Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба чӣ ниёз доштани хоҳару бародаронро фаҳмед

Оё шумо ба ҷамъомади худ ёрдам карда метавонед?

Оё шумо ба ҷамъомади худ ёрдам карда метавонед?

ИСО пеш аз он ки ба осмон равад, ба шогирдонаш гуфта буд: «То ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд» (Аъм. 1:8). Онҳо чӣ тавр аз ӯҳдаи ин супориш баромада метавонистанд?

Мартин Гудмен профессори донишгоҳи Оксфорд мегӯяд, ки «масеҳиёни аввал бо кори миссионерии худ дар империяи Рум аз пайравони дигар динҳо, аз он ҷумла аз яҳудиён сахт фарқ мекарданд». Исо барои мавъизаи аз як ҷо ба ҷои дигар сафар мекард. Ба намунаи ӯ пайравӣ карда масеҳиёни ҳақиқӣ дар ҳама ҷо «аз Малакути Худо башорат» медоданд ва ташнагони ҳақиқатро ҷустуҷӯ мекарданд (Луқ. 4:43). Ана барои чӣ дар ҷамъомади асри як «расулон» буданд. Калимаи «расул»-ро нисбати шахсе истифода мебурданд, ки ба мавъиза фиристода мешуд (Мар. 3:14, ТДН). Исо ба шогирдонаш амр фармуда гуфт: «Биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед» (Мат. 28:18–20).

Имрӯз дар рӯи замин касе аз ин дувоздаҳ расул ҳамроҳи мо намондааст, аммо бисёри ходимони Яҳува ба намунаи онҳо пайравӣ мекунанд. Вақте воизони Салтанат даъват мешаванд, ки дар ҷойҳое ки ба воизон ниёзи бештар аст, хизмат кунанд, онҳо чунин ҷавоб медиҳанд: «Инак ман ҳозирам, маро бифирист» (Иш. 6:8). Баъзеҳо мисли ҳазорон хатмкунандагони Мактаби Ҷилъод ба мамлакатҳои дурдаст кӯчиданд. Дигарон бошанд, ба дигар ҷойҳои мамлакаташон мераванд. Бисёриҳо забони навро омӯхта ба ҷамъомадҳо ва ё гурӯҳҳо ёрӣ мерасонанд. Ин на ҳамеша осон аст, аммо ин бародару хоҳарон рӯҳияи фидокорӣ доранд ва бо ин муҳаббаташонро ба Яҳува ва дигарон нишон медиҳанд. Онҳо ҳама корашонро ба нақша гирифта вақт, қувват ва маблағашонро дар кори мавъиза сарф мекунанд (Луқ. 14:28–30). Меҳнати ин бародару хоҳарон хеле пурқимат аст.

Вазъияти ҳамаи мо як хел нест. Аз ин рӯ ҳамаи мо наметавонем дар он ҷойҳое ки ниёз ба воизон бештар аст, хизмат кунем ва ё забони навро омӯзем. Аммо ҳар яки мо метавонем дар ҷамъомади худ мисли миссионер хизмат кунем.

ДАР ҶАМЪОМАДИ ХУД ЧУН МИССИОНЕР ХИЗМАТ КУНЕД

Аз рӯи имконият ба одамон кӯмак расонед

Масеҳиёни асри як воизони боғайрат буданд, аммо бисёре аз онҳо дар шаҳри худашон хизмат мекарданд ва миссионер набуданд. Павлуси ҳавворӣ ба Тимотиюс гуфт: «Кори башоратдиҳандаро ба ҷо овар ва хизмати худро иҷро намо» (2 Тим. 4:5). Ин суханон на фақат ба масеҳиёни асри як, балки ба мо низ дахл доранд. Ҳама масеҳиён бояд ба амри мавъиза кардан ва шогирд сохтан итоат кунанд. Роҳҳои зиёде ҳастанд, ки мо дар ҷамъомадамон чун миссионер хизмат карда метавонем.

Миссионере ки ба дигар мамлакат меравад, бояд кӯшиш кунад, то ба он ҷо одат кунад. Дар таъиноти наваш бисёр чизҳо ба ӯ бегонаанд. Агар шумо дар он ҷойҳое ки ниёз ба воизон бештар аст, хизмат карда натавонед-чӣ? Оё барои ба одамон мавъиза кардан роҳҳои дигаре ҳастанд? Масалан, аз соли 1940 сар карда бародарону хоҳарон барангехта шуданд, ки ҳар ҳафта дар кӯча мавъиза кунанд. Оё шумо кӯшиш мекунед, ки дар кӯча мавъиза кунед? Оё шумо дар хизмат бо аробачаҳои адабиётдор иштирок мекунед? Пас, аз худ бипурсед: «Оё ман кӯшиш мекунам, ки дар хизмат имкониятҳои нав ҷӯям?»

Онҳоро барангезед, ки «кори башоратдиҳандаро ба ҷо» оранд

Агар шумо дар бораи одамони маҳаллатон фикри хуб дошта бошед ва тарзҳои гуногуни хизматро самаранок ҳисобед, ин ба шумо кӯмак мекунад, ки дар хизмат бо шавқу завқ ва ғайрати зиёд иштирок кунед. Одатан шахсоне ки ба ҷойҳои дигар мекӯчанд ё забони навро меомӯзанд, воизони бақувватанд. Онҳо дар кори мавъиза ба ҷамъомад кӯмаки зиёд расонда метавонанд. Инчунин миссионерон дар ҷамъомад роҳбариро ба ӯҳда мегиранд, то даме ки аз байни воизони маҳаллӣ бародарони ба талабот ҷавобгӯ пайдо нашаванд. Агар шумо бародари таъмидёфта бошед, оё кӯшиш мекунед, ки чун ходими ёвар ва ё пири ҷамъомад ба бародару хоҳарон хизмат кунед? (1 Тим. 3:1).

«САБАБИ ТАСАЛЛО» ШАВЕД

Ба онҳо кӯмаки амалӣ расонед

Мо ҳамчунин ба ҷамъомадамон бо дигар тарз кӯмак карда метавонем. Ҳамаи мо, пиру ҷавон, бародару хоҳарон дар вақти зарурӣ «сабаби тасалло»-и ҳамимонон шуда метавонем (Қӯл. 4:11).

Агар хоҳем, ки ба бародару хоҳаронамон кӯмак расонем, мо бояд онҳоро нағз шиносем. Китоби Муқаддас моро бармеангезад, ки вақти якҷоя ҷамъ омаданамон ба якдигар диққат диҳем (Ибр. 10:24). Ин маънои онро надорад, ки мо кунҷкобӣ кунем ва кӯшиш намоем, ки ҳама чизро дар бораи ҳаёти шахсии дигарон фаҳмем. Мо бояд кӯшиш кунем, ки нисбати хоҳару бародаронамон ҳамдард бошем ва фаҳмем, ки онҳо ба чӣ мӯҳтоҷанд. Онҳо шояд ба ёрии амалӣ, тасаллӣ ва ё рӯҳбаландӣ аз Китоби Муқаддас ниёз доранд. Дар баъзе мавридҳо ба ҳамимонон танҳо пирон ва ходимони ёвар кӯмак карда метавонанд (Ғал. 6:1). Лекин ҳар яки мо метавонем ба хоҳару бародарони пиронсол ва оилаҳое ки душвориҳоро аз сар мегузаронанд, дасти ёрӣ дароз кунем.

Онҳоеро ки аз ғаму ташвишҳои зиндагӣ азоб мекашанд, рӯҳбаланд кунед

Ба Салвадор ном бародаре аз тарафи ҳамимонон маҳз чунин кӯмак расонида шуд. Ӯ аз ҷиҳати моддӣ бо душвориҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд, барои ҳамин бизнес, хона ва чизу чораи дигарашро фурӯхт. Ӯ дар бораи оилааш бисёр ғам мехӯрд. Як ҷуфти ҳамсарон аз ҷамъомадашон диданд, ки оилаи Салвадор ба кӯмак мӯҳтоҷ аст. Онҳо ба Салвадор пул доданд ва ба ӯву занаш барои ёфтани ҷойи кор ёрӣ расонданд. Ҳамчунин онҳо якчанд бегоҳӣ якҷоя вақт гузаронида оилаи Салвадорро гӯш карданд ва рӯҳбаланд сохтанд. Дар давоми ин вақт онҳо дӯстони наздик шуданд. Ҳоло онҳо он рӯзҳои душвореро ки якҷоя паси сар карданд, ба некӣ ёд мекунанд.

Масеҳиёни ҳақиқӣ эътиқодашонро пинҳон намекунанд, онҳо дар бораи Яҳува ба ҳама одамон гап мезананд. Мо ба намунаи Исо пайравӣ менамоем ва дигаронро бо ваъдаҳои олиҷаноби Худо шинос мекунем. Баъзеҳо шароит доранд, ки ба ҷойҳое ки ба воизон ниёзи калон аст, кӯчанд, дигарон бошанд, надоранд. Лекин ҳамаи мо метавонем дар ҷамъомади худ ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем (Ғал. 6:10). Вақте ба дигарон ёрӣ медиҳем, мо аз ин хурсанд мешавем ва «дар ҳар кори нек самара» меорем (Қӯл. 1:10; Аъм. 20:35).