Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба Яҳува содиқ бимонед!

Ба Яҳува содиқ бимонед!

«Бигзор Худованд дар миёни ман ва ту ва дар миёни насли ман ва насли ту бошад,— то абад» (1 ПОДШ. 20:42).

СУРУДҲО: 43, 31

1, 2. Дар дӯстии Йӯнотону Довуд чӣ чиз ҷолиби диққат аст?

ЙӮНОТОН аз ҷасорату далерии Довуди ҷавон ба ҳайрат омада буд. Довуд Ҷолёти бузургҷуссаро кушта, «каллаи фалиштӣ»-ро ба падари Йӯнотон — шоҳи Исроил — Шоул бурд (1 Подш. 17:57). Йӯнотон боварӣ дошт, ки Худо бо Довуд буд ва аз ҳамон вақт инҷониб онҳо дӯстони ҷонӣ шуданд. «Йӯнотон бо Довуд аҳд баст, чунки ӯро мисли ҷони худ дӯст дошта буд» (1 Подш. 18:1–3). То охири умраш Йӯнотон ба Довуд содиқ монд.

2 Ҳатто вақте Яҳува Довудро ба ҷои Йӯнотон подшоҳи нави Исроил интихоб кард, Йӯнотон ба дӯсташ содиқ монд. Вақте Шоул қасди куштани Довудро дошт, Йӯнотон дар ҳаққи дӯсташ ғамхорӣ мекард. Ӯ медонист, ки Довуд дар биёбони Хӯршо аст, барои ҳамин ба он ҷо рафт, то Довудро барангезад, ки ба Яҳува такя кунад. Йӯнотон ба Довуд гуфт: «Натарс, зеро ки дасти падарам Шоул туро пайдо нахоҳад кард, ва ту бар Исроил подшоҳ хоҳӣ шуд, ва ман баъд аз ту дуюмин хоҳам буд» (1 Подш. 23:16, 17).

3. Барои Йӯнотон чӣ аз ҳама муҳим буд ва мо инро аз куҷо медонем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

3 Вафодориву содиқӣ ба ҳама одамон маъқул аст. Лекин оё мо Йӯнотонро барои ба Довуд содиқ буданаш қадр мекунем? Не. Барои Йӯнотон садоқатмандӣ ба Худо аз ҳама муҳим буд. Маҳз аз ин сабаб ӯ ба Довуд содиқ буд. Нигоҳ накарда ба он ки ба ҷойи ӯ бояд Довуд подшоҳ мешуд, Йӯнотон ба рашку ҳасад дода нашуд. Ӯ ба Довуд кӯмак кард, ки ба Яҳува такя кунад. Ҳар дуи онҳо ба Яҳува ва ба якдигар содиқ монданд. Онҳо ба ваъдаи додаашон вафо карданд: «Бигзор Худованд дар миёни ман ва ту ва дар миёни насли ман ва насли ту бошад,— то абад» (1 Подш. 20:42).

4. а) Кай мо хурсандиву қаноатмандӣ ҳис мекунем? б) Дар ин мақола мо чиро муҳокима мекунем?

4 Мо низ бояд ба оила, дӯстон ва ҳамимонони худ содиқ бошем (1 Тас. 2:10, 11). Лекин пеш аз ҳама мо бояд ба Яҳува содиқ бошем, чунки Ӯ Офаридгори мост (Ваҳй 4:11). Вақте мо ба Ӯ содиқем, мо хурсандӣ ва қаноатмандии ҳақиқӣ ҳис мекунем. Лекин мо медонем, ки бояд ҳатто дар вазъиятҳои душвор ба Ӯ вафодор бошем. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр намунаи Йӯнотон ба мо кӯмак мекунад, ки дар чор вазъияти душвор ба Яҳува содиқ бимонем: 1) вақте фикр мекунем, ки шахси ҳокимиятдор сазовори ҳурмату эҳтироми мо нест, 2) вақте мо интихоб мекунем, ки ба кӣ содиқ мемонем, 3) вақте моро нодуруст мефаҳманд ё бо мо беадолатона рафтор мекунанд ва, 4) вақте бароямон ба ваъдаамон вафо кардан душвор аст.

ВАҚТЕ ФИКР МЕКУНЕМ, КИ ШАХСИ ҲОКИМИЯТДОР САЗОВОРИ ҲУРМАТУ ЭҲТИРОМИ МО НЕСТ

5. Чаро дар вақти подшоҳии Шоул барои халқ ба Худо содиқ мондан душвор буд?

5 Худо падари Йӯнотон — Шоулро подшоҳ таъйин карда буд. Лекин баъдтар Шоул беитоатӣ кард ва Яҳува аз ӯ рӯй гардонд (1 Подш. 15:17–23). Яҳува Шоулро дарҳол аз тахти подшоҳӣ нагирифт. Вақте подшоҳе ки «бар тахти Худованд» нишаста буд, ба корҳои хеле бад даст мезад, барои халқ вафодор мондан ба Худо душвор буд (1 Вақ. 29:23).

6. Мо аз куҷо медонем, ки Йӯнотон ба Яҳува содиқ монд?

6 Ҳатто вақте Шоул ба Яҳува беитоатӣ кард, писараш Йӯнотон ба Ӯ содиқ монд (1 Подш. 13:13, 14). Пайғамбар Самуил гуфта буд: «Худованд ба хотири исми бузурги Худ қавми Худро тарк нахоҳад кард» (1 Подш. 12:22). Дар он вақт лашкари калони фалиштиён бо 30 000 ароба ба Исроил ҳуҷум кард. Шоул бошад, ҳамагӣ 600 аскар дошт ва танҳо ӯву Йӯнотон яроқ доштанд. Ба ин нигоҳ накарда Йӯнотон натарсид. Ӯ ба силоҳбардори худ гуфт: «Барои Худованд ҳеҷ монеае нест, ки ба воситаи касони бисёр ё ба воситаи касони кам наҷот бахшад». Йӯнотон ва силоҳбардораш тақрибан ба 20 аскари душман ҳамла оварда онҳоро куштанд. Он вақт «замин ба ларза омад, ва даҳшати азиме аз ҷониби Худо ҳамаро фаро гирифт». Фалиштиён чӣ кор карданашонро надониста ба якдигар ҳамла оварданд ва якдигарро куштанд. Ҳамин тавр, ба туфайли имони Йӯнотон исроилиён ғалаба ба даст оварданд (1 Подш. 13:5, 15, 22; 14:1, 2, 6, 14, 15, 20).

7. Йӯнотон бо падараш чӣ гуна муносибат мекард?

7 Ҳатто вақте муносибати Шоул бо Худо бад шуд, Йӯнотон ба қадри имкон ба падараш итоат мекард. Масалан, онҳо барои муҳофизат кардани халқи Худо якҷоя дар ҷанг иштирок карданд (1 Подш. 31:1, 2).

8, 9. Чаро мо бояд шахсони ҳокимиятдорро ҳурмату эҳтиром кунем?

8 Чӣ тавр мо ба Йӯнотон пайравӣ карда метавонем? Мо метавонем ба қадри имкон ба ҳокимиятдорон итоат кунем, чунки инро Худо аз мо талаб мекунад. Масалан, ҳатто агар ягон шахси ҳокимиятдор беинсофу порахӯр бошад, мо ӯро чун шахсе ки аз тарафи Худо ҳокимият гирифтааст, эҳтиром мекунем, чунки мо қисман зери итоати «ҳокимиятҳои боло» қарор дорем. (Румиён 13:1, 2-ро хонед.) Дар ҳақиқат, мо бояд ҳамаи касонеро ки Яҳува ба онҳо ҳокимият додааст, ҳурмат кунем (1 Қӯр. 11:3; Ибр. 13:17).

Як роҳе ки мо вафодориамонро ба Яҳува нишон дода метавонем, ин ҳурмат кардани ҳамсари ҳамимон набудаамон аст (Ба сархати 9 нигаред.)

9 Дар Америкаи ҷанубӣ хоҳаре бо номи Олга [1] ҳатто дар вазъиятҳои сахт ба шавҳараш эҳтиром зоҳир карда ба Худо содиқ монд. Тӯли солҳо шавҳараш аз сабаби он ки ӯ Шоҳиди Яҳува буд, норозигӣ баён мекард. Шавҳараш Олгаро паст мезад, бо ӯ қаҳрӣ мешуд ва метарсонд, ки фарзандонашонро мегираду ӯро мепартояд. Лекин Олга ба бадӣ бо бадӣ ҷавоб намедод. Ӯ сахт кӯшиш мекард, ки ҳамсари хуб бошад ва дар бораи хӯроку либоси шавҳару фарзандонаш ғамхорӣ мекард (Рум. 12:17). Вақте хоҳарамон метавонист, ҳамроҳи шавҳараш назди хешу табор ва ҳамкорони ӯ ба меҳмонӣ мерафт. Масалан, вақте шавҳараш барои гӯру чӯб кардани падараш ба шаҳри дигар мерафт, ӯ кӯдакон ва ҳама чизи барои сафар лозимаро тайёр кард. То тамом шудани маросими дафн ӯ шавҳарашро дар таги дари калисо интизор шуд. Баъди гузаштани солҳои зиёд ба туфайли сабру тоқат ва ҳурмату эҳтироми Олга муносибати шавҳараш дигар шуд. Ҳоло шавҳараш ӯро бармеангезад, ки ба Толори Салтанат равад ва ҳатто худаш ӯро мебарад. Баъзан бошад, шавҳараш ҳамроҳи Олга ба вохӯриҳо меравад (1 Пет. 3:1).

БА КӢ СОДИҚ БИМОНЕМ?

10. Барои чӣ Йӯнотон қарори дуруст қабул кард?

10 Шоул қасди куштани Довудро дошт, барои ҳамин дар пеши Йӯнотон қарори душворе истода буд. Ҳарчанд ӯ бо Довуд аҳд баста буд, ӯ мехост, ки падарашро дастгирӣ кунад. Лекин Йӯнотон медонист, ки Худо бо Довуд аст, на бо Шоул. Аз ин рӯ ӯ ба Довуд вафодор буданро интихоб кард. Йӯнотон Довудро огоҳ кард, ки пинҳон шавад ва ба Шоул дар бораи ӯ суханони хуб гуфт. (1 Подшоҳон 19:1–6-ро хонед.)

11, 12. Чӣ тавр муҳаббат ба Худо кӯмак мекунад, ки ба Ӯ содиқ бимонем?

11 Хоҳаре бо номи Алис, ки дар Австралия зиндагӣ мекунад, ба Худо содиқ монданро интихоб кард. Вақте Китоби Муқаддасро меомӯхт, ӯ дар бораи чизҳои фаҳмидааш ба аъзоёни оилааш нақл мекард. Баъдтар ӯ ба онҳо гуфт, ки дигар ҳамроҳашон мавлуди Исоро қайд намекунад ва сабабашро фаҳмонд. Дар аввал онҳо нисбати қарори ӯ норозигӣ баён карданд, лекин оҳиста-оҳиста ин ба хашму ғазаб табдил ёфт. Онҳо фикр мекарданд, ки ӯ аз оила рӯй мегардонад. Модари Алис гуфт, ки дигар ӯро дидан намехоҳад. Алис мегӯяд: «Ин бароям зарбаи ногаҳониву дардовар буд, чунки ман оилаамонро дар ҳақиқат дӯст медоштам. Ба ин нигоҳ накарда ман қарор кардам, ки Яҳува ва Писараш бояд дар ҷойи аввали ҳаётам бошанд ва дар анҷумани навбатӣ таъмид гирифтам» (Мат. 10:37).

12 Мо бояд эҳтиёткор бошем, то вафодорӣ ба мамлакат, мактаб ё дастаи варзишӣ ҷойи вафодорӣ ба Худоро нагирад. Масалан, бародаре бо номи Ҳенри шоҳмотбозиро дӯст медорад. Мактаби ӯ одатан дар чемпионати шоҳмот ҷои якумро мегирифт. Барои ҳамин ӯ бисёр кӯшиш мекард, то обрӯи мактабашро боло бардорад. Ӯ мегӯяд: «Ман аҳамият додам, ки бо гузашти вақт ман аз Худо дида ба мактабам бештар вафодорам. Бозиҳои шоҳмот, ки рӯзи якшанбе мегузаштанд, вақти хизматамро медуздиданд. Барои ҳамин ман қарор кардам, ки аз дастаи шоҳмотбозон бароям» (Мат 6:33).

13. Чӣ тавр вафодорӣ ба Худо ба мо кӯмак мерасонад, ки душвориҳои оилавиро ҳал кунем?

13 Баъзан мо наметавонем дар як вақт дили якчанд аъзои оилаамонро хурсанд созем. Масалан, бародаре бо номи Кен чунин мегӯяд: «Ман мехостам, ки доимо ба хабаргирии модари пиронсолам равам ва баъзан ӯ ҳамроҳамон истад. Лекин зану модарам бо якдигар соз намегирифтанд. Аввалҳо ман байни обу оташ будам, чунки вақте ман дили якеро меёфтам, дигарӣ ҳатман норозӣ мешуд. Он вақт ман фаҳмидам, ки дар ин вазъият ман бояд пеш аз ҳама ба ҳамсарам содиқ бошам». Барои ҳамин ҳангоми ҳалли ин масъала бародар аз ҳама пеш занашро ба назар гирифт. Баъд ӯ ба занаш фаҳмонд, ки чаро бояд нисбат ба модари ӯ меҳрубон бошад. Ҳамчунин бародар ба модараш фаҳмонд, ки чаро ӯ бояд ба келинаш эҳтиром зоҳир кунад. (Ҳастӣ 2:24 ва 1 Қӯринтиён 13:4, 5-ро хонед.)

ВАҚТЕ МОРО НОДУРУСТ МЕФАҲМАНД Ё БО МО БЕАДОЛАТОНА РАФТОР МЕКУНАНД

14. Шоул бо Йӯнотон чӣ тавр муносибат кард?

14 Вақте ягон бародари масъул бо мо беадолатона рафтор мекунад, ба Яҳува вафодор мондан бароямон душвор буда метавонад. Йӯнотон маҳз бо чунин душворӣ рӯ ба рӯ шуд. Ӯ бо Довуд дӯстӣ мекард. Аммо падари Йӯнотон, шоҳ Шоул, ки тадҳиншудаи Худо буд, намефаҳмид, ки барои чӣ писараш бо Довуд дӯстӣ мекунад. Вақте Йӯнотон ба Довуд ёрдам карданӣ шуд, Шоул ба ғазаб омад ва дар пеши одамони бисёр ӯро шарманда кард. Аммо Йӯнотон дар ҳамин маврид ҳам ба падараш эҳтиром нишон дод. Лекин ӯ дӯстӣ бо Довудро бас накард ва бо ин вафодориашро ба Яҳува нишон дод, чунки Довудро Худо интихоб карда буд, то дар оянда подшоҳи Исроил шавад (1 Подш. 20:30–41).

15. Агар бародаре бо мо беадолатона рафтор намояд, мо бояд чӣ гуна рафтор кунем?

15 Имрӯз дар ҷамъомадҳои мо бародарон ба Шоул монанд нестанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки бо ҳама аз рӯи адолат рафтор кунанд. Ба ҳар ҳол, ин бародарони масъул одамони нокомиланд, барои ҳамин баъзан онҳо моро нодуруст фаҳмида метавонанд (1 Подш. 1:13–17). Агар касе дар ҷамъомад моро нодуруст фаҳмад ва ё нисбати мо беадолатона рафтор кунад, биёед ба Яҳува вафодор буданро бас накунем.

ВАЪДА ДОДӢ — ВАФО КУН!

16. Дар кадом ҳолатҳо вафодор будан ба Худо фидокориро талаб мекунад?

16 Шоул мехост, ки Йӯнотон дар бораи подшоҳ шудани худаш фикр кунад (1 Подш. 20:31). Лекин Йӯнотон Яҳуваро дӯст медошт ва ба Ӯ вафодор буд. Барои ҳамин ба ҷои он ки дар бораи худ фикр кунад, Йӯнотон Довудро дастгирӣ намуд. Ӯ ба Довуд қасами дӯстӣ ёд карда буд ва аз қасамаш нагашт. Мо низ метавонем ба Йӯнотон пайравӣ кунем, чунки ба Яҳува шахсе маъқул аст, ки, ҳатто, агар «қасамаш ба зарари худаш бошад ҳам, онро тағйир надиҳад» (Заб. 14:4). Баъзан дар гапи худ истодан ва ба ваъдаи худ вафо кардан душвор буда метавонад. Вақти бастани шартномаи корӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки онро риоя намоем, ҳатто агар бо гузашти вақт риояи он душвор шавад. Агар издивоҷи шумо аз он чизе ки интизор будед, душвортар шавад, он гоҳ-чӣ? «Қавл додӣ — иҷро кун». Муҳаббат ба Яҳува моро бояд барангезад, ки ба ҳамсари худ вафодор бимонем. (Малокӣ 2:13–16-ро хонед.)

Агар мо шартномаи корӣ бандем, бояд онро риоя кунем, чунки мехоҳем ба Яҳува содиқ монем (Ба сархати 16 нигаред.)

17. Шумо аз ин мақола чӣ дарс гирифтед?

17 Мо мехоҳем, ки ба намунаи олиҷаноби Йӯнотон пайравӣ кунем. Мо мехоҳем, ки дар бораи дигарон бештар фикр кунем ва ҳатто вақте бародарону хоҳарон моро хафа мекунанд, ба онҳо содиқ бимонем. Ҳамин тавр мо ба Яҳува вафодор мемонем. Вақте мо ҳатто ҳангоми душвориҳо ба Ӯ содиқ мемонем, дили Яҳуваро шод мегардонем ва аз ин худамон хурсандии зиёд ҳис мекунем (Мас. 27:11). Агар мо ба Яҳува вафодор бимонем, Ӯ ҳамеша ба мо ба таври беҳтарин ғамхорӣ хоҳад кард. Дар мақолаи навбатӣ мо намунаи хуб ва бади баъзе одамонеро дида мебароем, ки дар замони Довуд зиндагӣ мекарданд.

^ [1] (сархати 9) Баъзе номҳо иваз шудаанд.