Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Каломи Худо зинда аст»

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Мувофиқи Ибриён 4:12 «каломи Худо», ки «зинда ва таъсирбахш» аст, чӣ маъно дорад?

Контексти ин оят нишон медиҳад, ки Павлуси ҳавворӣ ба хабар ё нияти Худо, ки дар Китоби Муқаддас ошкор карда шудааст, ишора мекунад.

Одатан дар адабиётамон Ибриён 4:12-ро барои нишон додани он ки Китоби Муқаддас қудрати тағйир додани ҳаёти одамонро дорад, оварда мешавад ва ин дар ҳақиқат ҳам чунин аст. Лекин ба ҳар ҳол хуб мебуд, ки ин оятро бо контексташ бинем. Павлус масеҳиёни ибриро барангехт, ки мувофиқи ниятҳои Худо амал кунанд. Павлус исроилиёнеро, ки аз Миср озод шуданд, чун намуна овард. Исроилиён «ба замине ки шир ва асал дар он ҷорист» даромада, аз оромии ҳақиқӣ баҳра бурда метавонистанд (Хур. 3:8; Такр. Ш. 12:9, 10).

Он нияти дар Китоби Муқаддас ошкоршудаи Худо буд. Лекин исроилиён баъдтар дилашонро сахт намуда, имон зоҳир накарданд, ҳамин тавр, онҳо ба он оромӣ дохил шуда натавонистанд (Ад. 14:30; Еҳ. 14:6–10). Вале, Павлус илова кард, ки «ваъдаи дохилшавӣ ба оромии Ӯ [Худо] ҳанӯз боқист» (Ибр. 3:16–19; 4:1). Бешубҳа, ин «ваъда» қисми нияти дар Китоби Муқаддас ошкоршудаи Худо мебошад. Ба мисли масеҳиёни ибрӣ мо низ мувофиқи ин нияти Худо амал карда метавонем. Барои исбот кардани он ки ин ваъда бар Навиштаҳо асос ёфтааст, Павлус аз Ҳастӣ 2:2 ва Забур 94:11 иқтибос овард.

Бешубҳа, фаҳмидани он ки «ваъдаи дохилшавӣ ба оромии Ӯ [Худо] ҳанӯз боқист», бояд ба мо таъсир кунад. Мо боварӣ дорем, ки ин имтиёзи дохилшавӣ ба оромии Худо дар ҳақиқат ҳам имконпазир аст ва мо барои ба он дохил шудан қадам гузоштем. Ба ин қадамҳо кӯшиши иҷро кардани Шариати Мусо ё хоҳиши бо дигар корҳо розигии Яҳуваро ба даст овардан дохил намешавад. Баръакс мо бо имон ва хурсандӣ мувофиқи нияти дар Китоби Муқаддас ошкоршудаи Худо минбаъд низ амал хоҳем кард. Ғайр аз ин чи хеле ки дар боло қайд кардем, ҳазорҳо одамони рӯи дунё омӯхтани Китоби Муқаддасро сар мекунанд ва оиди нияти дар Китоби Муқаддас ошкоршудаи Худо дониш мегиранд. Бисёре аз онҳо барангехта мешаванд, то ки тарзи ҳаёташонро тағйир диҳанд, имон зоҳир кунанд ва ходими таъмидёфтаи Худо гарданд. Ин тағйироте, ки дар ҳаёти онҳо рӯй медиҳад, равшан исбот мекунад, ки «каломи Худо зинда ва таъсирбахш аст». Нияти Худо, ки дар Каломаш оварда шудааст, аллакай ба ҳаёти мо таъсир расондааст ва минбаъд ҳам таъсир хоҳад расонд.