Манфиат аз роҳнамоии имрӯзаи Яҳува
ИНТИХОБИ ХИРАДМАНДОНА ДАР ПОЛША
«ВАҚТЕ КИ ман 15-сола будам, таъмид гирифтам ва баъд аз шаш моҳ пешрави ёвар шуда хизмат кардам. Пас аз як сол бошад, пешрави доимӣ шудам. Вақте ки мактаби миёнаро хатм кардам, хоҳиш кардам, ки маро ба ҷое ки ба воизони Салтанат ниёзи калон вуҷуд дорад, фиристанд. Ман мехостам, ки аз зодгоҳам ва бибиам, ки ҳамроҳаш зиндагӣ мекардаму Шоҳиди Яҳува набуд, дуртар равам. Вақте нозири ноҳиявӣ ба ман гуфт, ки минтақаам айнан зодгоҳам аст, ман зиқ шудам. Ман ҳаракат кардам, ки ҳиссиётамро ба нозири ноҳиявӣ нишон надиҳам. Бо сари хам аз пеши ӯ рафта дар бораи гапаш фикр кардам. Баъдтар ба хоҳаре ки ҳамроҳам хизмат мекард, гуфтам: “Ба фикрам ман ранги Юнус рафтор карда истодаам. Лекин Юнус дар натиҷа ба Нинве рафт-ку. Барои ҳамин ман ҳам бояд дар куҷое ки ба ман гуфтанд, хизмат кунам”».
«Ҳоло ман чор сол боз дар зодгоҳам чун пешрав хизмат мекунам ва мебинам, ки то чӣ андоза аз рӯи маслиҳати додашуда амал кардан хирадмандона аст. Ман фаҳмидам, ки гап дар сари рӯҳияи нодурусти ман будаст. Ҳозир ман хеле хурсандам. Дар муддати як моҳ ман бо 24 кас омӯзиш гузаронда тавонистам. Шукри Яҳува, ки ман ҳатто бо бибиам, ки пештар ба ман муқобилат мекард, омӯзиш сар кардам».
НАТИҶАИ ХУБ ДАР ФИҶИ
Боре дар пеши омӯзандае аз Фиҷи интихоб буд, ки ё ба анҷуман равад ё ҳамроҳи шавҳараш ба зодрӯзи хешаш. Шавҳараш розӣ шуд, ки ӯ ба анҷуман равад. Лекин занаш гуфт, ки баъдтар ба онҳо ҳамроҳ мешавад. Баъди аз анҷуман ба хона омадан ӯ мулоҳиза кард ва фаҳмид, ки беҳтараш худро аз вазъиятҳои рӯҳан хатарнок дур гирад. Барои ҳамин ба зодрӯз нарафт.
Шавҳараш ба ду хешаш гуфт, ки мо маслиҳат кардем, ки занам баъди «ҷамъомадаш» меояд. Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Вай намеояд; Шоҳидони Яҳува зодрӯзро ҷашн намегиранд!» *
Дар натиҷа шавҳари омӯзанда фахр кард, ки занаш бар зидди эътиқод ва виҷдонаш амал накард. Ин рафтори содиқонаи занаш имкон дод, ки баъдтар ба шавҳараш ва ба дигарон мавъиза кунад. Ин чӣ натиҷа овард? Шавҳараш омӯзишро сар карда ҳамроҳи занаш ба ҷамъомад мерафтагӣ шуд.
^ сарх. 7 Ба «Саволҳои хонандагон» дар «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), аз 15 декабри с. 2001 нигаред.