Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Каломи Худо то абад хоҳад монд

Каломи Худо то абад хоҳад монд

«Алаф хушк мешавад, гул пажмурда мегардад, вале каломи Худои мо то абад қоим хоҳад буд» (ИШ. 40:8).

СУРУДҲО: 22, 48

1, 2. а) Бе Китоби Муқаддас ҳаётамон чӣ хел мешуд? б) Кай мо фоидаи Китоби Муқаддасро бештар мебинем?

ЛАҲЗАЕ ҳаётатонро бе Китоби Муқаддас тасаввур кунед. Шумо дар ҳаёт ягон маслиҳати хирадмандонае ёфта наметавонед. Дар бораи Худо, ҳаёт ва оянда маълумоти аниқ надоред. Инчунин намедонед, ки пеш Яҳува бо одамон чӣ хел муносибат мекард.

2 Худоро шукр, ки мо дар ин хел ҳолати ғамовар нестем. Яҳува ба мо Каломаш, Китоби Муқаддасро додааст ва ваъда медиҳад, ки он то абад мемонад. Петруси ҳавворӣ дар номаи худ суханони Ишаъё 40:8-ро иқтибос овардааст. Ҳарчанд ин гуфтаҳо дар бораи Китоби Муқаддас набошанд ҳам, он ба суханоне, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, дахл доранд. (1 Петрус 1:24, 25-ро хонед.) Вақте мо Китоби Муқаддасро бо забони бароямон фаҳмо мехонем, фоидаашро бештар мебинем. Касе, ки хондани Каломи Худоро дӯст медорад, инро нағз медонад. Аммо тарҷума ва дастрас кардани Китоби Муқаддас кори осон набуд. Одамон барои ин чандин асрҳо ба зиддиятҳо нигоҳ накарда меҳнат карданд. Чунки онҳо ҳам мисли Худо мехостанд, ки «ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд» (1 Тим. 2:3, 4).

3. Мо дар ин мақола чиро муҳокима мекунем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

3 Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр Каломи Худо нигоҳ накарда ба 1) дигаршавии забон, 2) вазъияти сиёсӣ ва 3) зиддиятҳо дар тарҷума то замони мо омада расид. Муҳокимаи ин мавзӯъҳо ба мо чӣ фоида меорад? Он ба мо ёрдам мекунад, ки Каломи Худоро бештар қадр кунем ва муҳаббатамонро нисбати Муаллифи он зиёдтар намоем (Мико 4:2; Рум. 15:4).

ДИГАРШАВИИ ЗАБОН

4. а) Чӣ тавр забонҳо бо гузашти вақт тағйир меёбанд? б) Мо аз куҷо медонем, ки Худо ягон забонро махсус намешуморад? Донистани ин шуморо ба чӣ бармеангезад?

4 Бо гузашти вақт забонҳо тағйир меёбанд. Калима ва ибораҳое, ки пеш як маъно доштанд, ҳозир тамоман маънои дигар доранд. Шояд забони модарии худи шумо низ тағйир ёфтааст. Дар бораи забонҳое, ки Китоби Муқаддас бо онҳо навишта шудааст, чунин гуфтан мумкин аст. Забони ибрӣ ва юнонии қадима аз забони ибрӣ ва юнонии ҳозира фарқ мекунад. Барои ҳамин бисёр одамон ин забонҳоро намефаҳманд ва ба тарҷумаи Китоби Муқаддас ниёз доранд. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки агар забони ибрӣ ва юнонии қадимаро омӯзанд, Китоби Муқаддасро беҳтар мефаҳманд, аммо хато мекунанд *. Аз ин рӯ мо хеле миннатдорем, ки Китоби Муқаддас пурра ё қисман қариб ба 3000 забон тарҷума шудааст. Равшан аст, ки Яҳува мехоҳад, то «ҳар қабила... забон ва қавм» аз Каломи Ӯ баҳра баранд. (Ваҳй 14:6-ро хонед.) Оё донистани ин чиз шуморо ба Худои меҳрубон ва бериё наздиктар намесозад? (Аъм. 10:34).

5. Чӣ қадри «Тарҷумаи шоҳ Ҷеймс»-ро баланд мегардонад?

5 Тағйирёбии забонҳо ба тарҷумаҳои Китоби Муқаддас бе таъсир намонд. Ҳарчанд тарҷумаи якуми Китоби Муқаддас дар аввал осонфаҳм буд, лекин баъдтар фаҳмишаш душвор гашт. Барои мисол «Тарҷумаи шоҳ Ҷеймс»-ро мегирем, ки бори аввал соли 1611 нашр шуда буд. Ин яке аз машҳуртарин тарҷумаи Китоби Муқаддас ба забони англисӣ мебошад. Калима ва ибораҳое, ки дар «Тарҷумаи шоҳ Ҷеймс» истифода шудаанд, ба забони англисӣ таъсир расондааст *. Аммо дар ин тарҷума номи Худо қариб ки дида намешавад. Аз рӯйи матни аслӣ дар ҷойҳое, ки номи Худо меистад, он ҷо бо ҳарфҳои калон «ХУДОВАНД» навишта шудааст. Дар дигар нашрҳои он низ дар баъзе оятҳои Навиштаҳои Юнонӣ калимаи «ХУДОВАНД» бо ҳарфҳои калон оварда шудаанд. Аз рӯйи «Тарҷумаи шоҳ Ҷеймс» мо мефаҳмем, ки номи Худо дар «Аҳди Ҷадид» низ вомехӯрад.

6. Чаро мо хеле миннатдорем, ки «Тарҷумаи дунёи нав» нашр шуд?

6 Бо гузашти вақт забони «Тарҷумаи шоҳ Ҷеймс» кӯҳна шуд ва душворфаҳм гардид. Дар бораи забони тарҷумаҳои дигари Китоби Муқаддас низ чунин гуфтан мумкин аст. Барои ҳамин мо хеле миннатдорем, ки «Навиштаҳои Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» дорем, ки забонаш осонфаҳм ва ҳозиразамон аст. «Тарҷумаи дунёи нав» пурра ё қисман ба зиёда аз 150 забон дастрас аст. Ин маънои онро дорад, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон бисёриҳо имконият доранд, ки Китоби Муқаддасро ба забони модариашон хонанд. Калимаю ибораҳои одӣ ва фаҳмои он ёрдам мекунанд, ки хабари Худо ба дили одамон таъсир расонад (Заб. 118:97). Аз ҳама муҳимаш, дар «Тарҷумаи дунёи нав» номи Худо дар матн ҷои аслиашро гирифтааст.

ЗАБОНИ ОММАФАҲМ

7, 8. а) Чаро дар асри 3-и то милод бисёри яҳудиён Навиштаҳои Иброниро намефаҳмиданд? б) «Септуагинта» чист?

7 Вазъияти сиёсии ҷаҳон баъзан ба забони оммафаҳм таъсир мерасонад. Аммо Яҳува нагузошт, ки ин гуна тағйирот забони Китоби Муқаддасро барои фаҳмидан душвор гардонад. Масалан, 39 китоби аввали онро исроилиён ё яҳудиён навиштаанд. Онҳо халқе буданд, ки «ба дасташон каломи Худо супурда» шуда буд (Рум. 3:1, 2). Аммо дар асри 3-и то милод бисёри яҳудиён забони иброниро намефаҳмиданд. Чаро? Чунки Искандари Мақдунӣ Юнонро империяи ҷаҳонӣ гардонд (Дон. 8:5–7, 20, 21). Дар натиҷа, забони юнонӣ дар тамоми қаламрави империяи Юнон забони оммафаҳм гардид. Он вақт бисёри яҳудиён низ ба забони юнонӣ гап мезаданд, барои ҳамин Китоби Муқаддасро ба забони ибронӣ намефаҳмиданд. Чӣ тавр ин душворӣ бартараф гардид?

8 Тақрибан дар байни асрҳои 3-и то милод панҷ китоби аввали Навиштаҳо аз забони ибронӣ ба забони юнонӣ тарҷума карда шуд. Баъдтар дигар Навиштаҳои Ибронӣ низ тарҷума шуданд. Ин тарҷума дар асри дуи то милод ба охир расид. Имрӯз дар якҷоягӣ ин тарҷумаҳоро «Септуагинта» мегӯянд, ки он аввалин тарҷумаи пурраи Навиштаҳои Ибронӣ мебошад.

9. а) Чӣ тавр «Септуагинта» ва дигар тарҷумаҳои пештараи Каломи Худо ба одамоне, ки онро мехонданд, таъсир расонд? б) Порчаи дӯстдоштаи шумо аз Навиштаҳои Ибронӣ кадом аст?

9 «Септуагинта» ба одамоне, ки бо забони юнонӣ гап мезаданд, ёрдам кард, то Навиштаҳои Иброниро нағзтар фаҳманд. Акнун онҳо имконият доштанд, ки Каломи Худоро бо забони худ хонанд ё гӯш кунанд. Оё хурсандии онҳоро тасаввур карда метавонед? Бо гузашти вақт Китоби Муқаддас пурра ё қисман бо дигар забонҳои оммафаҳм, мисли забонҳои арамӣ, готӣ, лотинӣ низ тарҷума шуд. Вақте одамон Навиштаҳои Муқаддасро бо забони худашон мехонанд, онро беҳтар мефаҳманд ва мисли мо оятҳои дӯстдошта пайдо мекунанд. (Забур 118:162–165-ро хонед.) Дар ҳақиқат, дигаршавии забони оммафаҳм нагузошт, ки Каломи Худо аз байн равад.

ЗИДДИЯТ ДАР ТАРҶУМАИ КИТОБИ МУҚАДДАС

10. Чаро Китоби Муқаддас дар замони Ҷон Уиклиф ба бисёриҳо дастрас набуд?

10 Бо гузашти вақт одамони ҳокимиятдор ба мардум иҷозат намедоданд, ки Китоби Муқаддасро хонанд. Аммо шахсоне буданд, ки ба зиддиятҳо нигоҳ накарда Каломи Худоро ба дигарон дастрас мегардонданд. Яке аз онҳо Ҷон Уиклиф буд. Ӯ дар асри 14 зиндагӣ мекард. Уиклиф боварӣ дошт, ки ҳар як шахс метавонад Каломи Худоро хонад. Аммо дар замони вай Китоби Муқаддас дар Англия ба одамон дастрас набуд ва танҳо баъзеҳо китоби шахсӣ доштанд. Чаро? Чунки Китоби Муқаддасро рӯйнавис мекарданд ва он хеле қимат буд. Инчунин он вақт бисёриҳо савод надоштанд. Онҳое, ки ба калисо мерафтанд, порчаеро аз Китоби Муқаддас шунида метавонистанд. Аммо онҳо чизҳои шунидаашонро намефаҳмиданд, чунки он ба забони лотинӣ хонда мешуд. Забони лотинӣ бошад, кайҳо боз кӯҳна шуда буд. Биёед бинем, ки чӣ тавр ганҷҳои Китоби Муқаддас ба ин одамон ошкор гардид (Мас. 2:1–5).

Ҷон Уиклиф ва дигарон мехостанд, ки Каломи Худо ба ҳар як кас дастрас шавад. Оё шумо низ чунин хоҳиш доред? (Ба сархати 11 нигаред.)

11. Китоби Муқаддаси Уиклиф ба одамон чӣ тавр таъсир расонд?

11 Соли 1382 тарҷумаи англисии Навиштаҳо нашр шуд, ки баъдтар бо номи Китоби Муқаддаси Уиклиф машҳур гашт. Он дар байни пайравони Уиклиф зуд паҳн гардид. Онҳо мехостанд, ки Каломи Худоро ба ақлу дили халқи одӣ ҷой кунанд. Барои ҳамин аз қишлоқ ба қишлоқ тамоми Англияро пиёда мегаштанд ва ба одамон аз Китоби Муқаддаси Уиклиф порчаеро хонда нусхаашро ба онҳо монда мерафтанд. Ин кӯшиши онҳо шавқи одамонро ба Китоби Муқаддас бедор кард.

12. Рӯҳониён ба Уиклиф ва кори ӯ чӣ тавр муносибат карданд?

12 Рӯҳониён бошанд, Уиклиф, китоби ӯ ва пайравонашро чашми дидан надоштанд. Сардорони дин онҳоро таъқиб мекарданд ва ҳамин ки нусхаҳои Китоби Муқаддаси Уиклифро меёфтанд, несту нобуд мекарданд. Ҳатто баъди мурданаш Уиклифро сектант, яъне душмани калисо гуфта ном бароварданд. Азбаски одами мурдаро ҷазо дода наметавонистанд, онҳо устухонҳои ӯро гирифта сӯзонданд ва хокистарашро ба дарёи Свифт партофтанд. Аммо одамони бисёр мехостанд, ки Китоби Муқаддасро хонда фаҳманд ва калисо дар ин кор ба онҳо халал расонда натавонист. Асрҳо пас бисёриҳо дар Аврупо ва дигар қисмҳои ҷаҳон ба забони оммафаҳм тарҷума ва паҳн кардани Китоби Муқаддасро сар карданд.

«ТУРО ТАЪЛИМ МЕДИҲАМ, КИ БА ХУДАТ ФОИДА БИРАСОНӢ»

13. Мо ба чӣ боварӣ дорем? Чаро ин имони моро мустаҳкамтар мегардонад?

13 Китоби Муқаддас зери илҳоми Худо навишта шудааст. Лекин ин маънои онро надорад, ки «Септуагинта», Китоби Муқаддаси Уиклиф, «Тарҷумаи шоҳ Ҷеймс» ва ё дигар тарҷумаҳо зери илҳоми Худо навишта шудаанд. Аммо вақте мо ба таърихи ин гуна тарҷумаҳо назар мекунем, мефаҳмем, ки Худо ваъдаашро иҷро карда Каломашро нигоҳ доштааст. Ин чиз имони моро мустаҳкам мекунад, ки дигар ваъдаҳои Худо низ ҳатман иҷро мешаванд (Еҳ. 23:14).

14. Чӣ тавр Каломи Худо муҳаббатамонро нисбати Ӯ зиёд мекунад?

14 Вақте мо мефаҳмем, ки чӣ тавр Яҳува Каломашро нигоҳ дошт, ин на фақат имонамонро, балки муҳаббатамонро низ ба Ӯ зиёдтар мегардонад *. Чаро Яҳува ба мо Каломашро дод ва чаро ваъда дод, ки онро нигоҳ медорад? Чунки Ӯ моро дӯст медорад ва ба фоидаи худамон таълим медиҳад. (Ишаъё 48:17, 18-ро хонед.) Мо ҳам бояд дар ҷавоб Яҳуваро дӯст дорем ва қонунҳояшро иҷро кунем (1 Юҳ. 4:19; 5:3).

15. Дар мақолаи навбатӣ чиро муҳокима мекунем?

15 Мо Каломи Худоро қадр мекунем, барои ҳамин пурра аз он баҳра бурдан мехоҳем. Чӣ тавр мо аз омӯзиши шахсӣ бештар фоида гирифта метавонем? Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки дар хизмат Китоби Муқаддасро бисёртар истифода барем? Чӣ тавр бародароне, ки дар ҷамъомад баромад мекунанд, диққати одамонро бештар ба Навиштаҳо равона карда метавонанд? Ҷавоби ин саволҳоро дар мақолаи навбатӣ муҳокима мекунем.

^ сарх. 4 Ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), аз 1 ноябри соли 2009, ба мақолаи «Оё омӯхтани забони ибронӣ ё юнонӣ муҳим аст?» нигаред.

^ сарх. 5 Якчанд ибораҳои рехтаи машҳури англисӣ аз «Тарҷумаи шоҳ Ҷеймс» гирифта шудаанд.

^ сарх. 14 Ба чорчӯбаи « Бо чашматон бинед!» нигаред.