Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува халқашро сӯи ҳаёт роҳнамоӣ мекунад

Яҳува халқашро сӯи ҳаёт роҳнамоӣ мекунад

«Роҳ ин аст, бо он биравед» (ИШ. 30:21).

СУРУДҲО: 32, 48

1, 2. а) Кадом огоҳӣ ҳаёти бисёриҳоро наҷот додааст? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Ба туфайли кадом роҳнамоӣ халқи Худо ҳаёташро нигоҳ дошта метавонад?

«ИСТ, НИГОҲ КУН, ГӮШ КУН». Ин навиштаҷот ҳаёти бисёриҳоро наҷот додааст. Зиёда аз 100 сол пеш ин суханон чун аломати огоҳикунанда дар гузаргоҳи роҳи оҳани Амрикои Шимолӣ навишта шуда буд. Барои чӣ? Барои он ки мошину фойтунҳо вақти аз роҳи оҳан гузаштанашон ба қаторае ки босуръат меояд, барнахӯранд. Одамони зиёд ба ин аломати огоҳикунанда диққат дода ҳаёти худро наҷот доданд.

2 Яҳува ба мо аз аломатҳои бехатарӣ дида чизи беҳтаре додааст. Ӯ хизматгоронашро роҳнамоӣ мекунад, то онҳо соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ гарданд ва худро аз хатарҳо нигоҳ доранд. Яҳува монанди чӯпони меҳрубон гӯсфандонашро роҳнамоӣ мекунад, то аз хатар эмин бошанд. (Ишаъё 30:20, 21-ро хонед.)

ЯҲУВА ДОИМО ХАЛҚАШРО РОҲНАМОӢ МЕКАРД

3. Чӣ тавр инсоният гирифтори марг шуд?

3 Аз аввали таърихи инсоният Яҳува ба халқаш дастуроту роҳнамоии аниқ медод. Масалан, дар боғи Адан Яҳува ба одамон дастуроти аниқу равшане дод, ки метавонист одамизодро сӯи ҳаёти хушбахту ҷовидона роҳнамоӣ кунад (Ҳас. 2:15–17). Лекин Одаму Ҳавво ба ҷойи гапи Офаридгори худро гирифтан ба маслиҳати ким-кадом хазандае гӯш доданд. Одам бошад, ба гапи занаш даромад. Ин ба чӣ оварда расонд? Ҳар дуи онҳо оқибати талхи беитоатиашонро чашиданд ва бе ягон умед мурданд. Илова бар ин бо беитоатии худ онҳо тамоми инсониятро ба роҳи марговар бурданд.

4. а) Барои чӣ баъди Тӯфон дастуроти нав лозим шуд? б) Вазъияти нав дар бораи фикрронии Яҳува чиро ошкор кард?

4 Пеш аз тӯфон Худо ба Нӯҳ дастуроте дод, ки ҳаёти одамонро наҷот дод. Баъди Тӯфон Яҳува ба одамон амр фармуд, ки хунро истеъмол накунанд. Барои чӣ? Барои он ки дар он вазъият ба ин дастуроти нав зарурият пайдо шуд. Яҳува иҷозат дод, ки одам ҳайвонотро барои хӯрок истифода барад. Лекин Ӯ як шарт гузошт: «Фақат гӯштро бо ҷони он, яъне бо хуни он, нахӯред» (Ҳас. 9:1–4). Аз ин амр мо мефаҳмем, ки Худо нисбати ҳаёт чӣ назар дорад. Он нишон медиҳад, ки ҳаёт ба Ӯ тааллуқ дорад. Азбаски Яҳува Офаридгору Ҳаётбахш аст, Ӯ ҳақ дорад, ки дар бораи ҳаёт ва хун қонуну қоида муқаррар намояд. Агар касе ин қонунҳоро вайрон кунад, Яҳува он шахсро ҷазо медиҳад, чунки Ӯ ҳаёту хунро муқаддас меҳисобад (Ҳас. 9:5, 6).

5. Дар ин мақола мо чиро муҳокима мекунем ва чаро?

5 Баъди рӯзҳои Нӯҳ ҳам, Худо халқашро роҳнамоӣ мекард. Дар ин мақола мо якчанд мисолро дида мебароем. Ин муҳокима ба мо кӯмак мекунад, ки минбаъд низ ба роҳе равона шавем, ки сӯи ҳаёти ҷовидона мебарад.

ХАЛҚИ НАВ — ДАСТУРОТИ НАВ

6. Чаро Худо ба исроилиён Қонунро дод ба онҳо чӣ гуна рӯҳия лозим буд?

6 Дар рӯзҳои Мусо Яҳува ба халқаш дар бораи ахлоқу ибодат дастуроти аниқу равшан дод. Чаро? Чунки вазъият боз дигар шуд. Зиёда аз дусад сол исроилиён дар Миср чун ғулом зиндагӣ мекарданд. Замини Миср аз бутпарастӣ, ибодати мурдаҳо ва аз дигар корҳое, ки Худо аз онҳо нафрат дошт, пур буд. Вақте исроилиён аз зулми мисриён озод шуданд, онҳо ба дастуроти нав ниёз доштанд ва Яҳува барои роҳнамоии онҳо Қонунро дод. Аҷоиб аст, ки калимаи ибронии «қонун» бо калимаҳои «ҳидоят намудан, роҳнамоӣ кардан, дастурот додан» ҳамреша аст. Исроилиён халқе гаштанд, ки танҳо ба қонунҳои Яҳува итоат мекарданд. Қонун онҳоро аз бадахлоқӣ ва дини дурӯғи халқҳои гирду атрофашон чун девор муҳофизат менамуд. Вақте исроилиён ба Худо гӯш медоданд, Ӯ онҳоро баракат медод. Аммо вақте гӯш намедоданд, онҳо оқибати бади рафторашонро мечашиданд. (Такрори Шариат 28:1, 2, 15-ро хонед.)

7. а) Фаҳмонед, ки боз аз кадом сабаб Яҳува ба халқаш дастуроти нав дод. б) Аз кадом ҷиҳат Қонун барои исроилиён тарбиятгар буд?

7 Боз аз як сабаб дастуроти дигар даркор буд. Қонун исроилиёнро ба рӯйдоди муҳиме тайёр мекард. Мувофиқи нияти Худо бояд Масеҳ меомад. Қонун ба исроилиён ёдрас мекард, ки онҳо нокомиланд. Он ҳамчунин нишон медод, ки ба онҳо қурбонии комил, ки гуноҳҳояшонро пурра рӯпӯш карда метавонад, лозим аст (Ғал. 3:19; Ибр. 10:1–10). Беш аз ин Қонун насли Масеҳро нигоҳ медошт ва ба исроилиён кӯмак мекард, ки Масеҳро шиносанд. Қонун муваққатан барои исроилиён вазифаи тарбиятгарро иҷро кард, ки онҳоро сӯи Масеҳ роҳнамоӣ мекард (Ғал. 3:23, 24).

8. Чаро мо бояд дар бораи принсипҳое ки Қонун бар онҳо асос ёфтааст, фикр кунем?

8 Мо низ метавонем аз Қонуне ки Худо ба исроилиён дода буд, баҳра барем. Ҳарчанд мо дар зери Қонуни Мусо нестем, қоидаҳои зиёди он дастуроти хубест барои ҳаёти ҳаррӯза ва парастиши Яҳува. Биёед дар бораи принсипҳое ки Қонун бар онҳо асос ёфтааст, фикр кунем. Яҳува ин қонуну қоидаҳоро дар Китоби Муқаддас барои он ҷой дод, то мо аз онҳо биомӯзем, аз принсипҳояшон таълим гирем ва дарк кунем, ки он чизе ки Исо таълим дод, аз Қонуни Мусо бузургтар аст. Масалан, Исо гуфта буд: «Шунидаед, ки ба қадимиён гуфта шудааст: “Зино накун”. Лекин Ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино карда бошад». Пас, мо бояд на танҳо аз зино, балки аз ҳар майли гунаҳкоронае ки дар диламон пайдо шуда метавонад, дурӣ ҷӯем (Мат. 5:27, 28).

9. Чаро Худо дастуроти нав дод?

9 Баъди он ки Масеҳ омад, Яҳува дастуроти нав дод ва дар бораи нияташ чизҳои бештарро ошкор кард. Чаро? Чунки вазъият боз дигар шуд. Соли 33-и эраи мо Яҳува аз халқи Исроил рӯй гардонд ва ҷамъомади масеҳиро халқи худ интихоб кард.

ДАСТУРОТИ НАВ БАРОИ ИСРОИЛИ РӮҲОНӢ

10. Чаро Яҳува ба ҷамъомади масеҳӣ қонунҳои нав дод ва онҳо аз қонунҳои исроилиён чӣ фарқ доштанд?

10 Яҳува ба халқи Исроил Қонуни Мусоро дода буд, то онҳо дуруст зиндагӣ кунанд ва Ӯро ибодат намоянд. Аз асри як сар карда халқи Худо аз як халқ ё як миллат иборат набуд. Он халқ Исроили рӯҳонӣ ном гирифт. Бо онҳо аҳди нав баста шуд ва онҳо ҷамъомади масеҳиро ташкил доданд. Яҳува ба ҷамъомади масеҳӣ оиди тарзи ҳаёт ва ибодат дастуроти нав дод. Дар ҳақиқат, «Худо рӯйбинӣ надорад. Ва аз ҳар қавм ҳар кӣ аз Ӯ тарсад ва аз рӯи адолат рафтор кунад, дар ҳузури Ӯ мақбул аст» (Аъм. 10:34, 35). Исроилиёни рӯҳонӣ аз рӯи «шариати Масеҳ» амал мекарданд, ки дар санг неву дар дилҳояшон навишта шуда буд. Онҳо бояд дар ҳар куҷое ки зиндагӣ мекарданд, аз рӯи ин қонун амал менамуданд (Ғал. 6:2).

11. «Шариати Масеҳ» ба кадом ду соҳаи ҳаёти масеҳӣ таъсир мерасонад?

11 Исроили рӯҳонӣ аз дастуроте ки Худо ба воситаи Писараш дода буд, баҳраи зиёде бурданд. Пеш аз он ки аҳди нав ба амал дарояд, Исо ду амри муҳиме дод. Якеаш дар бораи кори мавъиза буд, дигараш дар бораи муносибати байни шогирдон. Ин ду амр ба ҳамаи масеҳиён дода шуданд, барои ҳамин имрӯз низ, хоҳ мо умеди заминӣ дошта бошем, хоҳ умеди осмонӣ, ин гуфтаҳо ба мо ҳам дахл доранд.

12. Ба кори мавъиза кадом дигаргунӣ дохил шуд?

12 Пештар, вақте халқҳои дигар ба Исроил меомаданд, исроилиён онҳоро нағз қабул мекарданд (3 Подш. 8:41–43). Аммо Исо ба шогирдонаш амреро дод, ки дар Матто 28:19, 20 навишта шудааст. (Оятҳоро хонед.) Шогирдони Исо бояд назди «ҳамаи халқҳо» мерафтанд. Дар Пантикости соли 33-и эраи мо Яҳува нишон дод, ки мехоҳад хушхабар дар тамоми дунё мавъиза шавад. Он рӯз 120 нафар масеҳӣ аз рӯҳи муқаддас пур шуда ба таври мӯъҷиза ба яҳудиёну ғайрияҳудиёне ки дини яҳудиро қабул карда буданд, ба забонҳои гуногун мавъиза карданд (Аъм. 2:4–11). Баъдтар хушхабар дар Сомария низ паҳн шудан гирифт. Соли 36-и эраи мо бошад, хабари хуш ба ғайрияҳудиёни номахтун низ расонида шуд. Пеш масеҳиён ба ду-се нафар яҳудиён мавъиза мекарданд, баъд бошад, ба ҳазорон-ҳазор одамони халқҳои дигар!

13, 14. а) «Ҳукми тоза»-и Исо чӣ маъно дорад? б) Мо аз намунаи Исо чиро таълим мегирем?

13 Биёед акнун дар бораи он гап занем, ки чӣ тавр мо бояд бо ҳамимонон рафтор намоем. Исо ба шогирдонаш «ҳукми тозае» дод. (Юҳанно 13:34, 35-ро хонед.) Ин амр маънои онро дорад, ки мо бояд ҳар рӯз муҳаббатамонро ба ҳамимононамон нишон диҳем ва ҳатто тайёр бошем ҳаёти худро барояшон қурбон кунем. Ин дар ҳақиқат амри нав буд, чунки Қонуни Мусо инро талаб намекард (Мат. 22:39; 1 Юҳ. 3:16).

14 Исо намунаи беҳтарини муҳаббати поку беғараз аст. Ӯ шогирдонашро чунон дӯст медошт, ки ҳатто ҷонашро барои онҳо фидо кард. Исо аз ҳама пайравонаш интизор аст, ки онҳо низ фидокор бошанд ва ба якдигар маҳз чунин муҳаббатро зоҳир кунанд. Мо бояд тайёр бошем, ки барои ҳамимонони худ ранҷу азоб кашем ва, ҳатто агар лозим ояд, ҳаётамонро барояшон қурбон кунем (1 Тас. 2:8).

ДАСТУРОТ БАРОИ ИМРӮЗУ ФАРДО

15, 16. Масеҳиён дар кадом вазъияти нав қарор доранд ва чӣ тавр Худо имрӯз халқашро роҳнамоӣ мекунад?

15 Исо «ғуломи мӯътамад ва доно»-ро таъин намуд, то ба пайравонаш «дар сари вақт хӯрок» диҳад (Мат. 24:45–47). Ин хӯрок дастуроти муҳимеро дар бар мегирифт, ки ҳангоми дигар шудани вазъият ба халқи Худо лозим шуд. Кадом вазъият?

16 Мо дар «айёми охир» зиндагӣ дорем ва ба наздикӣ бо мусибате рӯ ба рӯ мешавем, ки пеш аз ин ҳеҷ гоҳ рӯй надода буд (2 Тим. 3:1; Марқ. 13:19). Ғайр аз ин Шайтон ва девҳояш аз осмон ба замин ронда шудаанд ва ба сари одамон ранҷу азоби зиёде оварда истодаанд (Ваҳй 12:9, 12). Ҳамчунин мо дар кори умумиҷаҳонии мавъиза иштирок намуда ба одамони тамоми халқу забонҳо хабари Салтанатро нақл мекунем. Аз ин пеш хушхабар дар чунин миқёси бузург паҳн нашуда буд!

17, 18. Чӣ тавр мо бояд ба дастуроте ки дар ҷамъомад ба мо медиҳанд, муносибат кунем?

17 Ташкилоти Яҳува ба мо барои кори мавъиза асбобҳои бисёре додааст. Оё шумо аз онҳо истифода мебаред? Дар вохӯриҳо мо ба таври беҳтарин истифода бурдани онҳоро ёд мегирем. Оё шумо ба чунин дастурот бодиққат ҳастед? Оё шумо онро чун аз ҷониби Худо қабул мекунед?

18 Барои соҳиб шудани баракатҳои Худо мо бояд ба ҳар як дастуроте ки дар ҷамъомад ба мо медиҳанд, итоат кунем. Агар мо ҳозир дар худ итоаткориро инкишоф диҳем, ҳангоми «мусибати бузург» бароямон осон мешавад. Он вақт мо бо омодагӣ дастуротеро ки Яҳува пеш аз нест шудани ҷаҳони Шайтон ба мо медиҳад, қабул мекунем (Мат. 24:21). Баъд аз он ки ҷаҳон аз таъсири Шайтон озод мешавад, ба мо боз дастуроти нав лозим меояд.

Дар биҳишти рӯи замин барои роҳнамоии мо дафтарҳои нав кушода мешаванд (Ба сархатҳои 19 ва 20 нигаред.)

19, 20. Кадом дафтарҳо кушода мешаванд ва бо чӣ гуна натиҷа?

19 Дар рӯзҳои Мусо исроилиён ба дастуроти нав ниёз доштанд, барои ҳамин Худо ба онҳо Қонунро дод. Дертар бошад, ҷамъомади масеҳӣ аз рӯи «шариати Масеҳ» рафтор мекард. Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки дар дунёи нав ба мо «дафтарҳои дигаре» дода мешаванд, ки дастуроти нав доранд. (Ваҳй 20:12-ро хонед.) Ин дафтарҳоро омӯхта ҳамаи одамон, аз он ҷумла шахсони эҳёшуда мефаҳманд, ки Худо аз онҳо чӣ талаб дорад. Аз ин дафтарҳо мо тарзи фикрронии Яҳуваро беҳтар мефаҳмем. Аз дафтарҳои нав ва Китоби Муқаддас таълим гирифта ҳама сокинони Биҳишт ба якдигар бо муҳаббат ва ҳурмату иззат муносибат мекунанд (Иш. 26:9). Тасаввур кунед, ки зери роҳбарии Подшоҳамон, Исои Масеҳ, мо чӣ тавр чизҳои зиёдеро омӯхта, ба дигарон таълим хоҳем дод!

20 Агар мувофиқи он чизе ки дар дафтарҳо навишта шудааст, рафтор кунем ва дар озмоиши охирон ба Худо содиқ монем, мо абадан зиндагӣ мекунем. Яҳува номи моро дар «дафтари ҳаёт» ба таври ҳамешагӣ менависад. Ҳар яки мо метавонем соҳиби чунин ато шавем. Барои ҳамин биёед Каломи Худоро хонем, ба маънояш сарфаҳм равем ва ба дастуроте ки мегирем, итоат кунем. Агар мо ин корҳоро кунем, мо метавонем аз мусибати бузург зинда гузарем ва дар бораи Худои меҳрубонамон, Яҳува, абадан дониш гирем (Воиз 3:11; Рум. 11:33).