Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Нагузоред, ки муҳаббататон сард шавад

Нагузоред, ки муҳаббататон сард шавад

«Ба сабаби афзудани шарорат, муҳаббати бисёр касон сард хоҳад шуд» (МАТ. 24:12).

СУРУДҲО: 23, 24

1, 2. а) Суханони дар Матто 24:12 навишташуда бори аввал кай иҷро шуд? б) Чӣ тавр китоби Аъмол нишон медиҳад, ки аксари масеҳиёни асри як муҳаббат доштанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ИСО гуфта буд, ки дар охирзамон «муҳаббати бисёр касон сард хоҳад шуд» (Мат. 24:3, 12). Бори аввал ин суханон дар асри як иҷро шуд. Он вақт яҳудиён, ки худро халқи Худо меҳисобиданд, роҳ доданд, ки муҳаббаташон ба Яҳува сард шавад.

2 Аксари масеҳиёне, ки он вақт зиндагӣ мекарданд, «дар бораи Исои Масеҳ таълим ва башорат медоданд» ва муҳаббаташонро нисбат ба Худо, ҳамимонон ва дигарон зоҳир мекарданд (Аъм. 2:44–47; 5:42). Лекин баъзеашон гузоштанд, ки муҳаббаташон сард шавад.

3. Ба сард шудани муҳаббати баъзе масеҳиён чӣ сабаб шуда метавонист?

3 Исои эҳёшуда ба масеҳиёни асри як, ки дар Эфсӯс зиндагӣ мекарданд, чунин гуфт: «Иддаое бар ту дорам, ки муҳаббати аввалини худро тарк кардаӣ» (Ваҳй 2:4). Чаро Исо ин хел гуфт? Аз афташ, ин масеҳиён ба ҳавасҳои ҷаҳон дода шуда буданд (Эфс. 2:2, 3). Мисли шаҳрҳои имрӯза шаҳри Эфсӯс аз нопокӣ пур буд. Он шаҳр бой буд ва мардумаш боҳашамату бароҳат зиндагонӣ мекарданд. Равшан аст, ки хоҳишҳои худхоҳона ҷойи муҳаббатро гирифта буданд. Ғайр аз ин, рафтори бешармона ва бадахлоқӣ дар он шаҳр сахт паҳн шуда буд.

4. a) Чӣ тарз муҳаббати одамон дар рӯзҳои мо сард шуда истодааст? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

4 Пешгӯйии Исо дар бораи сард шудани муҳаббат дар рӯзҳои мо низ иҷро шуда истодааст. Имрӯз бисёриҳо Худоро дӯст намедоранд ва ба ҷойи ба Ӯ такя кардан ба одамон таваккал мекунанд. Аз ин сабаб муҳаббати касоне, ки Яҳуваро ибодат намекунанд, сард шуда истодааст. Лекин чуноне ки аз мисоли ҷамъомади Эфсӯс дидем, муҳаббати ходимони ҳақиқии Худо низ сард шуда метавонад. Биёед ҳоло дида бароем, ки чӣ тавр муҳаббатамонро ба Яҳува, ба ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас ва ба ҳамимононамон қавӣ нигоҳ дошта метавонем.

МУҲАББАТ БА ЯҲУВА

5. Чаро мо бояд Худоро дӯст дорем?

5 Пеш аз огоҳӣ дар бораи гум кардани муҳаббат Исо гуфта буд, ки кадом муҳаббат аз ҳама болотар меистад: «“Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор”. Ҳамин аст ҳукми аввалин ва бузургтарин» (Мат. 22:37, 38). Агар мо, дар ҳақиқат, Худоро дӯст дорем, аҳкомҳои Ӯро риоя мекунем, сабр мекунем ва аз он чизе ки Ӯ бад мебинад, нафрат мекунем. (Забур 96:10-ро хонед.) Лекин Шайтон ва ҷаҳоне, ки дар дасти ӯст, кӯшиш мекунад, ки муҳаббати мо ба Худо сард шавад.

6. Агар муҳаббатамонро нисбати Худо гум кунем, чӣ мешавад?

6 Одамони ин ҷаҳон нисбати муҳаббат назари нодуруст доранд. Ба ҷойи он ки Офаридгори худро дӯст доранд, онҳо худро дӯст медоранд (2 Тим. 3:2). Ҷаҳоне, ки дар дасти Шайтон аст, одамонро ба «шаҳвати ҷисм, ҳаваси чашмон ва ғурури зиндагонӣ» ташвиқ мекунад (1 Юҳ. 2:16). Павлуси ҳавворӣ масеҳиёнро аз ин гуна хоҳишҳо огоҳ карда гуфт: «Фикрҳои ҷисмонӣ мамот аст... чунки фикрҳои ҷисмонӣ душманӣ ба Худост» (Рум. 8:6, 7). Дар ҳақиқат, онҳое, ки фақат аз пайи ғун кардани пулу мол ё қонеъ кардани хоҳишҳои шаҳвонӣ ҳастанд, оқибат рӯҳафтода ва андӯҳгин мешаванд (1 Қӯр. 6:18; 1 Тим. 6:9, 10).

7. Масеҳиён имрӯз бо кадом хатарҳо рӯ ба рӯ мешаванд?

7 Дар баъзе ҷойҳо атеистҳо, агностикҳо (шахсоне, ки вуҷуд доштан ё надоштани Худоро фаҳмидан мумкин нест мегӯянд) ва эволютсионистҳо ақидаеро паҳн мекунанд, ки на фақат муҳаббати одамонро ба Худо, балки бовариашонро ба вуҷуд доштани Ӯ барҳам медиҳад. Онҳо одамонеро, ки ба Худо бовар мекунанд, сода ва бесавод меҳисобанд. Ғайр аз ин, бисёри одамон олимонро аз Офаридгор дида бештар ҳурмату эҳтиром мекунанд (Рум. 1:25). Агар мо ба ин гуна ақидаҳо гӯш андозем, аз Яҳува дур мешавем ва муҳаббатамон сард мегардад (Ибр. 3:12).

8. а) Бисёри ходимони Яҳува бо кадом вазъиятҳои нохуш рӯ ба рӯ мешаванд? б) Мо аз Забур 135:1–26 кадом фикри рӯҳбаландкунандаро фаҳмида метавонем?

8 Баъзан аз сабаби рӯҳафтодагӣ имонамон суст шуда муҳаббатамон ба Худо сард мегардад. Дар ин ҷаҳони Шайтон ҳамаи мо бо вазъиятҳои нохуш дучор мегардем (1 Юҳ. 5:19). Масалан, мо аз сабаби пирӣ, беморӣ ё душвориҳои иқтисодӣ азоб мекашем. Ё шояд худро ноӯҳдабаро ҳис карда зиқ мешавем. Ҳамчунин вақте ки ягон чиз дар ҳаётамон мувофиқи хостамон намешавад, рӯҳафтода мегардем. Бо кадом душворие, ки рӯ ба рӯ нашавем, мо набояд фикр кунем, ки Яҳува моро партофтааст. Дар ин лаҳзаҳо мо бояд дар бораи оятҳое мулоҳиза ронем, ки моро ба муҳаббати пойдори Яҳува бовар мекунонанд. Яке аз ин гуна оятҳо Забур 135:23 мебошад. Дар он ҷо гуфта шудааст: «Моро дар залолати мо ба ёд овардааст, зеро ки эҳсони [«муҳаббати пойдори», ТДН] Ӯ то абад аст». Бале, муҳаббати Яҳува нисбати ходимонаш пойдор аст. Барои ҳамин мо боварӣ дошта метавонем, ки Ӯ зорию илтиҷоҳои моро мешунавад ва ба онҳо ҷавоб медиҳад (Заб. 114:1; 135:24–26).

9. Чӣ ба Павлус қувват дод, ки муҳаббаташро ба Яҳува қавӣ нигоҳ дорад?

9 Ба мисли забурнавис Павлуси ҳавворӣ дар бораи дастгирии Яҳува фикр карда қувват мегирифт. Павлус мегӯяд: «Худованд мададгори ман аст, ва ҳаросон нахоҳам шуд: одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?» (Ибр. 13:6). Павлус боварӣ дошт, ки Яҳува ӯро дӯст медорад ва донистани ин чиз ба ӯ кӯмак мекард, ки душвориҳоро паси сар кунад. Ӯ намегузошт, ки душвориҳо ӯро аз по афтонанд. Масалан, нигоҳ накарда ба он ки худи Павлус дар ҳабс буд, ба дигарон якчанд номаҳои рӯҳбаландкунанда навишт (Эфс. 4:1; Флп. 1:7; Филем. 1). Ӯ ҳатто дар озмоишҳои сахттарин муҳаббаташро ба Яҳува гум накард. Чӣ ба Павлус қувват мебахшид? Ӯ ба «Худои ҳар тасалло, ки моро дар ҳар андӯҳи мо тасалло медиҳад», такя мекард (2 Қӯр. 1:3, 4). Чӣ тавр мо ба Павлус пайравӣ карда метавонем?

Муҳаббататонро ба Яҳува нишон диҳед (Ба сархати 10 нигаред.)

10. Чӣ тавр мо муҳаббатамонро ба Яҳува устувор нигоҳ дошта метавонем?

10 Худи Павлус мегӯяд, ки чӣ ба мо барои устувор нигоҳ доштани муҳаббатамон кӯмак мекунад. Ӯ навишта буд: «Пайваста дуо гӯед». Баъдтар дар як номаи дигараш ӯ боз қайд кард: «Ҳамеша дуо гӯед» (1 Тас. 5:17; Рум. 12:12). Дуо барои бо Яҳува наздик шудан таҳкурсии мустаҳкам аст (Заб. 85:3). Вақте мо ба Яҳува фикрҳо ва ҳиссиёти чуқурамонро гап мезанем, мо ба Падари осмониамон, ки дуоҳоро мешунавад, наздик мешавем (Заб. 64:3). Илова бар ин, вақте мо мебинем, ки чӣ тавр Яҳува ба дуоҳоямон ҷавоб медиҳад, муҳаббатамон нисбати Ӯ боз ҳам зиёдтар мешавад ва мо ба дуруст будани суханони зерин пурра боварӣ ҳосил мекунем: «Худованд наздик аст ба ҳамаи онҳое ки Ӯро мехонанд» (Заб. 144:18). Дар навбати худ ин боварӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ба озмоишҳо тоб оварда тавонем.

МУҲАББАТ БА КАЛОМИ ХУДО

11, 12. Чӣ тавр муҳаббатамонро ба ҳақиқати Китоби Муқаддас инкишоф дода метавонем?

11 Мо, масеҳиён, ҳақиқатро хеле қадр мекунем. Исо дар дуо ба Падараш гуфт: «Каломи Ту ростист» (Юҳ. 17:17). Бешубҳа, Каломи Худо сарчашмаи ҳақиқат аст. Барои ҳамин, вақте ки мо аз Китоби Муқаддас дониши аниқ мегирем, дар диламон нисбат ба Каломи Худо муҳаббат пайдо мешавад (Қӯл. 1:10). Аммо ғайр аз гирифтани дониш чизи бештаре дар талаб аст. Забур 118:1–176 ба мо кӯмак мекунад, то фаҳмем, ки дӯст доштани ҳақиқат чӣ маъно дорад. (Забур 118:97–100-ро хонед.) Оё шумо барои хондани порчаҳои Китоби Муқаддас ҳар рӯз вақт ҷудо карда фикру мулоҳиза мекунед? Вақте мо оиди он фикр мекунем, ки чӣ тавр ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас ба мо фоида меоранд, мо онро бештар қадр мекунем.

12 Забурнавис мегӯяд: «Чӣ ширин аст сухани Ту ба коми ман! Ва ба даҳонам аз асал ширинтар аст» (Заб. 118:103). Мо ҳам метавонем аз хӯроки рӯҳоние, ки бар Китоби Муқаддас асос ёфтааст, лаззат барем. Ин гуна хӯрокҳоро Яҳува ба мо ба воситаи ташкилоташ пешкаш мекунад. Агар мо маззаи хӯроки рӯҳониро нағз фаҳмем, ин ба мо ёрдам мекунад, ки «суханони дилписанд»-и ҳақиқатро ба ёд орем ва ба дигарон кӯмак кунем (Воиз 12:10).

13. Чӣ ба Ирмиё кӯмак кард, ки ҳақиқати Китоби Муқаддасро дӯст дорад ва чӣ тавр ин ба ӯ таъсир кард?

13 Ирмиё-пайғамбар ҳақиқати Навиштаҳоро дӯст медошт. Бинед, ки чӣ тавр Каломи Худо ба дили ӯ таъсир кард. Ӯ мегӯяд: «Суханони Ту пайдо шуд, ва ман онҳоро фурӯ бурдам, ва каломи Ту шодии ман ва хурсандии дили ман гардид, зеро ки ман ба исми Ту, эй Худованд Худои лашкарҳо, номида шудаам» (Ирм. 15:16). Ирмиё дар бораи Каломи Худо фикр мекард, ба ҳамин маъно ӯ онро хӯрд ва ҳазм кард. Вақте ӯ дар бораи Каломи Худо фикру мулоҳиза менамуд, имконияти бар худ доштани номи Худоро бештар қадр мекард. Оё муҳаббат нисбат ба Каломи Худо шуморо бармеангезад, ки дар ин рӯзҳои охир имконияти бар худ доштани номи Худоро қадр кунед ва Салтанати Ӯро ҷалол диҳед?

Муҳаббататонро ба Каломи Худо нишон диҳед (Ба сархати 14 нигаред.)

14. Чӣ тавр муҳаббатамонро ба Каломи Худо зиёд карда метавонем?

14 Ғайр аз хондани Китоби Муқаддас ва адабиётҳои бар он асосёфта боз чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки муҳаббатамонро нисбат ба Каломи Худо зиёд гардонем? Мунтазам ба ҷамъомадҳо рафтан. Масалан, ҳар ҳафта мо ба воситаи «Бурҷи дидбонӣ» Китоби Муқаддасро меомӯзем ва таълим мегирем. Барои фаҳмидани мавзӯе, ки дар вохӯрӣ муҳокима мешавад, бояд ба он нағз тайёрӣ бинем. Мо метавонем ҳар як оятро кушоем. Айни замон «Бурҷи дидбонӣ»-ро аз сайтамон гирифтан ё аз барномаи JW Library бо забонҳои гуногун хондан мумкин аст. Баъзе форматҳои электронии адабиётҳоямон кӯмак мекунанд, ки оятҳои ҳар як мақоларо тезтар кушоем. Кадом тарзеро ки истифода набарем, хониши оятҳо ва мулоҳиза оиди он муҳаббати моро ба ҳақиқати Каломи Худо зиёд мегардонад. (Забур 1:2-ро хонед.)

МУҲАББАТ БА БАРОДАРУ ХОҲАРОН

15, 16. а) Мувофиқи Юҳанно 13:34, 35 мо бояд чӣ кор кунем? б) Чӣ тавр муҳаббат ба бародару хоҳарон бо муҳаббат ба Яҳува ва Каломи Ӯ алоқаманд аст?

15 Шаби пеш аз маргаш Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ба шумо ҳукми тозае медиҳам, ки якдигарро дӯст доред; чунон ки Ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред. Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред» (Юҳ. 13:34, 35).

16 Муҳаббат ба бародарону хоҳаронамон бо муҳаббат ба Яҳува алоқаманд аст. Мо наметавонем, ки танҳо Яҳува ва ё танҳо бародару хоҳаронро дӯст дорем. Павлуси ҳавворӣ навишта буд: «Касе ки бародари худро, ки дидааст, дӯст намедорад, чӣ гуна метавонад Худоро, ки надидааст, дӯст бидорад?» (1 Юҳ. 4:20). Дар навбати худ муҳаббат ба бародарону хоҳарон ва Яҳува бо муҳаббатамон ба ҳақиқати Китоби Муқаддас алоқамандӣ дорад. Чаро? Чунки муҳаббат ба Каломи Худо моро бармеангезад, ки ба аҳкоми дӯст доштани бародару хоҳарон ва Яҳува итоат кунем (1 Пет. 1:22; 1 Юҳ. 4:21).

Муҳаббататонро ба бародару хоҳарон нишон диҳед (Ба сархати 17 нигаред.)

17. Баъзе роҳҳои нишон додани муҳаббат ба бародару хоҳарон кадоманд?

17 1 Таслӯникиён 4:9, 10-ро хонед. Бо кадом роҳҳо ба аъзоёни ҷамъомад муҳаббатамонро нишон дода метавонем? Шояд бародар ё хоҳари пиронсол мӯҳтоҷ аст, ки ӯро ба ҷамъомад баранд. Ё мумкин бевазане ниёз дорад, ки хонаашро таъмир кунанд (Яъқ. 1:27). Бародару хоҳарони пир ё ҷавон, ки рӯҳафтода ва ё бо душвориҳои дигар рӯ ба рӯ мешаванд, ба тасалливу рӯҳбаландӣ мӯҳтоҷанд (Мас. 12:25; Қӯл. 4:11). Мо мехоҳем, ки ҳам дар гуфтор ва ҳам дар рафтор муҳаббати худро ба бародару хоҳарон нишон диҳем (Ғал. 6:10).

18. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки якдигарнофаҳмиҳоро ҳал кунем?

18 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «дар айёми охир» одамони ин ҷаҳон худпараст ва чашмгурусна мешаванд (2 Тим. 3:1, 2). Барои ҳамин мо бояд сахт кӯшиш кунем, ки муҳаббати худро ба Худо, Китоби Муқаддас ва якдигар зиёд гардонем. Баъзан байни мо ва ҳамимонамон нофаҳмиҳо шуда метавонад, лекин мо ин гуна нофаҳмиҳоро бо муҳаббат ҳал мекунем (Эфс. 4:32; Қӯл. 3:14). Пас, ҳеҷ гоҳ роҳ надиҳед, ки муҳаббататон сард шавад! Биёед минбаъд низ муҳаббати худро ба Яҳува, Каломи Ӯ ва бародарону хоҳарон инкишоф диҳем.