Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Бигзор дастҳоят суст нашавад!»

«Бигзор дастҳоят суст нашавад!»

«Бигзор дастҳоят суст нашавад!» (САФ. 3:16).

СУРУДҲО: 54, 32

1, 2. а) Имрӯз бисёриҳо бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд ва таъсири он чӣ гуна аст? б) Суханони Ишаъё 41:10, 13 моро ба чӣ боварӣ мебахшад?

ХОҲАРЕ, ки пешрави доимӣ мебошаду шавҳараш пири ҷамъомад аст, чунин мегӯяд: «Нигоҳ накарда ба реҷаи хуби рӯҳониам чанд сол боз бо тарсу воҳима мубориза мебарам. Аз ин сабаб бехобӣ мекашам, саломатиам бад аст ва ин ба муносибатам бо дигарон таъсир мерасонад ва баъзан ҳамин хел мешавад, ки ман таслим мешавам ва дигар мубориза бурдан намехоҳам».

2 Оё ҳиссиёти ин хоҳар ба шумо шинос аст? Афсӯс ки дар дунёи Шайтон зиндагӣ карда мо бо бисёр фишорҳо рӯ ба рӯ мешавем. Ва чи хеле ки лангари ба об партофташуда намегузорад, ки киштӣ ба пеш ҳаракат кунад, ҳамон тавр фишори ин ҷаҳон моро ба ақиб мекашад ё зиқу рӯҳафтода мекунад (Мас. 12:25). Ба зиқиву рӯҳафтодагии шумо чӣ сабаб шуда метавонад? Шояд ҳамсари азизатонро аз даст дода бошед, бо бемории ҷиддӣ мубориза мебаред, оилаатонро дар ин вақтҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ душвор таъмин мекунед ва ё бо таъқибот дучор шуда истодаед. Дар натиҷаи ин гуна душвориҳои эмотсионалӣ шумо беқувват шуда, ҳатто хурсандиро гум карда метавонед. Лекин дилпур бошед, Худо ҳамавақт тайёр аст, ки ба шумо дасти ёрӣ дароз кунад. (Ишаъё 41:10, 13-ро хонед.)

3, 4. а) Дар Китоби Муқаддас калимаи «дастон» ба кадом маъно истифода шудааст? б) Аз чӣ сабаб дастони мо суст шуда метавонад?

3 Одатан Китоби Муқаддас узвҳои бадани инсонро барои тасвир кардани хислатҳо ё амалҳои гуногуни шахс истифода мебарад. Масалан, калимаи «даст» дар Китоби Муқаддас садҳо маротиба оварда шудааст. Вақте дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки дастони касе қавӣ гардид, ин маънои аз тарафи касе рӯҳбаланд шудан, қувват гирифтан ва ба амал тайёр буданро дорад (1 Подш. 23:16, Эзро 1:6). Ин боз маънои онро дорад, ки шахс назари мусбӣ ва ба оянда умед дорад.

4 Дар Китоби Муқаддас баъзан барои тасвир кардани ҳолати рӯҳафтодагӣ, дилшикастагӣ ва ё ноумедӣ ибораи «дастҳои беқувват» истифода мешавад (2 Вақ. 15:7, Ибр. 12:12). Вақте шумо бо вазъиятҳое рӯ ба рӯ мешавед, ки асабатонро хароб мекунад ё ҳангоми худро аз ҷиҳати ҷисмонӣ, эмотсионалӣ ва ҳатто рӯҳонӣ суст ҳис кардан, шояд таслим шудан хоҳед. Дар ин маврид аз куҷо рӯҳбаландӣ гирифта метавонед? Чӣ тавр шумо барои истодагарӣ кардан қувват пайдо намуда, хурсандиатонро нигоҳ дошта метавонед?

«ДАСТИ ХУДОВАНД КӮТОҲ НЕСТ, КИ НАҶОТ НАДИҲАД»

5. а) Дар вақтҳои душворӣ мо чиро ҳис карда метавонем, лекин чиро бояд фаромӯш накунем? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

5 Сафанё 3:16, 17-ро хонед. Дар вақти мушкилӣ мо набояд тарсида рӯҳафтода шавем ё дастҳоямонро суст кунем. Падари ғамхорамон Яҳува моро даъват мекунад, ки «ҳамаи ғамҳои худро ба Ӯ вогузор» намоем (1 Пет. 5:7). Яҳува ба исроилиён гуфт, ки «дасти» бузургаш «кӯтоҳ нест, ки наҷот надиҳад». Мо ин суханонро дар дили худ бояд ҷой диҳем (Иш. 59:1). Худо барои қавӣ гардонидани халқаш ҳам хоҳиш ва ҳам қудрат дорад. Дар ин мақола мо се намунаи Китоби Муқаддасро дида мебароем, ки дар он Яҳува ба душвориҳои ба назар мушкилтобанда нигоҳ накарда халқашро барои иҷрои нияташ қувват бахшид. Биёед бинем, ки чӣ тавр ин мисолҳо шуморо низ қавӣ карда метавонанд.

6, 7. Мо аз ғалабаи исроилиён бар амолеқиён чӣ дарси муҳим мегирем?

6 Чанде пас аз озод шудани исроилиён аз ғуломии Миср, амолеқиён ба онҳо ҳуҷум карданд. Еҳушаъ аз рӯи дастуроти Мусо амал намуда далерона исроилиёнро дар ҷанг сардорӣ мекард. Ҳамзамон Мусо ҳамроҳи Ҳорун ва Ҳур ба теппаи наздике, ки аз он ҷо ин ҷангро дидан мумкин буд, баромаданд. Оё гуфтан мумкин аст, ки ин се мард аз ҷанг тарсида гурехтанд? Албатта, не!

7 Мусо аз рӯи он нақшае амал намуд, ки барои ба даст овардани ғалаба мусоидат мекард. Мусо бо дастонаш асои Худои ҳақиқиро ба осмон бардошт. То даме ки Мусо бо дастонаш асоро баланд мебардошт, Худо ба дастони халқи Исроил қувват мебахшид, то ки дар ҷанг дастболо шаванд. Лекин вақте ки Мусо дастонашро аз хастагӣ мефаровард, амолеқиён дастболо мешуданд. Ҳорун ва Ҳур бо қатъият амал карда «санге гирифта, ба таги ӯ [Мусо] гузоштанд, ва ӯ бар он нишаст, ва Ҳорун ва Ҳур, яке аз ин тараф ва дигаре аз он тараф, дастҳои ӯро бардошта нигоҳ медоштанд; ва дастҳои ӯ то ғуруби офтоб устувор монд». Бале, бо дасти бузурги Яҳува исроилиён дар ҷанг ғалаба карданд (Хур. 17:8–13).

8. а) Осо ҳангоми ҳамлаи ҳабашиён чӣ кор кард? б) Чӣ тавр мо ба намунаи Осо пайравӣ карда метавонем?

8 Дар замонҳои шоҳ Осо, Яҳува исбот кард, ки дасташ кӯтоҳ нест. Дар Китоби Муқаддас оиди бисёр ҷангҳо маълумот дода шудааст, лекин дар байни ин ҷангҳо аз ҳама лашкари Зораҳи ҳабашӣ хеле бисёр буд. Ӯ 1 000 000 ҷанговарони ботаҷриба дошт. Шумораи лашкари ҳабашиён назар ба лашкари Осо ду баробар зиёд буд. Тасаввур кунед, ки Осо то чӣ дараҷа ба осонӣ метавонист, ки тез ба тарсу ваҳм дода шуда таслим шавад. Лекин Осо дарҳол аз Яҳува кӯмак пурсид. Аз нуқтаи назари одамӣ чунин метофт, ки бар ҳабашиён ғолиб омадан номумкин аст, аммо «ба Худо ҳама чиз имконпазир аст» (Мат. 19:26). Худо қудрати бузургашро нишон дод ва «ҳабашиёнро пеши Осо», ки дилаш «тамоми айёми ӯ ба Худованд амин буд», шикаст дод (2 Вақ. 14:8–13; 3 Подш. 15:14).

9. а) Барои барқарор кардани деворҳои Ерусалим ба Наҳемё чӣ монеа нашуд? б) Чӣ тавр Яҳува ба дуои Наҳемё ҷавоб дод?

Тасаввур кунед, ки вақте Наҳемё ба Ерусалим рафт, чиро дид? Шаҳр қариб, ки бе ҳимоя буд ва яҳудиён хеле рӯҳафтода буданд. Таҳдиди душманони гирду атроф сабаби суст шудани дастони яҳудиён гашта буд, аз ин рӯ онҳо метавонистанд, ки барқарор кардани деворҳои Ерусалимро бас кунанд. Лекин Наҳемё нагузошт, ки ин вазъият ӯро низ рӯҳафтода карда пеши роҳи барқароркунии деворро гирад. Наҳемё мисли Мусо, Осо ва дигар ходимони содиқи Худо ба Яҳува такя карда дарҳол дуо гуфт ва Яҳува ба дуои ӯ ҷавоб дод. Ин душворӣ ба назари яҳудиён ҳалнашаванда метофт, лекин Яҳува «қуввати азим» ва «дасти қавии Худ»-ро истифода бурда дасти сусти яҳудиёнро қавӣ гардонд. (Наҳемё 1:10; 2:17–20; 6:9-ро хонед.) Оё шумо боварӣ доред, ки Яҳува «қуввати азим» ва «дасти қавии Худ»-ро барои қавӣ гардондани ходимони имрӯзааш истифода мебарад?

ЯҲУВА ШУМОРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАД

10, 11. а) Чӣ тавр Шайтон барои суст кардани дастони мо кӯшиш мекунад? б) Яҳува моро бо воситаи чӣ қувват мебахшад? в) Чӣ тавр шумо аз вохӯриҳо ва мактабҳои гуногуни бар Навиштаҳо асосёфта манфиат гирифта метавонед?

10 Бешубҳа, Шайтон дар манъ кардани фаъолияти масеҳиён дасташро ҳеҷ гоҳ суст намекунад. Барои ин вай дурӯғ, таҳдид аз тарафи ҳукуматдорону роҳбарони дин ва осиёнро истифода мебарад. Бо кадом мақсад Шайтон ин корро мекунад? Вай дастони моро дар кори мавъизаи Салтанат суст кардан мехоҳад. Лекин Яҳува хоҳиш ва қудрат дорад, ки моро ба воситаи рӯҳи муқаддасаш қавӣ гардонад (1 Вақ. 29:12). Хеле муҳим аст, ки мо барои бо Шайтон ва ҷаҳони вай мубориза бурдан аз Худо рӯҳи муқаддас пурсем (Заб. 17:40; 1 Қӯр. 10:13). Ҳамчунин мо барои Каломи Худо миннатдор буда дар барои ғизои ҳармоҳаи рӯҳонӣ, ки дар он асос меёбад, мулоҳиза ронда метавонем. Суханони дар Закарё 8:9, 13 овардашуда, ҳангоми барқароршавии маъбади Ерусалим навишта шуда буд ва ин суханон ба мо низ дахл доранд. (Оятро хонед.)

11 Мо ҳамчунин аз таълими Яҳува дар ҷамъомадҳо, анҷуманҳо ва аз таҳсил дар мактабҳои гуногуни бар Навиштаҳо асосёфта қувват гирифта метавонем. Ин таълимгирӣ ба мо кӯмак мекунад, ки рӯҳияи дуруст дошта бошем, дар пеши худ мақсадҳои рӯҳонӣ монем ва вазифаи худро иҷро кунем (Заб. 118:32). Оё шумо саъю кӯшиш мекунед, ки аз чунин таълими Яҳува қувват гиред?

12. Барои рӯҳан устувор мондан мо бояд чӣ кор кунем?

12 Яҳува ба исроилиён кӯмак кард, ки бар амолеқиён ва ҳабашиён ғолиб оянд. Ҳамчунин Ӯ, Наҳемё ва рафиқонашро барои то охир барқарор кардани деворҳои Ерусалим қувват бахшид. Ба ин монанд Худо имрӯз низ моро қувват мебахшад, ки ба таъқиботу бепарвоии одамон ва тарсу ваҳм дода нашуда мавъиза кунем (1 Пет. 5:10). Мо интизор намешавем, ки Яҳува барои мо мӯъҷиза мекунад. Ба ҷои ин мо бояд худамон кӯшиш кунем. Барои ҳамин бояд ҳар рӯз Китоби Муқаддас хонем, ҳар ҳафта ба ҷамъомадҳо тайёрӣ дида иштирок кунем, бо омӯзиши шахсӣ ақлу дили худро ғизо диҳем ва ҳамеша дар дуо ба Яҳува такя кунем. Биёед ҳеҷ гоҳ нагузорем, ки машғулиятҳо ва дигар чизҳо барои аз Яҳува қувват ва рӯҳбаландӣ гирифтан халал расонанд. Агар шумо пай баред, ки дар ягон мавридҳои номбурда дастатон суст шуда истодааст, аз Яҳува кӯмак пурсед. Сипас бинед, ки чӣ тавр рӯҳи Худо «ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад» (Флп. 2:13). Барои қавӣ кардани дастони дигарон шумо чӣ кор карда метавонед?

ДАСТОНИ БЕМАДОРОНРО ҚАВӢ ГАРДОНЕД

13, 14. а) Бародаре, ки ҳамсарашро аз даст дод, аз куҷо қувват гирифт? б) Бо кадом роҳҳо мо дигаронро дастгирӣ карда метавонем?

13 Яҳува ба мо дар тамоми ҷаҳон бародарону хоҳаронро додааст, ки моро рӯҳбаланд мекунанд ва нисбатамон ғамхоранд. Суханони Павлуси ҳаввориро ба ёд оред. Ӯ навишт: «Дастҳои беқувват ва зонуҳои бемаҷолро қавӣ кунед ва барои пойҳои худ роҳҳои рост кушоед» (Ибр. 12:12, 13). Дар асри як ҳамимонон якдигарро дастгирӣ намуда ғамхорӣ мекарданд. Имрӯз низ чунин аст. Масалан, як бародарамон, ки занашро аз даст дод ва ба болои ин дигар мушкилиҳо паи ҳам ба сараш омаданд, гуфт, ки бо ёрии дастгирии бародару хоҳарон, дуо ва омӯзиши шахсӣ вай ба душвориҳои зиндагӣ побаста нашуд. Ӯ мегӯяд: «Ман фаҳмидам, ки мо барои худ озмоишро интихоб карда наметавонем, ҳамчунин кай ва чӣ қадар рӯй додани онро низ муайян карда наметавонем. Ғайр аз ин ман фаҳмидам, ки то чӣ андоза пеш аз душворӣ, бо Яҳува муносибати наздикро инкишоф додан муҳим будаст».

Ҳар як аъзои ҷамъомад дигаронро дастгирӣ карда метавонад (Ба сархати 14 нигаред.)

14 Ҳорун ва Ҳур дастони Мусоро дар вақти муҳориба ба маънои аслӣ дастгирӣ карданд. Мо бошем, барои ҳаматарафа дастгирӣ кардани дигарон имконият ҷуста метавонем. Масалан, мо онҳоеро дастгирӣ карда метавонем, ки бо таъсири таъқибот аз тарафи оила, пиронсолӣ, маҳдудиятҳои бо саломатӣ алоқаманд, танҳоӣ ё аз даст додани шахсони наздик мубориза мебаранд. Мо ҳамчунин он ҷавононеро қавӣ карда метавонем, ки бо фишори даст задан ба корҳои нодуруст ё дар ин дунё «муваффақ гаштан» рӯ ба рӯ мешаванд (1 Тас. 3:1–3; 5:11, 14). Ҳангоми дар Толори Салтанат ва хизмат будан, якҷоя хӯрок хӯрдан ва ё ҳангоми сӯҳбат бо телефон фикр кунед, ки чӣ хел нисбати дигарон таваҷҷӯҳ зоҳир карда метавонед.

15. Суханони неки шумо ба ҳамимонон чӣ тавр таъсир карда метавонад?

15 Баъд аз ғалаба, пайғамбар Азарё шоҳ Осо ва халқро бо суханони зерин рӯҳбаланд кард: «Валекин шумо қавӣ бошед, ва бигзор дастҳотон суст нашавад, зеро ки барои аъмолатон подоше ҳаст» (2 Вақ. 15:7). Ин суханон Осоро барангехт, ки барои барқарор кардани ибодати ҳақиқӣ бисёр дигаргуниҳо дарорад. Ба мисли ин суханони неки шумо метавонад ба дигарон сахт таъсир расонад. Ва бо ин шумо ба дигарон кӯмак расонида метавонед, ки ба Яҳува боз ҳам бештар хизмат кунанд (Мас. 15:23). Ҳеҷ гоҳ фикр накунед, ки дар ҷамъомадҳо ҷавобҳои пурмазмун додани шумо ба дигарон таъсир намекунад, зеро аз ин гуна ҷавобҳоятон дигарон, албатта, рӯҳбаландӣ мегиранд.

16. Чӣ тавр пирон мисли Наҳемё дастони ҳамимононро қавӣ гардонда метавонанд? Мисол оред, ки чӣ тавр бародарону хоҳарон шахсан шуморо дастгирӣ карданд.

16 Яҳува ба дастҳои Наҳемё ва ҳамроҳонаш қувват бахшид ва онҳо дар муддати 52 рӯз деворҳои Ерусалимро барқарор намуданд! (Наҳемё 2:18; 6:15, 16). Наҳемё кори сохтмонро на танҳо назорат мекард, балки худаш низ дар барқарор кардани Ерусалим иштирок мекард (Наҳемё 5:16). Ба монанди ин пирони меҳрубон ба Наҳемё пайравӣ карда, дар корҳои сохтмон ё тозаву таъмир кардани Толори Салтанати маҳаллӣ иштирок карда метавонанд. Онҳо ҳангоми хизмат бо воизон ва ё дар ташрифҳои худ метавонанд, ки дастони касонеро ки аз сабаби тарсу ҳарос суст шудааст, қавӣ гардонанд. (Ишаъё 35:3, 4-ро хонед.)

«БИГЗОР ДАСТҲОЯТ СУСТ НАШАВАД!»

17, 18. Ҳангоми бо душвориҳо рӯ ба рӯ шудан ё ба тарсу ваҳм афтодан мо ба чӣ боварӣ дошта метавонем?

17 Ҳамкорӣ бо бародарону хоҳарон ба ягонагӣ мусоидат мекунад. Он ҳамчунин муносибати байни дӯстонро мустаҳкам карда бовариамонро ба баракатҳои Салтанати Худо қавитар месозад. Вақте ки мо дастони дигаронро қавӣ мекунем, мо ба онҳо кӯмак мерасонем, ки бо вазъиятҳои душвор мубориза баранд ва ба оянда назари дуруст дошта умед банданд. Ғайр аз ин, агар мо ба дигарон, ёрдам кунем, ин дасти моро қавӣ карда кӯмак мерасонад, ки диққатамонро ба оянда равона созем.

18 Донистани он ки чӣ тавр Яҳува дар мавридҳои гуногун ходимони содиқашро дар замонҳои пеш дастгирӣ намуда ҳимоя кардааст, бояд имрӯз имон ва боварии моро қавӣ гардонад. Аз ин рӯ вақте шумо бо фишору душвориҳо рӯ ба рӯ мешавед, бигзор дастҳоятон суст нашавад. Боварӣ дошта бошед, ки агар аз Яҳува дар дуо кӯмак пурсед дасти бузурги Ӯ шуморо қавӣ намуда ба сӯи гирифтани баракатҳои Салтанат равона месозад (Заб. 72:23, 24).