Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Дар муддати кадом вақт халқи Худо дар асирии Бобили Бузург буд?

Ин замон аз асри 2-и эраи мо то соли 1919 давом кард. Чаро ин фаҳмиши нав пайдо шуд?

Ҳама далелҳо исбот мекунанд, ки ин асорат соли 1919 ба охир расид, вақте масеҳиёни тадҳиншуда дар ҷамъомади барқароршудаи масеҳӣ ҷамъ омаданд. Соли 1914 Салтанати Худо дар осмон барпо шуд ва дар муддати якчанд соли баъд халқи Худо аз ибодати бардурӯғ пурра пок гардид (Мал. 3:1–4) *. Баъдтар, соли 1919 Исо «ғуломи мӯътамад ва доно»-ро таъин намуд, то ба ҷамъомади тозашудаи Худо «дар сари вақт хӯрок»-и рӯҳонӣ диҳад (Мат. 24:45–47). Дар ҳамон сол халқи Худо аз ғуломии Бобили Бузург халос шуд (Ваҳй 18:4). Лекин ин ғуломӣ кай сар шуд?

Дар гузашта мо мегуфтем, ки халқи Худо аз соли 1918 сар карда ба муддати кӯтоҳе ба асирии Бобили Бузург афтод. Дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 марти соли 1992 гуфта шуда буд, ки чи хеле исроилиёнро ба ғуломӣ ба Бобил бурданд, соли 1918 низ халқи Худо ғуломи Бобили Бузург гашт. Лекин дар натиҷаи тадқиқоти бештар маълум шуд, ки халқи Худо хеле барвақттар аз соли 1918 ба ғуломии Бобили Бузург афтода буд.

Дар китоби Ҳизқиёл 37:1–14 пешгӯӣ шуда буд, ки халқи Худо ба асирӣ бурда, баъдтар озод мешавад. Ҳизқиёл дар рӯъё водиеро дид, ки пур аз устухон буд. Яҳува ба ӯ мегӯяд: «Ин устухонҳо тамоми хонадони Исроил мебошанд» (ояти 11). Ин суханон ҳам ба халқи Исроил ва ҳам ба «Исроили Худо», яъне тадҳиншудагон дахл доранд (Ғал. 6:16; Аъм. 3:21). Баъд Ҳизқиёл дар рӯъёяш мебинад, ки он устухонҳо зинда гашта, лашкари бузурге мешаванд. Ин аз ғуломии Бобили Бузург озод шудани халқи Худоро дар соли 1919 тасвир мекунад. Лекин мо аз куҷо медонем, ки ин ғуломӣ муддати дароз давом мекунад?

Якум, Ҳизқиёл гуфт, ки устухонҳо «хушк» ва ё «бағоят хушк» буданд (Ҳиз. 37:2, 11). Ин нишон медиҳад, ки он одамон аллакай хеле барвақт мурда буданд. Дуюм, дар ин пешгӯӣ гуфта мешавад, ки барқароршавӣ зуд ба амал намеояд, балки оҳиста-оҳиста рӯй медиҳад. Аввал садое шунида шуд ва «устухонҳо ба ҳамдигар, яъне ҳар устухон ба устухони худаш, наздик омад». Баъд, «пайҳо бар онҳо пайдо шуд, ва гӯшт баромад». Сипас, дар болои гӯшт ва рагу пай пӯст пайдо шуд. Оқибат, баъд аз он ки он одамон зинда шуданд, Яҳува заминашонро ба онҳо дод. Барои рӯй додани ҳамаи ин вақт лозим буд (Ҳиз. 37:7–10, 14).

Асирии халқи Исроил муддати дароз давом кард. Он соли 740-и то эраи мо сар шуд. Он вақт салтанати шимолӣ, яъне даҳ сибти Исроил аз замини худ бурда шуданд. Соли 607-и то эраи мо бошад, бобилиён Ерусалимро вайрон карданд ва салтанати ҷанубии Яҳудо ба асирӣ бурда шуд. Замони асирии онҳо соли 537-и то эраи мо тамом шуд. Он вақт боқимондаи яҳудиён баргаштанд, то ибодати покро дар Ерусалим барқарор кунанд ва маъбадро бисозанд.

Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки дар асирии Бобили Бузург қарор доштани масеҳиёни тадҳиншуда муддати дурудароз давом мекунад. Пас, ба хулоса омадан мумкин аст, ки он ба муддати кӯтоҳи аз соли 1918 то 1919 мувофиқ намеояд. Исо низ ба ин муддати дурудароз ишора карда гуфт, ки мастакҳо, яъне масеҳиёни бардурӯғ якҷоя бо гандум, яъне «писарони Малакут» месабзанд (Мат. 13:36–43). Дар давоми он вақт шумораи масеҳиёни ҳақиқӣ хеле кам буд. Аксари онҳое ки худро масеҳӣ меномиданд, таълимоти бардурӯғро қабул карданд ва осӣ шуданд. Барои ҳамин мо хулоса мебарорем, ки дар давоми он вақт ҷамъомади масеҳӣ дар асирии Бобили Бузург буд. Ин асирӣ аз асри дуюми эраи мо то покшавии маъбади рӯҳонӣ дар замонҳои охир давом кард (Аъм. 20:29, 30; 1 Юҳ. 2:18, 19; 2 Тас. 2:3, 6).

Дар давоми ин садсолаҳо пешвоёни калисоҳо қудрати зиёд доштанд, ҳатто аз ҳокимон пурқудраттар буданд. Онҳо мехостанд одамонро пурра идора кунанд. Онҳо намегузоштанд, ки одамони одӣ Китоби Муқаддас дошта бошанд ва ё онро бо забони барояшон фаҳмо хонанд. Баъзе касоне ки ин амрро вайрон мекарданд дар сутун сӯзонда мешуданд. Агар ягон кас ақидаеро баён мекард, ки бо фикри пешвоёни калисоҳо мувофиқ набуд, ӯро бераҳмона ҷазо медоданд. Барои ҳамин он вақт омӯхтан ва ё таълим додани ҳақиқат номумкин буд.

Аз рӯъёи Ҳизқиёл ҳамчунин фаҳмидан мумкин аст, ки зиндашавӣ ва аз ғуломии дини дурӯғ озод шудани халқи Худо оҳиста-оҳиста рӯй дод. Ин кай ва чӣ тавр рӯй дод? Дар рӯъё гуфта мешавад, ки пеш аз барқарор шудани тани мурдагон «ғулғулае» садо дод. Ин дар муддати якчанд аср пеш аз замони охир рӯй дод. Он вақт таълимоти бардурӯғ ҳама ҷоро фаро гирифта буд. Лекин дар муддати он солҳо баъзе одамони самимӣ мехостанд ҳақиқатро ёбанд ва ба Худо хизмат кунанд. Онҳо Китоби Муқаддасро меомӯхтанд ва ҳар кори аз дасташон меомадаро мекарданд, то чизҳои фаҳмидаашонро ба дигарон нақл кунанд. Баъзеи дигар бошанд, меҳнат карда Китоби Муқаддасро ба забонҳои оммафаҳм тарҷума мекарданд.

Дар охирҳои асри 19 Чарлз Тейз Рассел ва дӯстонаш барои ёфтани ҳақиқати Китоби Муқаддас сахт кӯшиш мекарданд. Он замон ба маънои рамзӣ устухонҳо аз гӯшту пӯст пур шуданд. «Бурҷи дидбонии Сион» ба одамони самимӣ кӯмак мекард, ки ҳақиқати Китоби Муқаддасро ёбанд ва дарк кунанд. Соли 1914 «Фотодрамаи офариниш» баромад. Соли 1917 бошад, китоби «Сирри баохиррасида». Ин маводҳо имони ходимони Худоро мустаҳкам мекарданд. Соли 1919 халқи Худо ба маънои рӯҳонӣ зинда гашт ва ба замини рӯҳонии худ баргашт. Бо гузашти вақт ба ин масеҳиёни тадҳиншуда ходимони дигари Худо ҳамроҳ шуданд, ки умеди заминӣ доштанд. Онҳо дар якҷоягӣ лашкари «бағоят, бағоят бузург»-ро ташкил доданд (Ҳиз. 37:10; Зак. 8:20–23) *.

Пас, равшан аст, ки халқи Худо аз асри дуи эраи мо сар карда дар асирии Бобили Бузург буд. Дар ин муддати вақт бисёриҳо таълимоти бардурӯғро қабул карда осӣ шуданд ва ҳақиқатро рад карданд. Он вақт барои ходимони Худо замони торик буд. Ба онҳо мисли исроилиёне ки дар асирии Бобил буданд, ба Худо хизмат кардан хеле душвор буд. Лекин имрӯз ҳақиқат ба ҳар як шахс мавъиза карда мешавад. Мо хеле хурсандем, зеро дар замоне зиндагӣ мекунем, ки «хирадмандон мисли дурахши афлок» медурахшанд. Имрӯз бисёриҳо метавонанд «аз гудозиш» гузаранд ва ибодати покро қабул кунанд! (Дон. 12:3, 10).

Вақте Шайтон Исоро озмуд, вай ӯро дар ҳақиқат ба маъбад бурд ва ё ин рӯъё буд?

Мо аниқ намедонем, ки чӣ тавр Шайтон маъбадро ба Исо нишон дод.

Ин воқеа ҳам дар Инҷили Матто ва ҳам Луқо тасвир шудааст. Матто менависад: «Иблис Ӯро ба шаҳри муқаддас гирифта бурд ва бар кунгураи маъбад гузошт» (Мат. 4:5). Луқо бошад, мегӯяд, ки Иблис Исоро «ба Ерусалим бурда, бар кунгураи маъбад гузошт» (Луқ. 4:9).

Солҳои пеш дар адабиётамон гуфта мешуд, ки шояд Шайтон ҳангоми васваса кардани Исо ӯро дар ҳақиқат ба маъбад набурд. Масалан, дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 1 марти соли 1961 ин воқеа ба воқеаи дигаре монанд карда мешавад, ки дар он Шайтон Исоро ба кӯҳи баланде бурда ба ӯ салтанатҳои тамоми ҷаҳонро нишон медиҳад. Дар маҷалла гуфта мешуд, ки чунин кӯҳе нест, ки аз он тамоми салтанатҳои ҷаҳон дида шавад. Баъд хулоса бароварда мешуд, ки эҳтимол Шайтон ба маънои аслӣ Исоро ба маъбад набурд. Лекин дертар дар мақолаҳои «Бурҷи дидбонӣ» гуфта мешуд, ки агар Исо аз болои маъбад худро ба замин мепартофт, мемурд. Аз ин суханон хулоса баровардан мумкин буд, ки Исо дар ҳақиқат дар баландӣ қарор дошт.

Баъзеҳо мегӯянд, ки азбаски Исо левизода набуд, ба ӯ мумкин набуд, ки ба болои қудси маъбад по монад. Барои ҳамин пеш чунин хулоса мебароварданд, ки шояд Шайтон барои васваса кардани Исо ба ӯ маъбадро дар рӯъё нишон дод. Садсолаҳо пеш Ҳизқиёл низ маъбадро дар рӯъё дида буд (Ҳиз. 8:3, 7–10; 11:1, 24; 37:1, 2).

Лекин, агар ин рӯъё бошад, саволҳои зерин пайдо мешаванд:

  • Агар ин рӯъё бошад, Шайтон ҳангоми васваса кардани Исо чиро интизор буд?

  • Дар мавридҳои дигар Шайтон вақти васваса кардани Исо ӯро бармеангехт, ки амали воқеӣ кунад. Масалан, ӯ ба Исо гуфта буд, ки сангҳоро ба нони ҳақиқӣ табдил диҳад ва ба ӯ дар ҳақиқат саҷда кунад. Пас, чӣ хел мешавад, ки ду васваса ҳақиқӣ буду яктояш не? Оё Шайтон Исоро ба болои маъбади ҳақиқӣ бурд?

Аммо агар Шайтон Исоро ба маъбади ҳақиқӣ бурда бошад, якчанд саволи дигар пайдо мешавад:

  • Оё Исо бо он ки дар болои қудси маъбад меистод, Қонунро вайрон кард?

  • Чӣ тавр Исо аз биёбон ба Ерусалим рафт?

Биёед маълумоти дигареро дида бароем, ки ба мо барои ба ин ду савол ҷавоб додан кӯмак мекунад.

Профессор Д. А. Карсон мегӯяд, ки калимаи юнонии ҳиерон, ки ҳам дар Инҷили Матто ва ҳам Луқо истифода шудааст, на танҳо ба маънои қудси маъбад меояд, ки дар он ҷо танҳо левизодагон истода метавонистанд. Он ба тамоми маъбад ишора карда метавонад. Шояд дар ин ҷо гап на дар бораи қудси маъбад, балки қисми ҷанубу шарқии саҳни маъбад меравад, ки он боми ҳамвор дошту баландтарин ҷои гирду атрофи маъбад буд. Он ҷой дар баландии тахминан 140 метр аз сатҳи водии Қидрӯн ҷойгир буд. Таърихшинос Иосиф Флавий навишта буд, ки агар касе дар он ҷо меистод ва ба поён нигоҳ мекард, «сараш чарх мезад». Боме ки Исо дар болои он истод, қудс набуд, барои ҳамин ӯ Қонунро вайрон накард.

Лекин чӣ тавр Исо аз биёбон ба маъбади Ерусалим бурда шуд? Мо аниқ намедонем. Дар Китоби Муқаддас фақат гуфта шудааст, ки Исо ба Ерусалим бурда шуд. Дар он гуфта намешавад, ки Исо аз Ерусалим чӣ қадар дур буд ва дар муддати кадом вақт Шайтон ӯро меозмуд. Барои ҳамин тахмин кардан мумкин аст, ки шояд Исо пиёда ба Ерусалим рафт, ҳарчанд ин вақти зиёдро гирифта метавонист.

Вақти васвасаи дигар Шайтон, шояд, ба Исо ҳама мамлакатҳои ҷаҳонро дар рӯъё нишон дод. Чаро чунин гуфтан мумкин аст? Зеро чунин кӯҳе нест, ки аз он ҳама салтанатҳои ҷаҳон дида шавад. Шайтон гӯё дар экране ба ӯ тасвирҳои қисмҳои гуногуни ҷаҳонро нишон дод. Ҳарчанд Шайтон салтанатҳои ҷаҳонро ба Исо дар рӯъё нишон дод, ӯ мехост, ки Исо дар ҳақиқат ба ӯ саҷда кунад (Мат. 4:8, 9). Ба ҳамин монанд гуфтан мумкин аст, ки вақте Шайтон Исоро ба болои маъбад бурд, мехост, ки Исо ҳаёташро дар хатар гузошта худро ба замин партояд. Лекин Исо пешниҳоди Шайтонро рад кард. Агар аз болои бом худро партофтани Исо амали воқеӣ мебуд, ӯ ҳаёташро аз даст дода метавонист. Лекин агар он танҳо рӯъё мебуд, он гоҳ хатараш камтар мешуд.

Хулоса ҳамин ки мо ҳеҷ чизро аниқ гуфта наметавонем. Барои ҳамин гуфтан мумкин нест, ки Исо дар асл ба Ерусалим нарафт ва дар болои маъбади аслӣ наистод. Лекин як чизро аниқ медонем, ки Шайтон Исоро озмуд ва Исо ҳар як васвасаи ӯро рад кард.

^ сарх. 1 Дар Ҳизқиёл 37:1–14 ва Ваҳй 11:7–12 дар бораи як воқеа гап меравад, ки он соли 1919 рӯй дод. Дар Ҳизқиёл 37:1–14 гуфта мешавад, ки ҳама ходимони Худо баъди замони дурударози асирӣ ба ибодати пок бармегарданд. Ин соли 1919 рӯй дод. Лекин дар Ваҳй 11:7–12 оиди таъин гаштани гурӯҳи хурди бародарони тадҳиншудае ки роҳбариро ба ӯҳда мегиранд, гап меравад.