ва бародаронаш (Ҳас. 45:1–15); Ҷидъӯн бо мардуми Эфроим (Дов. 8:1–3). Шояд ба хотири шумо боз дигар воқеаҳое оянд, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудаанд.