Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Аз таҳти дил сароед!

Аз таҳти дил сароед!

«Некӯст Худои моро сароидан» (ЗАБ. 146:1).

СУРУДҲО: 9, 1

1. Чӣ тавр суруд ба мо ёрдам мекунад?

ШОИРИ машҳуре чунин гуфтааст: «Калимаҳо ба фикр кардан водор мекунанд. Мусиқӣ ҳиссиётро бедор мекунад. Суруд бошад, ёрдам мекунад, ки калимаҳо ба дил таъсир расонанд». Сурудҳои мо Яҳуваро ҳамду ситоиш карда муҳаббатамонро ба Ӯ нишон медиҳанд. Инчунин он ба мо ёрдам мекунад, ки бо Худо наздиктар шавем. Ана барои ҳамин хоҳ мо танҳо суруд хонем, хоҳ бо дигарон, бояд фаромӯш накунем, ки он як қисми муҳими ибодати пок мебошад.

2, 3. а) Чаро баъзеҳо дар ҷамъомад суруд намехонанд? б) Мо дар ин мақола кадом саволҳоро дида мебароем?

2 Оё ба шумо якҷоя бо ҷамъомад суруд хондан маъқул аст? Ё шумо шарм мекунед? Дар баъзе маданиятҳо мардон дар пеши дигарон суруд хонда наметавонанд, чунки худро нороҳат ҳис мекунанд. Ин рӯҳия метавонад ба ҷамъомад таъсир расонад. Масалан, вақте пирон дар сурудхонӣ иштирок намекунанд, ё ҳангоми сароидани суруд бо дигар корҳо машғул мешаванд, ин ба ҷамъомад бетаъсир намемонад (Заб. 29:13).

3 Агар мо, дар ҳақиқат, сурудро қисми муҳими ибодатамон шуморем, ҳам дар аввал ва ҳам дар охири ҷамъомад дар сурудхонӣ иштирок мекунем ва ҳангоми садо додани он ин сӯ он сӯ намегардем. Ҳар яки мо бояд аз худ пурсем: «Ман ба сурудхонӣ чӣ тавр муносибат мекунам? Агар ба ман дар пеши дигарон суруд хондан душвор бошад, чӣ кор кунам? Чӣ кор кунам, ки сурудҳоро аз таҳти дил хонам?»

СУРУД — ҚИСМИ МУҲИМИ ИБОДАТИ МОСТ

4, 5. Барои Яҳуваро ҳамду сано хондан исроилиён чӣ кор карданд?

4 Хизматгорони содиқи Яҳува барои ҳамду сано хондани Ӯ ҳанӯз аз давраҳои қадим сурудро истифода мебурданд. Вақте исроилиён содиқона ба Яҳува хизмат мекарданд, сурудхонӣ қисми муҳими ибодаташон буд. Масалан, вақте яҳудиён барои кушодашавии маъбад тайёрӣ медиданд, шоҳ Довуд 4000 левизодаро ҷамъ овард, ки барои ситоиши Худо мусиқӣ эҷод кунанд. Дар байни онҳо 288 нафар «сурудгӯиро барои Худованд таълим гирифта буданд» ва дар ин кор маҳорат доштанд (1 Вақ. 23:5; 25:7).

5 Ҳангоми ба Худо бахшида шудани маъбад, мусиқӣ ва суруд нақши муҳим бозида буд. Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст: «Карнайнавозон ва муғаниён [сарояндагон] мисли як тан барои ҳамду санои Худованд якдилона овоз мебароварданд, ва ҳамин ки садои карнайҳо ва санҷҳо ва дигар асбоби мусиқиро баланд карда, Худовандро ҳамд гуфтанд... ҷалоли Худованд хонаи Худоро пур карда буд». Тасаввур кунед, ки то чӣ андоза ин тарзи сурудхонӣ имони исроилиёнро мустаҳкам кард (2 Вақ. 5:13, 14; 7:6).

6. Дар маросими кушодашавии деворҳои Ерусалим левизодагон чӣ тавр суруд хонданд?

6 Наҳемё исроилиёни содиқро барои барқарор кардани деворҳои Ерусалим роҳнамоӣ кард. Ӯ инчунин левизодагонро барои сурудхонӣ ва мусиқинавозӣ ҷамъ овард. Дар маросими кушодашавии деворҳои Ерусалим суруду мусиқӣ аз ҳар тараф садо медоданд. Он вақт ду гурӯҳи сарояндагон аз ду тараф ба маъбад наздик шуда бо овози баланд суруд мехонданд, ки он аз дур шунида мешуд (Наҳемё 12:27, 28, 31, 38, 40, 43). Бешубҳа, Яҳува хеле хурсанд шуд, ки халқаш Ӯро бо суруд ҳамду сано мехонад.

7. Чаро гуфтан мумкин аст, ки суруд дар давраҳои Исо низ қисми муҳими ибодат буд?

7 Дар давраҳои Исо низ мусиқӣ қисми муҳими ибодати пок буд. Масалан, баъд аз он ки Исо Шоми ёдбудро бо шогирдонаш ҷашн гирифт, ҳамаи онҳо суруд хонда Яҳуваро ҳамд гуфтанд. (Матто 26:30-ро хонед.)

8. Чӣ тавр масеҳиёни асри як дар ҳамду сано хондани Яҳува ба мо намуна гузоштанд?

8 Масеҳиёни асри як дар сурудхонӣ ба мо намуна гузоштанд. Исроилиён дар маъбади боҳашамат Яҳуваро ибодат мекарданд, масеҳиён бошанд, одатан дар хонаҳои одӣ ҷамъ мешуданд. Вале ба ин нигоҳ накарда онҳо аз таҳти дил суруд мехонданд. Павлус бародару хоҳаронро барангехта гуфт: «Якдигарро бо таронаҳои Забур, сурудҳо дар васфи Худо ва сурудҳои рӯҳоние, ки бо шукргузорӣ хонда мешаванд, таълим диҳеду рӯҳбаланд кунед ва дар дилҳои худ ба Яҳува сароед» (Қӯл. 3:16, ТДН). Дар ҳақиқат, китоби сурудҳои мо «сурудҳои рӯҳоние» мебошанд, ки «бо шукргузорӣ хонда мешаванд». Ин сурудҳо қисми ғизои рӯҳониест, ки «ғуломи мӯътамад ва доно» барои мо тайёр кардааст (Мат. 24:45).

ТАРЗҲОИ БЕҲТАР КАРДАНИ СУРУДХОНӢ

9. а) Чӣ ба баъзеҳо халал мерасонад, ки дар ҷамъомад ё анҷуманҳо суруд хонанд? б) Мо бояд чӣ тавр суруд хонем ва кӣ бояд дар сурудхонӣ намуна бошад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

9 Шояд дар оила ё маданияти шумо суруд хондан одат нашудааст. Ё мумкин, шумо овозатонро бо овози сарояндагони машҳур муқоиса карда шарм кунед ва ё рӯҳафтода шавед. Аммо ин чиз набояд шуморо аз ҳамду сано хондани Яҳува боздорад. Беҳтараш китоби сурудатонро ба даст гиред ва сари худро бардошта аз таҳти дил сароед! (Эзро 3:11; Забур 146:1-ро хонед.) Имрӯз дар бисёр Толорҳои Салтанат матни суруд дар экранҳои калон нишон дода мешавад. Ин ба мо ёрдам мекунад, ки бо овози баланд суруд хонем. Хондани сурудҳоямон ҳамчунин ба барномаи таълимии «Мактаби Хизмат ба Салтанат» дохил карда шудааст. Ин дигаргунӣ нишон медиҳад, ки пирон бояд дар хондани сурудҳои Салтанат намуна бошанд.

10. Чаро мо бояд аз баланд сароидан натарсем?

10 Баъзеҳо метарсанд, ки бо тамоми овоз суруд хонанд, чунки фикр мекунанд, ки овозашон аз ҳад баланд ё гӯшхарош аст. Ҳамаи мо дар сухан «бисёр пешпо мехӯрем» (Яъқ. 3:2). Магар ин чиз моро аз гап задан бозмедорад? Не, албатта. Пас, чаро овози на он қадар хубамон моро бояд аз ҳамду сано гуфтани Яҳува боздорад?

11, 12. Чӣ тавр мо сурудхониамонро беҳтар карда метавонем?

11 Баъзеи мо шояд тарзи сурудхониро намедонем, барои ҳамин аз суруд хондан метарсем. Аммо барои беҳтар кардани сурудхониамон якчанд чизи одиро донистан лозим асту халос *.

12 Агар шумо дуруст нафас кашед, бо овози қавӣ ва баланд суруд хонданро ёд мегиред. Чи тавре ки қувваи барқ лампочкаро дармегиронад, ҳамон тавр нафаскашӣ овози шуморо ҳангоми гап задан ё сароидан зинда мегардонад. Шумо бояд сурудро бо овози муқаррарӣ ва ё аз он ҳам баландтар сароед. (Ба маслиҳатҳое, ки дар китоби «Мактаби таълими мавъиза» (рус.), саҳ. 181–184 зери сарлавҳаи «Назорат кардани ҳавои шуш» омадааст, нигаред.) Зеро Китоби Муқаддас хизматгорони Худоро бармеангезад, ки Яҳуваро «бо бонги шодӣ» ҳамд гӯянд (Заб. 32:1–3).

13. Фаҳмонед, ки чӣ тавр мо бо дилпурӣ суруд хонда метавонем.

13 Шумо метавонед дар ибодати оилавӣ ё омӯзиши шахсӣ аз рӯйи маслиҳатҳои зерин амал кунед: яке аз сурудҳои дӯстдоштаатонро интихоб кунед, матнашро бо овози баланд ва дилпурона хонед. Сипас, бо ҳамон овози баланд мисраи шеърро бо як нафас хонед. Баъд, онро боз бо ҳамон овози баланд сароед (Иш. 24:14). Вақте шумо ин маслиҳатҳоро ба кор мебаред овозатон қавӣ мешавад. Аз баланд суруд хондан натарсед ва шарм накунед!

14. а) Барои нағз суруд хондан мо боз чӣ кор карда метавонем? (Ба чорчӯбаи «Чӣ тавр сурудхониамонро беҳтар созем?», нигаред.) б) Кадом маслиҳатҳо ба шумо дар суруд хондан ёрдам карда метавонанд?

14 Барои бо овози қавӣ суруд хондан шумо бояд даҳонатонро калон кушоед. Одатан мо дар вақти гап задан даҳонамонро мекушоем, аммо дар вақти суруд хондан онро бояд калонтар кушоем. Агар овози шумо аз ҳад паст ё баланд бошад-чӣ? Пас, ба шумо маслиҳатҳое, ки дар саҳифаи 184-и китоби «Мактаби таълими мавъиза» (рус.), дар чорчӯбаи «Баъзе душвориҳо ва тарзи бартараф кардани онҳо» оварда шудаанд, ёрдам мекунанд.

АЗ ТАҲТИ ДИЛ САРОЕД

15. а) Соли 2016 дар вохӯрии солона чӣ эълон карда шуд? б) Баъзе аз сабабҳои нашр шудани китоби нави сурудҳо кадоманд?

15 Соли 2016 аъзои Ҳайати роҳбарикунанда Стивен Летт дар вохӯрии солона эълон кард, ки китоби нави сурудҳо бо номи «Ба Яҳува хурсандона сароед» ба қарибӣ ба ҳамаи ҷамъомадҳо дастрас мегардад. Ин навигарӣ ҳамаро хурсанд кард. Бародар Стивен фаҳмонд, ки «Навиштаҳои Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» ба забони англисӣ соли 2013 аз нав дида баромада шуд, барои ҳамин матни сурудҳо низ ба он мувофиқ карда шуданд. Калима ва ибораҳое, ки дигар дар «Тарҷумаи дунёи нав» вонамехӯранд, аз китоби сурудҳои нав низ гирифта шуданд ё иваз гардиданд. Ҳамчунин ба ин китоб сурудҳои нав дар бораи кори мавъиза ва миннатдории мо ба фидия илова карда шуданд. Азбаски суруд қисми муҳими ибодати мо мебошад, Ҳайати роҳбарикунанда қарор кард, ки китоб бо сифати баланд ва муқоваи он мисли «Навиштаҳои Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» чоп шавад.

16, 17. Ба китоби нави сурудҳо чӣ гуна дигаргуниҳо дароварда шуд?

16 Китоби «Ба Яҳува хурсандона сароед»-ро истифода бурдан хеле осон аст, зеро сурудҳои он аз рӯйи мавзӯъ ҷо ба ҷо гузошта шудаанд. Масалан, 12 суруди аввал дар бораи Яҳува мебошад, баъд 8 суруд дар бораи Исо ва қурбонӣ. Сурудҳои дигар низ ба ҳамин тартиб тақсим шудаанд. Китоби нав мундариҷаи мавзӯъҳо дорад ва он махсусан ба бародарон кӯмак мекунад, ки барои нутқ сурудҳои даркориашонро тезтар ёбанд.

17 Сурудҳои Салтанат бояд аз таҳти дил сароида шаванд. Аз ин рӯ барои фаҳмотар кардани матни баъзе сурудҳо тағйирот дароварда шуд. Калимаҳое, ки на он қадар бисёр истифода мешаванд, аз китоби сурудҳои нав партофта шуданд. Баъзе номҳои суруд низ иваз гардиданд ва матнашон ба он мувофиқ гардонида шуданд. Масалан, ба ҷойи «Дили худро ҳифз намо» акнун «Мо бояд дили худро ҳифз намоем» меистад, ки хеле хирадмандона аст. Чаро? Чунки пештар вақте мо ин сурудро мехондем, гӯё ба дигар кас чӣ кор карданашро ёд медодем. Азбаски ба анҷуман ва вохӯриҳои мо воизони навтаъмидёфта ва ё таъмиднаёфта, шавқмандону омӯзандагон, ҷавонон, занон меоянд, онҳо ин суханонро шунида худашонро нороҳат ҳис карда метавонанд.

Дар ибодати оилавиатон сурудҳоро машқ кунед (Ба сархати 18 нигаред.)

18. Чаро мо бояд сурудҳои китоби навро аз ёд кунем? (Ба эзоҳ нигаред.)

18 Бисёри сурудҳои китоби «Ба Яҳува хурсандона сароед» ба дуо монанданд. Барои ҳамин ин сурудҳо ба мо кӯмак мерасонанд, ки ҳиссиётамонро ба Яҳува баён кунем. Сурудҳои дигари он бошанд, моро «ба муҳаббат ва аъмоли нек» бармеангезанд (Ибр. 10:24). Хуб мебуд, ки мо бо оҳанг, вазн ва матни сурудҳоямон шинос бошем. Барои ин мо метавонем сабти сурудхонии бародару хоҳаронро, ки дар вебсайти jw.org дастрас аст, гӯш кунем. Агар шумо ин сурудҳоро дар хона доимо замзама кунед, он гоҳ дилпурона ва аз таҳти дил сароидани онҳоро ёд мегиред *.

19. Чӣ тавр ҳамаи мо бо сурудхонӣ Яҳуваро ибодат карда метавонем?

19 Дар хотир доред, ки суруд қисми муҳими ибодати мост. Ба воситаи он мо муҳаббат ва миннатдориамонро ба Яҳува зоҳир карда метавонем. (Ишаъё 12:5-ро хонед.) Вақте аз таҳти дил суруд мехонем, рӯҳияи мо ба дигарон таъсир мерасонад. Ҳама аъзои ҷамъомад — хурду калон, пиру ҷавон ва омӯзандагон бо сурудхонии худ Яҳуваро ибодат карда метавонанд. Барои ҳамин натарсида бо овози баланд суруд хонед. Забурнавис чунин мегӯяд: «Дар шаъни Худованд суруд хонед». Биёед ин даъвати забурнависро қабул карда аз таҳти дил сароем! (Заб. 95:1).

^ сарх. 11 Барои беҳтар кардани овози худ ба дастуроте, ки дар барномаи ҳармоҳаи JW Broadcasting (ба забони русӣ), моҳи декабри с. 2014 оварда шудааст, нигаред.

^ сарх. 18 Барномаи саҳарӣ ё нисфирӯзии анҷуманҳо бо мусиқие, ки 10 дақиқа давом мекунад, сар мешавад. Ин ба мо ёрдам мекунад, ки аз мусиқӣ баҳра барем ва дилҳои худро барои бодиққат гӯш кардани барнома омода созем. Аз ин рӯ мо бояд пеш аз садо додани мусиқӣ ҷойҳои худро ишғол намоем ва барои гӯш кардани он омода бошем.