АЗ ХАЗИНАИ МО
«Бо ғайрат ва муҳаббати бештар»
СЕНТЯБРИ соли 1922 буд. Саҳари рӯзи ҷумъа қариб 8000 нафар дар толор ҷамъ меомаданд. Ҳар қадаре ки одамон зиёдтар мешуданд, ҳамон қадар ҳарорати ҳаво дар толор баландтар мегашт. Барандаи он вохӯрии муҳим эълон кард, ки ҳар касе хоҳад, дар вақти барнома аз толор баромада метавонад, лекин гашта даромадан ба вай иҷозат дода намешавад.
Пас аз он ки дар аввали барнома сурудҳо хонда шуданд, ба минбар бародар Ҷозеф Рутерфорд баромад. Қариб ҳамаи ҳозирон бесаброна нуқтро интизор буданд. Танҳо баъзеҳо аз гармӣ бетоқат шуда ин тарафу он тараф қадам мезаданд. Бародар Рутерфорд аз онҳо самимона хоҳиш кард, ки ба ҷояшон нишаста, нутқро гӯш кунанд. Нутқ сар шуд ва шояд ҳеҷ кас пай намебурд, ки барои чӣ дар болои саҳна матои калони лӯлапече овехта шудааст.
Бародар Рутерфорд дар бораи наздик будани Салтанати осмонӣ сухан ронд. Тақрибан дар давоми яку ним соат овози ҷарангосии ӯ дар толор садо медод. Рутерфорд дар бораи он гап мезад, ки чӣ тавр пайғамбарон нотарсона омадани Салтанатро эълон мекарданд. Дар авҷи нутқ ӯ аз ҳозирон пурсид: «Оё шумо боварӣ доред, ки Подшоҳи пурҷалол ҳукмрониашро сар кард?» Шунавандагон бо овози баланд ҷавоб доданд: «Ҳа!»
«Пас, ба хизмати мавъиза баргардед, эй писарони Ҳаққи Таоло!» — гуфт Ҷозеф Рутерфорд ва баъд бо овози баландтар нидо кард: «Нигаред, Подшоҳ ҳукмронӣ мекунад! Шумо воизони ӯ ҳастед. Аз ин рӯ Подшоҳ ва Салтанати ӯро мавъиза кунед, мавъиза кунед, мавъиза кунед!»
Дар он лаҳза матои лӯлапече дар болои саҳна кушода шуда шиори зерин намоён гашт: «Подшоҳ ва Салтанати ӯро мавъиза кунед»
Он лаҳзаро ба хотир оварда бародар Рей Боп мегӯяд: «Ҳозирон хеле ба ваҷд омаданд». Анна Гарднер низ нақл мекунад, ки «шифти толор аз кафкӯбӣ ба ларза омада буд». Фред Тварош бошад, чунин мегӯяд: «Аҳли толор яку якбора аз ҷояшон хестанд». Ҳамчунин бародар Евангелос Скуфас гуфт: «Он лаҳза гӯё қуввае моро аз ҷоямон хезонд. Мо рост меистодем ва дар чашмонамон ашк ҳалқа мезад».
Бисёри онҳое, ки дар он анҷуман буданд, аллакай хушхабари Салтанатро ба одамон мерасониданд. Вале он вақт онҳо бештар дарк карданд, ки то чӣ андоза ин корро давом додан муҳим аст. Этел Беннекофф нақл мекунад, ки баъди ин анҷуман Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас тайёр буданд «бо ғайрат ва муҳаббати бештар» мавъиза кунанд. Хоҳар Одесса Тек, ки он вақт 18-сола буд, пас аз анҷуман қарор кард, ки бештар хизмат мекунад. Ӯ мегӯяд: «Ман намедонистам, дар куҷо ва чӣ хел мавъиза мекунам. Лекин аниқ медонистам, ки мехоҳам монанди Ишаъё бошам, ки гуфта буд: “Инак ман ҳозирам, маро бифирист”» (Иш. 6:8). Ралф Лефлер бошад, чунин мегӯяд: «Баъди он рӯзи таърихӣ кори мавъизаи Салтанат чунон бошиддат сар шуд, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст».
Тааҷҷубовар нест, ки анҷумани соли 1922, ки дар Сидар-Пойнти Оҳайё (ИМА) баргузор гашт,
дар таърихи ташкилотамон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Ҷорҷ Гангас гуфта буд: «Пас аз он анҷуман дар ман хоҳише пайдо шуд, ки ягон анҷуманро тарк накунам». Ва ӯ дар ёд надорад, ки ба ягон анҷуман нарафта бошад. Ҷулия Уилкокс чунин навишт: «Ҳар вақте дар адабиётамон дар бораи Сидар-Пойнти соли 1922 мехонам, маро ҳиссиёте фаро мегирад, ки бо сухан баён кардан душвор аст. Ман доимо чунин гуфтан мехоҳам: “Раҳмат, Яҳува, ки ман дар он ҷо будам”».Ба ин монанд, имрӯз бисёри мо аз анҷумане, ки ба дили мо бештар таъсир кард, хотираҳои ширин дорем, чунки пас аз он мо бо ғайрату муҳаббати бештар ба Худои бузургамон ва Подшоҳи Ӯ хизмат кардан хостем. Вақте ки он хотираҳоро дар дили худ зинда месозем, мо низ чунин гуфтан мехоҳем: «Раҳмат, Яҳува, ки ман дар он ҷо будам!»