Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҷавонон, оё шумо барои таъмидгирӣ тайёред?

Ҷавонон, оё шумо барои таъмидгирӣ тайёред?

«Кист аз шумо, ки бурҷе сохтанӣ шуда, аввал нишаста харҷи онро ҳисоб накунад, ки оё ӯ имконияти ба анҷом расондани онро дорад?» (ЛУҚ. 14:28).

СУРУДҲО: 6, 34

Ду мақолаи навбатӣ барои ҷавононе тайёр шудаанд, ки таъмид гирифтан мехоҳанд

1, 2. а) Чӣ ба ходимони Худо хурсандӣ мебахшад? б) Чӣ тавр волидон ва пирони ҷамъомад ба ҷавонон кӯмак карда метавонанд, то онҳо ба маънои таъмид сарфаҳм раванд?

«МАН туро аз вақти таваллудат медонам,— гуфт пири ҷамъомаде ба Кристофери 12-сола,— ман хурсандам, ки ту таъмид гирифтанӣ ҳастӣ. Ман мехоҳам ба ту як савол диҳам: “Барои чӣ ту ин қадамро гузоштан мехоҳӣ?”» Ин саволи ӯ хеле бамаврид буд. Албатта, ҳар яки мо аз дидани он ки ҳар сол дар саросари ҷаҳон ҳазорҳо ҷавонон таъмид мегиранд, хеле хурсанд мешавем (Воиз 12:1). Лекин баъзан волидони масеҳӣ ва пирони ҷамъомад боварӣ ҳосил кардан мехоҳанд, ки оё ҷавонон қарорашонро бо ихтиёри худ ва баркашида қабул кардаанд ё не.

2 Мувофиқи Китоби Муқаддас вақте мо ҳаёти худро ба Худо бахшида таъмид мегирем, мо чун масеҳӣ зиндагӣ карданро сар мекунем. Баъди таъмид масеҳӣ баракатҳои Яҳуваро соҳиб мегардад ва бо муқобилиятҳои Шайтон рӯ ба рӯ мешавад (Мас. 10:22; 1 Пет. 5:8). Аз ин рӯ волидон бояд вақт ҷудо кунанд, то ба фарзандонашон таълим диҳанд, ки шогирди Масеҳ будан чӣ маъно дорад. Ба ҷавононе ки волидонашон Шоҳиди Яҳува нестанд, пирони ҷамъомад бояд инро фаҳмонанд. (Луқо 14:27–30-ро хонед.) Пеш аз сохтани ягон бино ҳисобу китоб лозим аст. Ба ин монанд шахс бояд пеш аз таъмид тайёрӣ бинад, то ба Яҳува «то охир» хизмат карда тавонад (Мат. 24:13). Чӣ ба ҷавонон кӯмак расонда метавонад, ки бо азми қавӣ ба Яҳува то охири умр хизмат кунанд? Биёед инро дида мебароем.

3. а) Чӣ тавр суханони Исо ва Петрус аҳамияти таъмидгириро нишон медиҳанд? (Мат. 28:19, 20; 1 Пет. 3:21). б) Мо кадом саволҳоро дида мебароем ва чаро?

3 Оё шумо ҷавонед ва дар бораи таъмид фикр мекунед? Пас, шумо сазовори таърифу таҳсинед! Чун Шоҳиди Яҳува таъмид гирифтан имконияти пуршараф аст. Барои масеҳӣ шудан, шахс ҳатман бояд таъмид гирад. Он яке аз қадамҳои муҳимест, ки сӯи наҷот мебарад (Мат. 28:19, 20; 1 Пет. 3:21). Агар шумо аз таҳти дил хоҳед ба ваъдаатон вафо кунед ва ба ин қадами муҳим тайёр бошед, дида баромадани се саволи зерин ба шумо кӯмак карда метавонад: 1) Оё ман барои қабул кардани ин қарор баркамолам? 2) Оё ин хоҳиши худи ман аст? 3) Оё ман мефаҳмам, ки ба Яҳува бахшидани ҳаёт чӣ маъно дорад? Биёед ин саволҳоро дида мебароем.

ОЁ ШУМО БАРКАМОЛЕД?

4, 5. а) Оё таъмид фақат барои одамони калонсол аст? б) Баркамол будан барои масеҳӣ чӣ маъно дорад?

4 Китоби Муқаддас таълим намедиҳад, ки танҳо дар калонсолӣ ё дар синну соли муайян таъмид гирифтан мумкин аст. Дар Масалҳо 20:11 мо мехонем: «Бача низ аз рӯи корҳояш шинохта мешавад, ки оё рафтораш пок ва рост аст ё не». Мувофиқи ин оят, ҳатто кӯдак метавонад дарк кунад, ки кори дуруст кардан ва ҳаёти худро ба Офаридгор бахшидан чӣ маъно дорад. Пас, таъмид барои ҷавоне ки баркамол буданашро нишон дода, ҳаёташро ба Яҳува мебахшад, қадами муҳим ва дуруст аст (Мас. 20:7).

5 Баркамол будан чӣ маъно дорад? Ин танҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ рушд кардан нест. Китоби Муқаддас дар бораи одамони баркамол мегӯяд, ки «ҳиссиёташон ба василаи малака ба фарқ кардани неку бад омӯхта шудааст» (Ибр. 5:14). Пас, шахси баркамол мефаҳмад, ки чӣ дар назари Яҳува дуруст аст ва дар дили худ қарор мекунад, ки мувофиқи он амал намояд. Барои ҳамин шахси баркамолро ба кори бад тела додан осон нест. Ба ӯ гаштаву баргашта гуфтан лозим нест, ки кори дуруст кунад. Аз ҷавоне ки таъмид мегирад, интизоранд, ки ӯ ҳатто вақте волидон ва дигар калонсолон дар наздаш нестанд, кори дуруст мекунад. (Бо Филиппиён 2:12 муқоиса кунед.)

6, 7. а) Дониёл дар Бобил бо кадом озмоишҳо рӯ ба рӯ шуд? б) Чӣ тавр Дониёл исбот кард, ки ӯ баркамол аст?

6 Оё ҷавонон дар ҳақиқат баркамол буда метавонанд? Мисоли Дониёлро дида мебароем. Вақте ӯро аз волидонаш ҷудо карда маҷбуран ба Бобил бурданд, эҳтимол, ӯ наврас буд. Ӯ дар байни одамоне зиндагӣ мекард, ки нисбати неку бад фаҳмишашон тамоман дигар буд. Боз як душворӣ ин буд, ки дар Бобил ба ӯ чун ба як шахси махсус муносибат мекарданд. Дониёл аз қабили он ҷавононе буд, ки барои хизмат дар дарбори подшоҳ интихоб шуда буданд (Дон. 1:3–5, 13). Дар Бобил Дониёл имкониятҳоеро дошт, ки дар Исроил онҳоро ҳатто орзу карда наметавонист.

7 Дониёли ҷавон чӣ тавр рафтор кард? Оё ӯ роҳ дод, ки бобилиён ба ӯ таъсир расонанд ва ё имонашро суст гардонанд? Албатта, не! Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Дониёл бо вуҷуди он ки дар Бобил буд, «дар дили худ аҳд кард, ки худро... палид накунад» (Дон. 1:8). Ӯ худро аз ҳар чизе ки бо дини дурӯғ алоқаманд буд, дур мегирифт. Ин дар ҳақиқат нишонаи баркамолист!

Ҷавони баркамол дар Толори Салтанат худро дӯсти Худову дар мактаб дӯсти ҷаҳон вонамуд намекунад (Ба сархати 8 нигаред.)

8. Шумо аз намунаи Дониёл чӣ меомӯзед?

8 Шумо аз намунаи Дониёл чӣ меомӯзед? Ҷавони баркамол, ҳатто дар вазъиятҳои душвор дар имони худ устувор монда метавонад. Ӯ ба хамелеон, ки ранги пӯсташро вобаста ба муҳит тағйир медиҳад, монанд нест. Ҷавони баркамол дар Толори Салтанат худро дӯсти Худову дар мактаб дӯсти ҷаҳон вонамуд намекунад. Баръакс, ӯ ҳатто дар озмоишҳо имонашро устувор нигоҳ медорад. (Эфсӯсиён 4:14, 15-ро хонед.)

9, 10. а) Ҷавонон бояд оиди чӣ фикр кунанд? б) Таъмид гирифтан чӣ маъно дорад?

9 Албатта, ҳеҷ кас комил нест. Ҳам ҷавонон ва ҳам калонсолон баъзан хато мекунанд (Воиз 7:20). Агар шумо таъмид гирифтан хоҳед, худро тафтиш кунед, ки то чӣ андоза ба қонунҳои Яҳува итоат мекунед. Аз худ бипурсед: «Оё ман ба Яҳува ҳама вақт итоат мекунам?» Дар ин бора фикр кунед: охирон бор ҳангоми санҷида шудани имонатон, шумо чӣ тавр рафтор кардед? Оё шумо фаҳмидед, ки дар ин маврид чӣ гуна рафтор кардан дуруст аст? Оё шуморо низ мисли Дониёл касе водор месозад, ки қобилиятҳои худро дар ин ҷаҳони Шайтон истифода баред? Вақте бо ин гуна озмоишҳо рӯ ба рӯ мешавед, оё дарк мекунед, ки хоҳиши Яҳува дар ин маврид чист? (Эфс. 5:17).

10 Чаро ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан муҳим аст? Чунки ин ҷавобҳо ба шумо кӯмак мерасонанд, ки ҷиддияти таъмидгириро дарк кунед. Бо таъмид гирифтанатон шумо ба дигарон нишон медиҳед, ки ба Яҳува ваъдаи муҳиме додаед. Шумо ваъда медиҳед, ки Ӯро дӯст дошта бо ҷону дил ба Ӯ хизмат мекунед (Марқ. 12:30). Ҳар касе ки таъмид мегирад, бояд ба ваъдаи худ вафо кунад. (Воиз 5:3, 4-ро хонед.)

ОЁ ИН ХОҲИШИ ХУДИ ШУМО АСТ?

11, 12. а) Шахсе ки таъмид гирифтан мехоҳад, бояд аз чӣ дилпур бошад? б) Чӣ ба шумо кӯмак мерасонад, ки ба таъмид назари дуруст дошта бошед?

11 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ҳама ходимони Худо, аз он ҷумла ҷавонон бояд бо «ихтиёр»-и худ ба Яҳува хизмат кунанд (Заб. 109:3). Бинобар ин шахсе ки таъмид гирифтан мехоҳад, бояд боварии комил дошта бошад, ки ин қарори худи ӯст. Дар бораи хоҳишатон хуб фикр кунед, хусусан агар шумо дар оилаи Шоҳидон калон шуда бошед.

12 Дар давоми ин солҳо шояд шумо дидед, ки чӣ тавр бисёриҳо таъмид мегиранд, аз он ҷумла дӯстон ва наздиконатон. Фикр накунед, ки танҳо аз сабаби ба воя расиданатон ва ё аз сабаби он ки дигарон ҳамин тавр мекунанд, шумо бояд таъмид гиред. Чӣ тавр боварии комил ҳосил карда метавонед, ки назари шумо ба таъмидгирӣ ба назари Яҳува монанд аст? Вақт ҷудо карда фикр кунед, ки чаро таъмид гирифтан муҳим аст. Шумо аз ин мақола ва мақолаи навбатӣ бисёр чизҳоро мефаҳмед.

13. Чӣ нишон медиҳад, ки қарори таъмидгириатон хоҳиши худи шумост?

13 Чӣ тавр шумо фаҳмида метавонед, ки хоҳиши таъмидгириатон аз таҳти дил аст? Шумо метавонед инро аз дуоҳои худ бифаҳмед. Агар шумо зуд-зуд дуо гӯед ва дуоҳоятон аниқу равшан бошанд, ин нишон медиҳад, ки шумо бо Яҳува муносибати наздик доред (Заб. 24:4). Бисёр вақт Яҳува ба воситаи Китоби Муқаддас ба дуоҳои шумо ҷавоб медиҳад. Пас, агар мо барои омӯхтани Каломи Худо кӯшиш кунем, ин нишон медиҳад, ки мо дар ҳақиқат мехоҳем ба Яҳува наздик шавем ва аз таҳти дил ба Ӯ хизмат кунем (Еҳ. 1:8). Хуб мебуд, ки аз худ бипурсед: «Оё дуоҳои ман аниқу равшананд? Оё ман мунтазам омӯзиши шахсӣ мегузаронам?» Ва агар шумо ибодати оилавӣ дошта бошед, аз худ бипурсед: «Оё ман дар ибодати оилавӣ бо омодагӣ иштирок мекунам?» Аз ҷавобҳои шумо маълум мегардад, ки қарори таъмидгириатон хоҳиши худи шумост ё не.

ХУДРО БА ХУДО БАХШИДАН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

14. Фарқи байни худро ба Худо бахшидан ва таъмидро фаҳмонед.

14 Баъзе ҷавонон шояд фарқи байни худро ба Худо бахшидан ва таъмидро хуб намедонанд. Баъзеҳо шояд мегӯянд, ки худро аллакай ба Худо бахшидаанд, лекин ба таъмидгирӣ тайёр нестанд. Оё чунин шуданаш мумкин аст? Ҳангоми худро ба Худо бахшидан шахс дар дуо ба Яҳува ваъда медиҳад, ки абадан ба Ӯ хизмат мекунад. Бо таъмид гирифтан бошад, шахс ба дигарон нишон медиҳад, ки худро ба Яҳува бахшидааст. Пас, пеш аз таъмидгириатон шумо бояд фаҳмед, ки худро ба Худо бахшидан чӣ маъно дорад.

15. Худро ба Худо бахшидан чӣ маъно дорад?

15 Вақте шумо ҳаёти худро ба Яҳува бахшидед, шумо ба Ӯ гуфтед, ки акнун аз они Ӯ ҳастед. Шумо ба Яҳува ваъда додед, ки минбаъд хизмати Ӯ дар ҷойи аввали ҳаётатон мешавад. (Матто 16:24-ро хонед.) Ин ваъдаи хеле ҷиддӣ аст! (Мат. 5:33). Чӣ тавр шумо нишон дода метавонед, ки худро рад кардаед ва акнун аз они Яҳува ҳастед? (Рум. 14:8).

16, 17. а) Фаҳмонед, ки худро рад кардан чӣ маъно дорад. б) Бо таъмид гирифтанаш шахс гӯё ба Яҳува чӣ мегӯяд?

16 Тасаввур кунед, ки дӯстатон ба шумо мошин тӯҳфа мекунад. Ӯ ҳуҷҷатҳои мошинро ба шумо дода чунин мегӯяд: «Ин мошин аз они туст. Калидаш бошад, дар дасти ман меистад ва онро танҳо ман меронам». Оё инро тӯҳфа номидан мумкин аст? Шумо дар бораи тӯҳфадиҳанда чӣ фикр мекардед?

17 Акнун дар бораи он фикр кунед, ки Яҳува аз шахсе ки худро ба Ӯ мебахшад, чӣ интизор аст. Ин шахс ба Ӯ чунин мегӯяд: «Ман ҳаётамро ба Ту медиҳам. Ман аз они Ту ҳастам». Яҳува аз ин шахс интизор аст, ки ӯ ба ваъдааш вафо мекунад. Лекин агар шахс ба Яҳува беитоатӣ карда бо касе ки ба Худо хизмат намекунад, мулоқот кунад-чӣ? Ва ё дар ҷое кор кунад, ки ба вай барои хизмат кардан сахт халал мерасонад ва сабаби ба вохӯриҳо нарафтанаш мегардад? Он гоҳ он шахс ваъдаашро иҷро намекунад. Ин мисли тӯҳфа кардани мошину надодани калиди он аст. Вақте мо худро ба Яҳува мебахшем, мо ба Ӯ мегӯем: «Ҳаёти ман аз они Туст, на аз они ман». Ин ба тарзи фикрронии Исо монанд аст. Ӯ ҳангоми дар замин буданаш чунин гуфт: «Аз осмон нозил шудаам на аз барои он ки ба иродаи Худ амал кунам, балки ба иродаи Фиристандаи Худ» (Юҳ. 6:38).

18, 19. а) Чӣ тавр суханони Роза ва Кристофер нишон медиҳанд, ки таъмид имконияти пуршараф аст ва бо худ баракатҳо меорад? б) Шумо нисбати имконияти пуршарафи таъмидгирӣ чӣ фикр доред?

18 Таъмид қарори ҷиддист ва шумо набояд онро бепарвоёна қабул кунед. Ҳамзамон дар хотир доред, ки ходими таъмидёфтаи Яҳува будан шарафи бузург аст. Ҷавононе ки Яҳуваро дӯст медоранд ва маънои таъмидро дарк мекунанд, бо омодагӣ ҳаёташонро ба Худо мебахшанд. Онҳо аз ин қарорашон ҳеҷ гоҳ пушаймон намешаванд. Роза ном хоҳари наврасе ки таъмид гирифтааст, мегӯяд: «Ман Яҳуваро дӯст медорам ва маро кори дигар ғайр аз хизмати Ӯ хушбахт карда наметавонад. Ман аз қарори таъмидам хеле дилпур будам. Ин беҳтарин қарори ҳаётам буд».

19 Дар бораи Кристофер, ки дар аввали мақола дар борааш фаҳмида будем, чӣ гуфтан мумкин аст? Оё он ки ӯ дар синни 12-солагиаш таъмид гирифт, қарори санҷидаву баркашида буд? Ӯ мегӯяд, ки аз ин қарораш хурсанду қаноатманд аст. Кристофер дар синни 17-солагӣ пешрави доимӣ шуд, дар синни 18-солагиаш ходими ёвар. Ҳоло бошад, ӯ дар Байт-Ил хизмат мекунад. Ӯ мегӯяд: «Таъмид гирифтанам қарори дуруст буд. Ба Яҳува ва ташкилоти Ӯ хизмат карда ман хушбахту қаноатмандам». Агар шумо таъмид гирифтанӣ бошед, чӣ тавр худро тайёр карда метавонед? Мақолаи навбатӣ ба ин савол ҷавоб медиҳад.