Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Фикрронии ин ҷаҳонро рад кунед

Фикрронии ин ҷаҳонро рад кунед

«Бохабар бошед, ки касе шуморо бо фалсафа ва фитнаи ботиле ки... бар тибқи аносири ҷаҳон... аст, ҷазб накунад» (ҚӮЛ. 2:8).

СУРУДҲО: 23, 26

1. Павлус ба масеҳиён чӣ маслиҳат дод? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ТАҚРИБАН солҳои 60 ё 61 милодӣ Павлуси ҳавворӣ ҳангоми дар Рум ҳабс шуданаш ба масеҳиёни Қӯлассиён нома навишт. Ӯ дар номааш ба онҳо дар бораи зарур будани «фаҳми рӯҳонӣ», яъне қобилияти ба ҳама чиз бо чашми Яҳува нигоҳ кардан навишт (Қӯл. 1:9). Павлус мегӯяд: «Инро ман барои он мегӯям, ки ҳеҷ кас шуморо бо суханони дилфиреб дар иштибоҳ наандозад; бохабар бошед, ки касе шуморо бо фалсафа ва фитнаи ботиле, ки бар тибқи ривояти инсонӣ, бар тибқи аносири ҷаҳон, на бар тибқи Масеҳ аст, ҷазб накунад» (Қӯл. 2:4, 8). Павлус мефаҳмонад, ки чаро баъзе фикрҳои дар ҷаҳон паҳншуда нодурустанд ва чаро ин хел фикрҳо ба бисёр одамон маъқул аст. Масалан, ин гуна фикрҳо шахсро бармеангезанд, ки худро аз дигарон болотар ва донотар шуморад. Ин нома ба бародару хоҳарон кӯмак мекард, ки тарзи фикрронии ҷаҳонро рад карда дуруст рафтор кунанд (Қӯл. 2:16, 17, 23).

2. Чаро мо баъзе фикрҳои ин ҷаҳонро муҳокима мекунем?

2 Одамоне, ки фикрронии ин ҷаҳонро доранд, принсипҳои Яҳуваро писанд намекунанд ё онро паст мезананд. Агар эҳтиёт нашавем, тарзи фикрронии онҳо ба мо низ оҳиста-оҳиста таъсир расонда имонамонро суст карда метавонад. Тарзи фикрронии ин ҷаҳон ҳамеша дар телевизион, интернет, кор ё мактаб реклама карда мешавад. Аз ин рӯ мо аз таъсири он эмин нестем. Пас, чӣ тавр майнаи сари худро аз ин гуна фикрҳои заҳролудкунанда нигоҳ дорем? Дар ин мақола мо панҷ фикри ҷаҳонро муҳокима мекунем ва мефаҳмем, ки чӣ тавр онҳоро рад карда метавонем.

ОЁ БА ХУДО БОВАР КАРДАН ДУРУСТ АСТ?

3. Бисёри одамон чӣ гуна ақида доранд ва чаро?

3 «Диндор набошам ҳам, одами хубам». Дар бисёр давлатҳо одамон рӯйирост намегӯянд, ки «ба Худо бовар надорам», ба ҷойи ин «ман ба дин шавқ надорам» мегӯянд. Онҳо ба вуҷуд доштани Худо коре надоранд ва бо хости дилашон зиндагӣ мекунанд. (Забур 9:25-ро хонед.) Баъзеҳо ҳатто худро оқил тарошида мегӯянд, ки «ахлоқи ман бе Худо ҳам хуб аст».

4. Чӣ тавр мо ба одаме, ки ба Офаридгор бовар надорад, ёрдам карда метавонем?

4 Оё барои ба Худо бовар накардан ягон сабаби мантиқие вуҷуд дорад? Вақте одамон барои ба ин савол ҷавоб ёфтан ба илм рӯ меоранд, сарашон гаранг мешавад. Аммо ҷавоби ин савол душвор нест. Оё хона худ ба худ пайдо мешавад? Не, албатта. Онро бояд касе созад. Як фикр кунед, агар барои пайдо шудани чизҳои беҷон офаридгор даркор бошад, оё барои пайдо шудани чизҳои ҷондор Офаридгор лозим намешавад? Бисёри ҳуҷайраҳо қобилияте доранд, ки хонаи бо дасти одамизод сохташуда надорад. Масалан, онҳо мисли худашон як ҳуҷайраи дигарро пайдо карда метавонанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳар ду ҳуҷайра қобилияти нигоҳ доштани маълумотро дорад ва метавонад онро ба дигар ҳуҷайра диҳад, то ҳуҷайраи нав низ мисли худаш як ҳуҷайраи дигар пайдо кунад. Кӣ ҳуҷайраҳоро бо ин гуна қобилият офарид? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳар хона меъмори худро дорад, валекин меъмори ҳама чиз Худост» (Ибр. 3:4).

5. Дар бораи ақидае, ки бе Худо ҳам чӣ будани неку бадро дониста метавонем, чӣ гуфтан мумкин аст?

5 Баъзеҳо бошанд, мегӯянд, ки бе Худо ҳам чӣ будани хубу бадро медонанд. Бале, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ҳатто одамоне, ки ба Худо бовар надоранд, метавонанд чӣ хубу чӣ бад буданашро фаҳманд (Рум. 2:14, 15). Масалан, онҳо падару модари худро дӯст медоранд ва ҳурмат мекунанд. Аммо вақте шахс қонунҳои Яҳуваро риоя намекунад, қарорҳои дуруст қабул карда наметавонад (Иш. 33:22). Имрӯз бисёри одамони донишманд боварӣ доранд, ки вазъияти даҳшатовари заминро одамизод танҳо бо ёрдами Худо бартараф карда метавонад. (Ирмиё 10:23-ро хонед.) Барои ҳамин мо гуфта наметавонем, ки бе Худо ва қонунҳои Ӯ чӣ будани неку бадро дониста метавонем (Заб. 145:3).

ОЁ ШАРТ АСТ, КИ ДИНДОР БОШӢ?

6. Бисёри одамон дар бораи дин чӣ фикр доранд?

6 «Бе дин ҳам хушбахт шудан мумкин аст». Бисёриҳо фикр мекунанд, ки дин як чизи дилгиркунанда ва на он қадар муҳим аст. Аксари динҳо дар бораи дӯзахи оташин таълим медиҳанд, инчунин одамонро маҷбур мекунанд, ки хайрия кунанд ва сиёсатро дастгирӣ намоянд. Барои ҳамин дили одамон аз дин хунук шудааст ва фикр мекунанд, ки бе дин ҳам хушбахт буда метавонанд. Шояд баъзе аз онҳо гӯянд, ки «ман Худоро дӯст медорам, аммо ба ягон дин тааллуқ доштан намехоҳам».

7. Чӣ тавр дини ҳақиқӣ ба хушбахтӣ мусоидат мекунад?

7 Оё, дар ҳақиқат, бе дин хушбахт шудан мумкин аст? Бале, одам бе дини дурӯғ зиндагӣ карда метавонад. Аммо шахс бе дӯстӣ бо Яҳува, ки Сарчашмаи хушбахтист, хушбахт буда наметавонад (1 Тим. 1:11). Яҳува ҳамеша бар фоидаи дигарон амал мекунад. Азбаски ходимони Ӯ ҳам доимо кӯшиш мекунанд, ки ба дигарон кӯмак кунанд, худро хушбахт ҳис мекунанд (Аъм. 20:35). Масалан, ибодати ҳақиқӣ барои хушбахт шудани оила ёрдам мекунад. Зеро он ба мо ҳурмат кардани ҳамсарамон, ба якдигар содиқ мондан, ба воя расондани фарзандони боодоб ва дӯст доштани аъзои оилаамонро ёд медиҳад. Ибодати ҳақиқӣ инчунин ба ягонагӣ ва хушбахтии ҷамъомад мусоидат мекунад. (Ишаъё 65:13, 14-ро хонед.)

8. Мувофиқи Луқо 11:28 чӣ дар асл одамро хушбахт мегардонад?

8 Оё шахс ба Худо хизмат накарда хушбахт буда метавонад? Биёед пеш аз ба ин савол ҷавоб додан бинем, ки одамонро чӣ хушбахт мекунад. Баъзеҳо хушбахтиро дар кори сердаромад, варзиш ё шуғли дӯстдошта мебинанд. Дигарон бошанд, дар оиладор шудан ё пайдо кардани дӯстони бисёр. Албатта, ҳамаи ин чизҳо ба одам хурсандӣ меорад, аммо дар ҳаёт чизҳои аз ин ҳам муҳимтар ҳаст, ки ба шахс хурсандии бепоён меоранд. Мо аз ҳайвонҳо фарқ мекунем ва метавонем дар бораи Худо дониш гирифта ба Ӯ хизмат кунем. Яҳува моро тавре офаридааст, ки вақте мо ин корҳоро мекунем аз он хурсандӣ мегирем. (Луқо 11:28-ро хонед.) Масалан, вақте мо бо бародару хоҳарон барои Яҳуваро ибодат кардан ҷамъ меоем, хурсанд мешавем ва рӯҳбаландӣ мегирем (Заб. 132:1). Инчунин мо хеле хушбахтем, ки узви бародарияти умумиҷаҳоние ҳастем, ки ахлоқан поканд ва умеди олиҷаноб доранд.

ОЁ БА МО МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚӢ ДАРКОР АСТ?

9. а) Дар бораи алоқаи ҷинсӣ дар ҷаҳон чӣ гуна ақида вуҷуд дорад? б) Барои чӣ Китоби Муқаддас алоқаи ҷинсиро байни марду зане, ки дар издивоҷ нестанд, манъ мекунад?

9 «Барои чӣ алоқаи ҷинсӣ пеш аз издивоҷ бад будааст?» Одамон метавонанд ба мо чунин гӯянд: «Аз ҳаёт хурсандӣ гирифтан даркор. Бо касе, ки шавҳар ё зани ту нест алоқаи ҷинсӣ кардан ягон гандагие надорад». Аммо хизматгори Худо бо ин ақида тамоман розӣ шуда наметавонад. Чаро? Чунки Китоби Муқаддас бадахлоқии ҷинсиро маҳкум мекунад *. (1 Таслӯникиён 4:3–8-ро хонед.) Яҳува чун Офаридгори мо ҳақ дорад, ки меъёрҳои ахлоқиро муқарар кунад. Қонуни Худо алоқаи ҷинсиро танҳо байни марду зане, ки издивоҷ кардаанд, иҷозат медиҳад. Худо моро дӯст медорад, барои ҳамин ба мо чунин қонунҳоро додааст. Ӯ медонад, ки агар мо аз рӯйи он зиндагӣ кунем, ҳаётамон беҳтар мешавад. Оилаҳое, ки ба қонуни Худо итоат мекунанд, нисбати ҳамдигар муҳаббат ва эҳтиром дошта аз якдигар дилпуранд. Худо онҳоеро, ки қонуни Ӯро дидаю дониста вайрон мекунанд, беҷазо намемонад (Ибр. 13:4).

10. Чӣ тавр масеҳиён аз бадахлоқии ҷинсӣ дурӣ ҷуста метавонанд?

10 Каломи Худо моро таълим медиҳад, ки чӣ тавр аз бадахлоқии ҷинсӣ дурӣ ҷӯем. Масалан, дар он навишта шудааст, ки мо бояд чашмони худро идора кунем. Исо гуфта буд: «Ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино карда бошад... агар чашми ростат туро ба васваса андозад, онро канда, аз худ дур кун» (Мат. 5:28, 29). Барои ҳамин масеҳиён аз тамошои порнография ва гӯш кардани сурудҳои бадахлоқона дурӣ меҷӯянд. Павлуси ҳавворӣ низ навишта буд, ки аъзои бадани худро барои бадахлоқии ҷинсӣ бикушед (Қӯл. 3:5). Инчунин мо бояд фикрҳои бадахлоқонаро аз сари худ дур кунем ва ҳангоми сӯҳбат аз ин хел мавзӯъҳо эҳтиёт шавем (Эфс. 5:3–5).

ОЁ МО БОЯД АЗ ПАЙИ КОРИ СЕРДАРОМАД ШАВЕМ?

11. Чаро доштани кори сердаромад ба мо васваса шуда метавонад?

11 «Кори сердаромад калиди хушбахтист». Бисёр одамон моро бармеангезанд, ки аз пайи кори сердаромад шавем, чунки он метавонад ба мо шӯҳрат, қудрат ва боигарӣ биёрад. Барои ҳамин бисёр одамон фикр мекунанд, ки аз пайи касбу кори хуб шудан хушбахтӣ меорад. Ин гуна фикрронӣ ба масеҳиён низ таъсир расонда метавонад.

12. Оё кори сердаромад моро хушбахт карда метавонад?

12 Оё коре, ки қудрат ва обрӯю эътибор меорад, шуморо, дар ҳақиқат, хушбахт карда метавонад? Не. Шайтон хоҳиши зиёди ба даст овардани қудрату шӯҳратро дошт, зеро худхоҳ буд. Гуфтан мумкин аст, ки ӯ чизи хостаашро ба даст овард, аммо вай хушбахт нест, баръакс хеле хашмгин аст (Мат. 4:8, 9; Ваҳй 12:12). Мо бошем, нафақат дар бораи худ, балки дар бораи дигарон низ фикр мекунем. Мо мехоҳем, ки одамон дар бораи Худо дониш гирифта соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шаванд. Ин ба мо хурсандии ҳақиқие меорад, ки ягон кори сердаромад онро дода наметавонад. Одамон бисёр вақт барои ба даст овардани кори хуб бо ҳамдигар рақобат мекунанд ва рашку ҳасад мебаранд. Вале ҳатто баъди ба мақсадашон расидан худро хушбахт ҳис намекунанд. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ҳамаи ин «бод паймудан аст», яъне кӯшишу ғайрати бефоида аст (Воиз 4:4).

13. а) Мо бояд ба кори худ чӣ гуна нигоҳ кунем? б) Чӣ ба Павлус хушбахтии ҳақиқӣ мебахшид?

13 Албатта, мо бояд барои худамонро таъмин кардан пул кор кунем. Интихоб кардани коре, ки ба мо маъқул аст, ягон бадие надорад. Лекин кор набояд дар зиндагии мо аз ҳама муҳим бошад. Исо гуфта буд: «Ҳеҷ кас ба ду оғо хизмат карда наметавонад: зеро ки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст хоҳад дошт, ё ба яке часпида, дигареро хор хоҳад дид. Шумо наметавонед ба Худо ва ба мамуно [боигарӣ] хизмат кунед» (Мат. 6:24). Агар мо хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввал монда, ба дигарон Каломи Ӯро таълим диҳем, хурсандии зиёд мегирем. Павлуси ҳавворӣ низ ин гуна хурсандиро ҳис карда буд. Пештар ҳушу ёди ӯ ба мақому мартаба равона шуда буд. Аммо, баъдтар вақте вай дид, ки чӣ тавр одамоне, ки ӯ мавъиза мекард Каломи Худоро қабул карда ҳаёташонро тағйир медиҳанд, хушбахтии ҳақиқиро ҳис кард. (1 Таслӯникиён 2:13, 19, 20-ро хонед.) Хурсандии муваққатие, ки кори сердаромад меорад, ҳеҷ гоҳ ба хурсандие, ки мо аз хизмати Худо мегирем, баробар шуда наметавонад.

Дар бораи Худо таълим додани дигарон хурсандии ҳақиқӣ меорад (Ба сархатҳои 12 ва 13 нигаред.)

ОЁ МО ПРОБЛЕМАҲОИ ҶАҲОНРО ҲАЛ КАРДА МЕТАВОНЕМ?

14. Чаро одамизод бовар кардан мехоҳад, ки проблемаҳояшро ҳал карда метавонад?

14 «Одамизод проблемаҳои худро ҳал карда метавонад». Ин суханон ба гӯши бисёр одамон мефорад. Лекин, агар одамизод, дар ҳақиқат, проблемаҳои худро ҳал карда метавонист, Худо даркор намешуд ва ҳар кас чи хеле ки хоҳад зиндагӣ кардан мегирифт. Имрӯз одамон бештару бештар боварӣ пайдо карда истодаанд, ки проблемаҳои худро ҳал карда метавонанд. Зеро мувофиқи баъзе маълумот ҷанг, сатҳи ҷинояткорӣ, касалӣ ва камбағалӣ кам шудааст. Дар яке аз ҳисобот чунин гуфта шудааст: «Вақте одамизод қарор кард, ки заминро ба ҷойи беҳтарин табдил медиҳад, ин сабаби пешравии онҳо гашт». Оё ин рост аст? Оё одамизод медонад, ки чӣ тавр проблемаҳояшро ҳал кунад? Биёед чанд маълумотро дида бароем.

15. Чаро мо гуфта метавонем, ки проблемаҳои ҷаҳон хеле ҷиддианд?

15 Оё одамизод пеши ҷангро гирифта тавонист? Дар Ҷанги Якум ва Дуюми Ҷаҳон тақрибан 60 миллион нафар мурд. Ҷанги Дуюми Ҷаҳон нишон дод, ки одамон пешгирӣ кардани ҷангро ёд нагирифтаанд. То соли 2015 аз сабаби ҷанг ва ё таъқибот шумораи одамоне, ки маҷбуран хонаҳои худро тарк карданд ба 65 миллион расид. Ба ҳисоби миёна фақат дар давоми соли 2015 12, 4 миллион одамон бе хонаву дар монданд. Дар бораи ҷинояткорӣ чӣ гуфтан мумкин аст? Дар ҷойҳои муайян баъзе намуди ҷинояткорӣ кам шуда бошад ҳам, баъзеи дигараш ба монанди зӯроварии хонаводагӣ, терроризм, коррупсия ва ҷинояткорӣ дар соҳаи технологияи информатсионӣ бо суръати тез боло рафта истодааст. Одамизод қудрати аз байн бурдани ҷинояткориро надорад. Бемориро чӣ? Дар ҳақиқат, одамон давои баъзе бемориро ёфта тавонистанд. Лекин мувофиқи ҳисоботи соли 2013 ҳар сол 9 миллион нафар дар синни 60-солагӣ аз бемориҳои дил, сактаи дил, саратон, бемориҳои роҳи нафас ва қанд мемуранд. Оиди камбағалӣ чӣ гуфтан мумкин аст? Мувофиқи маълумоти Бонки Умумиҷаҳонӣ танҳо дар Африқо соли 1990 аз сатҳи пасти камбағалӣ 280 миллион нафар азоб мекашид, соли 2012 бошад, ин шумора ба 330 миллион нафар расид.

16. а) Чаро танҳо Салтанати Худо проблемаҳои одамизодро ҳал карда метавонад? б) Дар Ишаъё ва Забур дар бораи баракатҳои Салтанат чӣ пешгӯйӣ шудааст?

16 Имрӯз ташкилотҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ дар дасти одамони худхоҳ аст. Албатта, ин гуна шахсон ба ҷанг, ҷинояткорӣ, касалӣ ва камбағалӣ хотима бахшида наметавонанд. Фақат Салтанати Худо ҳамаи ин проблемаҳоро аз байн бурда метавонад. Танҳо тасаввур кунед, ки Яҳува барои одамизод чӣ кор мекунад. Салтанати Худо худпарастӣ, ватанпарастӣ, коррупсия, дини дурӯғ ва Шайтонро, ки сабаби сар задани ҷангҳо мегарданд, нест мекунад (Заб. 45:9, 10). Салтанати Худо ҷинояткориро аз байн мебарад. Он аллакай имрӯз ба миллионҳо одамон кӯмак мерасонад, ки ҳамдигарро дӯст доранд ва ба якдигар бовар карданро таълим гиранд. Ин кор аз дасти ягон ҳукумати дигар намеояд (Иш. 11:9). Ба наздикӣ Яҳува бемориро нест карда ба ҳама одамон саломатии бардавом мебахшад (Иш. 35:5, 6). Ӯ камбағалиро ҳам аз байн мебарад ва ба одамон имкон медиҳад, ки дӯсти Ӯ шаванд ва аз зиндагии хушу хурсандона баҳра баранд. Магар ин чиз аз боигарӣ дида арзандатар нест? (Заб. 71:12, 13).

«БИДОНЕД, КИ...ЧӢ ГУНА ҶАВОБ ДИҲЕД»

17. Чӣ тавр шумо худро аз фикронии ҷаҳон муҳофизат карда метавонед?

17 Агар фикрронии ин ҷаҳон ба имони шумо таъсир расонад, фикри Китоби Муқаддасро дар ин бора фаҳмед. Бо бародару хоҳарони баркамол онро муҳокима кунед. Мулоҳиза ронед, ки чаро ин фикр ба одамон маъқул аст, барои чӣ он нодуруст аст ва чӣ тавр шумо онро рад карда метавонед. Ҳамаи мо худро аз фикрҳои ин ҷаҳон муҳофизат карда метавонем. Барои ин ба мо маслиҳати зерини Павлус ёрдам мекунад: «Бо онҳое, ки дар берунанд, оқилона рафтор кунед... то шумо бидонед, ки ба ҳар кас чӣ гуна ҷавоб диҳед» (Қӯл. 4:5, 6).

^ сарх. 9 Бисёр одамон намедонанд, ки оятҳои дар Юҳанно 7:53–8:11 овардашуда дар баъзе тарҷумаҳои Китоби Муқаддас илова карда шудаанд ва қисми Навиштаҳои илҳомбахшанда нестанд. Баъзеҳо ин оятҳоро хонда ба хулосаи нодуруст омадаанд, ки танҳо одами бегуноҳ метавонад шахси зинокорро доварӣ кунад. Аммо дар Қонуни Худо, ки ба исроилиён дода шуда буд, чунин гуфта шудааст: «Агар марде ёфт шавад, ки бо зани шавҳардоре хобида бошад, бигзор ҳар дуяшон ба қатл расонида шаванд» (Такр. Ш. 22:22).