Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Одами «сахӣ баракат меёбад»

Одами «сахӣ баракат меёбад»

ҚУРБОНИҲО аз замонҳои пеш қисми муҳими ибодати ҳақиқӣ ба ҳисоб мераванд. Исроилиён ба Худо ҳайвонҳоро қурбон мекарданд, масеҳиён бошанд, «қурбонии шукрона» меоварданд. Боз дигар намуди қурбониҳое ҳастанд, ки ба Худо писанданд (Ибр. 13:15, 16). Аз мисолҳои поён мо мефаҳмем, ки ин қурбониҳо на танҳо хурсандӣ, балки баракат ҳам меоранд.

Ҳанно ходими содиқи Худо буд. Ӯ сахт мехост, ки соҳиби писар шавад, аммо вай безурёт буд. Барои ҳамин дар дуо ба Худо қасам хӯрд, ки агар писар таваллуд кунад, ӯро «тамоми айёми умраш ба Худованд» медиҳад (1 Подш. 1:10, 11). Бо гузашти вақт Ҳанно ҳомиладор шуда писаре зоид ва номашро Самуил монд. Баъди аз сина ҷудо кардан, Ҳанно чи хеле ки ваъда дода буд, Самуили хурдакакро ба маъбад бурд. Яҳува Ҳанноро барои чунин рӯҳияаш баракат дод ва ӯ боз соҳиби панҷ фарзанди дигар гардид. Самуил пайғамбар шуд ва ҳатто дар навиштани Китоби Муқаддас саҳми худро гузошт (1 Подш. 2:21).

Мисли Ҳанно ва Самуил имрӯз масеҳиён низ метавонанд ҳаёти худро ба хизмати Худо бахшанд. Исо ваъда дода буд, ки агар мо барои Худо шуда аз баҳри чизе гузарем, соҳиби баракатҳои зиёд мегардем (Марқ. 10:28–30).

Дар асри як зане бо номи Ғизол зиндагӣ мекард, ки «хеле некӯкор буд ва садақоти бисёре медод». Вале, афсӯс, «ӯ касал шуда, мурд» ва аъзоёни ҷамъомад сахт зиқ шуданд. Вақте онҳо шуниданд, ки Петрус дар шаҳр аст, аз ӯ хоҳиш карданд, ки тез расида ба назди онҳо биёяд. Петрус омада Ғизолро аз нав зинда кард. Аъзоёни ҷамъомад аз ин хеле хурсанд шуданд. Ғизол аввалин шахсе буд, ки ҳавворӣ эҳё кард (Аъм. 9:36–41). Худо қурбонии Ғизолро фаромӯш накард (Ибр. 6:10). Саховатмандии ӯ дар Каломи Худо навишта шуд, то мо ба намунаи ӯ пайравӣ кунем.

Павлуси ҳавворӣ низ дар саховатмандӣ намуна гузоштааст. Ӯ вақту қувваташро барои дигарон дареғ намедошт. Вай ба бародарони шаҳри Қӯринт нома навишта гуфт: «Ман бо майли тамом барои ҷонҳои шумо моли худро сарф намуда, ҷони худро хоҳам дод» (2 Қӯр. 12:15). Павлус аз таҷрибааш медонист, ки одам аз саховатмандӣ на танҳо қаноатмандӣ мегирад, балки соҳиби баракат ва илтифоти Яҳува низ мегардад (Аъм. 20:24, 35).

Аз ин маълум мешавад, ки вақте мо вақту қуввати худро барои дастгирии кори Салтанат сарф мекунем ва ба ҳамимононамон кӯмак мерасонем, Яҳува хеле хурсанд мегардад. Оё боз ягон роҳи дигари дастгирӣ кардани кори Салтанат ҳаст? Бале! Ғайр аз зоҳир кардани муҳаббат мо метавонем бо хайрияҳои худ Худоро ҷалол диҳем. Ин хайрияҳо барои дастгирии кори умумиҷаҳонии мавъиза, миссионерон, хизматгорони пурравақт, тайёр ва тарҷума кардани адабиёт ва видео, бартараф кардани зарари офатҳои табиӣ ва сохтмонҳои Толорҳои Салтанат сарф карда мешаванд. Мо метавонем боварӣ дошта бошем, ки одами «сахӣ баракат меёбад». Ғайр аз ин, вақте мо дороии худро ба Яҳува мебахшем, Ӯро ҷалол медиҳем (Мас. 3:9; 22:9).