Ҳимоя кардани хушхабар дар назди ҳокимиятдорон
«Ӯ ЗАРФИ баргузидаи Ман аст, то ки исми Маро пеши халқҳо ва подшоҳон... эълон намояд» (Аъм. 9:15). Ҳазрати Исо ин суханонро дар бораи марди яҳудие, ки нав масеҳӣ гашта буду баъдтар чун Павлуси ҳавворӣ шинохта шуд, гуфт.
Яке аз он «подшоҳон» императори Рум, Нерон буд. Тасаввур кунед, ки агар шумо ба ҷои Павлус мебудед, чӣ ҳис мекардед? Мо чун масеҳиён барангехта мешавем, ки ба намунаи Павлус пайравӣ кунем (1 Қӯр. 11:1). Масалан, мо аз оне ки чӣ тавр Павлус дар замони худ бо ҳукуматдорон муносибат мекард, дарс гирифта метавонем.
Яҳудиёни худотарси Исроил дар тамоми гӯшаи дунё мувофиқи Қонуни Мусо зиндагӣ мекарданд. Баъди Пантикости соли 33-юми эраи мо ибодаткунандагони ҳақиқии Худо дигар ӯҳдадор набуданд, ки мувофиқи ин Қонун зиндагӣ кунанд (Аъм. 15:28, 29; Ғал. 4:9–11). Ба ин нигоҳ накарда Павлус ва дигар масеҳиён нисбати Қонуни Мусо беэҳтиромона гап намезаданд; онҳо бемалол дар байни яҳудиён хушхабарро мавъиза мекарданд (1 Қӯр. 9:20). Павлус бисёр вақт ба куништҳо мерафт, то ба одамоне ки Худои Иброҳимро мешинохтанд ва Навиштаҳои Иброниро нағз медонистанд, мавъиза кунад (Аъм. 9:19, 20; 13:5, 14–16; 14:1; 17:1, 2).
Ҳаввориён Ерусалимро чун аввалин маркази паҳн кардани хушхабар интихоб карданд. Онҳо мунтазам дар маъбад таълим медоданд (Аъм. 1:4; 2:46; 5:20). Боре Павлус ба Ерусалим рафт ва дар он ҷо ӯ ба ҳабс гирифта шуд. Аз ҳамон вақт суду судбозие сар шуд, ки дар натиҷа то Рум рафта расид.
ПАВЛУС ВА ҚОНУНИ РУМ
Ҳукуматдорони Рум ба мавъизаи Павлус чӣ хел муносибат карданд? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан, биёед мефаҳмем, ки умуман Рум ба динҳо чӣ гуна муносибат дошт. Империяи Рум нисбати одамони дигар халқу миллатҳо ва дини онҳо коре надошт, ба шарте ки агар дини онҳо ба давлат ва ё ахлоқи шаҳрвандон зиён нарасонад.
Яҳудиён дар империяи Рум ҳуқуқҳои худро доштанд. Дар як китобе чунин гуфта шудааст: «Дини яҳудӣ аз мавқеи имтиёзноки дар империяи Рум *. Баъдтар Павлус ин қонуни Румро ҳангоми дар пеши ҳокимиятдорони Рум барои масеҳиятро ҳимоя кардан истифода бурд.
доштааш баҳра мебурд... Яҳудиён дар ибодат озодӣ доштанд ва аз ибодат кардани худоёни Рум озод карда шуда буданд. Онҳо метавонистанд, ки ҳаёташонро дар ҷомеа мувофиқи қонунҳои худ идора кунанд» (Backgrounds of Early Christianity). Ҳамчунин яҳудиён ба хизмати ҳарбӣ бурда намешудандДушманони Павлус бо ҳар гуна роҳҳо кӯшиш карданд, ки одамони маҳалл ва ҳокимиятдоронро бар зидди ӯ шӯр андозанд (Аъм. 13:50; 14:2, 19; 18:12, 13). Биёед як воқеаро дида бароем. Пирони ҷамъомади Ерусалим овозае шуниданд, ки гӯё Павлус дигаронро таълим медиҳад, ки «аз Мусо дур шаванд» ва ин овоза дар байни яҳудиён паҳн шуд. Чунин воқеаҳо ба он оварда мерасонд, то баъзе шахсони нав масеҳӣ гашта фикр кунанд, ки Павлус ба гуфтаҳои Худо эҳтиром надорад. Ҳамчунин аъзои шӯрои пирон инро ба назар гирифта эълон карда метавонист, ки масеҳият зидди дини яҳудӣ мебошад. Агар чунин мешуд, яҳудиёне ки бо масеҳиён муошират мекарданд, ҷазо мегирифтанд. Дигар ба онҳо иҷозат дода намешуд, ки дар маъбад ё куништҳо мавъиза кунанд. Барои ҳамин пирони ҷамъомад ба Павлус маслиҳат доданд, то исбот кунад, ки ин овозаҳо дурӯғанд. Барои ин ӯ бояд ба маъбад мерафт ва кореро мекард, ки Худо инро аз ӯ талаб намекарду ҳамзамон бар хилофи гуфтаи Ӯ набуд (Аъм. 21:18–27).
Павлус аз рӯи маслиҳати онҳо амал кард ва ин барояш имконият дод, ки хушхабарро «муҳофизат ва барқарор» намояд (Флп. 1:7). Дар маъбад яҳудиён ба шӯр омада Павлусро куштанӣ шуданд. Барои ҳамин мирисад Павлусро ба ҳабс гирифт. Ва ҳангоме ки Павлусро қамчинкорӣ карданӣ шуданд, ӯ гуфт, ки шаҳрванди Рум аст. Аз ин рӯ Павлусро ба Қайсария, ки аз он ҷо румиён Яҳудоро идора мекарданд, бурданд. Дар он ҷо Павлус имконияти ғайриоддӣ пайдо кард, яъне ӯ дар назди ҳукуматдорон далерона шаҳодат дода тавонист. Эҳтимол ин ба шахсоне ки дар бораи масеҳият он қадар маълумот надоштанд, имконият дод, ки бо он бештар шинос шаванд.
Дар Аъмол боби 24 гуфта шудааст, ки чӣ тавр Павлус дар пеши ҳокимиятдори Рум — Феликс, ки Яҳудоро идора мекарду оиди эътиқоди масеҳиён аллакай шунида буд, ба мурофиаи судӣ рӯ ба рӯ шуд. Яҳудиён Павлусро аз рӯи қонуни Рум камаш дар се чиз айбдор карданд. Онҳо гуфтанд, ки Павлус дар байни яҳудиёни Рум шӯришҳо мебардорад; вай сардори мазҳаби хатарнок аст ва кӯшиш намудааст, то маъбадро, ки он вақт дар таҳти назорати Рум буд, нопок гардонад (Аъм. 24:5, 6). Аз сабаби ин тӯҳматҳо Павлусро кушта метавонистанд.
Дида баромадани он ки чӣ тавр Павлус ба ин тӯҳматҳо муносибат кард, барои мо имрӯз шавқовар аст. Вай оромиро нигоҳ дошта бо дигарон боэҳтиромона муносибат намуд. Павлус ба Қонун ва пайғамбарон ишора намуда ҳуқуқи худро қайд кард, ки ӯ Худои падаронашонро ибодат менамояд. Ин ҳуқуқи яҳудиёнро қонуни Рум ҳимоя мекард (Аъм. 24:14). Бо гузашти вақт Павлус имконият пайдо кард, ки дар назди дигар ҳокимиятдорон ба мисли Поркиюс Фестус ва шоҳ Ҳиродус Арғипос имонашро муҳофизат карда, шаҳодат диҳад.
Дар натиҷа барои гирифтани ҳукми боадолатона Павлус гуфт: «Ман доварии қайсарро талаб мекунам». Дар он вақт гапи қайсар дар ҳама ҷо мегузашт (Аъм. 25:11).
ПАВЛУСРО ҚАЙСАР ДОВАРӢ МЕКУНАД
«Ту бояд дар назди Қайсар ҳозир шавӣ» — ин суханонро баъдтар фаришта ба Павлус гуфт (Аъм. 27:24). Императори Рум Нерон дар аввали ҳукмрониаш гуфта буд, ки ҳама масъалаҳои судиро худаш танҳо ҳал намекунад. Ва дар давоми ҳашт соли ҳукмрониаш вай чунин масъалаҳоро ба дигарон месупурд. Дар як китобе қайд шудааст, ки вақте Нерон ҳукм карданро ба дӯши худ мегирифт, вай мурофиаи судиро дар ҷои худаш, ки дар он ҷо гурӯҳи маслиҳатчиёни ботаҷрибаву обрӯманд ба ӯ кӯмак мерасонданд, мегузаронд (The Life and Epistles of Saint Paul).
Рум. 13:1–7; Тит. 3:1, 2). Ин нишон медиҳад, ки Павлус хушхабарро дар назди ҳокимиятдорон ҳимоя карда муваффақ гашт, чунки қайсар дар натиҷа ӯро озод намуд (Флп. 2:24; Филем. 22).
Дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки худи Нерон мурофиаи судии Павлусро гузаронда ҳукм баровард ё инро ба дигар кас супориду оиди натиҷаи суд ӯро хабардор карданд. Чизе ки набошад, Павлус аз афташ фаҳмонд, ки вай Худои яҳудиёнро ибодат мекунад ва ба ҳамаи одамон мегӯяд, ки ҳокимиятдоронро эҳтиром кунанд (ҲИМОЯ КАРДАНИ ХУШХАБАР ВАЗИФАИ МОСТ
Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ба хотири Ман шуморо назди ҳокимон ва подшоҳон хоҳанд бурд, то ки барои онҳо ва халқҳо шаҳодате шавад» (Мат. 10:18). Бо чунин тарз ба ҳама дар бораи Исо шаҳодат додан шарафи бузург аст. Кӯшишҳое, ки мо барои ҳимояи хушхабар мекунем, дар натиҷа ғалабаҳои судиро оварда метавонад. Албатта, чизе ки одамони нокомил қарор накунанд, мавъиза кардан ё накардани хушхабарро Яҳува муқаррар мекунад. Танҳо Салтанати Худо моро пурра ва ба таври абадӣ аз таъқиботу беадолатӣ ҳимоя карда метавонад (Воиз 8:9; Ирм. 10:23).
Дар замонҳои мо ҳам, вақте бародарону хоҳарон имонашонро ҳимоя мекунанд, номи Худоро ҷалол дода метавонанд. Ба мисли Павлус мо бояд кӯшиш кунем, ки оромона, самимона ва бо боварӣ гап занем. Исо ба пайравонаш гуфт: «Пешакӣ андеша накунед, чӣ ҷавоб бояд бидиҳед. Зеро ки Ман ба шумо забоне ва ҳикмате хоҳам дод, ки ҳамаи душманони шумо натавонанд на зиддияте ба он нишон диҳанд ва на ба муқобили он чизе бигӯянд» (Луқ. 21:14, 15; 2 Тим. 3:12; 1 Пет. 3:15).
Вақте ки бародарону хоҳарон имонашонро дар назди подшоҳон, ҳокимон ё дигар ҳокимиятдорон ҳимоя мекунанд, онҳо бо ин ба шахсоне шаҳодат медиҳанд, ки бо дигар роҳ ба онҳо хушхабарро расондан душвор аст. Ба туфайли қарорҳои доварон қонунҳое бароварда шуд, ки озодии сухан ва ибодатро ҳимоя мекунад. Лекин, новобаста аз натиҷаҳои суд, далерие, ки ходимони Худо дар чунин мурофиаҳо нишон медиҳанд, Яҳуваро хурсанд месозад.
^ сарх. 8 Нависандае бо номи Ҷеймс Паркс қайд кард: «Яҳудиён... ҳуқуқ доштанд, ки маросимҳои худро қайд кунанд. Инро ба онҳо румиён иҷозат дода буданд. Ин як чизи ғайриоддӣ набуд, чунки румиён ба ҳамаи халқҳои империяи худ аз ин ҷиҳат озодии пурра медоданд».