Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҷавонон, чӣ тавр шумо ба таъмид тайёрӣ дида метавонед?

Ҷавонон, чӣ тавр шумо ба таъмид тайёрӣ дида метавонед?

«Иродаи Туро, эй Худои ман, ба ҷо овардан мехоҳам» (ЗАБ. 39:9).

СУРУДҲО: 51, 48

1, 2. а) Фаҳмонед, ки барои чӣ таъмид қадами ҷиддӣ аст? б) Пеш аз таъмидгирӣ шахс бояд аз чӣ дилпур бошад?

ОЁ ТУ ҷавониву таъмид гирифтан мехоҳӣ? Пас, мақсади хеле хубе дорӣ, чунки таъмид шарафи аз ҳама бузург аст. Чи тавре ки дар мақолаи гузашта қайд шуда буд, таъмид қадами ҷиддӣ аст. Он ба дигарон нишон медиҳад, ки ту ҳаёти худро ба Яҳува бахшидаӣ, яъне ба Ӯ ваъда додаӣ, ки абадан хизматашро ба ҷо меорӣ ва хости Ӯ дар ҷойи аввали ҳаётат меистад. Ин ваъдаи ҷиддӣ аст, барои ҳамин ту танҳо баъди тайёр шуданат таъмид гирифта метавонӣ. Ту бояд ин қадамро бо хоҳиши худ гузорӣ ва дарк кунӣ, ки худро ба Худо бахшидан чӣ маъно дорад.

2 Лекин шояд ту фикр мекунӣ, ки ҳоло ба таъмидгирӣ тайёр нестӣ. Ва ё фикр мекунӣ, ки тайёрӣ, вале волидонат мегӯянд, ки каме интизор шудан лозим, то чун масеҳӣ таҷрибаи кофӣ ба даст орӣ. Дар чунин маврид ноумед нашав. Ин вақтро барои аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ кардан истифода бар, то баъдтар таъмид гирифта тавонӣ. Ту метавонӣ нисбати чизҳои зерин мақсад гузорӣ: 1) эътиқод, 2) рафтор ва 3) миннатдорӣ.

ЭЪТИҚОДИ ТУ

3, 4. Ҷавонон аз намунаи Тимотиюс чӣ омӯхта метавонанд?

3 Ту ба ин саволҳо чӣ гуна ҷавоб медиҳӣ: чаро ман ба вуҷудияти Худо боварӣ дорам? Барои чӣ ман боварӣ дорам, ки Китоби Муқаддас Каломи Худост? Чаро ман мехоҳам мувофиқи меъёрҳои ахлоқии Худо зиндагӣ кунам, на мувофиқи меъёрҳои ин ҷаҳон? Ин саволҳо ба ту кӯмак мекунанд, ки аз рӯи маслиҳати зерини Павлуси ҳавворӣ рафтор намоӣ: «Дарк кунед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист» (Рум. 12:2). Чаро ту бояд чунин кунӣ?

4 Намунаи Тимотиюсро дида мебароем. Ӯ Китоби Муқаддасро хуб медонист. Тимотиюсро модару бибияш дар роҳи ҳақиқат тарбия карда буданд. Лекин Павлус ба ӯ гуфт: «Дар он чӣ таълим гирифтаӣ ва мӯътақид шудаӣ, қоим бош» (2 Тим. 3:14, 15). Мувофиқи як маълумотнома дар матни аслӣ феъли «мӯътақид шудаӣ» маънои «ба ҳақ будани чизе боварии пурра доштан»-ро дорад. Тимотиюс бояд боварӣ ҳосил мекард, ки ӯ дар роҳи ҳақиқат аст. Ӯ ҳақиқатро на аз барои он қабул кард, ки модару бибиаш инро мехостанд, балки худаш дилпур буд, ки чизҳои таълимгирифтааш ҳаққанд. (Ибриён 5:14-ро хонед.)

5, 6. Чаро аз ҷавонӣ ба кор бурдани қобилияти фикрронӣ муҳим аст?

5 Дар бораи ту чӣ гуфтан мумкин аст? Шояд ту солҳои зиёд ҳақиқатро медонӣ. Агар чунин бошад, хуб мебуд, ки дар бораи сабабҳои ба ҳақиқат боварӣ доштанат фикр кунӣ. Ин имони туро мустаҳкам месозад ва туро аз қарорҳои нодурусте ки зери таъсири ҳамсолон, тарзи фикрронии ин ҷаҳон ва ҳатто хоҳишҳои худ қабул карданиӣ, муҳофизат мекунад.

6 Агар ту нигоҳ накарда ба ҷавониат ба кор бурдани қобилияти фикррониро ёд гирифта бошӣ, ба ҳар хел саволи ҳамсолонат ҷавоб дода метавонӣ. Масалан, ба саволҳои зерин: «Чаро ту дилпурӣ, ки Китоби Муқаддас дигар нашудааст? Барои чӣ ту идҳоро қайд намекунӣ? Чаро ту фикр мекунӣ, ки Китоби Муқаддас кӯҳна нашудааст?» Вақте ба ин гуна саволҳо ҷавоб мекобӣ, имонат суст намегардад, балки ин чизҳо туро водор мекунанд, ки Китоби Муқаддасро чуқуртар омӯзӣ.

7–9. Фаҳмон, ки чӣ тавр омӯзиши мақолаҳо аз бахши «Мои убеждения» имони туро мустаҳкам карда метавонад.

7 Омӯзиши чуқур ба ту кӯмак мекунад, ки ба саволҳо ҷавоб ёбӣ ва ҳар гуна шубҳаро аз худ дур сохта имонатро мустаҳкам гардонӣ (Аъм. 17:11). Якчанд адабиётамон ба ту дар ин кор кӯмак расонда метавонад. Ба бисёриҳо брошураи «Оё ҳаёт офарида шуда буд?» ва китоби «Музокира» (рус.) кӯмак кард. Ҳамчунин ба бисёре аз ҷавонон бахше ки бо номи «Мои убеждения» дар сайтамон мебарояд, маъқул аст. Ҳар як мақолаи он барои мустаҳкам кардани имони ҷавонон тайёр шудааст. Ин силсилаи мақолаҳоро аз сайти ташкилотамон ёфтан мумкин аст. Ба бахши БИБЛЕЙСКИЕ УЧЕНИЯ нигар. Омӯзиши ин силсилаи мақолаҳо ба ту кӯмак мерасонад, ки боварии худро ба Китоби Муқаддас мустаҳкам кунӣ.

8 Азбаски ту Китоби Муқаддасро меомӯзӣ, ба баъзе саволҳои ин бахш ба осонӣ ҷавоб дода метавонӣ. Лекин оё ту ба ҷавобҳоят боварӣ дорӣ? Ҳангоми омӯзиши ин мақолаҳо ту даъват карда мешавӣ, ки дар бораи оятҳои овардашуда мулоҳиза ронӣ ва баъд фикри худро нависӣ. Ин ба ту кӯмак мерасонад, то дар бораи имонат ба дигарон гап зада тавонӣ. Ин мақолаҳо дар сайтамон дар бахши «Мои убеждения» чоп мешаванд. Агар интернет дошта бошӣ, ту метавонӣ онҳоро ҳангоми омӯзиши шахсиат истифода барӣ ва имонатро мустаҳкам гардонӣ.

9 Ту бояд боварӣ ҳосил кунӣ, ки таълимоти Китоби Муқаддас ҳақиқат аст. Ин ба ту кӯмак мерасонад, ки ба таъмид тайёр шавӣ. Хоҳари наврасе мегӯяд: «Пеш аз таъмид гирифтанам ман Китоби Муқаддасро омӯхтам ва боварӣ ҳосил кардам, ки ин дини ҳақиқист. Ин бовариам рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст».

РАФТОРИ ТУ

10. Чаро дуруст мебуд, ки рафтори шахси таъмидёфта ба имонаш мувофиқат кунад?

10 Китоби Муқаддас мегӯяд: «Имон... агар аъмол надошта бошад, ба худии худ мурда аст» (Яъқ. 2:17). Агар ту имони қавӣ дошта бошӣ, он дар рафторат зоҳир мегардад. Чӣ гуна рафтор? Дар Китоби Муқаддас он «рафтори муқаддасона ва парҳезгорӣ [«садоқатмандӣ ба Худо», ТДН]» номида шудааст. (2 Петрус 3:11-ро хонед.)

11. «Рафтори муқаддасона» чист? Мисол оред.

11 «Рафтори муқаддасона» чист? Он ахлоқи пок аст. Масалан, дар бораи шаш моҳи охир фикр кун. Вақте ба озмоиши имон рӯ ба рӯ шудӣ, оё нишон додӣ, ки некро аз бад фарқ карда метавонӣ? (Ибр. 5:14). Оё ягон воқеаеро дар хотир дорӣ, ки ба васваса ва ё таъсири ҳамсолонат дода нашуда будӣ? Оё рафторат дар мактаб ба дигарон намуна аст? Оё ту дар имон устуворӣ ё кӯшиш мекунӣ, ки ба ҳамсинфонат монанд шавӣ, то онҳо туро мазоҳу масхара накунанд? (1 Пет. 4:3, 4). Албатта, ҳеҷ кас комил нест. Баъзан ҳатто онҳое ки солҳои сол ба Яҳува хизмат мекунанд, аз шарм ба дигарон мавъиза кардан барояшон душвор аст. Аммо шахсе ки худро ба Худо бахшидааст, бояд аз Шоҳиди Яҳува буданаш фахр кунад ва инро бо рафтораш нишон диҳад.

12. «Парҳезгорӣ [«садоқатмандӣ ба Худо», ТДН]» кадом корҳоро дар бар мегирад ва мо бояд ба он чӣ гуна назар дошта бошем?

12 Дар бораи «парҳезгорӣ [«садоқатмандӣ ба Худо», ТДН]» чӣ гуфтан мумкин аст? Ба ин иштироки ту дар корҳои ҷамъомад дохил мешавад, аз он ҷумла дар вохӯриҳо ва мавъиза. Ҳамчунин он рафтореро, ки дигарон намебинанд, дар бар мегирад, масалан, дуо ва омӯзиши шахсӣ. Барои шахсе ки худро ба Яҳува бахшидааст, ин корҳо бори гарон нестанд. Ӯ бо ин суханони шоҳ Довуд розӣ аст: «Иродаи Туро, эй Худои ман, ба ҷо овардан мехоҳам, ва шариати Ту андаруни дили ман аст» (Заб. 39:9).

13, 14. Кадом мавод ба ту кӯмак мерасонад, ки ба Худо садоқатмандӣ нишон диҳӣ? Баъзе ҷавонон дар бораи он чӣ мегӯянд?

13 Барои гузоштани мақсадҳо ба ту нақшаи кории «Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ» (рус.), ҷилди 2, саҳ. 308 ва 309 кӯмак расонда метавонад. Дар ин нақшаи корӣ чунин саволҳо навишта шудаанд: «То чӣ андоза дуоҳои ту аниқу равшананд? Аз рӯи дуоҳоят дар бораи муҳаббати ту ба Яҳува чӣ гуфтан мумкин аст? Чӣ тавр ту омӯзиши шахсӣ мегузаронӣ? Агар волидонат дар хизмат иштирок накунанд ҳам, ту иштирок мекунӣ?» Дар ҷойи холии нақшаи корӣ ту метавонӣ ба ин саволҳо ҷавоб диҳӣ ва дар бораи мақсадҳоят нависӣ, масалан дар бораи дуо, омӯзиши шахсӣ ва мавъиза.

14 Бисёре аз ҷавононе ки таъмид гирифтан мехоҳанд, диданд, ки истифода бурдани ин нақшаи корӣ барояшон фоиданок аст. Хоҳари ҷавоне бо номи Тилда мегӯяд: «Ман нақшаи кориро барои расидан ба мақсадҳоям истифода бурдам. Ман зина ба зина ба мақсадҳои худ расидам ва тахминан баъд аз як сол ба таъмид тайёр шудам». Бо бародари ҷавоне бо номи Патрик айнан ҳамин тавр шуд. Ӯ мегӯяд: «Ман мақсадҳоямро медонистам, аммо вақте ки онҳоро менавиштам, боз ҳам бештар кӯшиш мекардам, ки ба онҳо расам».

Агар волидонат ба Яҳува хизмат карданро бас кунанд, ту ҳам бас мекунӣ? (Ба сархати 15 нигаред.)

15. Чаро худро ба Худо бахшидан бояд қарори шахсӣ бошад? Фаҳмонед.

15 Боз як савол аз нақшаи корӣ ин аст: «Агар волидон ё дӯстонат ба Яҳува хизмат карданро бас кунанд, ту ҳам бас мекунӣ?» Дар хотир дошта бош, ки масеҳии таъмидёфта дар пеши Яҳува худаш ҷавобгар аст. Ба Яҳува хизмат кардан ё накардани ту набояд аз дигарон вобаста бошад. Рафтори муқаддасона ва содиқии ту ба Худо нишон медиҳад, ки ба ҳақиқат боварӣ дорӣ ва сӯи таъмид қадам гузошта истодаӣ.

МИННАТДОРИИ ТУ

16, 17. а) Чӣ бояд шахсро ба масеҳӣ шудан барангезад? б) Бо мисол фаҳмонед, ки чӣ тавр мо нисбати фидия бояд миннатдор бошем.

16 Як рӯз марде ки қонуни Мусоро хуб медонист, аз Исо пурсид: «Кадом ҳукм дар шариат бузургтар аст?» Исо дар ҷавоб гуфт: «Худованд Худои худро бо тамоми дили ту ва бо тамоми ҷони ту ва бо тамоми ҳуши ту дӯст бидор» (Мат. 22:35–37). Аз суханони Исо чунин хулоса баровардан мумкин аст: шахс бояд танҳо он вақт таъмид гирад, агар Яҳуваро бо ҷону дил дӯст дорад. Беҳтарин тарзи инкишоф додани муҳаббат ба Яҳува — мулоҳиза дар бораи фидияи Писари Ӯ, Исо, мебошад. (1 Юҳанно 4:9, 19 ва 2 Қӯринтиён 5:14, 15-ро хонед.) Ин дар дилат хоҳишеро бедор мекунад, ки миннатдории худро ба Яҳува барои ин атои гаронбаҳояш нишон диҳӣ.

17 Тасаввур кун, ки ту ғарқ шуда истодаӣ ва ногоҳ касе туро аз марг наҷот медиҳад. Ту чӣ тавр рафтор мекардӣ? Оё худро хушк карда, бепарвоёна ба хона мерафтию ин ҳодисаро фаромӯш мекардӣ? Албатта, не! Бешакк, ту миннатдориатро ба он шахс баён карда, як умр худро пеши ӯ қарздор меҳисобидӣ. Ба ин монанд мо бояд ба Яҳува ва Исо сахт миннатдор бошем. Онҳо моро аз марг ва гуноҳ наҷот додаанд. Танҳо ба туфайли ин мо метавонем абадан дар биҳишти рӯи замин зиндагӣ кунем.

18, 19. а) Чаро шахс набояд аз таъмидгирӣ тарсад? б) Чаро гуфтан мумкин аст, ки хизмати Яҳува ҳаёти шахсро беҳтар мекунад?

18 Оё ту он чиро ки Яҳува бароят кардааст, қадр мекунӣ? Пас, метавонӣ миннатдории худро бо таъмид гирифтанат нишон диҳӣ. Вақте ҳаёти худро ба Яҳува мебахшем, мо ба Ӯ ваъда медиҳем, ки абадан хосташро иҷро мекунем. Оё аз чунин ваъда тарсидан даркор аст? Не. Яҳува мехоҳад, ки ту ҳаёти беҳтаринро ба сар барӣ ва Ӯ онҳоеро ки хосташро иҷро мекунанд, баракат медиҳад (Ибр. 11:6). Вақте ҳаёти худро ба Худо бахшида таъмид мегирӣ, ҳаётат бадтар намешавад. Баръакс он ҳазорон бор беҳтар мешавад. Бародари 24-солае ки дар кӯдакиаш таъмид гирифтааст, чунин мегӯяд: «Албатта, агар ман калонтар мебудам, қобилияти фикрронии беҳтар медоштам. Лекин барвақт таъмид гирифтан маро аз ҳавову ҳаваси ҷаҳон муҳофизат намуд».

19 Яҳува ба ту некӣ мехоҳад. Лекин Шайтони худпараст парвои туро надорад. Агар аз пайи вай равӣ, вай ба ту ягон чизи хуб дода наметавонад. Ва чӣ ҳам дода метавонист?! Шайтон ба ту хушхабар ва ягон умеде дода наметавонад, чунки худаш оянда надорад (Ваҳй 20:10).

20. Барои пешравӣ карда таъмид гирифтан наврас бояд чӣ кор кунад? (Инчунин ба чорчӯбаи « Аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ кунед» нигаред.)

20 Ҳаёти худро ба Яҳува бахшида, ту кори бохирадона мекунӣ. Оё ту ба ин қадам тайёрӣ? Агар ҳа, натарс ва дудила нашав. Агар ҳис кунӣ, ки ҳоло тайёр нестӣ, пас маслиҳатҳои ин мақоларо ба кор бар. Павлуси ҳавворӣ бародарони филиппиро даъват кард: «Ба ҳар чӣ мо расидаем, аз рӯи он бояд рафтор кунем» (Флп. 3:16). Агар мувофиқи ин маслиҳат рафтор кунӣ, дере нагузашта дар дилат хоҳиш пайдо мешавад, ки худро ба Яҳува бахшида таъмид гирӣ.