Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо Каломи Худоро пурарзиш меҳисобед?

Оё шумо Каломи Худоро пурарзиш меҳисобед?

«Шумо каломи Худоро... на ҳамчун каломи одамизод қабул кардед, балки ҳамчун каломи Худо, ки он дар ҳақиқат чунин аст» (1 ТАС. 2:13).

СУРУДҲО: 44, 40

1–3. Авҳӯдия ва Сунтихӣ эҳтимол бо чӣ рӯ ба рӯ шуданд ва чӣ тавр мо аз ин гуна душвориҳо даргурез буда метавонем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ХОДИМОНИ Яҳува Китоби Муқаддасро пурарзиш меҳисобанд. Азбаски мо нокомилем баъзан ба мо аз Навиштаҳо маслиҳат дода мешавад. Мо ба ин гуна маслиҳатҳо чӣ хел муносибат мекунем? Биёед дар бораи масеҳиёни асри як Авҳӯдия ва Сунтихӣ мулоҳиза меронем. Дар байни ин ду зани тадҳиншуда душвории ҷиддие ба миён омад. Кадом душворӣ? Китоби Муқаддас дар ин бора чизе намегӯяд. Лекин барои тасаввур кардан, биёед тахмин мекунем.

Тасаввур кунед, ки Авҳӯдия баъзе бародарону хоҳаронро ба хонааш ба меҳмонӣ таклиф кард. Вале Сунтихиро таклиф накард. Вақте Сунтихӣ дар ин бора шунид, ӯ шояд чунин гуфта метавонист: «Бовариям намеояд, ки Авҳӯдия маро таклиф накард. Ман фикр мекардам, ки мо дугонаи ҷонием». Сунтихӣ худро беқадр ҳис карда, дилаш аз Авҳӯдия монд ва ба ӯ бо шубҳа нигариста ҳатто бадгумонӣ мекард. Барои ҳамин вай бар қасди ӯ ҳамон бародарону хоҳаронро ба хонааш таклиф мекунаду лекин Авҳӯдияро не. Ин нофаҳмие, ки байни Авҳӯдия ва Сунтихӣ сар зад, осоиштагии тамоми ҷамъомадро вайрон карда метавонист. Дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки дар натиҷа чӣ шуд, аммо ин хоҳарон шояд ба маслиҳати меҳрубононаи Павлус гӯш доданд (Флп. 4:2, 3).

3 Имрӯз низ чунин вазъиятҳо баъзан дар ҷамъомади халқи Яҳува ба амал меоянд. Ба ҳар ҳол, агар мо маслиҳати Китоби Муқаддасро ба кор барем, пас чунин душвориҳоро ҳал карда, ё ҳатто аз онҳо даргурез буда метавонем. Агар мо Каломи Худоро хеле қадр кунем, аз рӯи дастуроти он зиндагӣ хоҳем кард (Заб. 26:11).

КАЛОМИ ХУДО ВА ҲИССИЁТИ ОДАМӢ

4, 5. Китоби Муқаддас дар бораи идора кардани ҳиссиётамон ба мо чӣ маслиҳат медиҳад?

4 Агар мо нисбати худ хунукназарӣ ё муносибати беадолатонаро ҳис кунем, пас идора кардани эҳсосотамон на он қадар осон мешавад. Агар нисбати мо аз сабаби нажод, ранги пӯст ё дигар фарқияти ҷисмонӣ нодуруст муносибат кунанд, ин моро ғамгин карда метавонад. Вақте ҳамимонон бо мо чунин муносибат мекунанд, ин аламовар аст! Ҳангоми бо чунин рафтори нодуруст рӯ ба рӯ шудан, оё Китоби Муқаддас ба мо ёрдам карда метавонад?

5 Яҳува муносибати одамонро аз саршавии ҳаёти инсон мушоҳида мекунад. Ӯ ба эҳсосот ва амали онҳо диққат медиҳад. Фикрҳое, ки фишори хуни моро баланд мекунанд, метавонанд ба сухан ё амале тела диҳанд, ки ба пушаймонӣ оварда мерасонад. Аз рӯи хирад мебуд, агар мо маслиҳати Китоби Муқаддасро ба кор бурда худро ба даст гирем ва зудранҷ набошем. (Масалҳо 16:32 ва Воиз 7:9-ро хонед.) Бешубҳа, ба ҳамаи мо лозим аст, ки камтар ба ҳиссиёт дода шуда, бештар бахшанда бошем. Яҳува ва Исо ба бахшидан хеле ҷиддӣ муносибат мекунанд (Мат. 6:14, 15). Оё ба шумо лозим аст, ки бештар бахшанда бошед ва ё ба идора кардани ҳиссиётатон диққат диҳед?

6. Чаро мо бояд худро аз бадқаҳрӣ муҳофизат кунем?

6 Одамоне ки эҳсосоти худро идора карда наметавонанд, одатан бадқаҳранд. Аз ин сабаб дигарон ҳамроҳашон будан намехоҳанд. Шахси бадқаҳр ба ҷамъомад таъсири бад расонда метавонад. Ӯ алам ё ҳатто нафрати худро шояд нишон надиҳад, лекин ҳиссиёти баде ки дар дилаш ҷой гирифтааст «оқибат... дар миёни ҷамоат ошкор мегардад» (Мас. 26:24–26). Пирон ба чунин шахсон мефаҳмонанд, ки дар ташкилоти Худо барои бадқаҳрӣ, нафрат ё кинагирӣ ҷой нест. Яҳува дар Каломаш оиди ин хислатҳо аниқу равшан гуфтааст (Ибд. 19:17, 18; Рум. 3:11–18). Оё шумо бо ин розиед?

ДАР ЁД ДОРЕД, КИ МО РОҲНАМО ДОРЕМ

7, 8. а) Чӣ тавр Яҳува қисми заминии ташкилоташро роҳнамоӣ мекунад? б) Баъзе аз дастуротҳое, ки Каломи Худо пешкаш мекунад, кадоманд ва чаро мо бояд онҳоро риоя кунем?

7 Яҳува қисми заминии ташкилоташро ба воситаи «ғуломи мӯътамад ва доно» зери роҳбарии Масеҳ роҳнамоӣ мекунад ва ғизо медиҳад (Мат. 24:45–47; Эфс. 5:23). Мисли ҳайати роҳбарикунандаи асри як ин ғулом, Калом ё хабари илҳомбахшидаи Худоро қабул карда онро хеле қадр мекунад. (1 Таслӯникиён 2:13-ро хонед.) Баъзе аз дастуротҳое, ки Китоби Муқаддас барои манфиати мо пешкаш мекунад, кадоманд?

8 Китоби Муқаддас ба мо амр медиҳад, ки мунтазам ба вохӯриҳо ташриф орем (Ибр. 10:24, 25). Он моро бармеангезад, ки як чизро таълим диҳем (1 Қӯр. 1:10). Каломи Худо мегӯяд, ки кори Салтанатро дар ҷойи аввали ҳаётамон гузорем (Мат. 6:33). Дар он ҳамчунин вазифа ва имтиёзи хона ба хона, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ғайрирасмӣ мавъиза карданро қайд шудааст (Мат. 28:19, 20; Аъм. 5:42; 17:17; 20:20). Каломи Худо ба пирони ҷамъомад мегӯяд, ки ташкилоти Ӯро пок нигоҳ доранд (1 Қӯр. 5:1–5, 13; 1 Тим. 5:19–21). Ҳамчунин Яҳува амр дод, ки мо бояд аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ тоза бошем (2 Қӯр. 7:1).

9. Ягона воситае, ки имрӯз барои фаҳмидани Каломи Худо истифода мешавад, кадом аст?

9 Баъзеҳо фикр мекунанд, ки худашон Китоби Муқаддасро маънидод карда метавонанд. Вале Исо ягона восита, яъне ғуломи мӯътамадро барои додани ғизои рӯҳонӣ таъин намуд. Аз соли 1919 сар карда Исои Масеҳ ғуломро истифода мебарад, то ба пайравонаш барои фаҳмидани Китоби Муқаддас ва аз рӯи гуфтаҳои он амал намудан, кӯмак расонад. Ба дастуроти Каломи Худо итоат карда, мо покӣ, сулҳ ва ягонагиро дар ҷамъомад нигоҳ медорем. Хуб мебуд, агар ҳар яки мо аз худ пурсем: «Оё ман ба он воситае ки Исо имрӯз истифода мебарад, вафодорам?»

АРОБАИ ЯҲУВА ДАР ҲАРАКАТ АСТ!

10. Қисми осмонии ташкилоти Яҳува дар китоби Ҳизқиёл чӣ хел тасвир шудааст?

10 Каломи Худо моро бо қисми осмонии ташкилоти Яҳува шинос мекунад. Масалан, пайғамбар Ҳизқиёл дар рӯъё қисми осмонии ташкилоти Худоро, ки ба воситаи аробаи осмонӣ тасвир шуда буд, дид (Ҳиз. 1:4–28). Ин аробаро Яҳува идора мекунад ва он ба куҷое ки Ӯ хоҳад, равона мешавад. Аз ин рӯ гуфтан мумкин аст, ки қисми осмонии ташкилоти Яҳува қисми заминии ташкилоташро роҳнамоӣ мекунад. Бешубҳа ин ароба дар як ҷо намеистад! Дар бораи дигаргуниҳои бисёре, ки даҳ соли охир дар ташкилот рӯй доданд, фикр кунед ва фаромӯш накунед, ки Яҳува сабабгори ин дигаргуниҳост. Аробаи Яҳува бо Масеҳ ва фариштагон тез ба пеш ҳаракат карда истодаанд, то ин ҷаҳонро нест карда ҳақ будани ҳокимияти Худоро исбот кунанду номашро муқаддас гардонанд!

Мо хеле миннатдорем аз ихтиёриёне, ки дар кори сохтмон боғайратона иштирок мекунанд! (Ба сархати 11 нигаред.)

11, 12. Қисми заминии ташкилоти Яҳува кадом корҳоро карда истодааст?

11 Дар бораи корҳое, ки қисми заминии ташкилоти Яҳува дар ин рӯзҳои охир карда истодааст, мулоҳиза ронед. Сохтмон. Садҳо коргарон дар сохтани бинои нави Идораи марказии Шоҳидони Яҳува дар Уорвик (Ню-Йорк, ИМА) иштирок мекунанд. Зери роҳбарии Шӯъбаи лоиҳа ва сохтмони умумиҷаҳонӣ ҳазорҳо ихтиёриён аз тамоми ҷаҳон дар сохтани биноҳои нави Толори Салтанат ва филиалҳо заҳмат мекашанд. Мо аз ин ихтиёриён хеле миннатдорем, ки дар кори сохтмон боғайратона меҳнат мекунанд. Дар хотир доред, ки Яҳува воизони Салтанатро, ки фурӯтанона ва содиқона кори сохтмонро аз рӯи имконият бо маблағи худ дастгирӣ мекунанд, баракат медиҳад (Луқ. 21:1–4).

12 Таълим. Мактабҳои гуногуне ҳастанд, ки дар бораи Худо дониши моро васеъ мекунанд (Иш. 2:2, 3). Ба онҳо дохил мешаванд: Мактаби пешравон, Мактаб барои воизони Салтанат, Мактаби Ҷилъод, Мактаб барои байтилчиёни нав, Мактаб барои нозирони ноҳиявӣ ва ҳамсаронашон, Мактаб барои пирони ҷамъомад, Мактаби хизмат ба Салтанати Худо ва Мактаб барои аъзоёни Кумитаи филиалҳо ва ҳамсаронашон. Аз ин бармеояд, ки Яҳува таълим додани халқашро хеле дӯст медорад. Ҳамчунин дар бораи Китоби Муқаддас ба воситаи вебсайтамон, jw.org, ки дар он адабиёт ба садҳо забон дастрас аст, таълим гирифтан мумкин аст. Дар ин сайт ҳам барои кӯдакон, ҳам барои оилаҳо ва ҳам барои хабарҳо қисми махсус ҷудо карда шудааст. Оё шумо дар хизмат ва ибодати оилавӣ сайти jw.org-ро истифода мебаред?

БА ЯҲУВА ВАФОДОР БУДА ТАШКИЛОТАШРО ДАСТГИРӢ КУНЕД

13. Чун ходими содиқи Яҳува мо ба чӣ вазифадорем?

13 Қисми ташкилоти Яҳува будан имтиёзи бузург аст! Донистани талабот ва меъёрҳои Худо моро вазифадор мекунад, ки дуруст рафтор карда ҳокимияти Ӯро дастгирӣ кунем. Азбаски ин ҷаҳон торафт ба корҳои бад ғӯтида истодааст, мо бояд мисли Яҳува «аз бадӣ нафрат» кунем (Заб. 96:10). Мо ба бадкорон ҳамроҳ нашуда «бадиро некӣ, ва некиро бадӣ» намегӯем (Иш. 5:20). Азбаски мо ба Худо писанд омадан мехоҳем, кӯшиш мекунем, ки ҷисман, ахлоқан ва рӯҳан пок монем (1 Қӯр. 6:9–11). Мо Яҳуваро дӯст медорем ва ба Ӯ такя мекунем. Аз рӯи меъёрҳое, ки дар Китоби Муқаддас аниқу равшан гуфта шудааст, зиндагӣ карда, мо садоқатмандии худро ба Худо нишон медиҳем. Ва ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, то дар хона, ҷамъомад, кор, мактаб ва умуман дар ҳама ҷо мувофиқи ин меъёрҳо амал намоем (Мас. 15:3). Биёед ҳоло дигар роҳҳоеро, ки ба воситаи онҳо ба Худо содиқиамонро нишон дода метавонем, дида бароем.

14. Чӣ тавр волидон ба Худо вафодориашонро нишон дода метавонанд?

14 Тарбияи кӯдак. Кӯдаконро аз рӯи Каломи Худо таълим дода волидони масеҳӣ ба Яҳува вафодориашонро нишон медиҳанд. Волидони худотарс аз рӯи фикру ақидаи одамони маҳаллашон кӯдаки худро тарбия намекунанд. Рӯҳияи ин ҷаҳон набояд дар оилаи Шоҳидони Яҳува дида шавад (Эфс. 2:2). Падаре, ки таъмид гирифтааст, набояд чунин фикр кунад: «Дар ҷойи мо кӯдаконро зан тарбия мекунад». Дар Китоби Муқаддас оиди ин чунин гуфта шудааст: «Падарон, фарзандони худро... дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунед» (Эфс. 6:4). Падару модари худотарс мехоҳад, ки фарзандаш мисли Самуил бо Яҳува муносибати наздик дошта бошад (1 Подш. 3:19).

15. Чӣ тавр мо ҳангоми баровардани қарор ба Яҳува содиқиамонро нишон дода метавонем?

15 Баровардани қарор. Дигар роҳи ба Яҳува нишон додани содиқӣ, ин пеш аз баровардани қарор аз Каломи Худо ва ташкилоти Ӯ кӯмак пурсидан мебошад. Барои фаҳмидани он ки то чӣ андоза ин муҳим аст, биёед мавзӯи нозукро, ки ба бисёр волидон тааллуқ дорад, дида бароем. Махсусан дар байни муҳоҷирон чунин одат шудааст, ки кӯдаки худро ба хешу таборашон месупоранд, то ки худашон дар дигар шаҳр пул кор карда тавонанд. Албатта, ин қарори шахсист, лекин мо бояд дар ёд дорем, ки ҳар як кас барои қарорҳояш дар назди Худо ҷавоб медиҳад. (Румиён 14:12-ро хонед.) Оё аз рӯи хирад мебуд, агар мо дар бораи оила ё кор бе маслиҳати Китоби Муқаддас қарори ҷиддӣ барорем? Албатта, не. Мо ба кӯмаки Падари осмониамон мӯҳтоҷем, зеро бе ёрдами вай қадамҳои худро равона карда наметавонем (Ирм. 10:23).

16. Модаре ҳангоми таваллуд шудани кӯдакаш чӣ гуна интихоб дошт ва чӣ ба ӯ кӯмак расонд, ки қарори дуруст барорад?

16 Зане ҳангоми дар дигар давлат буданаш писарчае таваллуд кард. Вай мехост, ки кӯдакашро ба хусуру хушдоманаш фиристонад. Дар ин ҳангом вай бо зане, ки Шоҳиди Яҳува буд, омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Вай хеле нағз омӯзиш мекард ва фаҳмид, ки чун модар вазифадор аст, ки фарзандашро чун ходими Яҳува тарбия кунад (Заб. 126:3; Эфс. 6:4). Бинобар ин ӯ аз рӯи маслиҳати Навиштаҳо амал намуда ба Яҳува дилашро холӣ кард (Заб. 61:8, 9). Ӯ ин масъаларо ҳамчунин бо хоҳаре, ки ҳамроҳаш омӯзиш мекард ва бо дигар аъзоёни ҷамъомад муҳокима намуд. Ҳарчанд хешутабор ва дӯстонаш ба ӯ фишор оварда мегуфтанд, ки кӯдакашро фиристад, вай ба хулосае омад, ки писарашро фиристодан нодуруст мебуд. Шавҳараш бошад, медид, ки чӣ тавр аъзоёни ҷамъомад бо омодагӣ ба ёрдами онҳо мешитобанд ва ҳамчунин чӣ қадар кӯдакаш солиму хушбахт аст. Дар натиҷа ӯ омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард ва бо зану кӯдакаш ба вохӯриҳо меомадагӣ шуд. Ба фикри шумо оё ин зан ҳис кард, ки Яҳува ба дуои самимиаш ҷавоб дод? Бешубҳа!

17. Мо нисбати омӯзандагони Китоби Муқаддас чӣ хел дастурот гирифта будем?

17 Аз рӯи дастурот амал кардан. Роҳи муҳими нишон додани вафодорӣ ба Яҳува ин аз рӯи дастуроте, ки ба воситаи ташкилоташ мегирем, амал кардан аст. Масалан, биёед пешниҳодҳое, ки нисбати омӯзандагони Китоби Муқаддас дода шуда буданд, дида бароем. Чунин маслиҳат дода шуда буд, ки агар бо омӯзанда мунтазам аз рӯи китоби «Таълимот» омӯзиш гузаронем, пас баъди ҳар як омӯзиш панҷ дақиқа ҷудо карда дар бораи ташкилотамон ба вай маълумот дода метавонем. Барои ин мо аз видеонавори «Дар Толори Салтанат чӣ рӯй медиҳад?» ва брошураи «Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?» истифода бурда метавонем. Вақте мо бо омӯзандаи фаъол китоби «Таълимот»-ро тамом мекунем, маслиҳат дода шуда буд, ки ҳатто баъди таъмидгирӣ китоби «Муҳаббати Худо»-ро ҳамроҳаш омӯзем. Ташкилот ин дастуротро барои он дод, то шогирдони нав «дар имон мустаҳкам» шаванд (Қӯл. 2:7). Оё шумо чунин пешниҳодҳои ташкилоти Яҳуваро ба кор мебаред?

18, 19. Баъзе аз сабабҳои миннатдор будан ба Яҳува кадоманд?

18 Барои миннатдор будан ба Яҳува мо сабабҳои бисёр дорем. Мо як умр аз Яҳува қарздорем, чунки бе ёрдами Ӯ мо ҳатто ҳаракат карда ё вуҷуд дошта наметавонистем (Аъм. 17:27, 28). Яҳува ба мо ҳадияи бебаҳо, яъне Китоби Муқаддасашро дод. Мо бо миннатдорӣ онро чун хабари Худо қабул кардем. Бо ин амаламон мо мисли масеҳиёни Таслӯникӣ, ки суханони Худоро шуниданду қабул карданд, рафтор кардем (1 Тас. 2:13).

19 Мо ба Яҳува ба воситаи Каломаш наздик шудем ва Ӯ низ ба мо наздик шуд (Яъқ. 4:8). Падари осмониамон ба мо имтиёзи олиҷаноби қисми ташкилоти Ӯ буданро тӯҳфа кард. Мо барои чунин баракатҳо хеле миннатдорем! Забурнавис гуфт: «Худовандро ҳамд гӯед, зеро ки некӯст; зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст» (Заб. 135:1). Дар Забур 135 бисту шаш бор ибораи «эҳсони Ӯ то абад аст»-ро дидан мумкин. Вақте мо ба Яҳува ва ташкилоташ содиқ мемонем, он гоҳ ҳақ будани ин суханонро дар худ ҳис карда то абад зиндагӣ хоҳем кард.