Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба ҳеҷ чиз роҳ надиҳед, ки шуморо аз мукофот маҳрум созад

Ба ҳеҷ чиз роҳ надиҳед, ки шуморо аз мукофот маҳрум созад

«Касе шуморо... аз подош маҳрум накунад» (ҚӮЛ. 2:18).

СУРУДҲО: 32, 55

1, 2. а) Ходимони Худо чӣ гуна мукофотро интизоранд? б) Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ба мукофот назар дӯзем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ТАДҲИНШУДАГОН умеди олиҷанобе доранд. Онҳо интизоранд, ки мисли Павлус дар осмон зиндагӣ мекунанд (Флп. 3:14). Дар он ҷо онҳо бо Исо ҳукмронӣ карда одамизодро ба комилӣ мерасонанд (Ваҳй 20:6). Гӯсфандони дигар бошанд, умеди абадан дар биҳишти рӯйи замин зиндагӣ карданро доранд (2 Пет. 3:13). Дар ҳақиқат, ҳам тадҳиншудагон ва ҳам гӯсфандони дигарро мукофоти пурарзише интизор аст!

2 Павлуси ҳавворӣ мехост, ки ба тадҳиншудагон барои ба даст овардани мукофот ёрдам кунад. Ӯ ба онҳо муроҷиат карда гуфт: «Дар бораи он чи дар афроз аст, фикр кунед» (Қӯл. 3:2). Онҳо бояд диққати худро ба умеди осмониашон равона мекарданд (Қӯл. 1:4, 5). Хоҳ мо умеди заминӣ дошта бошем, хоҳ осмонӣ оиди баракатҳои Яҳува мулоҳиза рондан ба мо ёрдам мекунанд, ки ба мукофот назар дӯзем (1 Қӯр. 9:24).

3. Павлус масеҳиёнро аз чӣ огоҳ кард?

3 Павлус масеҳиёнро аз хатарҳое огоҳ кард, ки онҳоро аз мукофот маҳрум сохта метавонанд. Масалан, ӯ ба қӯлассиён нома навишта гуфт, ки баъзеҳо ба ҷойи он ки ба Исо имон оранд, Қонуни Мусоро риоя мекунанд (Қӯл. 2:16–18). Павлус инчунин дар бораи хатарҳои имрӯза, ки моро аз мукофот маҳрум сохта метавонанд, гап зад. Ӯ фаҳмонд, ки чӣ тавр хоҳишҳои бадахлоқонаро рад кунем ва чӣ тавр дар ҷамъомаду оилаамон якдигарнофаҳмиро ҳал намоем. Маслиҳатҳои ӯ имрӯз барои мо хеле пурарзишанд. Барои ҳамин биёед баъзе аз ин огоҳиҳои меҳрубононаи Павлусро, ки дар номаи Қӯлассиён мехонем, дида бароем.

ХОҲИШҲОИ БАДАХЛОҚОНАРО БИКУШЕД

4. Чаро хоҳишҳои бадахлоқона метавонад моро аз мукофот маҳрум созад?

4 Баъд аз он ки Павлус ба бародарон дар бораи умеди олиҷанобашон хотиррасон кард, гуфт: «Пас, андоми заминии худро: зино, нопокӣ, ҳирс, ҳаваси бад ва тамаъкориро, ки он бутпарастист, бикушед» (Қӯл. 3:5). Хоҳишҳои бадахлоқона қувваи пурзӯр дорад. Он метавонад муносибати моро бо Яҳува вайрон кунад ва аз умеде, ки ба оянда дорем, маҳрум созад. Бародаре, ки пеш ба бадахлоқӣ дода шуда буду баъдтар ба ҷамъомад баргашт, мегӯяд, ки хоҳиши бадахлоқӣ дар ӯ хеле пурзӯр буд. Барои ҳамин ба ботлоқи бадахлоқӣ чӣ хел ғӯтида рафтанашро нафаҳмида монд.

5. Чӣ тавр мо худро аз вазъиятҳои хатарнок муҳофизат карда метавонем?

5 Мо бояд, хусусан, аз вазъиятҳое, ки моро ба вайрон кардани меъёрҳои ахлоқии Яҳува тела медиҳанд, эҳтиёт шавем. Масалан, агар онҳое, ки нав мулоқот карданро сар мекунанд, аз аввал нисбати бӯса, оғӯш ё танҳо мондан эҳтиёткорӣ зоҳир намоянд, хирадмандона амал мекунанд (Мас. 22:3). Як вазъияти хатарноки дигар ин ба сафари хизматӣ рафтан ё бо ҷинси муқобил кор кардан мебошад (Мас. 2:10–12, 16). Агар шумо дар ин гуна вазъият бошед, чӣ тавр худро аз хатар нигоҳ дошта метавонед? Худро чун яке аз Шоҳидони Яҳува шинос кунед. Эҳтиромона муносибат намоед, аммо фаромӯш накунед, ки бо ҳиссиёти дигарон бозӣ кардан оқибати хуб надорад. Вақте мо худро рӯҳафтода ё танҳо ҳис мекунем, хатари ба бадахлоқии ҷинсӣ даст задан бисёртар мегардад. Дар ин хел вақтҳо мо мехоҳем, ки худро дӯстдошта ҳис кунем ва шояд чунон ноумеду маъюс шавем, ки барои қабул кардани ҳар гуна таваҷҷӯҳ розӣ мешавем. Агар шумо ҳам дар худ ин гуна ҳиссиётро пай баред, барои кӯмак сӯйи Яҳува ва халқаш шитобед. Ба ҳеҷ чиз роҳ надиҳед, ки шуморо аз мукофот маҳрум созад. (Забур 33:19 ва Масалҳо 13:20-ро хонед.)

6. Дар интихоби вақтхушӣ бояд чиро дар хотир дошта бошем?

6 Барои аз дил решакан кардани хоҳишҳои бадахлоқона бояд аз вақтхушиҳои бадахлоқона даст кашем. Вақтхушиҳои зиёди ҳозиразамон рӯҳияи Садӯм ва Амӯроро зоҳир мекунанд (Яҳд. 7). Онҳое, ки ин гуна вақтхушиҳоро мебароранд, бадахлоқии ҷинсиро як чизи муқарарӣ ва безарар нишон медиҳанд. Мо бояд ҳушёру бедор бошем, зеро ҳама вақтхушиҳоеро, ки ҷаҳон пешкаш мекунад, қабул карда наметавонем. Барои аз даст надодани мукофот вақтхушиҳоро эҳтиёткорона интихоб карданамон хеле муҳим аст (Мас. 4:23).

МЕҲРУБОНӢ ВА МУҲАББАТРО ДАР БАР КУНЕД

7. Дар ҷамъомад мо бо кадом душворӣ рӯ ба рӯ шуда метавонем?

7 Мо хеле хурсандем, ки аъзои ҷамъомади масеҳӣ мебошем. Мо дар вохӯриҳоямон Каломи Худоро меомӯзем ва якдигарро дастгирӣ мекунем. Ин чизҳо ба мо ёрдам мекунанд, ки ба мукофот назар дӯзем. Аммо дар байни мо ҳам баъзан якдигарнофаҳмиҳо сар зада метавонанд. Агар мо ҳал кардани ин гуна душвориҳоро ёд нагирем, дар диламон нисбати бародару хоҳарон кинаю адоват пайдо мешавад. (1 Петрус 3:8, 9-ро хонед.)

8, 9. а) Кадом хислатҳо ба мо ёрдам мекунанд, ки мукофотро ба даст орем? б) Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки бо ҳамимонони худ ягонагиро нигоҳ дорем?

8 Мо намехоҳем, ки хафагӣ моро аз мукофот маҳрум созад. Павлус ба масеҳиён маслиҳат дода гуфт: «Пас, ҳамчун баргузидагони муқаддас ва маҳбуби Худо, марҳамат, меҳрубонӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ ва пурсабриро дар бар кунед, ва ба ҳамдигар илтифот намуда, якдигарро афв кунед, агар касе аз дигаре ранҷида бошад: чӣ тавре ки Масеҳ шуморо омурзидааст, шумо низ ҳамин тавр кунед; ба замми ҳамаи ин шумо муҳаббатро дар бар кунед, ки он маҷмӯи камолот аст» (Қӯл. 3:12–14).

9 Муҳаббат ва меҳрубонӣ ба мо ёрдам мекунад, ки якдигарро бахшем. Масалан, вақте ягон кас моро бо рафтор ё гуфтораш хафа мекунад, метавонем ба ёд орем, ки чӣ тавр мо худамон як вақтҳо дили касеро бо рафтор ё гуфторамон ранҷонида будем. Аммо онҳо ба ин нигоҳ накарда моро бахшиданд. Оё мо аз онҳо миннатдор набудем? (Воиз 7:21, 22-ро хонед.) Мо аз Масеҳ хеле миннатдорем, ки ибодаткунандагони ҳақиқиро ҷамъ оварда муттаҳид сохтааст (Қӯл. 3:15). Ҳамаи мо як Худоро дӯст медорем, як хабарро мавъиза мекунем ва бисёриамон бо як хел озмоишҳо рӯ ба рӯ мешавем. Агар якдигарро бахшида меҳру муҳаббат зоҳир кунем, ба ягонагии ҷамъомад мусоидат мекунем ва ҳушу ёдамонро ба мукофот равона карда метавонем.

10, 11. а) Барои чӣ ҳасад бурдан хатарнок аст? б) Чӣ кор кунем, ки ҳасад моро аз мукофот маҳрум насозад?

10 Мисолҳои огоҳкунандаи Китоби Муқаддас хотиррасон мекунанд, ки ҳасад моро аз мукофот маҳрум карда метавонад. Масалан, Қобил ба бародараш Ҳобил ҳасад бурда ӯро кушт. Қӯраҳ, Дотон ва Абиром аз ҳасад бар зидди Мусо исён бардоштанд. Ҳамчунин шоҳ Шоул ба муваффақиятҳои Довуд ҳасад бурда ӯро куштанӣ шуд. Бе фоида дар Каломи Худо навишта нашудааст, ки «ҳар ҷое ки ҳасад ва худсарӣ бошад, он ҷо носозӣ ва ҳар кори бад ҳувайдост» (Яъқ. 3:16).

11 Агар мо дар диламон муҳаббат ва меҳрубониро инкишоф диҳем, он гоҳ ба дигарон ҳасад намебарем. Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ки «муҳаббат пуртоқат ва бошафқат аст, муҳаббат ҳасад намебарад» (1 Қӯр. 13:4). Барои рашку ҳасадро аз диламон решакан кардан мо бояд кӯшиш кунем, ки ба ҳама чиз мисли Яҳува нигоҳ кунем. Ба мо лозим аст, ки бародару хоҳаронро аъзои як бадан, яъне як ҷамъомад шуморем ва аз рӯйи маслиҳати зерини Каломи Худо амал карда ба онҳо ҳамдардӣ зоҳир намоем: «Агар як узв дард кунад, бо он ҳамаи узвҳо дард мекунанд» (1 Қӯр. 12:16–18, 26). Ин маслиҳатро истифода бурда мо ба баракатҳои дигарон ҳасад намебарем, балки ҳамроҳашон хурсандӣ мекунем. Биёед мисоли Йӯнотон, писари Шоулро дида бароем. Вақте Довуд ба ҷойи Йӯнотон шоҳ интихоб карда шуд, ӯ ҳасад набурд. Баръакс, вай Довудро рӯҳбаланд карда дастгирӣ менамуд (1 Подш. 23:16–18). Оё шумо ҳам мисли Йӯнотон муҳаббат ва меҳрубонӣ зоҳир карда метавонед?

ОИЛАВӢ МУКОФОТРО БА ДАСТ ОРЕД

12. Кадом маслиҳати Китоби Муқаддас ба оилаҳо кӯмак мекунад, ки мукофотро ба даст оранд?

12 Агар ҳар як аъзои оила аз рӯйи принсипҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ кунанд, дар оилаашон тинҷӣ ва хушбахтӣ мешавад ва онҳо якҷоя мукофотро ба даст оварда метавонанд. Павлуси ҳавворӣ ба оилаҳои шаҳри Қӯлассо чунин маслиҳат дод: «Эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, чунон ки дар Худованд муносиб аст. Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред ва ба онҳо сахтгир набошед. Эй фарзандон, ба падарону модарони худ дар ҳар бобат итоат намоед, зеро ки ин писандидаи Худованд аст. Эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, ки мабодо онҳо маъюс шаванд» (Қӯл. 3:18–21). Бешубҳа, истифода бурдани ин маслиҳати Павлус ба шавҳарон, занон ва фарзандон манфиат меорад.

13. Чӣ тавр зани масеҳӣ метавонад шавҳарашро ба ҳақиқат биёрад?

13 Шояд шавҳари шумо ба Яҳува хизмат намекунад. Агар ӯ ба шумо нағз муносибат накунад, чӣ кор мекунед? Агар ба қаҳру ғазаб омада бо ӯ ҷанҷол кунед, оё бо ин рафторатон вазъиятро беҳтар карда метавонед? Фарз кардем, ки шумо коре карда гапатонро ба шавҳаратон гузарондед, оё ин кӯмак мекунад, ки вай ҳақиқатро қабул кунад? Не. Лекин, агар шумо ӯро чун сардори оила иззату эҳтиром кунед, дар оилаатон тинҷиву оромӣ мешавад ва шумо Яҳуваро ҷалол медиҳед. Ин рафтори хуби шумо метавонад шавҳаратонро ба ҳақиқат биёрад. Он гоҳ шумо метавонед якҷоя мукофотро ба даст оред. (1 Петрус 3:1, 2-ро хонед.)

14. Агар зани бародар ӯро ҳурмат накунад, вай чӣ кор карда метавонад?

14 Мумкин зани шумо ба Яҳува хизмат намекунад. Агар ӯ шуморо ҳурмату эҳтиром накунад, чӣ кор мекунед? Агар ба ӯ доду фарёд зада хӯҷаини хона буданатонро нишон диҳед, оё баъд аз ин занатон шуморо ҳурмат мекунад? Албатта, не! Худо мехоҳад, ки шумо ба Исо пайравӣ карда шавҳари меҳрубон бошед (Эфс. 5:23). Исо чун сардори ҷамъомад ҳамеша ба шогирдонаш муҳаббат ва пурсабрӣ зоҳир мекард (Луқ. 9:46–48). Шавҳарон, шумо низ ба намунаи Исо пайравӣ карда занатонро ба ҳақиқат ҷалб карда метавонед.

15. Чӣ тавр шавҳари масеҳӣ ба занаш муҳаббат зоҳир карда метавонад?

15 Яҳува ба шавҳарон чунин мегӯяд: «Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред ва ба онҳо сахтгир набошед» (Қӯл. 3:19). Чӣ тавр шавҳари меҳрубон нишон медиҳад, ки занашро эҳтиром мекунад? Ӯ фикри занашро ба назар мегирад ва ӯро бовар мекунонанд, ки фикраш барои ӯ муҳим аст (1 Пет. 3:7). Албатта, ӯ на ҳамеша аз рӯйи гуфти занаш амал карда метавонад, вале, агар фикри ӯро фаҳмад, беҳтар қарор бароварда метавонад (Мас. 15:22). Шавҳари меҳрубон аз занаш талаб намекунад, ки ӯро ҳурмат кунад, балки бо кӯшишу ғайрат эҳтироми занашро ба даст меорад. Вақте шавҳар зану фарзандашро дӯст медорад, оилаи онҳо бо хурсандии бештар ба Яҳува хизмат карда соҳиби мукофот мешаванд.

Чӣ кор кунем, ки душвориҳои оилавӣ моро аз мукофот маҳрум насозанд? Ба сархатҳои 13–15 нигаред.)

ҶАВОНОН, НАГУЗОРЕД, КИ ЧИЗЕ ШУМОРО АЗ МУКОФОТ МАҲРУМ КУНАД!

16, 17. Ҷавонон, шумо чӣ кор карда метавонед, то аз волидонатон хафа нашавед?

16 Шояд шумо ҳоло наврас ҳастед ва ҳис мекунед, ки падару модаратон шуморо намефаҳманд ё сахтгиранд. Шумо аз ин сахт зиқ шуда, ҳатто шубҳа карда метавонед, ки хизмат ба Яҳува роҳи беҳтарини ҳаёт аст. Лекин, агар шумо хизмати Яҳуваро бас кунед, пушаймон мешавед, зеро ягон кас дар ин дунё шуморо мисли волидон ва ёру дӯстони масеҳиатон нағз намебинад.

17 Агар волидонатон боре ҳам шуморо ислоҳ накунанд, аз куҷо мефаҳмед, ки онҳо дар бораатон ғамхорӣ мекунанд (Ибр. 12:8). Падару модаратон нокомиланд, барои ҳамин шояд тарзи тарбияи онҳо ба шумо маъқул нашавад. Ба ҷойи диққати худро ба тарзи тарбияи онҳо равона кардан, беҳтараш сабаби чунин рафтор кардани онҳоро фаҳмед. Оромиро нигоҳ доред ва, агар хатогиатонро ислоҳ кунанд, зуд ба хашм наоед. Китоби Муқаддас чунин мегӯяд: «Соҳиби дониш суханони худро бозмедорад, ва шахси хирадманд хунсард аст» (Мас. 17:27). Дар пеши худ мақсад гузоред, ки шахси баркамол мешавед ва новобаста аз он ки бо кадом тарз ба шумо маслиҳат медиҳанд, аз он манфиат мегиред (Мас. 1:8). Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки волидони худотарс атои бебаҳо мебошанд. Онҳо мехоҳанд, ки барои ба даст овардани ҳаёти ҷовидона ба шумо ёрдам кунанд.

18. Чаро шумо мехоҳед, ки ба мукофот назар дӯзед?

18 Новобаста аз он ки умеди осмонӣ дорем ё заминӣ, ҳар яки мо интизори мукофоти олиҷаноб ҳастем. Умеди мо зинда аст ва он ба ваъдаҳои Офаридгори Олам асос ёфтааст. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Замин аз шинохтани Худованд пур хоҳад буд» (Иш. 11:9). Бале, ба наздикӣ замин аз одамони худотарс пур мешавад. Биёед барои ба даст овардани ин мукофот ҷидду ҷаҳд кунем, зеро он арзанда аст. Ҳамеша ваъдаи Яҳуваро дар хотир доред ва нагузоред, ки чизе шуморо аз мукофот маҳрум созад.