ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Бо хирадмандон гашта бисёр чизро ёд гирифтам
ДАР ёд дорам, ки чанд сол пеш як саҳарӣ ҳаво дар Брукингс (Дакотаи Ҷанубӣ, ИМА) беҳад хунук буд. Ман бо якчанд кас дар оғил истода аз хунукӣ меларзидем. Дар пеши мо зарфе барои обхӯрии ҳайвонҳо буд, ки обаш сахт хунук буд. Иҷозат диҳед саргузаштамро ба шумо нақл кунам, то шумо фаҳмед, ки дар он ҷо мо чӣ кор мекардем.
ДАВРАҲОИ КӮДАКИАМ
Ман 7-уми марти соли 1936 таваллуд шудам. Мо дар оила се писару як духтар будем ва ман фарзанди хурдӣ ба ҳисоб мерафтам. Мо дар фермаи хурдакак, дар шарқи Дакотаи Ҷанубӣ зиндагӣ мекардем. Хоҷагидорӣ ва чорводорӣ дар оилаамон чизи муҳим буд. Лекин азбаски падару модарам соли 1934 таъмид гирифта, ҳаёти худро ба Яҳува бахшиданд, Салтанати Худо дар ҳаёти онҳо чизи аз ҳама муҳим буд. Падарам Клэренс ва баъдтар амакам Алфред чун ходими гурӯҳ (ҳоло координатори ҳайати пирон ном дорад) дар ҷамъомади Конде (Дакотаи Ҷанубӣ) хизмат мекарданд.
Дар оилаи мо ба ҷамъомад рафтан ва хона ба хона хизмат кардан чизи муқаррарӣ буд. Намунаи падару модарам ва он чизе ки онҳо ба мо таълим медоданд, ба мо сахт таъсир кард. Дар синни шашсолагӣ апаам Дороти ва ман воизи Салтанат шудем. Соли 1943 Мактаби таълими мавъиза пайдо шуд, ки он қисми асосии вохӯриҳо ба ҳисоб мерафт. Ман худро ба он номнавис кардам.
Анҷуманҳо низ дар ҳаёти мо нақши муҳим мебозиданд. Дар анҷумане, ки соли 1949 дар Су-Фоллс (Дакотаи Ҷанубӣ) гузашт, бародар Грант Сютер бо нутқ баромад кард. Ман ҳоло ҳам
нутқи ӯро бо номи «Анҷоми ин тартибот наздиктар аст, аз он ки шумо фикр мекунед» дар ёд дорам. Бародар Грант дар нутқаш хотиррасон кард, ки ҳамаи масеҳиёни таъмидгирифта бояд ҳаёташонро пурра барои паҳн кардани хушхабари Салтанати Худо сарф кунанд. Ин маро барангехт, ки ҳаётамро ба Яҳува бахшам. Дар анҷумани ноҳиявии навбатӣ дар Брукингс, чи хеле ки дар боло нақл кардам, ман дар ҳамон оғили хунук интизор будам, ки таъмид гирам. Соли 1949, 12-уми ноябр зарфи обхӯрии ҳайвонҳо барои чор кас «ҳавз»-и таъмидгирӣ шуд.Баъд аз таъмид ман пешрав шудан хостам. Якуми январи соли 1952 дар синни 15-солагӣ ман пешрав шудам. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Касе ки бо хирадмандон гардад, хирадманд мешавад». Аъзои оилаам аз ҷумлаи чунин одамоне буданд, ки пешрав шудани маро дастгирӣ карданд (Мас. 13:20). Амакам Юлиус, ки он вақт 60-сола буд, ҳамроҳам чун пешрав хизмат мекард. Нигоҳ накарда ба фарқияти синну соламон мо аз ҳамкорӣ бо якдигар хурсандӣ мегирифтем. Ман аз хирад ва таҷрибаи ҳаёти ӯ бисёр чизҳоро ёд гирифтам. Дере нагузашта хоҳарам Дороти низ пешрав шуд.
ТАВАҶҶӮҲИ НОЗИРОНИ НОҲИЯВӢ
Вақте ҷавон будам, падару модарам нозирони ноҳиявӣ ва ҳамсаронашонро даъват мекарданд, ки бо мо истанд. Ҳамсарон Ҷесси ва Линн Кантуэлл ба ман хеле ёрдам карданд. Онҳо низ дар пешрав шуданам саҳми худро гузоштанд. Ғамхории онҳо маро барангехт, ки мақсадҳои рӯҳонӣ гузорам. Вақте онҳо ба ҷамъомадҳои наздик ташриф меоварданд, баъзан маро ба хизмат даъват мекарданд. Хизмат бо онҳо ба ман хурсандӣ ва рӯҳбаландӣ мебахшид.
Бад Миллер ва ҳамсараш Ҷоан нозирони ноҳиявии навбатӣ шуданд. Азбаски он вақт 18-сола будам, маро ба хизмати ҳарбӣ даъват намуданд. Комиссияи ҳарбии маҳаллӣ маро ба хизмати аскарӣ муносиб донист. Лекин ман мехостам, ки дар бораи хушхабари Салтанат мавъиза кунам (Юҳ. 15:19). Барои ҳамин ман ба Комиссияи даъватӣ арз кардам, ки маро чун ходими динӣ эътироф карда аз хизмати ҳарбӣ озод кунанд.
Бародар Миллер бо ман ба комиссияи ҳарбӣ рафт ва ин дастгирии ӯ ба ман сахт ёрдам кард. Ӯ табиатан одами меҳрубону нотарс буд. Дар
наздам будани чунин бародари рӯҳан бақувват ба ман дилпурӣ мебахшид. Дар натиҷа дар охири тобистони соли 1954 Комиссияи ҳарбӣ маро чун ходими динӣ эътироф намуд. Ин барои мақсадҳои дигари рӯҳониам дарро воз кард.Тақрибан ҳамон вақт маро ба Байт-Ил даъват намуданд, ки он вақт Фермаи Бурҷи дидбонӣ ном дошт ва дар ҷазираи Статен (Ню-Йорк) ҷойгир буд. Се сол дар он ҷо хизмат кардан бароям шараф буд. Дар Байт-Ил ман таҷрибаи калон гирифтам, чунки бо одамони хирадманд шинос шуда ҳамкорӣ мекардам.
ХИЗМАТ ДАР БАЙТ-ИЛ
Радиостансияи ташкилотамон (WBBR) дар фермаи ҷазираи Статен ҷойгир буд. Он аз соли 1924 то соли 1957 фаъолият кард. Аз 20 нафар аъзои Байт-Ил танҳо 15 нафар барои кор дар ферма таъйин шуд. Бисёре аз мо ҷавону бетаҷриба будем. Лекин ҳамроҳамон бародари пиронсоли тадҳиншуда, Элдон Вудворс, хизмат мекард. Ӯ дар ҳақиқат ҳам хеле хирадманд буд. Ғамхории падарворонаи ӯ моро рӯҳан қавӣ мегардонд. Баъзан, вақте ки дар байни мо нофаҳмиҳо мешуд, бародар Вудворс мегуфт, ки Яҳува одамонро нигоҳ накарда ба нокомилиашон истифода мебарад.
Бародар Фредерик Френс низ ҳамроҳи мо буд ва ба мо кӯмак мерасонд. Ӯ одами хирадманд буд ва Навиштаҳоро хеле хуб медонист. Бародар Френс нисбати ҳар яки мо таваҷҷӯҳ зоҳир мекард. Дар Байт-Ил Папаргиропулиёс ном бародаре ошпази мо буд, лекин мо бо насаби ӯ Петерсон муроҷиат мекардем. Ӯ тадҳиншуда буд ва бо ҷидду ҷаҳд хизмат мекард. Бародар Петерсон ҳам дар Байт-Ил ва ҳам дар кори мавъиза боғайрат буд. Ӯ дар як моҳ садҳо маҷаллаҳоро паҳн мекард. Ӯ низ Навиштаҳоро хеле хуб медонист ва ба бисёр саволҳои мо ҷавоб медод.
АЗ ХОҲАРОНИ БОХИРАД ИБРАТ ГИРИФТАМ
Маҳсулоти хоҷагидорӣ дар заводи консервабарории Байт-Ил коркард мешуд. Завод барои оилаи Байт-Ил ҳар сол қариб 45 000 банкача консерваи сабзавоту меваҷот мебаровард. Дар ферма бо хоҳари хирадманд Этта Ҳуз хизмат кардан бароям шараф буд. Ӯ ба мо ёд медод, ки чӣ тавр консерваҳоро тайёр кунем. Дар мавсими консерватайёркунӣ хоҳарони маҳаллӣ барои ёрдам меомаданд ва хоҳар Этта дар ташкил
кардани кори онҳо мадад мерасонд. Хоҳар Этта дар консерватайёркунӣ корҳои муҳимро иҷро мекард, лекин вай дар ҳурмат кардани бародарони масъул намуна буд. Ман аз ин рафтори ӯ ибрат мегирифтам.Анҷела Романо яке аз хоҳарони ҷавоне буд, ки барои ёрдамкунӣ ба ферма меомад. Этта бо ӯ омӯзиш карда буд. Ҳамин тавр дар Байт-Ил ман бо шахси бохираде шинос шудам, ки ҳоло ӯ 58 сол боз ҳамсафари ҳаётам аст. Анҷела ва ман моҳи апрели соли 1958 оиладор шудем ва якҷоя аз баракатҳои зиёд баҳра бурдем. Тӯли ин солҳо ба Яҳува содиқ будани Анҷела дар издивоҷамон манбаи қувват буд. Бо кадом душворие, ки мо рӯ ба рӯ нашавем, ман пурра ба ӯ такя карда метавонам.
ЧУН МИССИОНЕР ВА НОЗИРИ НОҲИЯВӢ ХИЗМАТ МЕКУНАМ
Вақте ки соли 1957 биноҳои WBBR дар ҷазираи Статен фурӯхта шуд, ман дар Байт-Или Бруклин муддате хизмат кардам. Баъди оиладор шуданам, ман аз Байт-Ил рафтам ва дар давоми қариб се сол чун пешрав дар ҷазираи Статен хизмат кардам. Буданд вақтҳое, ки ман муддате ҳатто дар таги дасти соҳибони нави радиостансияи WPOW кор кардам.
Мо бо Анҷела қарор кардем, ки одӣ зиндагӣ мекунем, то барои хизмат дар ҷойҳое, ки ёрдам даркор аст, тайёр шавем. Вақте ки моро аввали соли 1961 чун пешравони махсус дар Фолс-Сити (Небраска) таъйин карданд, мо бо омодагӣ ин таъйинотро қабул кардем. Ҳамин ки дар ҳаётамон дигаргунӣ даровардем, моро ба Лансинги Ҷанубӣ (Ню-Йорк) ба Мактаби хизмат ба Салтанат даъват намуданд. Он вақт фақат як моҳ таҳсил мекарданд. Мо аз таҳсил дар ин мактаб баҳра бурдем ва сахт мехостем, ки маслиҳатҳои онро дар Небраска истифода барем. Барои ҳамин вақте моро чун миссионер дар Камбоҷа таъйин карданд, мо хеле ҳайрон шудем. Ин сарзамини дилоро, ки дар ҷанубу шарқи Осиё ҷойгир аст, бо зебогии худ аз ҳама чизҳое, ки мо пештар дида будем, фарқ мекард. Мо дар ин ҷо хушхабарро паҳн кардан мехостем.
Лекин дере нагузашта дар Камбоҷа вазъи сиёсӣ дигар шуд ва мо бояд ба Ветнами Ҷанубӣ мекӯчидем. Афсӯс, ки дар давоми ду сол саломатиам бад шуд ва мо маҷбур шудем, ки ба ватанамон баргардем. Барои саломатиамро беҳтар кардан ба ман каме вақт даркор буд, лекин ҳамин ки сиҳат шудам, аз нав хизмати пурравақтро сар кардам.
Моҳи марти соли 1965 маро нозири ноҳиявӣ таъйин карданд. Ман 33 сол чун нозири ноҳиявӣ ва вилоятӣ хизмат карда бо Анҷела аз ин намуди хизмат хурсандӣ гирифтам. Мо хурсандем, ки тӯли ин солҳо дар ташкил додани бисёр анҷуманҳо иштирок кардем. Анҷуманҳо ҳама вақт ба ман хурсандӣ меоварданд. Ба ман маъқул буд, ки дар ташкил додани онҳо саҳми худро гузорам. Вақте ки дар Ню-Йорк будем, якчанд анҷуманро дар стадиони Янки гузарондем.
БОЗГАШТ БА БАЙТ-ИЛ ВА БА МАКТАБҲОИ БАР НАВИШТАҲО АСОСЁФТА
Бисёр бародару хоҳароне, ки дар хизмати махсус буданд, таъйиноти ҳаяҷоноваре гирифтанд, ки кӯшишу ғайратро талаб мекард. Мо ҳам соҳиби ин гуна таъйинотҳо шудем. Масалан, соли 1995 аз ман хоҳиш карданд, ки дар Мактаб барои
ходимони ҷамъомад муаллим шавам. Пас аз се сол моро ба Байт-Ил даъват карданд. Баъди 40 сол баргаштан ба ҷое, ки хизмати пурравақтро сар карда будам, хурсандиовар буд. Ман дар он ҷо дар якчанд Мактабҳо муаллим будаму ҳамзамон каме дар Шӯъбаи хизматӣ кор кардам. Соли 2007 Ҳайати роҳбарикунанда мактабҳоеро, ки дар Байт-Ил мегузаштанд, ба назорати шӯъбаи махсус (Шӯъбаи таълими Мактабҳои бар Навиштаҳо асосёфта) супорид ва ман якчанд сол дар ин шӯъба нозир шудам.Дар ин шӯъба кор карда мо дар соҳаи таълим якчанд дигаргунии калонро дидем. Соли 2008 «Мактаб барои пирони ҷамъомад» ташкил шуд. Дар давоми ду сол беш аз 12 000 пири ҷамъомад дар Паттерсон ва Байт-Или Бруклин таълим гирифтанд. Ин мактаб дар дигар ҷойҳо ҳам гузашт, ки дар он муаллимони ботаҷриба дарс медоданд. Соли 2010 номи «Мактаб барои ходимони ҷамъомад» ба «Мактаби бар Навиштаҳо асосёфта барои бародарони безан» иваз шуд. Ва баъдтар «Мактаби бар Навиштаҳо асосёфта барои ҷуфтони масеҳӣ» ташкил дода шуд.
Аз соли хизматии 2015 сар карда ин ду Мактаб якҷоя карда шуданд, ки ҳоло «Мактаб барои воизони Салтанат» ном дорад. Дар он ҷо, ҳам ҳамсарон ва ҳам бародарону хоҳарони муҷаррад таҳсил карда метавонанд. Шоҳидони Яҳува дар тамоми ҷаҳон хурсанд шуданд, ки ин Мактаб дар бисёр филиалҳо гузаронида мешавад. Имкониятҳо барои таҳсил кардан дар чунин мактабҳо зиёд шуда истодаанд. Ман хурсандам, ки бисёриҳо бо завқи зиёд дар ин мактабҳо таҳсил кардан мехоҳанд.
Ба гузашта нигариста ман аз Яҳува миннатдорам, ки аз вақти таъмид гирифтанам то ҳол маро бо одамони бохирад шинос кард, ки бо роҳи ҳақиқат равона шавам. Баъзеи онҳо ҳамсоли ман набуданд ва миллаташон дигар буд. Вале ман аз рафторашон медидам, ки онҳо Яҳуваро беҳад нағз мебинанд. Ман хеле хурсандам, ки дар ташкилоти Яҳува бо одамони хирадманд дӯстӣ карда бисёр чизҳоро ёд гирифтам.