Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Худдориро инкишоф диҳед

Худдориро инкишоф диҳед

«Самари Рӯҳ инҳост:.. парҳезгорӣ» (ҒАЛ. 5:22, 23).

СУРУДҲО: 52, 26

1, 2. а) Надоштани худдорӣ ба чӣ оварда мерасонад? б) Чаро дар бораи худдорӣ муҳокима кардан муҳим аст?

ПАРҲЕЗГОРӢ ё худдорӣ ба Худо маъқул аст (Ғал. 5:22, 23). Яҳува ин хислатро комилан зоҳир мекунад, вале барои мо, одамони нокомил, зоҳир кардани ин хислат душвор аст. Бисёр одамон аз сабаби худдорӣ надоштан худро ба проблемаҳои бисёр гирифтор мекунанд. Масалан, чунин шахсон ба корҳои муҳим бепарво мегардад ё нисбати мактабу кор беҳавсала мешавад. Инчунин надоштани худдорӣ метавонад ба бадзабонӣ, майзадагӣ, зӯроварӣ, ҷудошавии оила, қарзи бисёр, одатҳои бад, зиндонӣ шудан, рӯҳафтодагӣ, касалиҳои ба воситаи алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва ҳомиладории номатлуб ва дигар душвориҳо оварда расонад (Заб. 33:12–15).

2 Дар ҳақиқат, шахсе, ки худдорӣ надорад доимо ба душвориҳо рӯ ба рӯ мешавад. Ин гуна шахс ҳам ба худ ва ҳам ба дигарон зарар мерасонад. Рӯз ба рӯз рафтори одамон аз сабаби худдорӣ надоштанашон бад шуда истодааст. Ин чиз хизматгорони Худоро ба ҳайрат намеорад, чунки онҳо медонанд, ки дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шуда буд, ки «дар айёми охир» одамон «бепарҳез» мешаванд, яъне худдорӣ карда наметавонанд (2 Тим. 3:1–3).

3. Чаро мо бояд хислати худдориро дар худ инкишоф диҳем?

3 Чаро мо бояд худдориро инкишоф диҳем? Биёед ду сабаби муҳимашро дида бароем. Якум, одамоне, ки худдорӣ карда метавонанд проблемаҳояшон камтар аст. Онҳо аз ҷиҳати эмотсионалӣ устувор буда бо дигарон муносибаташон нағзтар аст. Ин хел одамон зуд ба қаҳр намеоянд, ба ғаму ташвиш ва рӯҳафтодагӣ сахт дода намешаванд. Дуюм, вақте шахс васвасаҳоро рад мекунад ва хоҳишу рафтори нодурусташро идора мекунад, писанди Худо мегардад. Маҳз аз сабаби худдорӣ надоштанашон Одаму Ҳаво илтифоти Яҳуваро гум карданд (Ҳас. 3:6). Ба монанди онҳо бисёр одамоне, ки худдорӣ надоштанд, оқибати талхи рафторашонро чашиданд.

4. Онҳоеро, ки бо рафтору хоҳишҳои нодурусташон мубориза мебаранд, чӣ рӯҳбаланд мекунад?

4 Ягон одами нокомил пурра худдорӣ карда наметавонад. Яҳува медонад, ки ходимонаш барои идора кардани рафтору хоҳишҳои нодурусташон сахт мубориза мебаранд. Аз ин рӯ Ӯ мехоҳад, ки барои ғолиб омадан ба онҳо кӯмак расонад (3 Подш. 8:46–50). Чун Дӯсти ғамхор Худо онҳоеро, ки самимона ба Ӯ хизмат кардан мехоҳанд, вале дар баъзе соҳаҳои ҳаёт худро идора карданашон душвор аст, дастгирӣ мекунад. Биёед дар аввал намунаи олиҷаноби Яҳуваро дида бароем. Баъдтар аз Китоби Муқаддас мисолҳои хубу бад ва маслиҳатҳои амалиеро, ки барои худдорӣ карданамон ёрдам мекунанд, муҳокима намоем.

НАМУНАИ ЯҲУВА

5, 6. Яҳува дар зоҳир кардани худдорӣ чӣ намуна гузошт?

5 Яҳува хислати худдориро дар ҳама корҳояш комилан зоҳир месозад (Такр. Ш. 32:4). Мо ки нокомил ҳастем, бояд намунаи Яҳуваро хуб омӯзем, то ба Ӯ бештар пайравӣ карда тавонем. Биёед якчанд мисолҳоро, ки худдорӣ кардани Яҳуваро нишон медиҳанд, дида бароем.

6 Масалан, вақте Шайтон бар зидди Яҳува исён бардошт Ӯ худдорӣ кард. Бешубҳа, фариштагони содиқ барои ин кораш Шайтонро чашми дидан надоштанд. Шояд шумо ҳам вақте фаҳмидед, ки ба ҳама ранҷу азобатон Шайтон айбдор аст, нисбати вай нафрат пайдо кардед. Аммо Яҳува саросема нашуд. Ӯ зуд ба хашм наомад ва ба исёни Шайтон ҷавоби дуруст дод. Яҳува то ҳол пуртоқатӣ зоҳир карда истодааст (Хур. 34:6; Айюб 2:2–6). Чаро? Чунки Ӯ намехоҳад, ки ягон кас нобуд шавад, Ӯ мехоҳад, ки «ҳама ба тавба рӯ оваранд» (2 Пет. 3:9).

7. Мо аз Яҳува чӣ меомӯзем?

7 Намунаи Яҳува моро бармеангезад, ки ҳеҷ гоҳ саросема нашавем, суханонамонро баркашида гап занем ва қадамҳои худро дониста монем. Вақте бо ягон вазъияти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешавед, барои дуруст рафтор кардан каме сабр кунед. Аз Яҳува барои дуруст гап задан ё рафтор кардан хирад пурсед (Заб. 140:3). Дар сари қаҳр тез ҷавоб гардондан ё амал кардан осон аст. Лекин фаромӯш накунед, ки меваи саросемагӣ пушаймонист, ки аксари мо онро чашидаем (Мас. 14:29; 15:28; 19:2).

МИСОЛҲОИ ХУБ ВА БАД

8. а) Аз куҷо мо мисолҳои хубро ёфта метавонем? б) Чаро Юсуф ба нозу карашмаи зани Фӯтифар дода нашуд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

8 Кадом мисолҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки худдорӣ муҳим аст? Шояд ин вақт дар хотиратон якчанд одамоне омаданд, ки дар озмоишҳо худдорӣ карда тавонистанд. Яке аз онҳо Юсуф писари Яъқуб буд. Вақти дар хонаи Фӯтифар, сарлашкари фиръавн, кор карданаш ӯ худдорӣ карда буд. Зани Фӯтифар Юсуфро, ки «хушандом ва хушрӯй буд» таги чашм кард ва кӯшиш менамуд, ки бо ӯ ҳамхоба шавад. Чаро Юсуф ба нозу карашмаи зани Фӯтифар об нашуд? Аз афташ, ӯ вақт ҷудо карда фикр кард, ки агар ҳиссиёти худро идора накунад, оқибаташ чӣ мешавад. Вақте Юсуф дид, ки вазъият безеб аст, аз пеши он зан гурехт. Сабаби ин тавр рафтор карданашро мо аз суханони зеринаш мефаҳмем: «Чӣ гуна ин бадкирдории бузургро содир кунам ва дар назди Худо гуноҳкор шавам?» (Ҳас. 39:6, 9; Масалҳо 1:10-ро хонед.)

9. Чӣ тавр шумо ба озмоишҳо тайёр шуда метавонед?

9 Мо аз Юсуф чӣ меомӯзем? Мисли Юсуф мо метавонем аз ҳар васвасаи вайрон кардани қонуни Худо дурӣ ҷӯем. Баъзеҳо бо пурхӯрӣ, бадмастӣ, сигоркашӣ, нашъамандӣ, бадахлоқӣ ва дигар одатҳои бадашон мубориза бурда Шоҳиди Яҳува шуданд. Пас аз таъмид гирифтан ҳам дар онҳо васвасаи ба ҳаёти пештараашон баргаштан пайдо мешавад. Агар шумо ҳам бо васвасаи вайрон кардани қонуни Яҳува рӯ ба рӯ шавед, вақт ҷудо карда фикр кунед, ки агар ба ин васваса дода шавед, оқибаташ чӣ мешавад. Шумо метавонед, пешакӣ муайян кунед, ки дар кадом ҳолатҳо ба васваса дода шуда метавонед ва чӣ хел аз ин гуна вазъиятҳо дурӣ ҷӯед (Заб. 25:4, 5; Мас. 22:3). Вақте ба озмоишҳо дучор мешавед аз Яҳува хирад ва худдорӣ пурсед.

10, 11. а) Наврасон дар мактаб бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд? б) Чӣ ба масеҳиёни ҷавон ёрдам мекунад, ки ба таъсири бад дода нашаванд?

10 Имрӯз бисёри ҷавонони масеҳӣ мисли Юсуф бо васвасаи бадахлоқии ҷинсӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Биёед мисоли Ким ном хоҳареро дида мебароем. Ҳамсинфони ӯ ба бадахлоқии ҷинсӣ дода шуда буданд. Онҳо баъди таътил дар бораи алоқаи ҷинсиашон ба дигарон нақл карда худро таъриф мекарданд. Ким бошад, дар ин бора ягон чизи нақл мекардагӣ надошт. Ӯ тан мегирад, ки баъзан худро «нодаркор ва танҳо» ҳис мекард. Ҳамсинфонаш фикр мекарданд, ки Ким сода аст ва то ҳол калон нашудааст. Аммо дар асл Ким боақл буд ва хуб мефаҳмид, ки ин ҳавову ҳаваси ҷавонӣ аст (2 Тим. 2:22). Инчунин ҳамсинфонаш аз вай доимо мепурсиданд, ки то ба кай бокирагиашро нигоҳ доштанӣ аст. Ин ба ӯ имконият медод, то ба онҳо фаҳмонад, ки чаро ба алоқаи ҷинсӣ даст намезанад. Ҷавонон, мо бо шумо фахр мекунем, ки ба чунин васвасаҳо дода намешавед, Яҳува низ бо шумо фахр мекунад.

11 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки баъзе одамон худро дошта натавониста ба бадахлоқӣ дода шуданд ва оқибати талхи рафторашонро чашиданд. Ин мисолҳо барои мо огоҳкунандаанд. Онҳое, ки ба ҳолати Ким меафтанд, метавонанд дар бораи мисоли ҷавони беақле, ки дар боби ҳафтуми Масалҳо оварда шудааст ва оқибати рафтори Амнӯн фикр кунанд (2 Подш. 13:1, 2, 10–15, 28–32). Волидон, шумо метавонед ба фарзандонатон кӯмак кунед, то нисбати муносибатҳои ошиқона худдорӣ ва хирадмандиро инкишоф диҳанд. Барои ин шумо метавонед бо онҳо дар ибодати оилавӣ мисолҳои Китоби Муқаддасро, ки баъзеашонро дар боло ёдрас кардем, муҳокима кунед.

12. а) Юсуф барои ҳиссиёташро нишон надодан чӣ кор кард? б) Дар кадом ҳолатҳо мо бояд ҳиссиётамонро идора кунем?

12 Юсуф дар муносибат бо бародаронаш низ худдорӣ зоҳир кард. Масалан, вақте бародаронаш ба Миср барои хӯрока омаданд, Юсуф барои фаҳмидани дили онҳо кӣ буданашро пинҳон кард. Ӯ ҳиссиёташро фурӯ нишонда, худашро ба даст гирифт ва аз дар берун шуд, то ки дар пеши бародаронаш гиря накунад (Ҳас. 43:30, 31). Вақте ягон ҳамимонатон ё шахси наздикатон ягон рафтори нодуруст мекунад, мисли Юсуф худатонро ба даст гиред (Мас. 16:32; 17:27). Ва ё агар ягон одами наздикатон аз ҷамъомад хориҷ шуда бошад, шумо низ метавонед, ки ҳиссиёти худро дошта бо ӯ сӯҳбат накунед. Дар ин гуна ҳолатҳо худдорӣ худ ба худ пайдо намешавад, аммо вақте ки ба намунаи Яҳува пайравӣ мекунем ва аз рӯйи маслиҳатҳои Ӯ амал менамоем, худдорӣ кардан осонтар мегардад.

13. Мо аз мисоли Довуд чӣ меомӯзем?

13 Мисоли шоҳ Довуд низ сазовори диққат аст. Масалан, вақте Шоул ва Шимъӣ ӯро ба қаҳр оварданд, ӯ худдорӣ карда қувваташро ба кор набурд (1 Подш. 26:9–11; 2 Подш. 16:5–10). Лекин Довуд на ҳама вақт худашро ба даст гирифта метавонист. Чи хеле ки мо медонем ӯ бо Батшобаъ зино кард ва қаҳрашро нисбати Ноболи хасис дошта натавонист (1 Подш. 25:10–13; 2 Подш. 11:2–4). Ба ҳар ҳол мо аз мисоли Довуд дарсҳои муҳим гирифта метавонем. Якум, шахсоне, ки халқи Худоро назорат мекунанд, бояд бештар худдорӣ кунанд ва эҳтиёт шаванд, ки аз вазифаи худ сӯиистифода набаранд. Дуюм, мо бояд худбоварона фикр накунем, ки ба васвасаҳо дода намешавем (1 Қӯр. 10:12).

ШУМО ЧӢ КОР КАРДА МЕТАВОНЕД?

14. Мо аз воқеае, ки бо як бародарамон рӯй дод, чӣ мефаҳмем?

14 Барои худдорӣ кардан шумо чӣ кор карда метавонед? Биёед як мисоли воқеиро дида бароем. Ронандае бо мошинаш ба пушти мошини Луиҷи омада зад. Ҳарчанд ин ҳодиса бо айби он ронанда сар зад, ӯ Луиҷиро дашном дода ҷанг кард. Бародарамон ба Яҳува дуо гуфта оромӣ пурсид ва кӯшиш кард, ки ронандаро низ ором кунад, аммо бефоида. Он мард дод заданро давом медод. Ҳатто дар ин вазъият Луиҷи асабӣ нашуда рақами мошини он мардро барои суғурта навишта гирифт ва аз пешаш рафт. Як ҳафта пас бародарамон дар хизмат боз бо ин ронанда рӯ ба рӯ шуд. Маълум гашт, ки вай шавҳари он зане будааст, ки Луиҷи боздид мекард. Он мард аз рафтори Луиҷи сахт ҳайрон шуда бахшиш мепурсад. Ӯ мегӯяд, ки ба корхонаи суғуртаи бародар занг мезанад, то ҳар чи зудтар мошинашро соз кунанд. Вақте бародарамон бо ронанда ва занаш аз Китоби Муқаддас сӯҳбат кард, ба он мард чизи шунидааш маъқул шуд. Луиҷи фаҳмид, ки то чӣ андоза дар вақти садама оромиро нигоҳ доштанаш муҳим буд. Агар он вақт Луиҷи худдорӣ намекард вазъият дигар хел ранг мегирифт. (2 Қӯринтиён 6:3, 4-ро хонед.)

Худро идора карда тавонистан ё натавонистани мо ба хизматамон таъсир расонда метавонад (Ба сархати 14 нигаред.)

15, 16. Чӣ тавр омӯзиши Китоби Муқаддас ба шумо ва оилаатон барои инкишоф додани худдорӣ кӯмак карда метавонад?

15 Бодиққат хондани Китоби Муқаддас ба мо ёрдам мекунад, ки худдориро инкишоф диҳем. Суханонеро, ки Худо ба Еҳушаъ гуфта буд, ба хотир оред: «Бигзор ин китоби шариат аз даҳони ту дур нашавад, ва онро ту рӯзу шаб биомӯз, то бо риояти ҳар он чи дар он навишта шудааст, амал намоӣ, зеро ки он гоҳ дар роҳҳои худ комёб гардида, муваффақият ба даст хоҳӣ овард» (Еҳ. 1:8). Чӣ тавр омӯзиши Китоби Муқаддас ба шумо кӯмак мекунад, ки худдориро инкишоф диҳед?

16 Чи тавре ки аллакай дидем, дар Китоби Муқаддас аниқ гуфта шудааст, ки худдорӣ кардан ва накардан ба чӣ оварда мерасонад. Ин мисолҳо барои дарс гирифтани мо навишта шудаанд (Рум. 15:4). Барои ҳамин, агар мо Китоби Муқаддасро хонем, мулоҳиза ронем ва омӯзиш кунем хирадмандона рафтор мекунем. Кӯшиш кунед, то фаҳмед, ки чӣ тавр маълумоти хондаатонро дар ҳаёти худ ва оилаатон истифода бурда метавонед. Аз Яҳува барои ба кор бурдани чизи хондаатон кӯмак пурсед. Агар шумо пай баред, ки аз ягон ҷиҳат худдорӣ карда наметавонед, инро тан гиред. Баъд дар ин бора ба Яҳува дуо гӯед ва кӯшиш кунед, ки беҳтар гардед (Яъқ. 1:5). Инчунин шумо метавонед аз адабиётамон мавзӯъҳоеро, ки ба шумо ёрдам мекунанд, кобед.

17. Чӣ тавр волидон ба фарзандонашон кӯмак карда метавонанд, ки худдориро инкишоф диҳанд?

17 Волидон, чӣ тавр шумо ба фарзандонатон кӯмак карда метавонед, ки худдориро инкишоф диҳанд? Кӯдак бо хислати худдорӣ таваллуд намешавад. Ин ва дигар хислатҳоро ӯ омӯхтанаш лозим аст. Шумо бояд дар ин кор ба фарзандатон намуна бошед (Эфс. 6:4). Агар бинед, ки ба фарзандатон худдорӣ кардан душвор аст, фикр кунед, ки чӣ тавр ба ӯ ибрат нишон дода метавонед. Фаромӯш накунед, ки доимо дар хизмат, вохӯриҳо ва ибодати оилавӣ иштирок кардан низ таъсири нағз мерасонад. Дар вақтҳои зарурӣ ба талабҳои фарзандатон «не» гуфтанро ёд гиред. Масалан, Яҳува барои Одаму Ҳавво маҳдудият гузошт. Ин ба онҳо ёрдам мекард, ки ҳурмат кардани ҳокимияти Ӯро ёд гиранд. Ба ин монанд, вақте падару модарон фарзандонашонро таълиму тарбия мекунанд, онҳо худдорӣ кардан ва ҳурмат намудани ҳокимияти волидонашонро ёд мегиранд. Аз ҳама муҳимаш, волидон метавонанд, ки дар дили фарзандонашон дӯст доштани Яҳува ва эҳтиром кардани ҳокимияти Ӯро ҷо кунанд. (Масалҳо 1:5, 7, 8-ро хонед.)

18. Чаро мо бояд дӯстонамонро бохирадона интихоб кунем?

18 Хоҳ мо волид бошем, хоҳ не, бояд дӯстонамонро бохирадона интихоб кунем. Агар дӯстонамон Яҳуваро нағз бинанд, онҳо ба мо ёрдам мекунанд, ки ба таъсири бад дода нашавем ва аз хатар гурезем (Мас. 13:20). Инчунин онҳо моро бармеангезанд, ки худдориро инкишоф диҳем. Рафтори мо низ дӯстонамонро рӯҳбаланд мекунад. Вақте мо худдориро ёд мегирем, аз ҳаёти ҳаррӯза хурсандӣ гирифта розигии Яҳуваро ба даст меорем ва бо ёру дӯстонамон муносибати хуб пайдо мекунем.