Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Ношунавоӣ маро аз таълим додани дигарон боз надошт

Ношунавоӣ маро аз таълим додани дигарон боз надошт

Ман соли 1941, дар синни 12-солагӣ таъмид гирифта бошам ҳам, то соли 1946 ҳақиқати Китоби Муқаддасро нағз намефаҳмидам. Биёед ба шумо нақл кунам, ки чаро ин тавр шуд.

СОЛИ 1910 волидонам аз Тбилиси (Гурҷистон) ба Канада кӯчиданд. Онҳо дар ғарби Канада, дар назди қишлоқи Пелли (вилояти Саскачеван), ҷойгир шуданд. Ман соли 1928 таваллуд шудам. Мо дар оила шаш нафар будем ва ман фарзанди хурдӣ будам. Падарам шаш моҳ пеш аз таваллуд шуданам вафот кард. Модарам бошад, вақте ки ҳанӯз кӯдак будам, аз олам чашм пӯшид. Баъдтар апаи калониам Луси дар синни 17-солагӣ аз дунё гузашт. Барои ҳамин амакам Ник ман ва бародару хоҳаронамро ба хонааш гирифт.

Рӯзе, вақте ҳоло кӯдак будам, оилаам диданд, ки ман думи аспро кашида истодаам. Онҳо аз тарси он ки асп маро лагад мезанад, фарёд зада «бас кун» мегуфтанд, аммо ман бас намекардам. Пуштам ба тарафи онҳо буд ва ман доду фарёди онҳоро намешунидам. Хушбахтона, ман зараре надидам, лекин ҳамон рӯз оилаам фаҳмиданд, ки гӯшҳоям намешунаванд.

Дӯсти оилаамон маслиҳат дод, ки маро ба мактаби кӯдакони ношунаво диҳанд. Амакам ба ин маслиҳат гӯш дода маро ба мактаби шаҳри Саскатун (Саскачеван), ки аз хонаамон дур буд, бурд. Ман он вақт 5-сола будам, барои ҳамин метарсидам, ки чӣ тавр аз оилаам дур зиндагӣ мекунам. Ман оилаамро танҳо рӯзҳои истироҳат ва таътил медидам. Лекин баъдтар ман забони имову ишораро ёд гирифтам ва ҳамроҳи дигар кӯдакон бозӣ карда хурсанд мешудам.

ҲАҚИҚАТРО МЕОМӮЗАМ

Соли 1939 апаи дуюмам Марион бо Бил Даниэлчук оиладор шуд ва ману апаам Фрэнсисро ба хонаи худ гирифт. Аз оилаи мо аввалин шуда апаам Марион ва шавҳараш бо Шоҳидони Яҳува шинос шуданд. Дар таътилҳои тобистона онҳо ҳама чизҳоеро, ки аз Китоби Муқаддас мефаҳмиданд, ба ман нақл мекарданд. Рости гап, ман ҳама чизро намефаҳмидам, чунки онҳо забони имову ишораро намедонистанд. Аммо апаам ва шавҳараш медиданд, ки ман ба ҳақиқат шавқ дорам. Вақте дидам, ки онҳо аз рӯйи гуфтаҳои Китоби Муқаддас амал мекунанд, ҳамроҳашон ба мавъиза рафтанро сар кардам. Дере нагузашта ман таъмид гирифтан хостам ва 5-уми сентябри соли 1941 Бил маро дар баки оҳанин, ки бо оби чоҳ пур карда буданд, таъмид дод. Об сахт хунук буд!

Соли 1946 бо гурӯҳи ношунавоён дар анҷумани Кливленд (Оҳайё)

Тобистони соли 1946, вақте ман ба хона омадам, мо ба анҷумани шаҳри Кливленд (Оҳайё, ИМА) рафтем. Рӯзи якуми анҷуман апаам барои ман дар дафтарчааш чизҳои шунидаашро менавишт, то ман барномаро фаҳмам. Рӯзи дуюм бошад, фаҳмидам, ки дар он ҷо гурӯҳи ношунавоён будааст, ки тарҷумон доштанд. Ман аз ин хеле хурсанд шудам, зеро акнун метавонистам, ки аз барнома пурра баҳра бурда ҳақиқати Китоби Муқаддасро нағзтар фаҳмам.

ҲАҚИҚАТРО ТАЪЛИМ МЕДИҲАМ

Он вақт Ҷанги Дуюми Ҷаҳон тамом шуда миллатпарастӣ авҷ гирифта буд. Ман аз анҷуман баргаштам ва қарор кардам, ки имонамро дар мактаб ҳимоя мекунам. Барои ҳамин ман парастиши парчам ва хондани суруди миллиро бо забони имову ишора бас кардам. Инчунин ман идҳоро ҷашн намегирифтам ва ба калисо, ки ба он ҷо рафтан ҳатмӣ буд, дигар намерафтам. Аз ин рафтори ман қаҳри муаллимон меомад. Онҳо мехостанд, ки маро тарсонанд ва фикрамро дигар кунанд. Ҳамсинфонам инро медиданд, барои ҳамин ман аз ин вазъият истифода бурда, ба онҳо шаҳодат медодам. Дар натиҷа якчанд ҳамсинфонам, аз он ҷумла Лари Эндресофф, Норман Дитрик ва Эмил Шнайдер, ҳақиқатро қабул карданд ва ҳоло ҳам ба Яҳува содиқона хизмат мекунанд.

Вақте ман ба дигар шаҳрҳо мерафтам, кӯшиш мекардам, ки ба ношунавоён мавъиза кунам. Масалан, дар Монтреал, дар ҷое ки одатан ношунавоён ҷамъ мешуданд, ман ба Эди Тагер ном ҷавоне мавъиза кардам. Вай аъзои гурӯҳи ношунавоёне буд, ки худро аз ҷомеа боло мегирифтанд. Лекин баъд ӯ аъзои ҷамъомади имову ишора дар шаҳри Лавал (Квебек) шуд ва то дами маргаш, то соли гузашта, дар он ҷо содиқона хизмат кард. Инчунин ман ҷавонеро бо номи Хуан Ардениз вохӯрдам, ки мисли сокинони Бирия фаҳмидан мехост, ки суханони Китоби Муқаддас дурустанд ё не (Аъм. 17:10, 11). Ӯ ҳам ҳақиқатро қабул кард ва дар Оттава (Онтарио) то дами марг чун пири ҷамъомад хизмат намуд.

Аввали солҳои 1950-ум дар кӯча мавъиза карда истодаам

Соли 1950 ман ба Ванкувер кӯчидам. Ҳарчанд ба ношунавоён мавъиза кардан ба ман маъқул буд, ҳеҷ гоҳ як воқеаи дар кӯча ба зани шунавое мавъиза карданамро фаромӯш намекунам. Номи вай Крис Спайсер буд. Ӯ ба маҷаллаамон обуна шуд ва хост, ки бо шавҳараш, Гари, вохӯрам. Ман ба хонаи онҳо рафтам ва мо гапҳоямонро дар қоғаз навишта дурудароз сӯҳбат кардем. Баъди ин сӯҳбат мо якдигарро надидем. Аммо якчанд сол пас онҳо маро дар анҷумани Торонто (Онтарио) дар байни одамони бисёр дида ба наздам омаданд. Гари он рӯз таъмид гирифт. Ин воқеа ба ман чӣ қадар муҳим будани мавъизакуниро ёдрас кард, зеро мо намедонем, ки кай ва дар куҷо тухми коштаи мо дар дили одамон реша медавонад.

Баъдтар ман ба шаҳри Саскатун баргаштам. Дар он ҷо зане аз ман хоҳиш кард, ки бо духтарони дугоникаш, ки ношунаво буданд, Китоби Муқаддасро омӯзам. Ин духтарон, Ҷейн ва Ҷоун Ротенбергер, дар мактабе, ки ман хонда будам, таҳсил мекарданд. Дере нагузашта онҳо чизҳои фаҳмидаашонро ба ҳамсинфонашон нақл мекарданд. Дар натиҷа панҷ ҳамсинфашон Шоҳиди Яҳува шуданд. Яке аз онҳо Юнис Колен буд. Ман Юнисро бори аввал дар мактаби ношунавоён ҳангоми хатмкунанда буданам, вохӯрдам. Ӯ ба ман қандеро дароз карда пурсид, ки оё мо дӯст шуда метавонем.

Солҳои 1960 ва 1989 бо Юнис

Вақте модари Юнис фаҳмид, ки ӯ Китоби Муқаддасро омӯхта истодааст, кӯшиш кард, ки ба воситаи директори мактаб духтарашро аз ин кор боздорад. Модари Юнис китобу маҷаллаҳояшро аз ӯ кашида гирифт, то ки ӯ омӯзиши Китоби Муқаддасро бас кунад. Аммо Юнис ба ҳамаи ин чизҳо нигоҳ накарда Яҳуваро дар ҷойи аввал мемонд. Вақте ӯ таъмид гирифтан хост, падару модараш гуфтанд, ки «агар Шоҳиди Яҳува шавӣ, аз хона баромада рав». Дар синни 17-солагӣ Юнис хонаашонро тарк кард ва оилае аз Шоҳидони маҳаллӣ ӯро ба хонаи худ гирифтанд. Ӯ омӯзишашро давом дод ва баъдтар таъмид гирифт. Чанд сол пас ӯ дар ҳаёти ман ҷойи муҳимеро ишғол намуд — вай зани ман шуд. Соли 1960, вақте мо оиладор шудем, волидони ӯ ба тӯямон наомаданд. Аммо баъди чанд сол онҳо эътиқод ва чӣ гуна тарбия кардани фарзандонамонро дида моро ҳурмат мекардагӣ шуданд.

ҒАМХОРИИ ЯҲУВА НИСБАТИ МАН

Писарам Николас ва занаш Дебора дар Байт-Или Лондон

Мо худамон ношунаво бошем ҳам, ҳафт писари шунаворо калон кардем. Ин чиз бароямон душвор буд, лекин мо кӯшиш мекардем, ки онҳо забони имову ишораро донанд. Ба ин восита мо метавонистем бо онҳо сӯҳбат кунем ва ҳақиқатро таълим диҳем. Бародару хоҳарон низ ба мо ёрдам мекарданд. Масалан, волиде ба мо дар варақча навишт, ки яке аз писаронамон дар Толори Салтанат гапи ганда задааст. Инро фаҳмида мо даррав чора андешидем. Чор писарамон, Ҷеймс, Ҷерри, Николас ва Стивен, бо оилаашон ба Яҳува содиқона хизмат мекунанд. Ҳоло ҳар чорашон пири ҷамъомаданд. Николас ва зани ӯ Дебора барои тарҷума ба забони имову ишора дар филиали Бритониё кӯмак мекунанд. Стивен ва занаш Шанон бошанд, дар филиали Иёлоти Муттаҳида чун тарҷумони забони имову ишора хизмат мекунанд.

Писаронам Ҷеймс, Ҷерри ва Стивен бо занонашон кори мавъизаро ба забони имову ишора дастгирӣ мекунанд

Якчанд моҳ пеш аз 40-умин солгарди оиладориамон Юнис аз касалии саратон вафот кард. Ӯ сахт азоб мекашид, лекин боварӣ ба он ки аз нав зинда мешавад, ба ӯ қувват мебахшид. Ман интизори рӯзе ҳастам, ки боз ба дидораш мерасам.

Фей ва Ҷеймс; Ҷерри ва Эвелин; Шанон ва Стивен

Феврали соли 2012 ман ғалтида устухони ронамро шикастам ва ба ёрдам мӯҳтоҷ шудам. Барои ҳамин ба хонаи яке аз писаронам кӯчидам. Мо акнун аъзои ҷамъомади имову ишораи Калгари мебошем ва ман дар ин ҷамъомад чун пир хизмат мекунам. Дар ҳаётам ман бори аввал аъзои ҷамъомади имову ишора шудам. Ҳарчанд то ин дам ба ҷамъомади имову ишора намерафтам, Яҳува ба ман ёрдам кард, ки дӯстиамро бо Ӯ гум накунам. Ӯ исбот кард, ки ба ятимон ғамхор аст (Заб. 9:35). Ман ба ҳамаи онҳое, ки барои фаҳмидани вохӯриҳо ёрӣ дода бароям дар қоғаз менавиштанд, забони имову ишораро меомӯхтанд ва то қадри имкон ба ман барномаҳоро тарҷума мекарданд, миннатдориамро изҳор мекунам.

Дар синни 79-солагӣ дар мактаби пешравон ба забони имову ишораи амрикоӣ

Баъзан ман рӯҳафтода мешудам ва мехостам ба ҷамъомад рафтанро бас кунам, чунки чизеро намефаҳмидам ва ба назарам чунин метофт, ки ҳеҷ кас одамони ношунаворо намефаҳмад. Аммо дар чунин вақтҳо дар бораи суханони Петрус, ки ба Исо гуфта буд, фикр мекардам: «Худовандо! Назди кӣ биравем? Суханони ҳаёти ҷовидонӣ назди Туст» (Юҳ. 6:66–68). Ман ҳам мисли дигар бародару хоҳарони ношунавои ҳамзамонам пуртоқатиро ёд гирифтам. Ба Яҳува ва ташкилоташ такя карданро омӯхта, фоидаи бисёре ба даст овардам. Имрӯз ба забони ман хӯроки рӯҳонӣ фаровон аст ва ман дар ҷамъомадҳову анҷуманҳои забони имову ишораи амрикоӣ аз сӯҳбат бо бародару хоҳарони ношунаво хурсандӣ мегирам. Дар ҳақиқат, ҳаёти ман дар хизмат ба Яҳува хурсандона ва пурбаракат гузашт.