Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Каломи Худо таъсирбахш аст

Каломи Худо таъсирбахш аст

«Каломи Худо зинда ва таъсирбахш... аст» (ИБР. 4:12).

СУРУДҲО: 37, 43

1. Чаро шумо боварӣ доред, ки Каломи Худо таъсирбахш аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

МО ЧУН халқи Яҳува боварии комил дорем, ки Каломи Ӯ «зинда ва таъсирбахш» аст (Ибр. 4:12). Аксариятамон бо чашми худ дидаем, ки чӣ тавр Каломи Худо ба ҳаёти мо ва дигарон таъсир расонидааст. Пеш аз Шоҳиди Яҳува шудан баъзе бародару хоҳарони мо дузд, нашъаманд ва ё бадахлоқ буданд. Баъзеи дигарашон дар ин ҷаҳон шӯҳрат пайдо карда пулу моли бисёр доштанд, вале хурсандиро ҳис намекарданд (Воиз 2:3–11). Хушбахтона, бо ёрии Китоби Муқаддас онҳое, ки ноумед ва гумроҳ буданд, ҳоло умед пайдо карда роҳи худро дар ҳаёт ёфтанд. Эҳтимол, шумо дар бораи ин гуна бародару хоҳарон аз «Бурҷи дидбонӣ» дар силсилаи мақолаҳои «Китоби Муқаддас ҳаётро дигаргун месозад» хонда баҳра бурдаед. Чи тавре ки дидед, ҳатто баъди Шоҳиди Яҳува шудан онҳо бо ёрии Навиштаҳо муборизаро давом медиҳанд, то муносибаташонро бо Яҳува қавӣ нигоҳ доранд.

2. Чӣ тавр Каломи Худо ба бародару хоҳарони асри як таъсир расонд?

2 Бисёр одамон бо ёрии Каломи Худо ҳаёташонро тағйир медиҳанд ва ин ҳайратовар нест. Бародару хоҳарони тадҳиншуда низ, ки дар асри як зиндагӣ мекарданд, дар ҳаёташон ин гуна тағйирот дароварда буданд. (1 Қӯринтиён 6:9–11-ро хонед.) Мо инро аз куҷо медонем? Аз гуфтаҳои Павлус. Ӯ дар бораи онҳое, ки Салтанати Худоро мерос намегиранд гап зада илова намуд: «Баъзе аз шумо чунин будед». Лекин ин бародару хоҳарон бо ёрии Калом ва рӯҳи муқаддаси Худо ҳаёташонро дигар карданд. Ҳатто баъди қабул кардани ҳақиқат баъзеи онҳо ба хатогии ҷиддӣ роҳ доданд, ки ин муносибаташонро бо Яҳува вайрон кард. Масалан, дар Китоби Муқаддас дар бораи як бародари тадҳиншудае гуфта шудааст, ки аз ҷамъомад хориҷ карда шуд. Вале баъдтар ӯ тағйир ёфт ва ба ҷамъомад баргашт (1 Қӯр. 5:1–5; 2 Қӯр. 2:5–8). Донистани он ки чӣ хел бародару хоҳарон бо ёрии Китоби Муқаддас ҳаёташонро тағйир доданд, хеле рӯҳбаландкунанда аст.

3. Мо дар ин мақола чиро муҳокима мекунем?

3 Яҳува ба мо Каломи зинда ва таъсирбахшашро тӯҳфа кардааст. Мо мехоҳем онро ба таври беҳтарин истифода барем (2 Тим. 2:15). Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ хел Каломи Худоро дар 1) ҳаёт, 2) хизмат ва 3) ҳангоми аз саҳна баромад кардан истифода барем. Чизҳои фаҳмидаамон ба мо ёрдам мекунанд, ки муҳаббат ва миннатдории худро ба Худо, ки моро ба фоидаи худамон таълим медиҳад, нишон диҳем (Иш. 48:17).

ДАР ҲАЁТ

4. а) Чӣ кор кунем, ки Каломи Худо ба мо таъсир расонад? б) Шумо барои хондани Китоби Муқаддас кай вақт ҷудо мекунед?

4 Агар мо хоҳем, ки Каломи Худо ба ҳаётамон таъсир расонад, мо бояд онро мунтазам хонем (Еҳ. 1:8). Албатта, бисёри мо серкорем. Вале ба ҳар ҳол мо набояд гузорем, ки ягон чиз, аз ҷумла ӯҳдадориҳоямон моро аз хониши Китоби Муқаддас боздорад. (Эфсӯсиён 5:15, 16-ро хонед.) Бисёр Шоҳидони Яҳува барои хондани Китоби Муқаддас саҳар, бегоҳ ё нисфирӯзӣ вақт ҷудо мекунанд. Онҳо бо суханони забурнавис розиянд, ки мегӯяд: «Шариати Туро чӣ сон дӯст медорам! Тамоми рӯз фикру хаёлам дар бораи он аст» (Заб. 118:97).

5, 6. а) Чаро мулоҳиза рондан муҳим аст? б) Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки мулоҳиза ронем? в) Чӣ тавр хониши Китоби Муқаддас ва мулоҳизаронӣ ба шумо манфиат меорад?

5 Ғайр аз хондани Китоби Муқаддас оиди чизҳои хондаамон мулоҳиза рондан муҳим аст (Заб. 1:1–3). Бе ин мо маслиҳатҳои Каломи Худоро дар ҳаётамон истифода бурда наметавонем. Фарқаш нест, ки мо Китоби Муқаддасро дар намуди чопӣ мехонем ё электронӣ, муҳимаш ин ки гуфтаҳои он ба диламон таъсир расонанд.

6 Агар хоҳем, ки чизҳои хондаамон ба мо фоида орад, бояд каме истода мулоҳиза ронем ва аз худ пурсем: «Ман аз ин порчаи Китоби Муқаддас дар бораи Яҳува чӣ фаҳмидам? Чӣ тавр ман ин принсипро дар ҳаётам истифода бурда истодаам? Ман аз кадом ҷиҳат бояд беҳтар шавам?» Вақте ки мо бо дуо оиди гуфтаҳои Каломи Худо мулоҳиза меронем, ин моро бармеангезад, ки чизҳои хондаамонро дар амал истифода барем. Он гоҳ мо таъсири Каломи Худоро дар ҳаёти худ мебинем (2 Қӯр. 10:4, 5).

ДАР ХИЗМАТ

7. Чӣ тавр мо Каломи Худоро дар хизмат беҳтар истифода бурда метавонем?

7 Дар мавъиза ва таълимдиҳӣ Каломи Худоро бештар истифода бурдан муҳим аст. Бародаре гуфт, ки «агар ту бо Яҳува хона ба хона мавъиза мекардӣ, фақат худат гап мезадӣ ё мегузоштӣ, ки Яҳува низ гап занад?» Ӯ гуфтан мехост, ки вақте дар хизмат оят мехонем, ба Яҳува имконият медиҳем, ки бо соҳибхона гап занад. Чунки ояти Китоби Муқаддас аз гапи мо дида ба шахс бештар таъсир мекунад (1 Тас. 2:13). Аз худ пурсед: «Оё ман дар хизмат ҳар як имкониятро истифода бурда ба одамон оят мехонам?»

8. Чаро дар хизмат ояти Китоби Муқаддасро хондан кифоя нест?

8 Албатта, фақат ояти Китоби Муқаддасро хондан кифоя нест. Зеро имрӯз бисёр одамон дар бораи Китоби Муқаддас маълумоти зиёд надоранд ва онро намефаҳманд. Ин хел одамон дар асри як ҳам буданд (Рум. 10:2). Аз ин рӯ мо набояд даррав хулоса кунем, ки шахс ояти хондаамонро фаҳмид. Барои фаҳмонидани оят мо бояд аввал калимаву фикрҳои асосиро такроран хонем. Ин тавр карда мо мегузорем, ки Каломи Худо ба ақлу дили одам таъсир расонад. (Луқо 24:32-ро хонед.)

9. Чӣ тавр мо диққати шахсро ба Каломи Худо равона карда метавонем? Мисол оред.

9 Хуб мебуд, агар мо пеш аз хондани оят диққати шахсро ба Муаллифи он равона созем, то ӯ нисбати Китоби Муқаддас эҳтиром пайдо кунад. Масалан, мо чунин гуфта метавонем: «Биёед бинем, ки дар ин бора Офаридгори мо чӣ мегӯяд». Агар мо бо шахсе, ки масеҳӣ нест, сӯҳбат кунем, чунин гуфта метавонем: «Аҳамият диҳед, ки Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд». Ё агар бо шахсе ҳамсӯҳбат шавем, ки ба дин шавқ надорад, ин хел гуфтан мумкин аст: «Оё шумо ягон бор ин масали қадимаро шунида будед?» Мо дину эътиқоди ҳар як шахсро ҳурмат мекунем ва кӯшиш менамоем, ки пешниҳодамонро ба онҳо мувофиқ гардонем (1 Қӯр. 9:22, 23).

10. а) Бо як бародар чӣ воқеа рӯй дод? б) Оё шумо дар хизмат қувваи Каломи Худоро дидаед?

10 Бисёриҳо диданд, ки чӣ хел дар хизмат ояти Китоби Муқаддас ба дили одамон таъсир мерасонад. Биёед мисолеро дида бароем. Як бародарамон марди пиронсолеро, ки солҳои зиёд адабиёти моро мехонд, хабар гирифта маҷаллаи навро пешкаш мекард. Боре ӯ на танҳо нашри охирони «Бурҷи дидбонӣ»-ро пешкаш кард, балки ояти Китоби Муқаддасро низ хонд. Ин оят 2 Қӯринтиён 1:3, 4 буд, ки дар он ҷо гуфта шудааст: «Падари марҳаматҳо ва Худои ҳар тасалло... моро дар ҳар андӯҳи мо тасалло медиҳад». Ин оят ба ӯ чунон маъқул шуд, ки вай аз бародар хоҳиш кард, то онро бори дигар хонад. Он мард гуфт, ки ӯ бо занаш ба тасаллӣ ниёз доштанд. Баъд аз ин ӯ дар бораи Китоби Муқаддас бисёртар фаҳмидан хост. Дар ҳақиқат, истифода бурдани Китоби Муқаддас дар хизмат хеле таъсирбахш аст (Аъм. 19:20).

ҲАНГОМИ АЗ САҲНА БАРОМАД КАРДАН

11. Бародароне, ки аз саҳна баромад мекунанд, ба чӣ ӯҳдадоранд?

11 Ҳамаи мо ба анҷуман ва ҷамъомад рафтанро дӯст медорем. Чунки дар ин ҷойҳо мо Яҳуваро ибодат карда аз чизҳои фаҳмидаамон баҳра мебарем. Аз ин рӯ барои бародарон аз саҳна баромад карда дигаронро таълим додан имтиёзи бузург ва ӯҳдадории калон аст (Яъқ. 3:1). Зеро онҳо бояд дар асоси Китоби Муқаддас таълим диҳанд. Агар аз шумо хоҳиш кунанд, ки дар ҷамъомад ё дар анҷуман баромад кунед, чӣ тавр шумо таъсирбахш будани Каломи Худоро нишон дода метавонед?

12. Чӣ тавр нотиқ боварӣ ҳосил карда метавонад, ки нутқаш бар Китоби Муқаддас асос ёфтааст?

12 Ҳар як нутқ бояд бар Китоби Муқаддас асос ёбад (Юҳ. 7:16). Аз ин рӯ нагузоред, ки воқеа, мисол ё тарзи баромад карданатон диққати одамонро бештар ҷалб кунанд. Инчунин фаромӯш накунед, ки хондани оят ва таълим додани Китоби Муқаддас як чиз нест. Ғайр аз ин, ояти бисёр хондан фоида надорад, чунки шунавандагон онро ба хотир намегиранд. Барои ҳамин фикр кунед, ки кадом оятҳоро дар нутқ истифода бурдан мехоҳед. Сипас онҳоро хонед, маънояшро фаҳмонед, мисол оред ва чӣ тавр дар амал истифода бурданро нишон диҳед (Наҳемё 8:8). Агар нутқ пешакӣ аз тарафи ташкилот тартиб дода шуда бошад, онро бодиққат омӯзед ва оятҳои овардашударо нағзакак аз назар гузаронед. Кӯшиш кунед, то фаҳмед, ки байни фикр ва оятҳои ин нутқ чӣ алоқамандӣ вуҷуд дорад. Баъд аз ин баъзе оятҳоро истифода бурда фикри ин нутқро ба шунавандагон кушода диҳед. (Шумо маслиҳатҳои амалиро дар китоби «Мактаби таълими мавъиза» (рус.), аз дарси 21 то 23 ёфта метавонед.) Аз ҳама муҳимаш, дуо гӯед, ки Яҳува барои фаҳмондани фикрҳои пурарзиши Китоби Муқаддас ба шумо ёрдам кунад. (Эзро 7:10 ва Масалҳо 3:13, 14-ро хонед.)

13. а) Чӣ тавр ояти Китоби Муқаддас ба хоҳаре таъсир расонд? б) Чӣ тавр шумо дар ҷамъомад аз таълими Китоби Муқаддас манфиат гирифта будед?

13 Хоҳаре аз Австралия дар кӯдакиаш бисёр азоб кашида буд. Ҳатто баъди ҳақиқатро фаҳмида таъмид гирифтанаш вай пурра боварӣ надошт, ки Яҳува ӯро дӯст медорад. Бо гузашти вақт ӯ фикрашро иваз кард. Чӣ ба вай кӯмак кард? Боре ин хоҳар дар ҷамъомад оятеро шунид, ки ба дилаш сахт таъсир расонд. Вақте ӯ дар барои ин оят мулоҳиза ронда тадқиқот мегузаронд, чашмаш ба дигар ояти Китоби Муқаддас афтид. Баъд аз ин вай боварӣ ҳосил кард, ки Яҳува ӯро хеле дӯст медорад *. Оё шумо низ ягон бор дар ҷамъомад ё анҷуман оятеро шунида будед, ки ба шумо таъсир расонд? (Наҳемё 8:12).

14. Чӣ тавр мо миннатдориамонро ба Каломи Худо нишон дода метавонем?

14 Мо хеле миннатдорем, ки Яҳува ба мо Китоби Муқаддасро додааст. Ӯ ваъда дод, ки Каломаш нест намешавад ва ин ваъдааш иҷро шуд (1 Пет. 1:24, 25). Агар мо ҳар рӯз Китоби Муқаддасро хонем, дар ҳаёт истифода барем ва ба воситаи он ба дигарон кӯмак расонем, нишон медиҳем, ки ин ганҷи бебаҳоро қадр мекунем ва Муаллифи он, Яҳува Худоро дӯст медорем.

^ сарх. 13 Ба чорчӯбаи « Тарзи фикррониам дигар шуд» нигаред.