Ба Яҳува бо хурсандӣ хизмат кунед
ХУШБАХТТАРИН рӯз дар ҳаётатон кадом аст? Рӯзи тӯятон ё рӯзи таваллуди фарзанди аввалатон? Ё шояд он рӯзи таъмидатон аст? Бале, ин рӯз дар ҳаётатон муҳимтарин ва хушбахттарин рӯз буд. Дар ин рӯз бародарону хоҳарон аз дидани он ки шумо Худоро бо тамоми ҷони худ, бо тамоми ҳуши худ ва бо тамоми қуввати худ дӯст медоред, чӣ қадар хурсанд шуда буданд (Марқ. 12:30).
Аз афташ, шумо баъд аз таъмид гирифтанатон хурсандона ба Худо хизмат карданро давом медиҳед. Аммо баъзе воизони Салтанат бо гузашти вақт хурсандиашонро аз даст доданд. Чаро ин тавр шуд? Барои хурсандии худро дар хизмати Худо нигоҳ доштан, мо чӣ гуна сабабҳо дорем?
ЧАРО БАЪЗЕҲО ХУРСАНДИАШОНРО ГУМ КАРДАНД?
Хушхабари Салтанат ба мо хурсандии бисёр мебахшад. Чаро ин тавр гуфтан мумкин аст? Зеро Яҳува ваъда медиҳад, ки ба наздикӣ ин ҷаҳони шарирро несту нобуд карда моро ба дунёи нав роҳнамоӣ мекунад. Дар Сафанё 1:14 гуфта шудааст: «Рӯзи бузурги Худованд наздик аст, он наздик аст ва хело мешитобад». Агар ба назарамон чунин тобад, ки он рӯз дер карда истодааст, он гоҳ мо хурсандӣ ва ғайрати худро гум карда метавонем (Мас. 13:12).
Вақте мо бо бародару хоҳаронамон вақт мегузаронем, ин ба мо қувват мебахшад, ки минбаъд низ аз хизмати Яҳува хурсандӣ гирем. Шояд маҳз рафтори хуби ходимони Яҳува моро ба ибодати ҳақиқӣ ҷалб кард ва барангехт, ки бо хурсандӣ ба Ӯ хизмат карданро сар кунем (1 Пет. 2:12). Аммо агар ба ягон бародар ё хоҳар аз сабаби ба қонунҳои Яҳува беитоатӣ карданаш танбеҳ дода шавад-чӣ? Ин метавонад баъзеҳоро рӯҳафтода гардонад ва сабаби гум кардани хурсандиашон шавад.
Чизпарастӣ низ метавонад сабаби аз даст додани хурсандиамон гардад. Чӣ тавр? Дунёи Шайтон кӯшиш мекунад, ки моро ба харидани чизҳое ки дар асл ба мо лозим нестанд, водор кунад. Барои ҳамин биёед суханони Исоро дар хотир дорем: «Ҳеҷ кас ба ду оғо хизмат карда наметавонад: зеро ки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст хоҳад дошт, ё ба яке часпида, дигареро хор хоҳад дид. Шумо наметавонед ба Худо ва ба мамуно хизмат кунед» (Мат. 6:24). Мо наметавонем аз ин ҷаҳон пурра баҳра барем ва ҳамзамон ба Яҳува хурсандона хизмат кунем.
«ДАР ХУДОИ НАҶОТИ ХУД БА ВАҶД ХОҲАМ ОМАД»
Хизмат ба Яҳува барои онҳое ки Ӯро дӯст медоранд, бори гарон нест (1 Юҳ. 5:3). Суханони Исоро ба хотир оред: «Назди Ман оед, эй ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон, ва Ман ба шумо оромӣ хоҳам бахшид; юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт; зеро юғи Ман хуш ва бори Ман сабук аст» (Мат. 11:28–30). Юғи шогирдии Масеҳ тароватбахш ва хурсандиовар аст. Мо барои хурсандона ба Яҳува хизмат кардан сабабҳои зиёд дорем. Биёед се сабаби онро дида бароем (Ҳаб. 3:18).
Мо ба Худои ҳаётбахш ва хушбахт хизмат мекунем (Аъм. 17:28; 1 Тим. 1:11, ТДН). Мо дарк мекунем, ки барои ҳаёти додааш дар назди Офаридгорамон қарздорем. Барои ҳамин нигоҳ накарда ба он ки аз вақти таъмид гирифтанамон чанд сол гузаштааст, мо минбаъд низ бо хурсандӣ ба Ӯ хизмат мекунем.
Мисоли Ҳекторро, ки тақрибан 40 сол боз чун нозири ноҳиявӣ хизмат кардааст, дида мебароем. Ба пирии худ нигоҳ накарда ғайрати ӯ дар хизмат хомӯш нашудааст (Заб. 91:13–15). Аз сабаби бемории ҳамсараш ин бародар мисли пештара хизмат карда наметавонад, лекин ӯ хурсандиашро гум накардааст. Ҳектор мегӯяд: «Аз дидани он ки аҳволи занам торафт бадтар мегардад, хеле зиқ мешавам. Ҳарчанд нигоҳубини ӯ душвор аст, ман ба Худо хизмат карданро давом медиҳам ва намегузорам, ки ин маро аз хурсандӣ маҳрум созад. Яҳува одамонро бо мақсади муайяне офаридааст. Танҳо донистани он ки Ӯ ба ман ҳаёт бахшидааст, маро бармеангезад, ки Ӯро дӯст дорам ва хизматашро аз таҳти дил ба ҷо орам. Ман дар пеши Ӯ барои ҳаёти додааш як умр қарздорам. Ман сахт мекӯшам, ки дар кори мавъиза фаъол бошам ва умеди Салтанатро дар дилам зинда нигоҳ дорам, то хурсандии худро аз даст надиҳам».
Яҳува ба мо фидияро ато кард, то ҳаёти хушбахтона дошта тавонем. «Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад» (Юҳ. 3:16). Агар мо ба атои бебаҳои Худо — қурбонии Исо имон зоҳир кунем, Худо гуноҳҳои моро мебахшад ва мо ҳаёти ҷовидона дошта метавонем. Дар ҳақиқат, ин сабаби муҳимест барои сипосгузорӣ! Миннатдорӣ нисбати фидия моро бармеангезад, ки хурсандона ба Яҳува хизмат кунем.
Бародаре аз Мексика, ки Хесус ном дорад, чунин мегӯяд: «Ман ғуломи кори худ будам. Баъзан панҷ смена пайиҳам кор мекардам, ҳарчанд ин ҳатмӣ набуд. Ман инро танҳо барои ба даст
овардани пули зиёд мекардам. Баъд ман дар бораи Яҳува ва дар бораи он ки Ӯ Писари азизашро барои инсоният дод, фаҳмидам. Ман хоҳиши сахти ба Ӯ хизмат карданро доштам. Барои ҳамин ҳаётамро ба Яҳува бахшидам ва баъди 28 соли кор дар ширкат ман аз ҷойи кор рафтам ва хизмати пурравақтро сар кардам». Ин солҳои аввали хизмати хурсандиовари ӯ буд.Тарзи ҳаёти дуруст ба мо хурсандӣ меорад. Оё дар хотир доред, ки пеш аз шинохтани Яҳува ҳаёти шумо чӣ гуна буд? Павлуси ҳавворӣ ба масеҳиёни румӣ хотиррасон кард, ки онҳо «пештар бандагони гуноҳ» буданд, лекин баъд «бандагони адолат» гаштанд. Азбаски акнун онҳо ҳаёти пок ба сар мебурданд, метавонистанд ҳаёти ҷовидонаро ба даст оранд (Рум. 6:17–22). Агар шахс ҳаёти нопок дошта бошад ва ё ба зӯроварӣ даст занад, ин бо худ ғаму андӯҳ меорад. Мо бошем, мувофиқи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ мекунем, барои ҳамин оқибати бади чунин рафторро намечашем. Магар ин сабаби хурсандӣ нест?
Мисоли Ҷеймиро дида мебароем, ки дар гузашта боксёр буд. Ӯ пайрави ақидаи атеизм ва эволютсия буд. Ҷейми ба вохӯриҳо омаданро сар кард. Муҳаббате ки дар он ҷо дид, ба ӯ сахт таъсир расонд. Барои тарк кардани тарзи ҳаёти пештарааш Ҷейми аз Яҳува имон пурсид. Ӯ мегӯяд: «Оҳиста-оҳиста ман фаҳмидам, ки то чӣ андоза Яҳува Падари меҳрубон ва Худои дилсӯз аст. Мувофиқи меъёрҳои одилонаи Яҳува зиндагӣ кардан маро муҳофизат мекунад. Агар ман ислоҳ намешудам, шояд мисли баъзе аз рафиқони боксёрам, маро мекуштанд. Хушбахттарин солҳои умрам ин солҳое буданд, ки дар хизмати Яҳува гузаронидам».
НОУМЕД НАШАВЕД!
Модоме ки мо анҷоми ҷаҳони Шайтонро интизорем, мо бояд чӣ ҳис кунем? Дар хотир доред, ки «касе ки барои Рӯҳ мекорад» «ҳаёти ҷовидониро хоҳад даравид». Аз ин рӯ биёед «некӣ карда, ноумед нашавем; зеро ки дар вақташ хоҳем даравид, агар сустӣ накунем» (Ғал. 6:8, 9). Биёед бо кӯмаки Яҳува истодагарӣ кунем, хислатҳоеро инкишоф диҳем, ки барои наҷот ёфтан дар мусибати бузург муҳиманд ва минбаъд низ бо хурсандӣ ба Яҳува хизмат кунем (Яъқ. 1:2–4; Ваҳй 7:9, 13, 14).
Мо дилпурем, ки Худо барои истодагариамон моро мукофот медиҳад, чунки Ӯ меҳнати мо ва муҳаббатеро, ки нисбати номаш зоҳир мекунем, медонад. Агар бо хурсандӣ хизмати Яҳуваро давом диҳем, мо метавонем ба суханони зерини Довуди таронасаро ҳамроҳ шавем: «Ҳамеша Худовандро пеши назари худ мебинам, зеро ки Ӯ ба ямини ман аст; фурӯ нахоҳам ғалтид. Ба ин сабаб дилам шод шуд, ва рӯҳам ба ваҷд омад; ҷисмам низ дар осудагӣ сокин хоҳад шуд» (Заб. 15:8, 9).