БУРҶИ ДИДБОНӢ (НАШРИ ОМӮЗИШӢ) Октябр 2016

Ин нашр мақолаҳои омӯзишӣ аз 28 ноябр то 25 декабри соли 2016-ро дар бар мегирад.

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Таъсири намунаи хуб

Рӯҳбаландкунии масеҳиёни ботаҷриба метавонад дигаронро барангезад, ки мақсадҳои арзанда гузошта онҳоро ба даст оранд. Томас Маклейн мегӯяд, ки чӣ тавр дигарон барои ӯ намуна буданд ва чӣ хел худи ӯ ба дигарон кӯмак расонд.

Ба мусофирон некӣ карданро фаромӯш накунед

Худо нисбати мусофирон чӣ хел муносибат мекунад? Шумо чӣ кор карда метавонед, то ки мусофирон дар ҷамъомадатон худашонро худӣ ҳис кунанд?

Дар ҷамъомади хориҷизабон хизмат карда рӯҳан солим монед

Ҳамаи масеҳиён бояд аввал худашон ва оилашонро аз ҷиҳати рӯҳонӣ муҳофизат кунанд. Дар ҷамъомади хориҷизабон хизмат карда шумо бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешавед.

Оё шумо хирадро ба кор мебаред?

Хирад аз дониш ва фаҳмиш чӣ фарқ дорад? Донистани ин фарқият дар ҳақиқат манфиатнок аст.

Имонатонро ба умеди худ қавӣ гардонед

Мо аз намунаҳои имони замонҳои пеш ва ҳозира ибрат гирифта метавонем. Чӣ тавр шумо имони худро қавӣ нигоҳ дошта метавонед?

Ба ваъдаҳои Яҳува имон зоҳир кунед

Имон чист? Ва чӣ хел шумо онро зоҳир карда метавонед?

Оё шумо медонед?

Дар асри як Рум то чӣ андоза ба ҳукумати Яҳудо озодӣ медод? Магар рост аст, ки дар замонҳои қадим ягон кас дар замини дигар шахс мастак кошта метавонист?