Ба «ғарибон» ёрдам кунед, то «Худовандро бо шодӣ ибодат» намоянд
«Худованд ғарибонро нигаҳбонӣ менамояд» (ЗАБ. 145:9).
1, 2. а) Баъзе бародарону хоҳарон бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд? б) Мо дар ин мақола кадом саволҳоро дида мебароем?
«ВАҚТЕ КИ дар мамлакати Бурунди ҷанги шарҳвандӣ сар шуд, мо дар анҷуман будем» — мегӯяд бародар Лиҷе. «Мо медидем, ки чӣ тавр одамонро мепарронданд ва онҳо ба ҳар тараф мегурехтанд. Дар оила мо 11 фарзанд будем ва ҳамроҳи волидонамон бо ҳамон як-ду чизе ки бо худ доштем, гурехтем. Оқибат баъзе аз аъзоёни оилаам 1600 километрро тай карда ба лагери гурезагон, ки дар Малави ҷойгир буд, расиданд. Боқимондаамон ба ҳар тараф пароканда шудем».
2 Ҳоло дар тамоми ҷаҳон 65 000 000 одамон аз сабаби ҷанг ё таъқибот хонаҳои худро партофта гурехтаанд, ки ин шумораи баландтарин аст *. Дар байни ин одамон ҳазорҳо Шоҳидони Яҳува низ мебошанд. Бисёре аз онҳо наздикон ва қариб ҳама чизу чораи худро аз даст доданд. Биёед фаҳмем, ки онҳо боз бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд? Чӣ тавр мо ба ин гуна бародарону хоҳарон ёрдам карда метавонем? Чӣ хел ба онҳо кӯмак кунем, то ба душвориҳо нигоҳ накарда «Худовандро бо шодӣ ибодат» намоянд? (Заб. 99:2). Ва чӣ тавр мо хушхабарро ба он гурезагоне, ки ҳоло Яҳуваро намешиносанд, расонида метавонем?
ҲАЁТИ ГУРЕЗАГОН
3. Барои чӣ Исо ва бисёр шогирдонаш гуреза шуданд?
3 Гуреза шудан дар таърихи одамон чизи нав нест. Масалан, баъд аз он ки фариштаи Яҳува Юсуфро огоҳ кард, ки шоҳ Ҳиродус Исои хурдсолро куштанӣ аст, ӯ зану фарзандашро гирифта ба Миср гурехт ва онҳо то марги Ҳиродус дар он ҷо монданд (Мат. 2:13, 14, 19–21). Пас аз даҳсолаҳо шогирдони аввалини Исо низ аз сабаби таъқибот «ба ноҳияи Яҳудо ва Сомария пароканда шуданд» (Аъм. 8:1). Ҳамчунин Исо медонист, ки бисёр пайравонаш маҷбур шуда, хонаю ҷойи худашонро тарк мекунанд. Ӯ гуфт: «Агар дар шаҳре шуморо таъқиб кунанд, ба дигаре бигрезед» (Мат. 10:23). Бо кадом сабабе одамон ҷою манзили худро тарк накунанд, ин барояшон осон нест.
4, 5. Гурезагон дар вақти гурехтан ва дар лагер бо чӣ гуна хатарҳо рӯ ба рӯ мешаванд?
4 Гурезагон ҳам дар вақти гурехтан ва ҳам ҳангоми дар лагерҳо зиндагӣ кардан бо хатарҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Гад, додари Лиҷе, мегӯяд: «Мо якчанд ҳафта фақат мегурехтем ва ҷасади садҳо одамонро медидем. Он вақт ман 12-сола будам. Пойҳоям чунон варам карда буданд, ки мадори роҳ гаштан надоштам. Барои ҳамин ман ба онҳо гуфтам, ки роҳи худро бе ман давом диҳанд, вале падарам маро партофта рафтан нахост. Вай маро бардошта бурд. Мо фикр мекардем, ки чӣ хел рӯзамонро гузаронем, ба Яҳува дуо мегуфтем ва ба Ӯ такя мекардем, баъзан мо танҳо меваи дарахтони мангоро, ки дар қади роҳ мерӯид, мехӯрдем» (Флп. 4:12, 13).
5 Аксари аъзоёни оилаи Лиҷе солҳои зиёд дар лагерҳои гурезагон зиндагӣ карданд. Лекин дар он ҷо ҳам хатарҳо кам набуданд. Лиҷе, ки ҳоло нозири ноҳиявӣ мебошад, дар ин бора чунин мегӯяд: «Бисёр одамон ғайбатчӣ, арақхӯр, қиморбоз, дузд, бадахлоқ ва бекорхӯҷа буданд». Барои ба таъсири бад дода нашудан гурезагоне, ки Шоҳиди Яҳува буданд, бояд бо корҳои ҷамъомад банд мешуданд (Ибр. 6:11, 12; 10:24, 25). Ин бародару хоҳарон барои рӯҳан суст нашудан вақти худро дуруст истифода мебурданд ва бисёрашон пешрав шуда хизмат мекарданд. Сафари пурмашаққати исроилиёнро дар биёбон ба хотир оварда, онҳо умедашонро гум намекарданд ва бовар доштанд, ки як рӯз не, як рӯз азобҳояшон ба охир мерасанд (2 Қӯр. 4:18).
БА ГУРЕЗАГОН ҒАМХОРӢ КУНЕД
6, 7. а) Муҳаббати Яҳува моро ба чӣ бармеангезад? б) Мисол оред.
6 «Муҳаббати Худо» моро бармеангезад, ки ба якдигар муҳаббат зоҳир кунем, хусусан дар вақтҳои тангӣ. (1 Юҳанно 3:17, 18-ро хонед.) Вақте ки дар асри як масеҳиёни Яҳудия аз гушнагӣ азоб мекашиданд, бародару хоҳарони дигар ҷойҳо ба онҳо кӯмак карданд (Аъм. 11:28, 29). Павлус ва Петрус низ масеҳиёнро барангехтанд, ки меҳмондӯст бошанд (Рум. 12:13; 1 Пет. 4:9). Мо, масеҳиён, бояд ба бародару хоҳароне, ки аз дигар ҷо меоянд, некӣ кунем, пас то чӣ андоза ба ҳамимононе, ки ҳаёташон дар хатар аст ё барои имонашон бо таъқибот дучор мешаванд, некӣ кардан муҳим аст *. (Масалҳо 3:27-ро хонед.)
7 Чанде пеш ҳазорҳо Шоҳидони Яҳува, мардон, занону кӯдакон, дар шарқи Украина аз сабаби ҷанг ва таъқибот хонаву ҷойи худро партофта гурехтанд. Афсӯс, баъзеи онҳо дар ин ҷанг мурданд. Бародару хоҳарони дигар ҷойҳои Украина аксарияти онҳоро ба хонаашон гирифтанд, ба боқимондаашон бародару хоҳарони Русия ғамхорӣ карданд. Ҳам дар Украина Юҳ. 15:19; Аъм. 8:4).
ва ҳам дар Русия онҳо ба сиёсат дахолат накарда аз ин ҷаҳон набуданашонро нишон доданд. Ҳамчунин онҳо боғайратона мавъиза карданро бас накарданд (ИМОНИ ГУРЕЗАГОНРО ҚАВӢ ГАРДОНЕД
8, 9. а) Гурезагон дар ҷойи нав бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд? б) Чаро онҳо ба кӯмаки мо ниёз доранд?
8 Баъзе одамон маҷбур мешаванд, ки ба ҷойи бехатари давлаташон гурезанд. Лекин бисёриашон ба давлати бегона мегурезанд. Албатта, ба ин гуна одамон давлат шояд ғамхорӣ карда хӯрок, пӯшок ва ҷойи зист медиҳад, лекин душвории онҳо бо ин тамом намешавад. Масалан, хӯрокҳои он ҷо барояшон бегона буда метавонад. Гурезагоне, ки дар ҷойҳои гарм зиндагӣ мекарданд, эҳтимол, ба ҳавои хунуки ҷойи нав одат накардаанд ва дар аввал чӣ пӯшиданашонро намедонанд. Баъзеашон мумкин намедонанд, ки чӣ тавр таҷҳизоти замонавиро истифода баранд.
9 Баъзе давлатҳо барномаҳои махсусе доранд, ки ба гурезагон барои дар ҷойи нав одат кардан кӯмак мерасонанд. Вале одатан баъди якчанд моҳ гурезагон бояд худашон дар бораи ниёзҳояшон ғамхорӣ намоянд. Ин чиз хеле душвор буда метавонад. Танҳо тасаввур кунед, ба онҳо лозим меояд, ки яку якбора забони навро омӯзанд, ба маданият ва қонуну қоидаҳои нав одат кунанд, яъне тарзи супоридани андоз ва пардохтани чекҳо, ба мактаб рафтан ва тарбия кардани фарзандонашонро ёд гиранд. Оё шумо босаброна ва эҳтиромона ба бародарону хоҳароне, ки бо ин гуна душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд, ёрдам мекунед? (Флп. 2:3, 4).
10. Чӣ тавр мо имони бародарону хоҳарони гурезаро қавӣ карда метавонем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
10 Ғайр аз ин, баъзан роҳбарон ба бародару хоҳарон барои ба ҷамъомад рафтанашон монеъ мешаванд. Масалан, агар бародарон аз коре, ки барои ба ҷамъомад рафтан халал мерасонад, даст кашанд, баъзе ширкатҳо тарсонда мегӯянд, ки онҳоро аз давлаташон пеш мекунанд. Баъзе бародарон аз тарс ва ночорӣ ба коре, ки ширкатҳо пешкаш мекунанд, розӣ шуданд. Аз ин рӯ хеле муҳим аст, ки ҳамимонони гурезаамонро ҳар чӣ зудтар хабар гирем. Онҳо бояд бинанд, ки мо нисбаташон бепарво нестем. Вақте мо ба онҳо ғамхорӣ мекунем ва кӯмак мерасонем, имони чунин бародару хоҳарон қавӣ мегардад (Мас. 12:25; 17:17).
БА ГУРЕЗАГОН ДАСТИ ЁРӢ ДАРОЗ КУНЕД
11. а) Гурезагон асосан ба чӣ мӯҳтоҷанд? б) Чӣ тавр гурезагон миннатдории худро нишон дода метавонанд?
11 Мо метавонем пеш аз ҳама бародару хоҳаронамонро бо хӯрок, пӯшок ё дигар чизҳои муҳим таъмин кунем *. Ҳатто як тӯҳфаи хурд барои онҳо аҳамияти калон дошта метавонад. Вақте гурезагон барои ҳама чиз миннатдор мешаванду чизеро талаб намекунанд, бародару хоҳароне, ки ба онҳо ёрдам медиҳанд, хурсандӣ мегиранд. Худи гурезагон ҳам бояд кӯшиш кунанд, ки дар бораи ниёзҳояшон ғамхорӣ намоянд. Ин тавр рафтор карда онҳо ҳурматашонро нисбати худ нигоҳ медоранд ва муносибаташон бо бародару хоҳарон зарар намебинад (2 Тас. 3:7–10). Аммо ин маънои онро надорад, ки ба иззати нафсашон мерасем гуфта ба онҳо кӯмак накунем.
12, 13. а) Чӣ тавр мо ба гурезагон ёрдам карда метавонем? б) Мисол оред.
12 Барои ба гурезагон ёрдам кардан на пули бисёр, балки вақт ва хоҳиш лозим аст. Хуб мебуд, ки ба онҳо тарзи истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ ва дар куҷо харидани хӯроки фоиданоку арзонро нишон диҳед. Ҳамчунин шумо ба онҳо фаҳмонда метавонед, ки чӣ тавр кор
ва ҷойи зист ёбанд. Аз ҳама муҳимаш, ба бародару хоҳарони гуреза кӯмак кунед, ки дар ҷамъомад фаъол бошанд. Агар имконпазир бошад, барои ба ҷамъомад рафтанашон ёрдам кунед. Ҳамчунин фаҳмонед, ки дар хизмат одамони маҳаллатон бештар ба кадом мавзӯъҳо гӯш медиҳанд. Онҳоро ҳамроҳатон ба хизмат гиред.13 Дар як ҷамъомад пирон ба чор бародари ҷавоне, ки гуреза шуда буданд, мошинронӣ, чопкунӣ ва барои ёфтани кор пур кардани анкетаро ёд доданд. Ҳамчунин онҳо фаҳмонданд, ки чӣ тавр реҷаи хуб тартиб дода хизмати Яҳуваро дар якум ҷо монанд (Ғал. 6:10). Чанде пас ҳар чори онҳо пешрав шуданд. Ёрдами пирон ва кӯшишу ғайрати худи бародарони ҷавон ба онҳо кӯмак кард, ки пешравӣ кунанд ва нагузоранд, ки ин ҷаҳон мисли ботлоқ онҳоро фурӯ барад.
14. а) Гурезагон бояд бо кадом васваса мубориза баранд? б) Мисол оред.
14 Мисли дигар Шоҳидони Яҳува ба гурезагон лозим аст, ки бо васвасаи ба даст овардани чизу чора мубориза бурда муносибаташонро бо Яҳува вайрон накунанд *. Лиҷе ва бародару хоҳаронаш ба ёд меоранд, ки чӣ тавр падарашон дар вақти гурехтан имони онҳоро қавӣ кард: «Ӯ як ба як чизҳоеро, ки бо худ доштем, аз сумка баровард ва сумкаи холиро ба мо нишон дода гуфт: “Ягон чизе ки дар сумка буд, барои ҳаёт муҳим нест”». (1 Тимотиюс 6:8-ро хонед.)
ДАР БОРАИ НИЁЗҲОИ АСОСИИ ГУРЕЗАГОН ҒАМХОРӢ КУНЕД
15, 16. a) Чӣ тавр мо имони бародарони гурезаамонро мустаҳкам карда метавонем? б) Мо чӣ кор карда метавонем, то ҳамимонони гурезаамон худро нағз ҳис кунанд?
15 Ба гурезагон бештар дастгирӣ ва кӯмаки рӯҳонӣ лозим аст, на чизу чора (Мат. 4:4). Пирон метавонанд ба забони модарии бародару хоҳароне, ки гурезаанд, адабиёт дастрас кунанд ва ё ба онҳо ёрдам кунанд, ки бо бародару хоҳарони ҳамзабонашон ҳамсӯҳбат шаванд. Аксарияти гурезагон аз оила, дӯстон ва ҷамъомади худ канда шудаанд. Барои ҳамин мо бояд мисли Яҳува бо онҳо меҳрубон ва дилсӯз бошем. Агар ин хел накунем, онҳо на аз мо, балки аз ҳамватанони худ, ки Яҳуваро намешиносанд, кӯмак мепурсанд, чунки ин одамон ҳиссиёт ва маданияти онҳоро нағзтар мефаҳманд (1 Қӯр. 15:33). Вақте мо ба онҳо ёрдам мекунем, ки дар ҷамъомад пурра иштирок кунанд, мо бо Яҳува, ки «ғарибонро нигаҳбонӣ» мекунад, ҳамкорӣ менамоем (Заб. 145:9).
16 Исо ва падару модараш то даме ки хатар вуҷуд дошт, ба хонаашон барнагаштанд. Ба ин монанд, гурезагон то дигар шудани вазъият ба ватанашон баргашта наметавонанд. Баъзан худи гурезагон хоҳиши ба ватан баргаштан надоранд. Лиҷе мегӯяд: «Ба бисёр волидоне, ки шоҳиди таҷовуз ва куштори аъзои оилаашон гардидаанд, бо фарзандони худ ба ҷое ки ин воқеаи нохуш рӯй дод, баргаштан душвор аст». Барои ба чунин ҳамимонон кӯмак кардан мо бояд «ҳамдард, бародардӯст, бошафқат, меҳрубон ва фурӯтан» бошем (1 Пет. 3:8). Аз сабаби таъқибот баъзе гурезагон дамдузд мешаванд ва шояд шарм мекунанд, ки дар бораи дарду азобашон ба касе гап зананд, хусусан дар пеши фарзандонашон. Барои ҳиссиёти онҳоро фаҳмидан аз худ пурсед: «Агар ман ба ҷойи онҳо мебудам, аз дигарон чӣ гуна муносибатро интизор мешудам?» (Мат. 7:12).
БА ГУРЕЗАГОНЕ, КИ ШОҲИДИ ЯҲУВА НЕСТАНД, МАВЪИЗА КУНЕД
17. Чӣ ба гурезагон қувват мебахшад?
17 Бисёри гурезагон аз мамлакатҳое мебошанд, ки дар он фаъолияти мо маҳдуд шудааст. Ба шарофати Шоҳидони боғайрат ҳазорҳо гурезагон хушхабарро якум бор мешунаванд (Мат. 13:19, 23). Бисёри ин «гаронборон» дар ҷамъомадҳои мо қувват мегиранд ва ба чунин хулоса меоянд: «Ҳақиқатан Худо бо шумост» (Мат. 11:28–30; 1 Қӯр. 14:25).
18, 19. Чӣ тавр ҳангоми мавъиза ба гурезагон бофаросат буда метавонем?
18 Агар шумо ба гурезагон мавъиза кунед, бояд «зирак» ва «бофаросат» бошед (Мат. 10:16; Мас. 22:3). Дарди дилашонро бодиққат гӯш кунед, аммо дар бораи сиёсат гап назанед. Аз рӯйи дастуроти филиал ва ҳукуматдорони маҳаллӣ амал кунед. Ҳеҷ гоҳ ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоред. Нисбати дин ва маданияташон эҳтиром зоҳир кунед. Масалан, либоспӯшии занҳо дар баъзе ҷойҳо фарқ мекунад. Барои ҳамин пеш аз расонидани хушхабар маданияти гурезагонро ба назар гирифта, либос пӯшед.
19 Мисли марди сомарӣ мо мехоҳем ба шахсоне, ки азоб мекашанд, хоҳ Шоҳиди Яҳува бошанд, хоҳ не, ёрдам кунем (Луқ. 10:33–37). Беҳтарин роҳи ба онҳо ёрдам додан ин расонидани хушхабар мебошад. Пире, ки ба бисёр гурезагон ёрдам карда буд, мегӯяд: «Ба одамон аз аввали шиносоӣ фаҳмондан зарур аст, ки мо Шоҳидони Яҳува ҳастем ва мақсади асосиамон на бо чизу чора, балки аз ҷиҳати рӯҳонӣ кӯмак кардан аст. Агар ин хел накунем, баъзе гурезагон танҳо барои фоидаи худ бо мо ҳамсӯҳбат мешаванд».
НАТИҶАИ ХУРСАНДИБАХШ
20, 21. а) Ба гурезаҳо нишон додани муҳаббат чӣ натиҷа меорад? б) Дар мақолаи навбатӣ чиро муҳокима мекунем?
20 Ба гурезагон нишон додани муҳаббат натиҷаи хуб меорад. Инро дар мисоли хоҳарамон Алганеш дидан мумкин аст. Вақте шавҳари хоҳар мурд, ӯ бо шаш кӯдаки хурдсолаш аз сабаби таъқибот аз Эритрея гурехт. Баъди ҳашт рӯз онҳо аз биёбон гузашта, бо як азоб ба Судан расиданд. Алганеш мегӯяд: «Бародарон бо мо мисли хеши наздикашон муносибат карданд. Онҳо моро бо хӯрок, пӯшок, ҷойи зист ва роҳкиро таъмин карданд. Кӣ одами бегонаро танҳо аз сабаби он ки ӯ ҳам ба Худои вай ибодат мекунад, ба хонааш ҷой медиҳад? Танҳо Шоҳидони Яҳува!» (Юҳанно 13:35-ро хонед.)
21 Дар бораи бисёр кӯдаконе, ки ҳамроҳи волидонашон гуреза ё мусофир мешаванд, чӣ гуфтан мумкин аст? Дар мақолаи навбатӣ дида мебароем, ки чӣ тавр мо ба онҳо кӯмак карда метавонем, ки ба Яҳува хурсандона хизмат кунанд.
^ сарх. 2 Дар ин мақола мо «ғарибон» ё «гурезагон» гуфта, касонеро дар назар дорем, ки дар дохили давлат ё берун аз он бо сабаби ҷанг, таъқибот ё офатҳо гуреза шудаанд. Мувофиқи маълумоти Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон дар тамоми ҷаҳон имрӯз «аз 113 нафар 1 нафар... маҷбур мешавад», ки хонаву ҷояшро тарк кунад.
^ сарх. 6 Ба «Бурҷи дидбонӣ» моҳи октябри с. 2016, саҳ. 8–12, ба мақолаи «Ба мусофирон некӣ карданро фаромӯш накунед», нигаред.
^ сарх. 11 Баъди омадани гурезагон пирон бояд ҳар чӣ зудтар мувофиқи дастуроти китоби «Созмоншудагон» (рус.), боби 8, сарх. 30, амал кунанд. Барои бо ҷамъомади шахси гуреза тамос гирифтан пирон ба воситаи jw.org ба филиали худашон нома навишта метавонанд. То омадани ҷавоб онҳо метавонанд бо гуреза сӯҳбат карда дар бораи ҷамъомад, хизмат ва ҳолати рӯҳониаш фаҳманд.
^ сарх. 14 Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 апрели с. 2014, саҳ. 15–24, ба мақолаҳои «Ҳеҷ кас наметавонад ба ду оғо хизмат кунад» ва «Далер бошед, Яҳува мададгори шумост!», нигаред.