Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Бо мардони рӯҳан баркамол ҳамкорӣ кардан бароям шараф аст

Бо мардони рӯҳан баркамол ҳамкорӣ кардан бароям шараф аст

БАЙНИ солҳои 1930-ум волидони ман Ҷеймс ва Ҷесси Синклейр ба вилояти Бронкси шаҳри Ню-Йорк кӯчиданд. Онҳо бо Вилли Снедден, ки аз Шотландия ба ин ҷо кӯчида буд, шинос шуданд. Лаҳзае пас аз шиносоӣ онҳо аллакай мисли дӯстони дерина сӯҳбат мекарданд. Ин воқеа якчанд сол пеш аз таваллуд шудани ман рӯй дода буд.

Модарам ба Вилли дар бораи падар ва бародари калониаш нақл кард. Ӯ гуфт, ки пеш аз сар шудани Ҷанги Якуми Ҷаҳон, вақте онҳо аз баҳри Шимолӣ мегузаштанд, қаиқи моҳидориашон ба мина бархӯрда ҳардуяшон ғарқ шуданд. Вилли ба модарам гуфт, ки «падари шумо дар дӯзах аст!» Вилли Шоҳиди Яҳува буд. Ҳамин тавр шиносоии модарам бо ҳақиқат сар шуд.

Вилли ва Лиз Снедденҳо

Ин суханони Вилли ба модарам сахт расид, зеро вай медонист, ки падараш инсони хуб буд. Аммо Вилли илова кард: «Агар ман гӯям, ки Исо ҳам дар дӯзах буд, ин шуморо ором мекунад?» Модарам таълимоти калисоро ба хотир овард, ки мегуфтанд: «Исо ба дӯзах рафта рӯзи сеюм аз он ҷо баромадааст». Аз ин рӯ вай ҳайрон шуд, ки «агар дар оташи дӯзах танҳо одамони бад азоб кашанд, пас чаро Исо дар он ҷо буд?» Ин шавқи модарамро ба ҳақиқат бедор намуд. Ӯ ба вохӯриҳои ҷамъомади Бронкс рафтанро сар кард ва соли 1940 таъмид гирифт.

Бо модарам. Бо падарам

Он вақтҳо волидони масеҳиро барнамеангехтанд, ки бо фарзандонашон омӯзиш гузаронанд. Барои ҳамин вақте ман хурд будам, дар рӯзҳои истироҳат падарам маро нигоҳубин мекарду модарам ба вохӯриҳои ҷамъомад ва мавъиза мерафт. Бо гузашти вақт ману падарам ҳамроҳи ӯ ба ҷамъомад мерафтагӣ шудем. Модарам дар кори мавъиза боғайрат буд ва якчанд омӯзанда дошт. Баъзан ӯ бо якчанд омӯзандагонаш яку якбора омӯзиш мегузаронд, чунки онҳо дар наздикии якдигар зиндагӣ мекарданд. Дар вақти таътил ман ҳамроҳи модарам ба хизмат мерафтам. Ҳамин тавр дар бораи Китоби Муқаддас бисёр чизро фаҳмидам ва чӣ хел ба дигарон таълим додани Каломи Худоро ёд гирифтам.

Афсӯс ки, дар хурдсолӣ ба қадри ҳақиқат пурра намерасидам, чунки он бароям як чизи муқаррарӣ буд. Вале дар синни 12-солагӣ ман воизи таъмиднаёфта шудам ва аз ҳамон вақт сар карда мунтазам дар мавъиза иштирок мекардам. Дар 16-солагӣ ҳаётамро ба Яҳува бахшида, 24-уми июли соли 1954 дар анҷумани шаҳри Торонто (Канада) таъмид гирифтам.

ХИЗМАТ ДАР БАЙТ-ИЛ

Баъзе бародарони ҷамъомади мо аъзои оилаи Байт-Ил буданд. Онҳо ба ман таъсири хуб расонданд. Ман аз қобилияти суханронӣ ва тарзи таълимдиҳии онҳо ба ҳайрат меомадам. Муаллимонам мехостанд, ки баъд аз хатми мактаб ба донишгоҳ дохил шавам, аммо мақсади ман дигар буд. Ман мехостам, ки дар Байт-Ил хизмат кунам. Бинобар ин дар ҳамон анҷумани Торонто, ки таъмид гирифта будам, варақаи хизмат дар Байт-Илро пур кардам. Соли 1955 дар анҷумани шаҳри Ню-Йорк, ки дар майдони Янки мегузашт, дубора ин варақаро пур кардам. Дере нагузашта, 19-уми сентябри соли 1955, дар синни 17-солагӣ маро ба Байт-Или Бруклин даъват карданд. Ман хизмати худро дар Адамс-стрит, 117 сар кардам. Дар он ҷо китобҳоро муқовабандӣ мекардам. Баъдтар бо таҷҳизоте кор мекардам, ки 32 саҳифаи китобро якҷоя намуда барои дӯхтан омода месохт.

Дар 17-солагӣ дар Байт-Или Бруклин хизматро сар кардам

Баъди як моҳ маро ба Шӯъбаи обунашавӣ гузаронданд, чунки ман чоп карда метавонистам. Он вақтҳо суроғаи онҳоеро, ки ба «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!» обуна мешуданд, дар лавҳачаҳои оҳанин чоп мекарданд. Баъди чанд моҳ ман аллакай дар Шӯъбаи ирсоли адабиёт кор мекардам. Нозири шӯъба Клаус Ҷенсен аз ман пурсид, ки оё бо ронандаи мошини боркаш ҳамкорӣ кардан мехоҳам? Ин ронанда қуттиҳои адабиётдорро ба портҳое мебурд, ки аз он ҷо адабиётҳоро ба гӯшаю канори дунё мефиристоданд. Ҳамчунин ӯ бояд халтаҳои маҷаллаҳоро ба почта мебурд, то ба ҷамъомадҳои Иёлоти Муттаҳида фиристода шаванд. Бародар Ҷенсен гуфт, ки кори ҷисмонӣ ба ман фоида меорад. Ман ҳамагӣ 57 килло вазн доштам ва мисли чӯб қоқ будам. Ин сафарҳо, дар ҳақиқат, ба ман кӯмак карданд, ки бардаму бақувват шавам. Гапи бародар Ҷенсен рост баромад!

Ҳамчунин Шӯъбаи обунашавӣ аз рӯйи дархост ҷамъомадҳоро бо маҷалла таъмин мекард. Дар ин ҷо кор карда ман фаҳмидам, ки Байт-Или Бруклин бо кадом забонҳо маҷаллаҳоро чоп карда ба кунҷу канори ҷаҳон мефиристад. Пештар ман дар бораи бисёри ин забонҳо чизе нашунида будам. Лекин хеле хурсанд будам, ки даҳҳо ҳазор маҷаллаҳо ба ҷойҳои дурдаст фиристода мешаванд. Он вақт ҳатто фикр намекардам, ки баъдтар ба бисёри ин ҷойҳо сафар мекунам.

Бо Роберт Уоллен, Чарлз Молохен ва Дон Адамс

Соли 1961 маро ба Шӯъбаи молия таъин карданд, ки нозири он Грант Сютер буд. Ман якчанд сол дар он ҷо кор кардам. Рӯзе Нейтан Норр, ки кори умумиҷаҳонии ташкилотамонро роҳбарӣ мекард, маро ба офисаш даъват намуд. Ӯ гуфт, ки бародаре, ки дар ин ҷо кор мекунад, ба Мактаби Хизмат ба Салтанат барои таҳсили якмоҳа меравад ва баъди хатми он ба Шӯъбаи хизматӣ таъин мешавад. Аз ин рӯ аз ман хоҳиш кард, ки ба ҷойи ӯ кор кунам ва бо бародар Дон Адамс ҳамкорӣ намоям. Ногуфта намонад, ки Дон Адамс ҳамон бародарест, ки соли 1955 варақаи барои хизмати Байт-Ил пур кардаи маро қабул карда буд. Дар ин шӯъба ҳамроҳи мо боз ду бародари дигар Роберт Уоллен ва Чарлз Молохен кор мекарданд. Ҳар чори мо беш аз 50 сол якҷоя меҳнат кардем. Ман хеле хушбахт будам, ки бо ин гуна бародарони рӯҳан баркамол ҳамкорӣ кардам (Заб. 132:1).

Соли 1970, сафари аввалини ман чун нозири зоналӣ ба Венесуэла

Соли 1970-ум ман таъйиноти нав гирифтам. Дар як ё ду сол якчанд ҳафта бояд ба филиалҳои Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ сафар мекардам. Ман он вақт кореро, ки имрӯз намояндагони Ҳайати роҳбарикунанда ба ӯҳда доранд, мекардам. Вазифаи ман хабар гирифтани оилаҳои Байт-Ил ва миссионерон, рӯҳбаланд кардани онҳо ва аз назар гузаронидани ҳуҷҷатҳои филиалҳо буд. Вақте ман хатмкунандагони аввали Мактаби Ҷилъодро медидам, хеле хурсанд мешудам, чунки онҳо то ҳол дар таъйиноташон содиқона хизмат мекарданд. Барои ман ба беш аз 90 давлати ҷаҳон сафар карда бародару хоҳаронро рӯҳбаланд кардан шарафи бузург буд.

Сафари ман ба беш аз 90 давлат

ҲАМСАФАРИ ҲАЁТАМРО ПАЙДО КАРДАМ

Аъзоёни оилаи Байт-Или Бруклинро ба ҷамъомадҳои шаҳри Ню-Йорк таъин мекарданд. Маро ба ҷамъомаде, ки дар Бронкс буд, таъин намуданд. Дар он ҷо чандин ҷамъомадҳои нав ташкил шуда буд. Ман ба ҷамъомади Бронкси Боло мерафтам.

Байни солҳои 1960-ум ба минтақаи ҷамъомади мо як оилаи латвиягӣ кӯчид, ки ҳақиқатро дар қисми ҷанубии Бронкс фаҳмида буд. Духтари калонии онҳо Ливя, пас аз хатми мактаб пешрави доимӣ шуд. Баъди чанд моҳи хизмати пешравиаш ӯ ба иёлоти Массачусетс кӯчид, чунки дар он ҷо ба воизони Салтанат ниёзи калон вуҷуд дошт. Ман ба Ливя дар бораи навигариҳои ҷамъомадамон хат менавиштам, ӯ бошад, дар бораи муваффақиятҳои хизматаш дар минтақаҳои Бостон менавишт.

Бо Ливя

Баъди якчанд сол Ливяро пешравӣ махсус таъин карданд. Вай мехост, ки барои хизмати Яҳува ҳар кори аз дасташ меомадаро кунад. Аз ин рӯ барои дар Байт-Ил хизмат намудан варақа пур кард ва ӯро соли 1971 даъват карданд. Ин гӯё ишорае аз ҷониби Яҳува буд! Мо 27-уми октябри соли 1973 оиладор шудем ва хеле хурсанд будем, ки дар тӯйямон бародар Нейтан Норр нутқ гуфт. Дар Масалҳо 18:22 навишта шудааст: «Касе ки зани солеҳа дошта бошад, некбахтӣ пайдо кардааст, ва аз ҷониби Худованд файз ёфтааст». Ману Ливя беш аз 40 сол якҷоя дар Байт-Ил хизмат мекунем ва то ҳол ба яке аз ҷамъомадҳои Бронкс меравем.

ҲАМКОРӢ БО ТАДҲИНШУДАГОН

Бо бародар Нейтан Норр кор кардан хеле хурсандибахш буд. Вай инсони меҳнатдӯст буд ва хизмати миссионеронро хеле қадр мекард. Чунки бисёри онҳо ба ҷойҳое таъин мешуданд, ки дар он ҷо умуман Шоҳиди Яҳува набуд. Бародар Нейтон Норр соли 1976 ба бемории саратон гирифтор шуд. Дидани азобҳои ӯ ба ман хеле дардовар буд. Боре вақте ӯ бистарӣ шуд аз ман хоҳиш кард, ки баъзе маводҳоро пеш аз нашр ба вай хонда диҳам. Ӯ гуфт, ки бародар Фредерик Френсро ҳам даъват кунам, то омада гӯш кунад. Баъдтар фаҳмидам, ки чашмони бародар Фредерик хира будааст, барои ҳамин Нейтан Норр вақт ҷудо карда ба вай ин маводҳоро хонда медодааст.

Соли 1977, дар сафари зоналӣ бо Дэниел ва Марина Сидлик

Бародар Нейтан Норр соли 1977 хизмати заминиашро ба охир расонд. Фикри он ки ӯ то дами марг содиқ монд, ёру дӯстонашро тасаллӣ медод (Ваҳй 2:10). Баъд аз ин бародар Фредерик Френс роҳбариро ба ӯҳда гирифт.

Он вақт ман котиби бародар Милтон Ҳеншел будам, ки бо Нейтон Норр солҳои зиёд кор кардааст. Бародар Милтон гуфт, ки акнун вазифаи асосии ман ба бародар Фредерик Френс ёрдам кардан аст. Ман мунтазам маводҳоро пеш аз чоп ба ӯ хонда медодам. Бародар Фредерик хотираи нағз ва қобилияти бодиққат гӯш кардан дошт. Вай хизмати заминиашро моҳи декабри соли 1992 ба охир расонд. Ман хеле хурсанд будам, ки то дами маргаш ба ӯ ёрдам мекардам.

Колумбия-Ҳайтс, 124, ҷойе ки ман чандин сол кор кардам

Бо як чашм пӯшидан 61 соли умрам дар Байт-Ил гузашт. Волидонам то охир ба Яҳува содиқ монданд. Ман сахт мехоҳам, ки дар дунёи нав онҳоро пешвоз гирам (Юҳ. 5:28, 29). Бо халқи Худо ҳамкорӣ кардан шарафи бузург аст. Ҳеҷ чиз дар ин ҷаҳон ба хурсандие, ки хизмати Худо меорад, баробар шуда наметавонад! Ману Ливя бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар давоми хизмати пурравақтамон «шод будан ба ҳузури Худованд қуввати» мо буд (Наҳемё 8:10).

Ба паҳн шудани хушхабар ҳеҷ чиз монеа шуда наметавонад. Ин кор аз одамон вобаста нест. Тӯли солҳо бо бисёр бародару хоҳарони дар имон устувор ва содиқ кор кардан ба ман хурсандӣ мебахшид. Бисёр тадҳиншудагоне, ки ман бо онҳо кор мекардам, ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд. Лекин аз Яҳува миннатдорам, ки ба ман имконият дод, то бо ин гуна мардони содиқ ва рӯҳан баркамол ҳамкорӣ кунам.