Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо хирадро ба кор мебаред?

Оё шумо хирадро ба кор мебаред?

МУВОФИҚИ қиссае, як писарбачаи камбағал дар қишлоқи дурдасте зиндагӣ мекард. Одамони гирду атроф фикр мекарданд, ки вай гӯлу гаранг аст ва ба ҳолаш механдиданд. Вақте ки сайёҳон ба қишлоқашон меомаданд, баъзеҳо ӯро масхара карда ду тангаи дар дасташон бударо нишон медоданд, ки якеаш нуқрагин буду дигараш аз тилло. Лекин ҳаҷми тангаи тиллоӣ назар ба нуқрагин хурд буду нархаш ду баробар зиёд. Онҳо ба ин писарбача мегуфтанд: «Кадомашро мегирӣ?» Вай тангаи нуқрагинро гирифта мегурехт.

Боре яке аз сайёҳон аз ин писарбача пурсид: «Оё ту медонӣ, ки тангаи тиллоӣ аз тангаи нуқрагин дида қиматтар аст?» Писарбача чунин гуфт: «Албатта, медонам». «Пас, барои чӣ ту тангаи нуқрагинро гирифтӣ?» — пурсид сайёҳ. «Агар ту тангаи тиллоиро мегирифтӣ, пулат ду баробар зиёд мешуд!» Писарак гуфт: «Лекин, агар ман тангаи тиллоиро мегирифтам, одамон дигар маро масхара намекарданд. Шумо медонед, ки ман чӣ қадар тангаи нуқрагин ҷамъ кардам?» Дар ин қисса писарак хислатеро зоҳир кард, ки барои наврасон манфиатовар аст — ин хирад мебошад.

Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст: «Зеҳн [«Хирад», ТДН] ва фаросатро нигоҳдорӣ намо, он гоҳ дар роҳи худ бо амният қадамгузор хоҳӣ шуд, ва пои ту нахоҳад лағжид» (Мас. 3:21, 23). Аз ин рӯ донистани он ки хирад чӣ маъно дорад ва чӣ тавр онро истифода бурдан даркор аст, моро аз хатар нигоҳ медорад. Он ба мо кӯмак мекунад, ки дар роҳи ҳақиқат устувор бошем.

ХИРАД ЧИСТ?

Хирад аз дониш ва фаҳмиш фарқ дорад. Шахсе ки дониш дорад, маълумот ё далел ҷамъ мекунад. Касе ки фаҳмиш дорад, чӣ тавр як далел бо дигар далел вобаста буданашро мебинад. Лекин шахсе ки хирад дорад, донишу фаҳмишро дар амал истифода мебарад.

Масалан, шахс дар вақти нисбатан кам китоби «Таълимот»-ро хонда, фаҳмида метавонад. Шояд дар вақти омӯзиш ба саволҳо нағз ҷавоб диҳад. Эҳтимол, вай ба ҷамъомад рафтанро сар карда ҳатто шарҳҳои хуб диҳад. Ҳамаи ин аломати рӯҳан рушд кардани вай буда метавонад. Лекин оё ин маънои онро дорад, ки ӯ хирадро ба даст овардааст? Не. Шояд вай зеҳни тез дорад. Ба ҳар ҳол вақте ӯ чизҳои фаҳмидаашро ба кор мебарад, бохирад мегардад. Агар қарорҳои ӯ натиҷаи хуб оварда дурандеш буданашро исбот кунанд, он гоҳ мо хулоса карда метавонем, ки ӯ хирадро ба кор бурдааст.

Дар Матто 7:24–27 масали Исо оварда шудааст, ки дар он ду мард хона месозанд. Яке аз мардон «оқил» номида шудааст, чунки вай пешакӣ фикр карда хонаашро бар санг сохт. Вай шахси дурандеш ва кордон буд. Он мард ҳатто фикр накард, ки бар қум сохтани хона арзонтару осонтар мешавад. Хирадро ба кор бурда вай оқибати корашро фикр кард. Барои ҳамин вақте тӯфон шуд, хонаи вай чаппа нашуд. Саволе ба миён меояд, ки чӣ тавр мо соҳиби чунин хислат шуда онро истифода бурда метавонем?

ЧӢ ХЕЛ СОҲИБИ ХИРАД ШАВАМ?

Якум, бинед, ки дар Мико 6:9 чӣ гуфта шудааст: «Соҳибҳикмат исми Туро мӯҳтарам медорад». Мӯҳтарам доштани номи Худо маънои эҳтиром кардани Ӯро дорад. Ин маънои онро дорад, ки чизҳое ки бо номи Ӯ вобаста аст, аз он ҷумла меъёрҳояшро бояд эҳтиром кунем. Барои эҳтиром кардани ягон шахс тарзи фикррониашро фаҳмидан лозим аст. Баъд аз ин шумо ба вай бовар карда чизеро аз ӯ ёд гирифта метавонед ва ба рафтори хирадмандонааш тақлид намуда муваффақият ба даст меоред. Агар мо оиди муносибатамон бо Яҳува фикр кунем ва дар асоси меъёрҳои Ӯ қарор барорем, он гоҳ хирадро соҳиб мешавем ва ин ба мо манфиати бардавом меорад.

Дуюм, дар Масалҳо 18:1 гуфта шудааст: «Худком толиби ҳавас аст, ба зидди ҳар зиракӣ [«хирад», ТДН] қиём мекунад». Агар эҳтиёт нашавем, мо аз Яҳува ва халқаш дур шуда метавонем. Барои дур нашудан ба мо лозим аст, ки бо касоне ки номи Худоро мӯҳтарам медоранд ва меъёрҳояшро ҳурмат мекунанд, вақт гузаронем. Мо бояд шахсан (агар саломатӣ имконият диҳад) ба Толори Салтанат ташриф орем ва доимо бо онҳое ки дар ҷамъомад мебошанд, муошират кунем. Дар вақти ҷамъомад бошад, мо бояд роҳ диҳем, ки суханони гуфташуда ба ақлу дили мо таъсир расонад.

Илова бар ин, агар мо диламонро ба Яҳува холӣ кунем, ба Ӯ наздиктар мешавем (Мас. 3:5, 6). Вақте мо бо ақлу дили худ Китоби Муқаддас ва адабиётамонро мехонем, мо дар бораи оқибати корамон тасаввурот пайдо намуда мувофиқи он амал карда метавонем. Ҳамчунин ба мо лозим аст, ки маслиҳатҳои бародарони ботаҷрибаро аз таҳти дил қабул кунем (Мас. 19:20). Ҳамин тавр хиради мо зиёд мегардад.

ЧӢ ТАВР ХИРАД БА ОИЛА КӮМАК МЕРАСОНАД?

Хирад, оилаҳоро ҳимоя карда метавонад. Масалан, Китоби Муқаддас ба зан маслиҳат медиҳад, ки нисбати шавҳараш эҳтироми чуқур дошта бошад (Эфс. 5:33, ТДН). Чӣ тавр шавҳар ин гуна эҳтиромро ба даст оварда метавонад? Агар ӯ эҳтиромро дағалона ва бо қаҳр талаб кунад, ин натиҷаи бардавом намеорад. Барои аз нофаҳмиҳо гурехтан зани ин хел мард дар ҳузураш эҳтироми лозимаро нишон медиҳад. Лекин агар шавҳараш дар пешаш набошад-чӣ? Шояд ӯ ними ҳамон эҳтиромашро нишон надиҳад. Шавҳар бояд дида барояд, ки кадом кораш натиҷаҳои бардавом меорад. Агар ӯ самари рӯҳро зоҳир карда меҳрубону ғамхор бошад, вай эҳтироми чуқурро нисбати худ ба даст меорад. Албатта, ин маънои онро надорад, ки зан бояд танҳо баъди ин шавҳарашро эҳтиром кунад. Зан бояд шавҳарашро новобаста ба сазовор ё носазовор будани ӯ эҳтиром кунад (Ғал. 5:22, 23).

Китоби Муқаддас ҳамчунин мегӯяд, ки шавҳарон бояд занони худро дӯст доранд (Эфс. 5:28, 33). Барои қавӣ нигоҳ доштани муҳаббати шавҳар, зан фикр карданаш мумкин, ки беҳтараш чизҳои нофорамро, ки ба донистани он шавҳараш ҳақ дорад, аз вай пинҳон кунад. Лекин дар асл оё ин аз рӯи ақлу хирад аст? Вақте шавҳар инро мефаҳмад, худро чӣ хел ҳис мекунад? Оё занашро бештар дӯст хоҳад дошт? Ин барояш душвортар мешавад. Ба ҷои ин нағз мебуд, ки зан дар вақти мувофиқ ба шавҳараш оромона чизи нофорамро нақл кунад, эҳтимол шавҳараш ростқавлии ӯро дида қадр мекунад. Баъди ин муҳаббати ӯ ба занаш зиёд мегардад.

Чи хеле ки имрӯз кӯдакро тарбия кунед, ҳамин тавр пагоҳ бо шумо гап мезанад

Фарзандон бояд ба гапи волидонашон гӯш диҳанд ва дар роҳи Яҳува тарбия ёбанд (Эфс. 6:1, 4). Оё ин маънои онро дорад, ки волидон бояд ба кӯдакашон чӣ мумкину чӣ номумкин буданашро рӯйхат кунанд? Ин нафақат донистани қоидаҳое мебошад, ки волидон ба ҷо овардани онро талаб мекунанд ё барои иҷро накардани он ҷазо медиҳанд. Волидони бохирад ба фарзандашон мефаҳмонанд, ки чаро бояд итоаткор бошад.

Масалан, тасаввур мекунем, ки кӯдак нисбати падар ё модараш беэҳтиромӣ мекунад. Агар доду вой карда кӯдакро ҷазо диҳед, вай худашро гум мекунад ё маҷбур мешавад, ки ҷим шинад. Лекин он лаҳза кина гирифта дилаш шояд аз волидонаш монад.

Волидони бохирад дар бораи тарзи тарбияи кӯдакашон ва таъсири ояндаи он фикр мекунанд. Волидон набояд сари қаҳр саросемавор ягон қарор бароранд. Шояд беҳтараш дар алоҳидагӣ бо кӯдак оромонаву меҳрубонона гап зада, фаҳмонанд, ки Яҳува аз ӯ интизор аст, то барои манфиати худаш ба волидон итоат кунад. Сипас вақте кӯдак волидонашро ҳурмат мекунад, вай мефаҳмад, ки бо ин кораш Яҳуваро ҷалол дода истодааст (Эфс. 6:2, 3). Чунин тарзи рафтор метавонад ба дили фарзанд таъсир расонад. Вай ғамхории самимии волидонро ҳис мекунад ва эҳтиромаш нисбати онҳо зиёд мегардад. Ва ҳангоми сар задани душвориҳо кӯдак бемалол аз волидон ёрдам пурсида метавонад.

Баъзе волидон тамоман намехоҳанд, ки фарзандонашонро ранҷонанд, барои ҳамин умуман онҳоро ислоҳ намекунанд. Лекин вақте онҳо калон мешаванд, чӣ мешавад? Оё онҳо Яҳуваро эҳтиром карда дарк мекунанд, ки аз рӯи меъёрҳои Худо амал намудан аз рӯи хирад аст? Оё онҳо бо омодагӣ дилашонро ба Яҳува холӣ мекунанд ё худро аз Ӯ дур мекашанд? (Мас. 13:1; 29:21).

Ҳайкалтароши хуб пешакӣ нақши чизеро ки шакл доданӣ аст, тасаввур мекунад. Вай ҳар ҷоро тарошида умед намекунад, ки шакли дилхоҳаш пайдо мешавад. Волидони бохирад вақти зиёдашонро барои омӯхтану дар амал истифода бурдани меъёрҳои Яҳува сарф мекунанд. Ва ҳамин тавр ба исми Худо эҳтиром нишон медиҳанд. Худро аз Яҳува ва ташкилоташ дур накашида онҳо хирадро ба даст меоранд ва онро барои пойдор намудани оилаашон истифода мебаранд.

Ҳар рӯз мо бояд қарорҳое барорем, ки ба ҳаёти минбаъдаи мо таъсир мерасонанд. Ба ҷои тез ҷавоб додан ё беихтиёрона қарор баровардан, беҳтараш истода фикр бояд кард. Нағз мулоҳиза рондан натиҷаи бардавом меорад. Агар роҳнамоии Яҳуваро ҷуста хиради Ӯро ба кор барем, он гоҳ мо бохирад мешавем ва ин бароямон ҳаёт мебахшад (Мас. 3:21, 22).