Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Даъват аз зулмот ба рӯшноӣ

Даъват аз зулмот ба рӯшноӣ

«Ӯ [Яҳува], ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст» (1 ПЕТ. 2:9).

СУРУДҲО: 1, 14

1. Дар бораи забтшавии Ерусалим нақл кунед.

СОЛИ 607 то э. мо лашкари Бобил бо сардории шоҳ Набукаднесари II Ерусалимро забт кард. Оиди муборизаи сахте, ки дар он ҷо рӯй дод, Китоби Муқаддас чунин мегӯяд: «Вай [Набукаднесар] ҷавонони онҳоро дар хонаи муқаддасашон бо шамшер кушт, ва бар ҷавонон ва дӯшизагон ва пирон ва мӯйсафедон шафқат нанамуд... Ва хонаи Худоро сӯзониданд, ва ҳисори Ерусалимро хароб карданд, ва ҳамаи қасрҳои онро ба оташ сӯзониданд, ва тамоми колои нафисаи онро несту нобуд карданд» (2 Вақ. 36:17, 19).

2. Яҳува чӣ огоҳие дод ва бо яҳудиён чӣ шуд?

2 Забт шудани Ерусалим барои яҳудиён навигарӣ набуд. Чунки Яҳува пешакӣ ба воситаи пайғамбарон огоҳ мекард, ки агар онҳо ба Қонунаш гӯш надиҳанд, ба асирии Бобил бурда мешаванд. Бисёр яҳудиён аз дами шамшер кушта шуданд ва касоне ки зинда монданд аз афташ боқимондаи умри худро дар асирии Бобил гузаронданд (Ирм. 15:2). Ҳаёташон дар асирӣ чӣ хел буд? Оё бо ходимони Худо чизи монанде ба мисли асирӣ дар Бобил рӯй дод? Агар ҳа, пас кай?

ҲАЁТ ДАР АСИРӢ

3. Чӣ тавр асирӣ дар Бобил аз ғуломӣ дар Миср фарқ мекард?

3 Чизе ки пайғамбарон пешгӯӣ карданд, иҷро шуд. Яҳува ба воситаи Ирмиё ба яҳудиён гуфт, ки онҳо ба асирӣ бурда мешаванд ва маслиҳат дод, ки вазъияти навро қабул кунанд ва то ҳадди имкон аз он баҳра баранд. Ӯ гуфт: «[Дар Бобил] хонаҳо бино карда, дар онҳо сокин шавед, ва боғҳо парвариш намуда, меваи онҳоро бихӯред. Ва осоиштагии он шаҳрро, ки Ман шуморо ба он ҷо ба асирӣ фиристодаам, биталабед, ва барои он пеши Худованд дуо гӯед, зеро ки дар осоиштагии он барои шумо осоиштагӣ хоҳад буд» (Ирм. 29:5, 7). Онҳое ки гапи Яҳуваро гирифтанд, дар асирӣ ҳаёти хуб доштанд. Дар он ҷо ба онҳо имкон дода мешуд, ки корҳои худро то андозае пеш баранд ва озодона дар ҳудуди давлат сафар кунанд. Дар он вақтҳо Бобил маркази савдо ва тиҷорат буд. Ҳуҷҷатҳои қадима нишон медиҳанд, ки дар асирӣ бисёр яҳудиён хариду фурӯшро ёд гирифтанд ва ҳунармандони моҳир гаштанд, ҳатто баъзеашон бой шуданд. Чи хеле мебинем, асирӣ дар Бобил аз ғуломӣ дар Миср, ки дар он исроилиён асрҳо азоб мекашиданд, тамоман фарқ дошт. (Хуруҷ 2:23–25-ро хонед.)

4. Дар қатори яҳудиёни саркаш боз киҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ азоб кашиданд ва чаро онҳо талаботи Қонунро пурра иҷро карда наметавонистанд?

4 Дар бораи ҳолати рӯҳонии яҳудиёни асиршуда чӣ гуфтан мумкин аст? Маъбади Яҳува ва қурбонгоҳ вайрон карда шуд ва коҳинон мисли пештара хизмати худро иҷро карда наметавонистанд. Ҳарчанд ба яҳудиёни содиқ лозим меомад, ки бо яҳудиёни саркаш азоб кашанд, лекин онҳо кӯшиш мекарданд, ки мувофиқи Қонуни Худо зиндагӣ кунанд. Масалан, Дониёл, Шедрак, Мешак ва Абнаҷу аз хӯрдани хӯроке ки яҳудиёнро нопок мекард, даст кашиданд. Ва чи хеле ки ба мо маълум аст, Дониёл бошад, одати мунтазам дуо гуфтанашро нигоҳ дошт (Дон. 1:8; 6:10). Лекин азбаски онҳо зери роҳбарии халқи бутпараст қарор доштанд аз рӯи талаботи Қонун пурра амал карда наметавонистанд.

5. Яҳува ба халқаш чӣ умед дод ва чаро ин ваъдааш имконнопазир метофт?

5 Оё ягон вақт халқи Исроил боз ба пуррагӣ Яҳуваро ибодат мекарда бошад? Дар он вақт ин амри маҳол метофт, чунки Бобил ҳеҷ вақт асиронашро озод намекард. Лекин Яҳува ваъда дод, ки халқаш озод мешавад ва ин дар ҳақиқат ҳам рӯй дод. Ваъдаи Худо ҳамеша иҷро мешавад! (Иш. 55:11).

МУҚОИСА БО РӮЗҲОИ МО

6, 7. Чаро ба мо лозим аст, ки фаҳмиши худро оиди асирии имрӯзаи Бобили бузург нав кунем?

6 Оё масеҳиён ягон вақт чизеро ба мисли асирӣ дар Бобил аз сар гузаронданд? Пеш дар «Бурҷи дидбонӣ» гуфта мешуд, ки масеҳиёни содиқ соли 1918 дар асирии Бобил буданд ва соли 1919 аз он озод шуданд. Лекин дар ин мақола ва мақолаи навбатӣ мо мефаҳмем, ки чаро фаҳмиши худро бояд нав кунем.

7 Халқи Худо соли 1918 дар асирии Бобил набуд. Зеро Бобили бузург империяи ҷаҳонии дини дурӯғ аст. Барои асири дини дурӯғ будан халқи Худо бояд соли 1918 зери итоати он мебуд. Вале далелҳо нишон медиҳанд, ки даҳсолаҳо пеш аз Ҷанги Якуми Ҷаҳон тадҳиншудагон аллакай аз Бобили бузург озод шуда буданд. Рост аст, ки тадҳиншудагон дар Ҷанги Якуми Ҷаҳон зери фишор қарор доштанд, вале онҳоро асосан ҳокимиятдорон таъқиб мекарданд, на империяи дини дурӯғ.

КАЙ ХАЛҚИ ХУДО АСИРИ БОБИЛ ШУД

8. Баъд аз марги ҳаввориён чӣ рӯй дод? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

8 Дар Пантикости соли 33-юми э. мо ҳазорҳо масеҳиён бо рӯҳи муқаддас тадҳин шуданд. Ин масеҳиёни нав «насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас... мулки азизи Худо дониста» шуданд. (1 Петрус 2:9, 10-ро хонед.) Ҳаввориён то охири умрашон нисбати ҷамъомадҳо сахт ғамхорӣ мекарданд. Вале баъд аз марги онҳо одамоне пайдо шуданд, ки фикрҳои нодурустро таълим дода шогирдонро аз ҳақиқат дур мекарданд. Ин мардон Аристотел ва Платонро дӯст медоштанд ва ба ҷои ҳақиқати Каломи Худо фикрҳои ин файласуфонро таълим медоданд (Аъм. 20:30; 2 Тас. 2:6–8). Бисёри ин мардон дар ҷамъомад таъинотҳо доштанд ва чун нозирон хизмат мекарданд. Ҳарчанд Исо гуфта буд, ки «ҳамаи шумо бародаронед», вале ба ин нигоҳ накарда синфу табақаҳои рӯҳонӣ пайдо шуданд (Мат. 23:8).

9. Фаҳмонед, ки чӣ тавр масеҳиёни осӣ бо ҳокимиятдорони Рум ҳамкорӣ карданро сар карданд ва ин чӣ натиҷа овард.

9 Дар соли 313 фаъолияти ин масеҳиёни осӣ аз тарафи императори бутпарасти Рум Константин ба қайди расмӣ дароварда шуд. Баъд аз ин Калисо бо ҳокимиятдорони Рум зич ҳамкорӣ мекард. Масалан, Константин бо роҳбарони дин вохӯрӣ гузаронд, ки он чун Шӯрои Никей шинохта мешавад. Пас аз ин вохӯрӣ император Константин коҳин Арийро барои Исоро чун Худо эътироф накарданаш бадарға кард. Баъдтар бошад, зери роҳбарии император Феодосий I (379–395 э. мо) Калисои католикӣ дар империяи Рум дини асосӣ гашт. Таърихчиён мегӯянд, ки дар вақти роҳбарии император Феодосий I давлати Рум дини «масеҳӣ»-ро қабул кард. Лекин ҳақиқат дар он аст, ки он вақт масеҳиёни осӣ таълимоти бутпарастонро қабул карда худашон қисми Бобили бузург гаштанд. Ба ҳар ҳол дар байни онҳо то ҳол баъзе масеҳиёни тадҳиншудаи содиқ буданд. Онҳо ба гандуме монанд буданд, ки Исо дар борааш гуфта буд. Тадҳиншудагон дар ибодати Яҳува ҳар кори аз дасташон меомадаро мекарданд, лекин ҳеҷ кас ба суханони онҳо гӯш намедод. (Матто 13:24, 25, 37–39-ро хонед.) Бале, онҳо дар асирии Бобил буданд!

10. Чаро одамон таълимоти калисоро рад карданд?

10 Дар асрҳои аввали эраи мо бисёриҳо Китоби Муқаддасро ҳам ба забони юнонӣ ва ҳам ба лотинӣ хонда метавонистанд. Аз ин рӯ одамон таълимоти Китоби Муқаддасро бо таълимоти калисо муқоиса карда метавонистанд. Дар асоси чизи аз Каломи Худо таълим гирифтаашон баъзеи онҳо ҷонашонро дар хатар монда таълимотеро, ки бар Китоби Муқаддас асос намеёфт, ошкоро рад мекарданд.

11. Роҳбарони дин чӣ кор мекарданд?

11 Бо гузашти вақт одамони кам ба забони юнониву лотинӣ гап мезаданд ва роҳбарони дин намегузоштанд, ки Китоби Муқаддас ба забони оммафаҳм тарҷума шавад. Дар натиҷа танҳо коҳинон ва баъзе одамони маълумотнок Китоби Муқаддасро барои худашон мехонданд, ҳатто баъзеашон нағз хондаю навишта наметавонистанд. Касе ки бо таълимоти калисо розӣ намешуд, бераҳмона ҷазо медоданд. Гурӯҳи хурди тадҳиншудагони содиқ бояд якҷоя ҷамъ мешуданд ва баъзан ин осон набуд. Ба мисли яҳудиёни дар Бобил асиргашта тадҳиншудагон чун «каҳонати шоҳона» Яҳуваро ба таври лозима ибодат карда наметавонистанд. Бобили бузург одамонро сахт назорат мекард!

НУРИ ҲАҚИҚАТ ДУРАХШОН ШУД

12, 13. Кадом ду чиз ба сустшавии ҳокимияти Бобили Бузург таъсир кард? Фаҳмонед.

12 Оё масеҳиёни ҳақиқӣ ягон вақт озодона ва ба таври лозима Худоро ибодат карданд? Албатта! Ба шарофати ду чизи муҳим нури ҳақиқат дар олами зулмот дурахшид. Якум, ин дар миёнаҳои асри 15 ихтирои дастгоҳи чопкунӣ бо қолаби ҳуруфчинӣ мебошад. Пеш аз пайдо шудани чунин дастгоҳҳо Китоби Муқаддас дастакӣ нусхабардорӣ карда мешуд, ки ин кор он қадар осон набуд. Ба шахси бомаҳорат даҳ моҳ лозим буд, ки як нусхаи Китоби Муқаддасро тайёр кунад! Ҳамчунин шахсоне ки Каломи Худоро нусхабардорӣ мекарданд, онро дар пергамент ё пӯсти ҳайвон менавиштанд. Дар натиҷа ин нусхаҳои Китоби Муқаддас хеле камёфт ва қимат буданд. Аммо бо дастгоҳи чопкунӣ ва варақ шахси бомаҳорат дар як рӯз зиёда аз 1300 саҳифаро чоп карда метавонист!

Дастгоҳҳои чопкунӣ ва тарҷумонони нотарси Китоби Муқаддас ба озодшавӣ аз Бобил бузург умед бахшиданд (Ба сархатҳои 12 ва 13 нигаред.)

13 Дуюм чиз ин тарҷумаҳои Китоби Муқаддас буд. Якчанд одами нотарс дар аввали асри 16 ҳаёти худро зери хатар гузошта, Каломи Худоро ба забони оммафаҳм тарҷума карданд. Роҳбарони дин аз ин ба ваҳм омаданд. Чаро? Зеро онҳо метарсиданд, ки агар одамони самимӣ Китоби Муқаддасро ба забони модариашон хонанд, онҳо саволдиҳиро сар мекунанд: «Дар куҷои Китоби Муқаддас дар бораи дӯзах гуфта шудааст? Дар куҷои Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки барои гӯру чӯб ба коҳин пул додан даркор? Магар дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки коҳинон бояд ба табақаҳо ҷудо шаванд?» Аз назари калисо ин кори онҳо рафтори нодуруст ҳисобида мешуд. Калисо бо ин мубориза мебурд. Мардону занон барои рад кардани таълимоти калисо, ки ба фалсафаи Аристотел ва Платон асос меёфт, ҳукм карда мешуданд. Калисо ба марг маҳкум мекард, ҳокимиятдорон бошанд, ин амрро иҷро мекарданд. Ба роҳбарони дин маъқул набуд, ки одамон Китоби Муқаддасро хонанд ва ба онҳо савол диҳанд. Ва ба ин мақсадашон мерасиданд. Ба ин нигоҳ накарда одамони нотарсе буданд, ки зери итоати Бобили бузург мондан намехостанд. Онҳо ҳақиқатро фаҳмида дар бораи Худо бисёртар донистан мехостанд. Озодӣ аз дини дурӯғ наздик буд.

14. а) Одамоне ки Китоби Муқаддасро омӯхтан мехостанд чӣ кор карданд? б) Фаҳмонед, ки чӣ тавр бародар Рассел ҳақиқатро ҷустуҷӯ кард.

14 Бисёр одамоне ки ташнаи ҳақиқати Китоби Муқаддас буданд ба давлатҳое кӯчиданд, ки дар он ҷо таъсири калисо камтар дида мешуд. Онҳо мехостанд, ки Китоби Муқаддасро хонанд, омӯзанд ва дар бораи чизи фаҳмидаашон ба дигарон гап зананд. Дар охири солҳои 1800-ум дар Иёлоти Муттаҳида Чарлз Тейз Рассел бо якчанд рафиқонаш тадқиқот бурдани Китоби Муқаддасро сар кард. Дар аввал бародар Рассел фаҳмидан мехост, ки кадом динҳо ҳақиқатро таълим медиҳанд. Вай бодиққат таълимоти бисёр динҳои гуногун, ҳатто ғайримасеҳиро бо гуфтаҳои Китоби Муқаддас муқоиса кард. Баъдтар ӯ фаҳмид, ки дине нест, ки пурра аз рӯи гуфтаҳои Каломи Худо рафтор кунад. Вай бо роҳбарони якчанд калисоҳои маҳаллӣ гап зад ва умед дошт, ки ин мардон ҳақиқатеро, ки ӯ ва рафиқонаш аз Китоби Муқаддас фаҳмиданд, қабул мекунанд ва ба аъзоёни ҷамъомадашон таълим медиҳанд. Вале, роҳбарони дин ба ин шавқ надоштанд. Баъдтар Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас фаҳмиданд, ки ҳамроҳи касоне ки қисми дини дурӯғ ҳастанд, Худоро ибодат карда наметавонанд. (2 Қӯринтиён 6:14-ро хонед.)

15. а) Кай масеҳиёни ҳақиқӣ асири Бобили бузург шуданд? б) Дар мақолаи навбатӣ кадом саволҳоро муҳокима мекунем?

15 Аз ин мақола мо фаҳмидем, ки масеҳиёни ҳақиқӣ чанде пас аз марги охирон ҳавворӣ асири Бобили бузург, яъне дини дурӯғ шуданд. Лекин ба ҳар ҳол мо бояд ба саволҳои зерин ҷавоб ёбем: «Боз кадом далелҳо исбот мекунанд, ки тадҳиншудагон пеш аз соли 1914 аз ғуломии Бобили бузург озод шуда буданд? Оё рост аст, ки Яҳува аз сабаби сустшавии кори мавъиза дар вақтҳои Ҷанги Якуми Ҷаҳон аз ходимонаш норозӣ буд? Оё дар он вақтҳо бародарони мо аз мавқеи бетарафии худ даст кашида илтифоти Яҳуваро гум карданд? Агар масеҳиён дар асри ду ғуломи дини дурӯғ шуда бошанд, пас кай озод шуданд?» Ба ин саволҳо дар мақолаи навбатӣ ҷавоб меёбем.