Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Далер бош ва амал намо»

«Далер бош ва амал намо»

«Қавӣ ва далер бош ва амал намо, натарс ва ҳаросон нашав, зеро ки Худованд... бо туст» (1 ВАҚ. 28:20).

СУРУДҲО: 23, 29

1, 2. а) Ба Сулаймон чӣ гуна супориши муҳим дода шуд? б) Довуд аз чӣ дилпур буд?

ЯҲУВА Сулаймонро барои супориши муҳиме интихоб кард. Ӯ бояд сохтмони маъбадро дар Ерусалим роҳбарӣ мекард. Биное, ки ӯ бояд месохт «бағоят азим, номӣ ва мӯҳташам дар назари ҳамаи кишварҳо» мегардид. Аз ҳама муҳимаш, он бояд «хонаи Худованд Худо» ба ҳисоб мерафт (1 Вақ. 22:1, 5, 9–11).

Подшоҳ Довуд боварӣ дошт, ки Яҳува писари ӯро дастгирӣ мекунад, аммо Сулаймон ҷавон ва бетаҷриба буд. Оё ӯ ин супоришро натарсида ба гардан гирифт? Оё ҷавон ва бетаҷриба буданаш барои иҷро кардани супориши Худо ба ӯ халал расонд? Барои ба даст овардани муваффақият вай бояд далерона амал мекард.

3. Сулаймон далериро аз куҷо омӯхт?

3 Сулаймон дар бораи далерии падараш бисёр шунида буд. Ӯ медонист, ки чӣ тавр Довуд дар ҷавонӣ рамаи падарашро аз ҳайвонҳои ваҳшӣ муҳофизат кард (1 Подш. 17:34, 35). Инчунин Сулаймон фаҳмида буд, ки чӣ тавр Довуд натарсида бар зидди ҷанговари бузургҷусса, Ҷолёт, ба ҷанг баромад ва бо ёрдами Яҳува ӯро бо санг зада кушт. Бешубҳа, Сулаймон ин хислатро аз падараш омӯхта буд (1 Подш. 17:45, 49, 50).

4. Чаро ба Сулаймон далерӣ лозим буд?

4 Дар ҳақиқат, Довуд марди далер буд. Ана барои ҳамин маҳз ӯ Сулаймонро барои сохтани маъбад қавӣ гардонд. (1 Вақоеънома 28:20-ро хонед.) Агар Сулаймон далерона амал намекард, аз тарс дасту по хӯрда маъбадро сохта наметавонист.

5. Чаро мо бояд далер бошем?

5 Мо ҳам имрӯз мисли Сулаймон ба ёрдами Яҳува мӯҳтоҷем, чунки барои анҷом додани супоришамон ба мо далерӣ лозим аст. Аз ин рӯ биёед якчанд мисолҳои одамонеро мебинем, ки дар гузашта далерӣ зоҳир карда буданд. Баъд дида мебароем, ки чӣ тавр мо далерӣ зоҳир карда корамонро анҷом дода метавонем.

ОНҲОЕ, КИ ДАЛЕРӢ НИШОН ДОДАНД

6. Чаро далерии Юсуф ба шумо маъқул аст?

Вақте зани Фӯтифар Юсуфро ба зино тела доданӣ шуд, ба Юсуф далерӣ лозим буд, ки ба ин васваса дода нашавад. Ӯ медонист, ки агар хоҳиши ин занро рад кунад, ба сараш балоҳо меояд. Аммо ба ин нигоҳ накарда ӯ далерона амал кард ва аз назди зани Фӯтифар гурехт (Ҳас. 39:10, 12).

7. Чӣ тавр Роҳоб далерӣ нишон дод? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

7 Роҳоб ҳам зани далер буд. Вақте ки ҷосусони исроилӣ ба хонаи ӯ, ки дар Ериҳӯ буд, омаданд, Роҳоб метавонист, ки тарсида ба онҳо ёрдам накунад. Аммо ӯ ба Яҳува такя карда далерона ду марди исроилиро дар хонааш пинҳон кард ва ба онҳо ёрдам расонд, ки аз шаҳр баромада раванд (Еҳ. 2:4, 5, 9, 12–16). Роҳоб боварӣ дошт, ки Яҳува Худои ҳақиқӣ аст ва замини онҳоро ба исроилиён медиҳад. Барои ҳамин ӯ ба одамтарсӣ дода нашуд. Вай ҳатто аз подшоҳи Ериҳӯ ва одамонаш натарсид. Роҳоб далерона амал карда худаш ва оилаашро наҷот дод (Еҳ. 6:22, 23).

8. Чӣ тавр далерии Исо ба ҳаввориёнаш таъсир расонд?

8 Ҳаввориёни Исо низ мардони далер буданд. Онҳо медиданд, ки чӣ тавр Исо далерӣ зоҳир мекард (Мат. 8:28–32; Юҳ. 2:13–17; 18:3–5). Намунаи ӯ ба онҳо ёрдам кард, ки далер бошанд. Масалан, вақте ҳаввориёнро таҳдид карда гуфтанд, ки дигар ба исми Исо таълим надиҳанд, онҳо далерона мавъиза карданро давом доданд (Аъм. 5:17, 18, 27–29).

9. Мувофиқи 2 Тимотиюс 1:7 далерӣ аз куҷо сарчашма мегирад?

9 Далерӣ ба Юсуф, Роҳоб, Исо ва ҳаввориёнаш ёрдам кард, ки дуруст рафтор кунанд. Оё далерии онҳо аз худбоварӣ буд? Не, онҳо доимо ба Яҳува такя мекарданд, барои ҳамин Худо ба онҳо далерӣ мебахшид. Имрӯз мо ҳам бо вазъиятҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки далериро талаб мекунанд. Дар ин гуна вазъиятҳо мо бояд на ба худамон, балки ба Яҳува такя кунем. (2 Тимотиюс 1:7-ро хонед.) Биёед фаҳмем, ки чаро дар оила ва ҷамъомад ба мо далерӣ лозим аст.

ВАЗЪИЯТҲОЕ, КИ ДАЛЕРИРО ТАЛАБ МЕКУНАНД

10. Чаро ба масеҳиёни ҷавон далерӣ лозим аст?

10 Масеҳиёни ҷавон бо душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ мешаванд, ки далериро талаб мекунад. Чи хеле ки аллакай фаҳмидем, далерӣ ба Сулаймон кӯмак кард, ки қарори дуруст барорад ва кори сохтмонро анҷом диҳад. Ҷавонон низ аз Сулаймон дарс гирифта ба ӯ пайравӣ карда метавонанд. Албатта, масеҳиёни ҷавон аз падару модарашон роҳнамоӣ гирифта метавонанд, лекин дар баробари ин онҳо бояд худашон қарорҳои хирадмандона бароварданро ёд гиранд (Мас. 27:11). Масалан, онҳо бояд дар масъалаҳои зерин қарорҳои бохирадона бароранд: бо кӣ дӯстӣ кардан, чӣ хел вақтхушӣ намудан, худро ахлоқан пок нигоҳ доштан ва таъмид гирифтан. Ин қарорҳо далериро талаб мекунанд, чунки бо ин корашон ҷавонон бар зидди Шайтон мебароянд.

11, 12. а) Чӣ тавр Мусо далерӣ нишон дод? б) Чӣ тавр ҷавонон ба Мусо пайравӣ карда метавонанд?

11 Ҷавонон бояд қарор кунанд, ки ҳаёташонро ба чӣ мебахшанд. Дар баъзе мамлакатҳо ҷавононро бармеангезанд, ки диққаташонро ба маълумоти олӣ ва кори сердаромад равона кунанд. Дар дигар мамлакатҳое, ки одамон аз ҷиҳати иқтисодӣ азоб мекашанд, ҷавонон барои таъмин кардани оилаашон худро ӯҳдадор меҳисобанд. Агар шумо низ дар чунин вазъият бошед, мисоли Мусоро ба ёд оред. Ӯро духтари фиръавн калон кард, аз ин рӯ вай метавонист, ки диққаташро ба мартабаи баланд ё пулу моли зиёд равона кунад. Оилаи мисриаш, муаллимон ва маслиҳатгаронаш низ ӯро бармеангехтанд, ки дар пеши худ чунин мақсадҳо монад. Аммо Мусо далерона ба Яҳува ибодат карданро интихоб намуд. Ӯ аз баҳри сарвати Миср гузашта ба Яҳува такя мекард (Ибр. 11:24–26). Барои ин кораш Мусо соҳиби баракат гашт ва дар оянда низ ӯро баракатҳои зиёде интизор аст.

12 Вақте ҷавонон ҳам мисли Мусо далерона кори Салтанатро дар ҷойи якум монда мақсадҳои рӯҳонӣ мегузоранд, Яҳува онҳоро баракат медиҳад. Худо ба онҳо ёрдам мекунад, ки ба эҳтиёҷоти оилаашон ғамхорӣ кунанд. Дар асри як Тимотиюс ном ҷавоне диққаташро пурра ба хизмати Худо равона карда тавонист, шумо ҳам метавонед *. (Филиппиён 2:19–22-ро хонед.)

Оё шумо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётатон далерӣ зоҳир мекунед? (Ба сархатҳои 13–17 нигаред.)

13. Чӣ тавр далерӣ ба як хоҳар ёрдам кард, ки ба мақсадаш расад?

13 Хоҳаре аз Алабама (ИМА), мақсад монда буд, ки пешрави доимӣ шавад. Барои ин ба вай далерӣ лозим буд. Чаро? Ӯ мегӯяд: «Ман шармгин калон шудам. Ба ман дар Толори Салтанат ва дар мавъизаи хона ба хона бо одамон, махсусан бо одамони ношинос гап задан душвор буд». Ин хоҳар бо ёрдами волидонаш ва дигар бародару хоҳарон ба мақсадаш расида тавонист. Ӯ илова мекунад: «Ҷаҳони Шайтон маълумоти олӣ, шӯҳрат ва доштани пулу моли бисёрро мақсади арзанда нишон медиҳад, аммо аз пушти ин мақсадҳо давидан бефоида аст. Он танҳо ғаму ташвиш ва дард меораду халос. Лекин аз хизмат ба Яҳува ман хурсандии зиёд ва қаноатмандӣ мегирам».

14. Кадом вақт ба волидон далерӣ лозим аст?

14 Волидон, ба шумо низ далерӣ даркор аст. Масалан, сардоратон метавонад аз шумо доимо талаб кунад, ки бегоҳиҳо ва рӯзҳои истироҳат кор кунед. Аммо шумо ин рӯзҳоро барои ибодати оилавӣ, хизмат ва ҷамъомад ҷудо карда будед. Дар ин хел вазъият далерӣ ба шумо ёрдам мекунад, ки талаби сардоратонро рад карда ба фарзандонатон ибрат гузоред. Ё баъзан дар ҷамъомад ягон волид ба фарзандаш чизҳоеро иҷозат медиҳад, ки шумо ба фарзандатон иҷозат намедиҳед. Вақте ин волидон аз шумо сабабашро пурсанд, оё шумо далерона ва боэҳтиром ба онҳо фаҳмонда метавонед, ки чаро ин хел қарор кардед?

15. Чӣ тавр Забур 36:25 ва Ибриён 13:5 ба волидон кӯмак мерасонад?

15 Вақте шумо ба фарзандатон барои ба мақсадҳои рӯҳониаш расидан кӯмак мерасонед, ба шумо далерӣ даркор мешавад. Масалан, шояд баъзе волидон метарсанд, ки дар пирӣ бе дастёр мемонанд. Барои ҳамин фарзандашонро барнамеангезанд, ки пешрав шавад, ба ҷойе, ки воизон даркоранд, кӯчад, ходими Байт-Ил шавад ё дар кори сохтмон иштирок кунад. Аммо волидони хирадманд далерӣ нишон дода ба ваъдаи Яҳува бовар мекунанд ва ба Ӯ таваккал менамоянд. (Забур 36:25 ва Ибриён 13:5-ро хонед.) Ин тавр рафтор карда волидон ба кӯдаконашон ибрат нишон медиҳанд (1 Подш. 1:27, 28; 2 Тим. 3:14, 15).

16. Чӣ тавр баъзе волидон ба фарзандонашон барои гузоштани мақсадҳои рӯҳонӣ кӯмак карданд ва ин ба фарзандони онҳо чӣ фоида овард?

16 Ҳамсароне аз Иёлоти Муттаҳида ба кӯдаконашон ёрдам карданд, ки дар пеши худ мақсадҳои рӯҳонӣ гузоранд. Сардори ин оила мегӯяд: «Пеш аз он ки фарзандонамон роҳравӣ ва гапзаниро ёд гиранд, мо ба онҳо нақл мекардем, ки ба ҷамъомад хизмат кардан ва пешрав шудан хурсандии зиёд меорад. Имрӯз онҳо дар пеши худ ин гуна мақсадҳо гузоштаанд». Ӯ илова карда мегӯяд, ки кӯшиши ба мақсадҳояшон расидан ба фарзандонамон кӯмак мекунад, ки ба таъсири ҷаҳони Шайтон дода нашуда диққати худро ба хизмати Яҳува равона созанд. Бародаре, ки ду фарзанд дорад, мегӯяд: «Бисёри волидон вақт ва тамоми дороиашонро сарф карда кӯшиш мекунанд, ки фарзандонашон ба мақсадҳое, ки дар соҳаи варзиш, вақтхушӣ ва маълумот доранд, расанд. Пас, то чӣ андоза муҳим аст, ки мо вақт ва тамоми дороиамонро сарф карда кӯшиш кунем, то фарзандонамон ба мақсадҳое, ки онҳоро бо Яҳува наздик мекунанд, расанд. Вақте мебинӣ, ки фарзандат ба мақсадҳои рӯҳониаш расидааст ва мефаҳмӣ, ки ту низ саҳми худро гузоштаӣ, хеле хурсанд мешавӣ». Яҳува волидонеро, ки барои ба мақсадҳои рӯҳонӣ расидани фарзандашон кӯмак мекунанд, ҳатман баракат медиҳад!

ДАЛЕРӢ ДАР ҶАМЪОМАД

17. Мисол оред, ки чӣ тавр мо дар ҷамъомад далерӣ нишон дода метавонем.

17 Дар ҷамъомад низ ба мо далерӣ даркор мешавад. Масалан, ба пирон далерӣ лозим аст, то шахсеро, ки гуноҳи ҷиддӣ кардааст, ислоҳ намоянд ва ё ба шахсе, ки ҳаёташ зери хатар асту ба ёрии таъҷилии тиббӣ ниёз дорад, кӯмак расонанд. Инчунин ба баъзе пироне, ки бо маҳбусон Китоби Муқаддасро меомӯзанд, далерӣ лозим аст. Оё хоҳарони муҷаррад низ далерӣ нишон дода метавонанд? Албатта. Онҳо барои далерӣ нишон дода ба Яҳува хизмат кардан имкониятҳои бисёр доранд. Масалан, онҳо метавонанд пешрав шуда ба ҷойҳое, ки ба воизон ниёз вуҷуд дорад, кӯчанд, дар кори сохтмон иштирок кунанд ва дар Мактаб барои воизони Салтанат хонанд. Баъзеашон ҳатто дар Мактаби Ҷилъод таҳсил карда метавонанд.

18. Чӣ тавр хоҳарони пиронсол далерӣ нишон дода метавонанд?

18 Мо хоҳарони пиронсоли ҷамъомадамонро дӯст медорем ва хеле қадр мекунем. Баъзеи онҳо мисли пештара ба Худо хизмат карда натавонанд ҳам, то ҳол дар ҷамъомад саҳми худро мегузоранд. (Титус 2:3–5-ро хонед.) Чӣ тавр ин хоҳарон далерӣ нишон дода метавонанд? Масалан, вақте пири ҷамъомад аз хоҳари пиронсол хоҳиш мекунад, ки бо хоҳари ҷавон дар бораи либоспӯшиаш гап занад, ба хоҳари пиронсол далерӣ лозим мешавад. Албатта, ӯ хоҳари ҷавонро ҷанг намекунад, баръакс меҳрубонона ба вай ёрдам мекунад, ки дар бораи чӣ тавр ба дигарон таъсир расонидани либоспӯшиаш фикр кунад (1 Тим. 2:9, 10). Ин гуна меҳрубонӣ ба ягонагии ҷамъомад мусоидат мекунад.

19. а) Чӣ тавр бародарони таъмидёфта далер буда метавонанд? б) Чӣ тавр Филиппиён 2:13 ва Ишаъё 12:2 ба бародарон ёрдам мекунад, ки далер бошанд?

19 Ба бародарони таъмидгирифта ҳам далерона амал кардан лозим аст. Вақте онҳо натарсида ӯҳдадориро ба гардан мегиранд, ин ба тамоми ҷамъомад фоида меорад (1 Тим. 3:1). Лекин шояд баъзеҳо аз ӯҳдадорӣ тарсанд. Мумкин бародар пеш ба хатогие роҳ дода буд ва акнун фикр мекунад, ки барои ходими ёвар ё пири ҷамъомад шудан сазовор нест. Дигар бародар шояд фикр кунад, ки аз ӯҳдаи ин ё он таъйинот намебарояд. Агар шумо ҳам ҳамин тавр фикр кунед, рӯҳафтода нашавед, Яҳува ба шумо ёрдам мекунад, ки далер бошед. (Филиппиён 2:13 ва Ишаъё 12:2-ро хонед.) Мисоли Мусоро ба хотир оред. Ӯ ҳам фикр мекард, ки аз ӯҳдаи супоришаш намебарояд (Хур. 3:11). Аммо Яҳува ба Мусо ёрдам кард, ки натарсад ва кореро, ки ба ӯ супурда буд, иҷро кунад. Чӣ тавр бародари таъмидёфта чунин далерӣ нишон дода метавонад? Ӯ метавонад, ки дар дуо аз Яҳува далерӣ пурсад ва ҳар рӯз Китоби Муқаддасро хонад. Инчунин ӯ метавонад, ки аз Китоби Муқаддас дар бораи шахсоне, ки далерӣ зоҳир карда буданд хонда мулоҳиза ронад. Ӯ метавонад хоксорона аз пирон таълим гирад ва ҳамеша барои ба дигарон ёрдам кардан тайёр бошад. Бародарони азиз, далер бошед ва дар кори ҷамъомад ҷидду ҷаҳд намоед!

«ХУДО... БО ТУСТ»

20, 21. а) Довуд ба Сулаймон чиро хотиррасон кард? б) Мо ба чӣ боварӣ дошта метавонем?

20 Шоҳ Довуд ба Сулаймон хотиррасон кард, ки то ба анҷом расидани сохтмони маъбад, Яҳува бо ӯ хоҳад буд (1 Вақ. 28:20). Сулаймон ин суханони падарашро дар ақлу дилаш ҷо карда буд, барои ҳамин нагузошт, ки ҷавонӣ ва бетаҷрибагиаш дар сохтани маъбад ба ӯ халал расонанд. Ӯ далерона амал карда бо ёрдами Яҳува кори бузургро дар муддати ҳафту ним сол ба охир расонд.

21 Яҳува чи тавре ки ба Сулаймон ёрдам кард, ҳамон тавр ба мо низ ёрдам карда метавонад, ки далерона ӯҳдадориҳоямонро дар оила ва дар ҷамъомад иҷро кунем (Иш. 41:10, 13). Вақте мо далерона ба Яҳува хизмат мекунем, боварӣ дошта метавонем, ки ҳам имрӯз ва ҳам дар оянда соҳиби баракатҳо мегардем. Аз ин рӯ биёед далер бошем ва амал намоем!

^ сарх. 12 Маслиҳатҳои амалиро дар бораи мақсадҳои рӯҳонӣ аз мақолаи «Бигзор мақсадҳоят Офаридгорро ҷалол диҳанд», ки дар «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15-уми июли соли 2004 чоп шудааст, гирифта метавонед.