Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё Яҳува паноҳгоҳи шумост?

Оё Яҳува паноҳгоҳи шумост?

«Худованд ҷони бандагони Худро раҳо хоҳад кард, ва ҳеҷ кас аз паноҳбарони Ӯ маҳкум нахоҳад шуд» (ЗАБ. 33:23).

СУРУДҲО: 49, 32

1. Аз сабаби гунаҳкорӣ бисёр ходимони Худо чӣ ҳис мекунанд?

МАН «шахси мискин ҳастам!» (Рум. 7:24). Имрӯз бисёри мо низ мисли Павлус худро рӯҳафтода ва ғамгин ҳис мекунем. Чаро? Зеро ҳамаи мо аз сабаби нокомил буданамон хато мекунем ва ба корҳое даст мезанем, ки ба Худо писанд нестанд. Баъзе масеҳиёне, ки гуноҳи ҷиддӣ карда буданд, фикр мекарданд, ки Яҳува дигар ҳеҷ гоҳ онҳоро намебахшад.

2. а) Чӣ тавр Забур 33:23 нишон медиҳад, ки ходимони Худо набояд дар бораи гуноҳҳояшон аз ҳад зиёд ғам хӯранд? б) Мо дар ин мақола чиро дида мебароем? (Ба чорчӯбаи « Дарс ё тимсол?» нигаред.)

2 Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки онҳое, ки ба Яҳува паноҳ мебаранд, набояд аз ҳад зиёд оиди гуноҳи кардаашон ғам хӯранд. (Забур 33:23-ро хонед.) Вале ба Яҳува паноҳ бурдан чӣ маъно дорад? Чӣ кор кунем, ки Яҳува нисбати мо раҳмдилӣ зоҳир карда моро бахшад? Шаҳрҳои гурезгоҳе, ки дар Исроили қадим буданд, барои ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан ба мо кӯмак мекунанд. Аз Пантикости соли 33-уми милодӣ сар карда ин шаҳрҳои гурезгоҳ дигар вуҷуд надоранд, чунки дар ин вақт аҳди Қонун ба аҳди нав иваз карда шуд. Азбаски ин Қонун аз тарафи Худо буд, мо аз он нуқтаи назари Яҳуваро нисбати гуноҳ, гунаҳкорон ва тавбакардагон фаҳмида метавонем. Дар аввал биёед бинем, ки чаро Яҳува шаҳрҳои гурезгоҳро ташкил дод?

«ШАҲРҲОИ ГУРЕЗГОҲРО... БАРОИ ХУД ТАЪЙИН НАМОЕД»

3. Исроилиён бо қотил чӣ тавр муносибат мекарданд?

3 Яҳува ба ҳар як хунрезие, ки дар Исроили қадим мешуд, ҷиддӣ муносибат мекард. Агар исроилӣ ягон касро қасдан мекушт, хеши наздики фавтида, яъне «хунхоҳ» метавонист ӯро кушад (Ад. 35:19). Бо кушта шудани қотил барои хуни бегуноҳ қасос гирифта мешуд. Агар қотил дарҳол кушта намешуд, Замини ваъдашуда нопок мегашт ё дигар муқаддас ҳисоб намеёфт. Зеро Яҳува чунин амр дода буд: «Заминеро, ки шумо дар он сукунат доред, палид накунед, зеро ки хун [-и одам] заминро палид мекунад» (Ад. 35:33, 34).

4. Агар исроилӣ ягон касро нохост мекушт, бояд чӣ кор мекард?

4 Вале, агар шахс ягон касро нохост кушад-чӣ? Ӯ дар рехтани хуни бегуноҳ айбдор буд (Ҳас. 9:5). Лекин Яҳува гуфт, ки дар ин хел ҳолат ба чунин шахс раҳм зоҳир карда шавад. Вай бояд барои аз дасти «хунхоҳ» ҷони худро халос кардан ба яке аз шаш шаҳри гурезгоҳ мегурехт. Агар ба ӯ иҷозат медоданд, ки ба он шаҳр дарояд, ҷонаш халос мешуд. Аммо қотил бояд дар шаҳри гурезгоҳ то мурдани саркоҳин зиндагӣ мекард ва аз он берун намебаромад (Ад. 35:15, 28).

5. Чӣ тавр шаҳрҳои гурезгоҳ барои нағзтар фаҳмидани Яҳува ба мо кӯмак мекунанд?

5 Ташкил кардани шаҳрҳои гурезгоҳ фикри одамон набуд. Инро Яҳува ба Еҳушаъ амр дода буд: «Ба банӣ-Исроил сухан ронда, бигӯй: “Шаҳрҳои гурезгоҳро... барои худ таъйин намоед”» Исроилиён ба амри Яҳува гӯш дода он шаҳрҳоро интихоб карданд (Еҳ. 20:1, 2, 7, 8). Азбаски ташкил додани шаҳрҳои гурезгоҳ хоҳиши Яҳува буд, мо ба худ чунин саволҳо дода метавонем: «Чӣ тавр он ба ман барои нағзтар фаҳмидани раҳмдилии Яҳува кӯмак мекунад? Ман аз он шаҳрҳо дар бораи ба Яҳува паноҳ бурдан чӣ меомӯзам?»

«БА... ПИРОНИ ОН ШАҲР СУХАНОНИ ХУДРО БИГӮЯД»

6, 7. а) Вақте ягон кас нохост куштор содир мекард, пирони Исроил чӣ кор мекарданд? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Чаро ба пирон муроҷиат кардани қотил хирадмандона буд?

6 Агар исроилӣ ягон касро нохост мекушт, вай бояд ба шаҳри гурезгоҳ мегурехт ва «ба пирони он шаҳр» асли воқеаро нақл мекард. Дар он ҷо пирон ӯро нағз пешвоз гирифта барои истиқомат ҷой медоданд (Еҳ. 20:4). Баъдтар онҳо қотилро ба назди пирони шаҳре, ки дар он ҷо куштор рӯй дода буд, мефиристоданд, то онҳо айбдор будан ё набудани ӯро аниқ кунанд. (Ададҳо 35:24, 25-ро хонед.) Агар он пирон қарор мекарданд, ки куштор қасдан набуд, қотилро гашта ба шаҳри гурезгоҳ мефиристоданд.

7 Чаро қотил бояд ба пирон асли воқеаро нақл мекард? Чунки бо ин халқи Исроил пок нигоҳ дошта мешуд ва шахсе, ки нохост касеро кушт аз раҳмдилии Яҳува баҳра бурда метавонист. Як тадқиқотчии Китоби Муқаддас навишт, ки агар қотил назди пирон намерафт «ҷонашро дар хатар мемонд». Ва илова намуд: «Хуни вай дар гардани худаш мешуд, чунки аз ҳимояе, ки Худо барояш пешкаш карда буд, истифода набурд». Барои зинда мондан қотил бояд кӯмак мепурсид ва аз рӯйи дастуроти пирон амал мекард. Агар ӯ ба яке аз шаҳрҳои гурезгоҳ намегурехт, хеши наздики фавтида қасос гирифта ӯро кушта метавонист.

8, 9. Чаро масеҳиёне, ки гуноҳи ҷиддӣ кардаанд, бояд ба пирон муроҷиат намоянд?

8 Имрӯз низ касоне, ки гуноҳи ҷиддӣ кардаанд бояд барои кӯмак ба пирони ҷамъомад муроҷиат намоянд. Чаро ин муҳим аст? Якум, худи Яҳува дар Китоби Муқаддас гуфтааст, ки мо бояд ба пирон муроҷиат кунем (Яъқ. 5:14–16). Дуюм, пирон ёрдам карда метавонанд, ки шахси тавбакарда аз нав бо Яҳува муносибати наздик пайдо кунад ва дигар ин хатояшро такрор накунад (Ғал. 6:1; Ибр. 12:11). Сеюм, пирони ҷамъомад медонанд, ки чӣ тавр ба гунаҳкори тавбакарда ёрдам кунанд, зеро онҳо ӯҳдадорӣ ва дониши зарурӣ доранд. Онҳо чунин шахсро ба муҳаббати Яҳува бовар мекунонанд ва ёрдам мекунанд, ки ҳисси гунаҳкорӣ ва ғам ӯро аз по наафтонад. Яҳува пиронро «ниҳонгоҳе аз тӯфон» меномад (Иш. 32:1, 2). Ӯ ба воситаи онҳо ба мо раҳмдилӣ зоҳир менамояд.

9 Бисёри ходимони Худо баъди ба пирон муроҷиат кардан худро сабук ҳис карданд. Биёед мисоли бародар Дэниелро дида бароем. Вай гуноҳи ҷиддӣ кард, вале якчанд моҳ бо пирон дар ин бора гап назад, чунки метарсид. Ӯ гуфт: «Ман фикр мекардам, ки барои аз пирон кӯмак пурсидан аллакай дер шудааст». Инчунин ӯ метарсид, ки ин сираш як рӯз не, як рӯз фош мешавад. Дэниел илова мекунад: «Вақте ман ба Яҳува дар дуо муроҷиат намудам, ҳис кардам, ки бояд ба ҳамаи корҳоям иқрор шавам ва тавба кунам». Оқибат ӯ ба пирон муроҷиат карда кӯмак пурсид. Дэниел мегӯяд: «Рости гап ман метарсидам, ки ба пирон муроҷиат кунам. Вале баъди бо онҳо сӯҳбат кардан ҳис кардам, ки гӯё касе аз китфҳоям бори вазнинро гирифта бошад». Имрӯз Дэниел бо Яҳува муносибати наздикро барқарор кардааст ва виҷдони пок дорад. Ӯро ба қарибӣ ходими ёвар таъйин намуданд.

Ӯ БОЯД БА «ЯКЕ АЗ ИН ШАҲРҲО» ГУРЕЗАД

10. Барои бахшида шудани гуноҳаш қотил бояд чӣ кор мекард?

10 Шахсе, ки ягон касро нохост куштааст, бояд зуд ба наздиктарин шаҳри гурезгоҳ мегурехт. Он гоҳ гуноҳи вай бахшида мешуд. (Еҳушаъ ибни Нун 20:4-ро хонед.) Мо ҳатто тасаввур карда наметавонем, ки он вақт қотил худро чӣ хел ҳис мекард. Ӯ бояд ҳарчи зудтар ба шаҳри гурезгоҳ мегурехт. Ин кори осон набуд. Вай бояд аз баҳри кору бор, озодӣ ва зиндагии бароҳат гузашта, то вафот кардани саркоҳин дар шаҳри гурезгоҳ зиндагӣ мекард * (Ад. 35:25). Лекин оё ҷони одам аз ҳамаи ин чизҳо азизтар нест? Агар қотил аз шаҳри гурезгоҳ берун мебаромад, бо ин нишон медод, ки аз кори кардааш пушаймон нест ва ҳаёташро зери хатар мегузошт.

11. Чӣ тавр шахси тавбакарда миннатдориашро ба раҳмдилии Худо нишон дода метавонад?

11 Имрӯз низ вақте шахси гунаҳкор дар амал нишон медиҳад, ки тавба кардааст, Худо ӯро мебахшад. Мо бояд на танҳо аз гуноҳҳои ҷиддӣ, балки аз ҳар коре, ки ба гуноҳ тела дода метавонад, худдорӣ кунем. Павлуси ҳавворӣ дар бораи масеҳиёни шаҳри Қӯринт, ки дар амал аз гуноҳҳои худ тавба карданашонро нишон доданд, чунин навишт: «Бинед, ки ғамгинии ба Худо маъқул чӣ кӯшишу ғайрате, чӣ покшавие, чӣ норозигие, чӣ тарсе, чӣ хоҳише, чӣ рашке ва чӣ ислоҳшавиеро дар шумо ба вуҷуд овард!» (2 Қӯр. 7:10, 11, ТДН). Агар гуноҳамонро такрор накунем, нишон медиҳем, ки аз кори кардаамон пушаймонем ва аз раҳмдилии Яҳува сӯиистифода намебарем.

12. Барои аз раҳмдилии Худо баҳра бурдан масеҳӣ бояд чӣ кор кунад?

12 Ходими Худо барои аз раҳмдилии Яҳува баҳра бурдан чӣ кор карда метавонад? Ӯ бояд аз ҳар чизе ки ӯро ба гуноҳ тела медиҳад, дурӣ ҷӯяд, ҳатто он барояш азиз бошад ҳам (Мат. 18:8, 9). Масалан, агар дӯстатон шуморо маҷбур намояд, то кореро кунед, ки ба Яҳува маъқул нест, оё бо ӯ дӯстӣ карданро давом медиҳед? Агар шумо дар нӯшидани арақ меъёри худро надонед, оё аз вазъиятҳое, ки васвасаи бисёр нӯшидан пайдо мешавад, мегурезед? Ё агар ба шумо идора кардани хоҳишҳои ҷисм мушкил бошад, оё аз филм, вебсайт ё дигар намуди вақтхушӣ, ки ин гуна хоҳишҳоро бедор мекунанд, дурӣ меҷӯед? Фаромӯш накунед, ки ҳар як кӯшишу ғайрате, ки мо барои нигоҳ доштани беайбиамон мекунем, арзанда аст. Зеро агар мо беайбиамонро нигоҳ надорем, Яҳува моро тарк мекунад ва мо бадбахттарин шахс мешавем. Вале, агар писанди Яҳува гардем, хушбахттарин инсон хоҳем буд (Иш. 54:7, 8).

«ИН ШАҲРҲО БАРОИ ШУМО ГУРЕЗГОҲЕ... БОШАД»

13. Фаҳмонед, ки чаро одам дар шаҳри гурезгоҳ худро хушбахт ва дар бехатарӣ ҳис карда метавонист.

13 Шахсе, ки ба яке аз ин шаҳрҳо медаромад, худро дар бехатарӣ ҳис мекард. Чунки Яҳува дар бораи он ҷойҳо чунин гуфта буд: «Ин шаҳрҳо барои шумо гурезгоҳе» мешаванд (Еҳ. 20:2, 3). Яҳува талаб намекард, ки қотилро дубора барои гуноҳаш доварӣ кунанд. Ҳамчунин ӯ дигар аз қасди хунхоҳ наметарсид, чунки хунхоҳ ба шаҳр даромада ӯро кушта наметавонист. Вақте ки гуреза дар дохили шаҳр буд, вай дар паноҳи Яҳува буд. Шаҳрҳои гурезгоҳ ҳабсхона набуданд. Одамон метавонистанд, ки дар он ҷо кор кунанд, ба дигарон ёрдам диҳанд ва дар сулҳу оромӣ ба Яҳува хизмат кунанд. Бале, онҳо хурсандона зиндагӣ карда метавонистанд.

Ба бахшанда будани Яҳува шубҳа накунед (Ба сархатҳои 14–16 нигаред.)

14. Масеҳии тавбакарда ба чӣ боварӣ дошта метавонад?

14 Баъзе аз хизматгорони Худо, ки гуноҳи ҷиддӣ кардаанд, ҳатто баъди тавба кардан ҳам худро айбдор меҳисобанд. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки Яҳува ҳеҷ гоҳ гуноҳи онҳоро фаромӯш намекунад. Агар шумо низ чунин ҳиссиёт дошта бошед, ягон зарра шубҳа накунед, ки Яҳува гуноҳи шуморо пурра бахшидааст ва дигар онро ба хотир намеорад. Шумо набояд худро гунаҳкор ҳисоб кунед. Дэниел, ки дар боло дар борааш гуфта гузаштем, ҳақ будани ин суханонро дар ҳаёташ дид. Баъди он ки пирон барои виҷдони пок доштан ба ӯ кӯмак намуданд, вай сабукӣ ҳис кард. Ӯ гуфт, ки дигар худро гунаҳкор ҳис намекунад, зеро дилпур аст, ки Яҳува гуноҳи шахсро аз ӯ дур мекунад ва дигар ба ёд намеорад. Баъд аз он ки қотил ба шаҳри гурезгоҳ медаромад, вай дигар наметарсид, ки хунхоҳ омада ӯро мекушад. Ба ин монанд, баъд аз он ки Яҳува моро бахшид, мо набояд тарсем, ки Ӯ боз гуноҳамонро ба ёд оварда, моро ҷазо медиҳад.(Забур 102:8–12-ро хонед.)

15, 16. Чӣ тавр донистани он ки Исо худро қурбон кард ва Саркоҳини мо аст, шуморо ба раҳмдилии Худо боварӣ мебахшад?

15 Дар асл, аз исроилиён дида мо барои ба раҳмдилии Яҳува бовар кардан сабаби бештар дорем. Баъд аз он ки Павлус худро аз сабаби пурра ба Яҳува итоат карда натавонистанаш «мискин» номид, ӯ чунин гуфт: «Худоро ба воситаи... Исои Масеҳ шукр мегӯям» (Рум. 7:25). Барои чӣ вай ин хел гуфт? Павлус пештар бисёр гуноҳ мекард ва аз гуноҳаш пушаймон буд. Аз ин рӯ боварӣ дошт, ки Яҳува гуноҳҳои ӯро ба воситаи фидяи Исо бахшидааст. Ба туфайли қурбонии Исо мо низ виҷдони пок ва дили ором дошта метавонем (Ибр. 9:13, 14). Чун Саркоҳин Исо метавонад «онҳоеро, ки ба василаи Ӯ сӯи Худо меоянд, наҷот диҳад, зеро ҳамеша зинда аст, то ки барои онҳо шафоат кунад» (Ибр. 7:24, 25). Дар давраи қадим саркоҳин исроилиёнро боварӣ мебахшид, ки Яҳува гуноҳи онҳоро бахшидааст. Саркоҳини мо бошад, Исо аст. Аз ин рӯ мо сабабҳои бештар дорем, «то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвақт файз ёбем» (Ибр. 4:15, 16).

16 Агар мо ба қурбонии Исо боварӣ дошта бошем, он гоҳ дар паноҳи Яҳува буда метавонем. Фидия на танҳо барои тамоми одамизод, балки ба ҳар як шахс дар алоҳидагӣ, яъне шахсан барои шумо низ дода шудааст (Ғал. 2:20, 21). Ҳеҷ гоҳ шубҳа накунед, ки гуноҳҳои шумо дар асоси фидия бахшида мешаванд. Боварӣ дошта бошед, ки фидия ба шумо умеди абадӣ зиндагӣ карданро пешкаш мекунад. Қурбонии Исо ин тӯҳфаи Яҳува барои шумост.

17. Чаро шумо дар паноҳи Яҳува будан мехоҳед?

17 Ташкил ёфтани шаҳрҳои гурезгоҳ нишон медиҳанд, ки то чӣ андоза Худо раҳмдил аст. Ба воситаи шаҳрҳои гурезгоҳ мо фаҳмидем, ки ҳаёт муқаддас аст. Мо ҳамчунин фаҳмидем, ки аз таҳти дил тавба кардан чӣ маъно дорад, чӣ хел пирон ба мо ёрдам карда метавонанд ва чаро боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува моро пурра мебахшад. Биёед дар паноҳи Яҳува монем, зеро дигар ҷойи бехатаре нест! (Заб. 90:1, 2). Дар мақолаи навбатӣ дида мебароем, ки чӣ тавр шаҳрҳои гурезгоҳ ба мо кӯмак мекунанд, то ба адолат ва раҳмдилии Яҳува пайравӣ кунем.

^ сарх. 10 Мувофиқи гуфтаҳои олимони яҳудӣ, аз афташ, оилаи шахси гуреза метавонист ба шаҳри гурезгоҳ омада бо ӯ зиндагӣ кунад.