Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Кор бузург аст»

«Кор бузург аст»

ДАР Ерусалим вохӯрии муҳиме мегузашт. Шоҳ Довуд ҳамаи сарварон, хоҷасароён ва паҳлавононро ҷамъ кард. Эълони махсус садо дод. Яҳува писари Довуд Сулаймонро вазифадор кард, ки барои ибодати Худои ҳақиқӣ бинои ғайриоддие созад. Шоҳи солхӯрдаи Исроил зери илҳоми Худо нақшаи ин биноро тартиб дод ва онро ба Сулаймон супорид. Довуд гуфт: «Кор бузург аст, зеро ки ин қалъа на аз барои одамизод аст, балки барои Худованд Худо» (1 Вақ. 28:1, 2, 6, 11, 12; 29:1).

Баъд аз ин Довуд пурсид: «Пас кист, ки имрӯз ба таври ихтиёрӣ барои Худованд ионат [ҳадия, ТДН] диҳад?» (1 Вақ. 29:5). Агар шумо дар он ҷо мебудед, ба ин савол чӣ хел ҷавоб медодед? Оё шумо ин кори бузургро дастгирӣ мекардед? Исроилиён зуд амал карда «аз ионатҳои ихтиёрии худ шод гардиданд, зеро ки бо дили комил барои Худованд ионат доданд» (1 Вақ. 29:9).

Асрҳо пас Яҳува аз маъбад дида чизи бузургтареро барпо намуд. Ин маъбади рӯҳониест, ки ба воситаи он одамизод дар асоси қурбонии Масеҳ ба Яҳува наздик шуда метавонад (Ибр. 9:11, 12). Имрӯзҳо чӣ тавр Яҳува ба одамон ёрдам мекунад, ки бо Ӯ оштӣ шаванд? Ба воситаи тайёр кардани шогирдон (Мат. 28:19, 20). Дар натиҷаи ин кор бо миллионҳо одамон омӯзиш гузаронида мешавад, ҳазорҳо таъмид мегиранд ва садҳо ҷамъомадҳои нав пайдо мешаванд.

Дар навбати худ чунин инкишофёбӣ бисёртар чоп кардани адабиётҳои бар Китоби Муқаддас асосёфта, ёфтани ҷой барои гузарондани анҷуманҳо, сохтмон ва нигоҳубини Толорҳои Салтанатро талаб мекунад. Паҳн кардани хушхабар ин кори бузург ва арзанда аст, ҳамин тавр не? (Мат. 24:14).

Муҳаббат ба Яҳува ва одамон ҳамчунин таъҷилӣ будани кори Салтанат, халқи Худоро ба «ихтиёрӣ барои Худованд ионат» додан, яъне хайрия намудан, бармеангезад. Яҳуваро бо «дороии худ» ҷалол додан ва дидани он ки ин хайрияҳо барои кори бузург боинсофонаву оқилона сарф карда мешаванд, ба мо беандоза хурсандӣ мебахшад (Мас. 3:9).