Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дӯстӣ дар вақтҳои тангӣ

Дӯстӣ дар вақтҳои тангӣ

Бародар Ҷанни ва Маурисио қариб 50 сол бо ҳам дӯстанд. Вақтҳое буданд, ки дӯстии онҳо зери хатар қарор дошт. Маурисио мегӯяд: «Якчанд хатогии ҷиддии ман моро аз ҳам дур кард». Ҷанни илова мекунад: «Маурисио бо ман Китоби Муқаддасро меомӯхт ва бароям намуна буд. Аз ин рӯ вақте ӯ хатогии ҷиддӣ кард, бовариам наомад. Ман зиқ шудам, чунки медонистам, ки дӯстии мо дигар давом ёфта наметавонад ва худро танҳо ҳис кардам».

ДӮСТИ хуб доштан аз симу зар беҳтар аст. Барои он ки дӯстӣ пойдор бошад, кӯшишу ғайрат лозим аст. Агар ягон чиз ба дӯстии ду шахс халал расонад, чӣ барои нигоҳ доштани он кӯмак расонда метавонад? Мо аз намунаи дӯстоне, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудаанду баъдтар дӯстиашон зери хатар қарор гирифт, бисёр чизро ёд гирифта метавонем.

ВАҚТЕ ДӮСТАМОН ХАТОГӢ МЕКУНАД

Довуд, ки пештар чӯпон буду баъд шоҳ шуд, дӯстони хуб дошт. Масалан, яке аз чунин дӯстони ӯ Йӯнотон буд (1 Подш. 18:1). Вале ғайр аз Йӯнотон, Довуд дигар дӯстон ҳам дошт. Яке аз онҳо пайғамбар Нотон буд. Дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки дӯстии онҳо кай сар шуд. Лекин Довуд ба Нотон чун ба дӯсташ такя мекард. Мисол вақте Довуд барои Яҳува маъбад сохтан мехост, маслиҳати Нотон чун дӯст ва пайғамбар барояш пурарзиш буд (2 Подш. 7:2, 3).

Аммо як воқеа дӯстии онҳоро зери хатар гузошт. Довуд солҳои зиёд ба Яҳува содиқ буд ва аз рӯи адолат амал мекард. Лекин баъдтар ӯ гуноҳи ҷиддӣ карда, бо Батшобаъ ҳамхоба шуд ва шавҳари ӯ, Уриёро кушт (2 Подш. 11:2–21). Бо Довуд чӣ шуд? Магар ӯ намефаҳмид, ки ин кораш гуноҳи ҷиддӣ аст? Ё ӯ фикр мекард, ки ин корашро аз назари Худо пинҳон карда метавонад?

Нотон чӣ кор кард? Оё ӯ гузошт, ки ягон каси дигар бо шоҳ дар бораи ин хатогиаш гап занад? Дигарон медонистанд, ки чӣ хел Довуд Уриёро кушт. Пас, оё ба Нотон шарт буд, ки ба ин кор дахолат карда дӯстиашро бо Довуд зери хатар монад? Нотон барои ин кораш ҳатто ҳаёташро аз даст дода метавонист. Охир Довуд аллакай одами бегуноҳ, Уриёро кушт-ку.

Лекин Нотон пайғамбари Худо буд. Ӯ медонист, ки агар ба ин кор дахолат накунад, муносибаташ бо Довуд вайрон мешавад ва виҷдонаш ӯро азоб медиҳад. Дӯсти ӯ Довуд кори нодуруст карда Яҳуваро ранҷонд. Ва барои барқарор кардани муносибаташ бо Яҳува, ӯ ба кӯмак ниёз дошт. Бале, ба Довуд дӯсти ҳақиқӣ даркор буд ва Нотон айнан чунин дӯст буд. Барои фаҳмондани вазъият, Нотон ба Довуд мисолеро овард, ки ба дили ӯ таъсир кард. Нотон хабари Худоро ба Довуд тавре расонд, ки ӯ ҷиддӣ будани гуноҳашро фаҳмида тавба кард (2 Подш. 12:1–14).

Агар дӯсти шумо хатогӣ ё гуноҳи ҷиддӣ кунад-чӣ? Шояд дар ин вақт шумо фикр кунед, ки агар гуноҳашро ба дӯстатон гӯед, ӯ хафа мешавад. Ё шояд шумо фикр кунед, ки агар ба пирон дар ин бора хабар диҳед, ба дӯстатон хиёнат мекунед. Пас, шумо чӣ кор мекардед?

Ҷанни, ки пештар дар борааш гуфтем, ба хотир меорад: «Ман ҳис кардам, ки чизе иваз шуд. Маурисио мисли пештара ба ман ҳама чизро намегуфт. Ҳарчанд бароям осон набуд, ман дар бораи кори шудагӣ бо ӯ гап заданӣ будам. Ман ғам хӯрда аз худ мепурсидам: “Ба ӯ чӣ гӯям, ки вай ҳоло намедонад? Вай баъди гапҳои ман чӣ кор мекарда бошад?” Лекин ҳама чизҳои якҷоя омӯхтаамонро ба ёд оварда ман қувват гирифтам, ки бо вай гап занам. Вақте ки ба ман кӯмак даркор буд, Маурисио айнан ҳамин хел кард. Ман намехостам, ки риштаи дӯстиамон канда шавад. Аммо ба ӯ кӯмак намуда ғамхориамро нишон додан мехостам».

Маурисио илова кард: «Ҷанни самимӣ буд ва гапҳояш ҳақ буданд. Ман медонистам, ки натиҷаи кори нодурустам айби ӯ ё Яҳува набуд. Барои ҳамин ман ба маслиҳати пирон гӯш додам ва бо гузашти вақт муносибатамро бо Худо барқарор кардам».

ВАҚТЕ КИ ДӮСТӢ ДАР ХАТАР АСТ

Дӯсти дигари Довуд Ҳушой буд. Ӯ Довудро дар вақтҳои тангӣ дастгирӣ мекард. (2 Подш. 16:16; 1 Вақ. 27:33). Шояд вай дар дарбори Довуд хизмат мекард ва дӯсту рафиқи шоҳ буд. Ӯ баъзан дастуротҳои махфии шоҳро иҷро мекард.

Вақте ки писари Довуд Абшолӯм ҷойи падарашро гирифтанӣ шуд, бисёр исроилиён тарафдори ӯ шуданд, лекин Ҳушой дар байни онҳо набуд. Довуд гуреза шуд ва аз хиёнати писараш ва баъзе одамони боваринокаш рӯҳафтода шуда буд. Лекин ба ин нигоҳ накарда Ҳушой бо Довуд мондан мехост ва ҳатто ҳаёташро зери хатар гузошта, нақшаи Абшолӯмро вайрон кард. Ҳушой инро аз ҳисси ӯҳдадорӣ накард ва бо ин кораш исбот намуд, ки ӯ дӯсти ҳақиқист (2 Подш. 15:13–17, 32–37; 16:15–17:16).

Имрӯз бародарону хоҳарон дар ҷамъомад новобаста аз таъиноташон бо ҳам дӯст мебошанд ва ин ба кас хурсандӣ мебахшад. Аз корҳои онҳо маълум мешавад, ки дӯстиашон на аз маҷбурӣ, балки аз муҳаббат аст.

Бародаре бо номи Федерико инро дар ҳаёти худаш ҳис кард. Бо ёрии дӯсти азизаш Антонио ӯ душвориҳои ҳаёташро паси сар карда тавонист. Федерико нақл мекунад: «Вақте ки Антонио ба ҷамъомади мо омад, мо зуд дӯст шудем. Ҳардуи мо ходими ёвар будем ва бо якдигар ҳамкорӣ карда хурсандӣ мегирифтем. Чанде пас ӯро пири ҷамъомад таъйин карданд. Антонио бароям на танҳо дӯст, балки намунаи ибрат буд». Федерико бошад, ба роҳи нодуруст рафт. Бародарон зуд ба ӯ кӯмак расонданд, лекин вай дигар чун пешрав ва ходими ёвар хизмат карда наметавонист. Антонио ба ин чӣ хел муносибат кард?

Дар вақтҳои тангӣ Антонио дӯсташ Федерикоро гӯш карда рӯҳбаланд мекард

Федерико ба ёд меорад: «Ман медидам, ки чӣ хел Антонио ғаму дарди маро ҳис мекард. Вай кӯшиш менамуд, ки ба ман аз ҷиҳати эмотсионалӣ кӯмак расонад. Ӯ сахт мехост, ки ман аз нав ба Худо наздик шавам ва ӯ ҳеҷ гоҳ маро намепартофт. Вай доимо маро бармеангехт, ки сустӣ накарда рӯҳан ба по хезам». Антонио мегӯяд: «Ман вақти зиёдамро бо Федерико мегузарондам. Мехостам, ки ӯ дилашро ба ман холӣ карда ғаму дардашро гӯяд». Хушбахтона, бо гузашти вақт Федерико рӯҳан бақувват гашта аз нав пешрав ва ходими ёвар таъйин шуд. Антонио хулоса мекунад: «Ҳарчанд ҳоло мо дар ҷамъомадҳои гуногун хизмат кунем ҳам, аз пештара дида бо ҳам наздиктарем».

ОЁ КАСЕ АЗ ШУМО РӮ ГАРДОНДААСТ?

Агар дӯсти ҷониатон дар вақти тангӣ аз шумо рӯ гардонад, худатонро чӣ хел ҳис мекардед? Ҳарчанд ин гуна рафтор ба дил сахт мерасад, лекин мо бояд дӯстамонро бахшем ва нагузорем, ки риштаи дӯстиамон канда шавад.

Дар бораи воқеае, ки бо Исо ҳангоми дар замин буданаш рӯй дод, фикр кунед. Чанде пеш аз маргаш вай бо шогирдонаш вақти зиёди худро гузаронд ва онҳоро ҳатто дӯстони худ номид (Юҳ. 15:15). Лекин вақте ки Исоро дастгир карданд, чӣ шуд? Ҳамаи шогирдон ӯро партофта гурехтанд. Петрус дар пеши ҳама гуфт, ки ҳеҷ вақт Устодашро намепартояд. Лекин худи ҳамон шаб ӯ гуфт, ки Исоро намешиносад! (Мат. 26:31–33, 56, 69–75).

Исо медонист, ки дар ин озмоиш ӯро танҳо мемонанд. Вай метавонист, ки аз ин кори онҳо хафа шавад. Лекин баъд аз чанд рӯзи эҳё шуданаш, Исо бо шогирдонаш ҳамсӯҳбат шуд ва дар суханонаш ҳисси хафагӣ, қаҳр ё пушаймонӣ дида намешуд. Исо камбудиҳои шогирдонашро номбар накард ва дар бораи кори кардаашон ҳеҷ чиз нагуфт.

Баръакс, ӯ Петрус ва дигар шогирдонашро рӯҳбаланд кард. Ӯ ба онҳо боварӣ карда кори муҳими таълимдиҳиро супорид. Барои Исо шогирдонаш ҳоло ҳам дӯсти ӯ буданд. Муҳаббати ӯ ба шогирдонаш сахт таъсир кард ва онҳо минбаъд кӯшиш мекарданд, ки дигар аз Устодашон рӯй нагардонанд. Ғайр аз ин онҳо супориши додаи ӯро боғайрат иҷро карданд (Аъм. 1:8; Қӯл. 1:23).

Элвира ном хоҳаре нофаҳмиеро, ки байни ӯ ва дӯсти азизаш Ҷулиана шуда буд, ба ёд меорад. Элвира нақл мекунад: «Ӯ гуфт, ки аз кори кардаи ман хафа шудааст. Вай барои хафа шудан ҳақ дошт. Лекин аҷоиб ки ба хафагиаш нигоҳ накарда вай бештар дар бораи ман ғамхорӣ мекард. Ба ман маъқул шуд, ки вай на ба хатогии ман, балки ба зараре ки ман ба худам расонда метавонам, диққат дод. Ман аз Яҳува миннатдорам, ки бароям чунин дӯсти азизро додааст, ки беҳбудии маро аз ҳиссиёти худаш дида болотар мегузорад».

Хулоса, вақте ки риштаи дӯстӣ зери хатар аст, дӯсти хуб чӣ кор бояд кунад? Ӯ бояд тайёр бошад, ки дар вақти лозима бо дӯсташ кушоду равшан гап занад. Он гоҳ ин хел дӯст ба Нотон ва Ҳушой, ки дар вақтҳои душворӣ бо шоҳ Довуд буданд ва ба Исо, ки бо омодагӣ ҳаввориёнро бахшид, монанд мешавад. Оё шумо чунин дӯстед?