Аз дӯстони наздики Худо ибрат гиред
«Сирри Худованд бо тарсгорони Ӯст» (ЗАБ. 24:14).
1–3. а) Оё мо метавонем дӯсти Худо бошем? Фаҳмонед. б) Дар ин мақола мо намунаи кадом ходимони Худоро дида мебароем?
ДАР се ҷои Китоби Муқаддас Иброҳим дӯсти Худо номида мешавад (2 Вақ. 20:7; Иш. 41:8; Яъқ. 2:23). Ӯ ягона шахсест, ки дар Навиштаҳо чунин номида шудааст. Оё ин маънои онро дорад, ки аз байни одамон танҳо Иброҳим дӯсти Худо буд? Не. Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки ҳар яки мо бо Яҳува муносибати наздик дошта метавонем.
2 Каломи Худо дар бораи бисёр одамони худотарсе нақл мекунад, ки ба Яҳува имон оварда, дӯсти наздики Ӯ шуданд. (Забур 24:14-ро хонед.) Павлуси ҳавворӣ дар бораи «абри шоҳидон» гап мезанад, ки ҳамаи онҳо, бешак, дӯстони Худо буданд (Ибр. 12:1). Онҳо одамони гуногун буданд ва аз якдигар фарқ мекарданд.
3 Биёед дар бораи се касе гап мезанем, ки саргузашти дӯстии онҳо бо Яҳува дар Навиштаҳо оварда шудааст: 1) Рут, бевазани ҷавону вафодор аз Мӯоб, 2) Ҳизқиё, подшоҳи росткори Яҳудо, ва 3) Марям, ҷавонзани фурӯтане ки баъд модари Исо гашт.
Ӯ ВАФОДОРӢ НИШОН ДОД
4, 5. Рут бояд кадом қарорро қабул мекард ва чаро он душвор буд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
4 Тасаввур кунед, ки се зан тоқаву танҳо аз дашти Мӯоб мегузаранд. Он се зан Ноомӣ ва келинҳояш Рут ва Орфо буданд. Орфо ба хонаи худ, ба Мӯоб бармегардад. Ноомӣ роҳи ватанаш — Исроилро пеш гирифта буд. Ҳамроҳи ӯ келини дигариаш — Рут меравад. Рут бояд қарори муҳимтарини ҳаёташро қабул кунад: ё ӯ ба Мӯоб бармегардад, ё ҳамроҳи хушдоманаш Ноомӣ ба Байт-Лаҳм меравад (Рут 1:1–8, 14).
5 Рут метавонист чунин фикр кунад, ки акнун ӯ бевазан аст ва дар Мӯоб хешу табор дорад. Дар ватанаш модар ва дигар наздиконаш метавонанд ба ӯ ғамхорӣ кунанд. Азбаски Мӯоб зодгоҳаш буд, ӯ ба маданияту фарҳанг, забон ва мардуми он ҷо одат карда буд. Байт-Лаҳм бошад, ҷои бегона буд. Ноомӣ Рутро насиҳат кард, ки ба Мӯоб баргардад, чунки хавотир буд, ки дар он ҷо барои келинаш шавҳар ё сарпаноҳ ёфта наметавонад. Чи хеле ки дар сурат мебинем, Орфо «назди қавми худ ва назди худоёни худ баргашт» (Рут 1:9–15). Оё дили Рут ба бутҳои Мӯоб ва ҳамдиёронаш кашол буд? Не.
6. а) Рут чӣ интихоби дурусте кард? б) Чаро Бӯаз гуфт, ки Рут «дар таҳти болҳо»-и Яҳува паноҳ ҷустааст?
6 Шояд, Рут дар бораи Яҳува аз шавҳари вафоткардааш ё аз хушдоманаш фаҳмида буд. Рут медонист, ки Яҳува мисли худоёни Мӯоб нест. Ӯ медонист, ки Яҳува сазовори муҳаббату парастиш аст. Аммо донистан кам аст, амал кардан даркор буд. Рут чӣ гуна қарор мебарорад? Ӯ ба Ноомӣ мегӯяд: «Қавми ту қавми ман ва Худои ту Худои ман хоҳад буд» (Рут 1:16). Вақте мо дар бораи муҳаббати Рут ба Ноомӣ мехонем, дилҳои мо гарм мешаванд. Лекин аз ин ҳам таъсирбахштар муҳаббати ӯ ба Яҳува мебошад. Баъдтар Бӯаз маҳз ҳамин хислатро дар Рут дида ӯро таъриф кард, ки «дар таҳти болҳо»-и Яҳува паноҳ ҷустааст. (Рут 2:12-ро хонед.) Ин ибора даррав ба хотири мо паррандачаи хурдеро меорад, ки дар зери қаноти пурқуввати падараш паноҳ мебарад (Заб. 35:8; 90:1–4). Яҳува барои Рут маҳз чунин Падар гашт. Ӯ Рутро барои имонаш баракат дод ва Рут аз қарори кардааш ҳеҷ гоҳ пушаймон нашуд.
7. Ба касоне ки ҳаёти худро ба Яҳува намебахшанду таъмид намегиранд, чӣ кӯмак карда метавонад?
7 Одамони бисёре дар бораи Яҳува мефаҳманд, лекин намехоҳанд дар Ӯ паноҳ ҷӯянд. Онҳо ҳаёташонро ба Яҳува намебахшанду таъмид намегиранд. Агар шумо низ дар чунин ҳолат бошед, биистед ва аз худ бипурсед: «Сабаби таъмид нагирифтанам дар чист?» Одаме нест, ки касе ё чизеро чун Худо ибодат накунад (Еҳ. 24:15). Магар хуб нест Яҳуваро парастиш кунед, ки сазовори ибодат аст? Вақте шумо таъмид мегиреду ҳаётатонро ба Яҳува мебахшед, имони худро ба Ӯ нишон медиҳед. Ӯ ба шумо кӯмак мекунад, ки мувофиқи ин қароратон зиндагӣ кунед ва дар душвориҳо шуморо дастгирӣ мекунад. Мисоли Рут инро исбот мекунад.
Ӯ «БА ХУДОВАНД ЧАСПИД»
8. Ҳизқиё дар чӣ гуна муҳит ба воя расида буд?
8 Баръакси Рут шоҳ Ҳизқиё дар байни халқе таваллуд шуд, ки худро ба Яҳува бахшида буд. Лекин на ҳама исроилиён ба Яҳува содиқ буданд. Падари Ҳизқиё, шоҳ Оҳоз яке аз чунин одамон буд. Ин подшоҳи бадкирдор тамоми Яҳудоро ба бутпараст кард ва ҳатто нисбати маъбади муқаддаси Яҳува дар Ерусалим беэҳтиромӣ 4 Подш. 16:2–4, 10–17; 2 Вақ. 28:1–3).
нишон дод. Барои мо замони даҳшатноки кӯдакии Ҳизқиёро тасаввур кардан хеле душвор аст. Баъзе бародарони ӯ ҳамчун қурбонӣ барои худоёни бардурӯғ дар оташ сӯзонида мешуданд! (9, 10. а) Аз чӣ сабаб Ҳизқиё метавонист аз Яҳува хафа шавад? б) Чаро мо набояд аз Худо гиламанд шавем? в) Чаро мо набояд фикр кунем, ки ҳаёти ояндаи мо пурра аз тарбияи гирифтаамон вобаста аст?
9 Ҳизқиё метавонист аз Яҳува гиламанд шавад ва бар зидди Ӯ барояд. Дар рӯзҳои мо одамоне ки ҳатто нисфи душвориҳои Ҳизқиёро аз сар нагузаронидаанд, фикр мекунанд, ки онҳо барои аз Яҳува ва ташкилоти Ӯ хафа шудан сабабҳои ҷиддӣ доранд (Мас. 19:3). Баъзе одамони дигар фикр мекунанд, ки азбаски дар оилаи нотинҷ калон шудаанд, маҷбуранд, ки бо роҳи бад раванд ва хатогиҳои падару модарашонро такрор кунанд (Ҳиз. 18:2, 3). Оё фикри онҳо дуруст аст?
10 Ҳаёти Ҳизқиё дурӯғ будани чунин фикррониро исбот мекунад. Ягон сабабе вуҷуд надорад, ки шахс аз Яҳува гиламанду хафа шавад, чунки Ӯ сабабгори бадбахтиҳои одамизод нест (Айюб 34:10). Рост аст, ки падару модар метавонанд ба тарбияи фарзандон таъсири бад ё хуб расонанд (Мас. 22:6; Қӯл. 3:21). Лекин ин маънои онро надорад, ки агар шахс тарбияи бад гирад, дигар хуб шуда наметавонад. Яҳува ба ҳар яки мо атои пурқимате додааст. Он ато озодии интихоб аст. Ҳар як кас худаш интихоб мекунад, ки одами нек шавад ё бад, кори нек кунад ё кори бад (Такр. Ш. 30:19). Ҳизқиё ин атояшро чӣ тавр истифода бурд?
11. Чаро Ҳизқиё тавонист яке аз беҳтарин подшоҳони Яҳудо гардад?
11 Ҳарчанд Ҳизқиё писари яке аз шоҳони бадтарини Яҳудо буд, ӯ дар оянда яке аз беҳтарин шоҳони он мамлакат гардид. (4 Подшоҳон 18:5, 6-ро хонед.) Албатта, падараш барои вай намунаи бад буд. Лекин одамони дигар низ буданд, ки ӯ метавонист аз онҳо ибрат гирад. Дар замони Ҳизқиё чунин пайғамбарон ба монанди Ишаъё, Мико ва Ҳушаъ зиндагӣ мекарданд. Ӯ бодиққат маслиҳату насиҳати ин ходимони Худоро гӯш мекард ва мегузошт, ки суханони Худо ба дилаш таъсир расонад. Барои ҳамин ӯ бо азми қавӣ ислоҳ намудани бадиҳову вайронкориҳоеро ки падараш карда буд, сар кард. Ӯ маъбади Худоро тоза кард, барои гуноҳҳои халқ аз Худо бахшиш пурсид, дар саросари мамлакат буту санамҳоро несту нобуд намуд (2 Вақ. 29:1–11, 18–24; 31:1). Вақте ӯ бо душвориву озмоишҳои сахт дучор мешуд, далериву имони қавӣ зоҳир мекард. Масалан, вақте подшоҳи Ашшур — Санҳериб ба халқи Худо ҳамла оварданӣ буд, Ҳизқиё ба Яҳува такя намуд ва бо суханону рафтори худ халқро қавӣ гардонд (2 Вақ. 32:7, 8). Боре Ҳизқиё мағрур шуд, лекин вақте Яҳува ӯро ислоҳ кард, ӯ бо фурӯтанӣ маслиҳатро қабул намуд (2 Вақ. 32:24–26). Аз ҳамаи ин воқеаҳо маълум аст, ки Ҳизқиё намегузошт, ки гузаштааш ба имрӯзу фардояш таъсир кунад. Ӯ исбот кард, ки дӯсти Яҳува мебошад. Чӣ намунае хубе барои пайравӣ!
12. Чӣ тавр бисёриҳо дар рӯзҳои мо мисли Ҳизқиё дӯсти Яҳува шуда тавонистанд?
12 Имрӯз мо дар дунёи бераҳму бемуҳаббат зиндагӣ мекунем. Барои ҳамин кӯдакони зиёде дар оила меҳрубониву ғамхориро надидаанд (2 Тим. 3:1–5). Бисёри масеҳиён, ҳарчанд чунин кӯдакиро аз сар гузаронидаанд, бо Яҳува муносибати наздик инкишоф дода тавонистанд. Онҳо ба монанди Ҳизқиё исбот карданд, ки ба гузаштаи худ нигоҳ накарда ҳар як кас худаш метавонад интихоб кунад, ки чӣ гуна шахс мешавад. Яҳува моро соҳибихтиёру озод офаридааст. Мо метавонем ба Ӯ хизмат карданро интихоб намоем ва мисли Ҳизқиё номи бузурги Ӯро ҷалол диҳем.
«ИНАК, КАНИЗИ ХУДОВАНД ҲАСТАМ»
13, 14. Чаро супориши Марям хеле душвор менамуд, вале ӯ ба суханони Ҷаброил чӣ ҷавоб дод?
13 Садсолаҳо пас аз Ҳизқиё ҷавондухтари фурӯтане бо номи Марям бо Яҳува дӯстии наздик инкишоф дод. Ӯ ҳомила шуда Писари Худоро таваллуд намуд. Бешак, Яҳува нисбати Марям муҳаббату боварии бисёр дошт, чунки тарбияи Писарашро ба дасти ӯ супурд. Аз ин пеш ҳеҷ як инсон чунин супориши муҳиме нагирифта буд! Аммо вақте Марям дар бораи супориши наваш шунид, чӣ гуфт?
14 Одатан вақте гап дар бораи ин воқеа меравад, диққатро пеш аз ҳама ба он равона мекунем, ки гирифтани чунин супориш шарафи хеле бузург аст. Лекин дар бораи хавотириҳои Марям чӣ гуфтан мумкин аст? Фариштаи Ҷаброил ба Марям гуфт, ки ӯ ҳомиладор мешавад, дар сурате ки бо марде муносибати наздик надоштааст. Аммо Ҷаброил ба назди хешу наздикони Марям нарафт ва сабаби ҳомиладор шудани ӯро нафаҳмонд. Онҳо чӣ фикр мекарда Луқ. 1:26–38).
бошанд? Марям дар бораи номзадаш — Юсуф фикр мекард. Чӣ тавр ӯ ба Юсуф фаҳмонад, ки ба ҳомиладор буданаш нигоҳ накарда ӯ покдоман аст ва ба ӯ хиёнат накардааст? Ба болои ин калон кардани Писари нахустзодаи Парвардигори Олам масъулияти хеле гарон аст. Мо ҳама ғаму ташвишҳои ӯро намедонем, лекин медонем, ки ӯ ба Ҷаброил чӣ ҷавоб дод: «Инак, канизи Худованд ҳастам; бигзор бо ман аз рӯи каломи ту бишавад» (15. Чаро Марям имони қавӣ дошт?
15 Дар ҳақиқат, Марям имони қавӣ дошт! Ӯ мисли канизаке ки гуфтаҳои хӯҷаинашро иҷро мекунад, ба ҳама кор тайёр буд. Марям дилпур буд, ки Яҳува ӯро дастгириву муҳофизат мекунад. Чаро имони ӯ ин қадар қавӣ буд? Мо имондор таваллуд намешавем. Имон натиҷаи кӯшишу ғайрат ва баракати Худо аст (Ғал. 5:22; Эфс. 2:8). Оё мо гуфта метавонем, ки Марям барои мустаҳкам кардани имонаш кӯшиш мекард? Бале. Биёед дида мебароем, ки чӣ тавр ӯ гӯш мекард ва гап мезад.
16. Чӣ нишон медиҳад, ки Марям бодиққат гӯш мекард?
16 Марям бодиққат гӯш мекард. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста» бошем (Яъқ. 1:19). Оё Марям шунавандаи хуб буд? Албатта. Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки ӯ ба чизҳои шунидааш бодиққат гӯш медод, хусусан вақте дар бораи Яҳува ягон чиз мефаҳмид. Ӯ вақт ҷудо мекард, то дар бораи чизҳои муҳим мулоҳиза ронад. Чанде пас аз таваллуди Исо чӯпонон ба ӯ дар бораи хабари фаришта гап заданд. Дертар, вақте Исо 12-сола буд, ӯ чизе гуфт, ки Марямро ба ҳайрат овард. Дар ҳамаи ин мавридҳо ӯ гӯш мекард, ба хотир мегирифт ва мулоҳиза меронд. (Луқо 2:16–19, 49, 51-ро хонед.)
17. Аз суханони Марям мо дар бораи ӯ чӣ мефаҳмем?
17 Марям дар бораи чизҳои рӯҳонӣ гап мезад. Дар Китоби Муқаддас суханони Марям бисёр нестанд. Дарозтарин нутқи ӯ дар Луқо 1:46–55 навишта шудааст. Ин суханон нишон медиҳанд, ки Марям Каломи Худоро хуб медонист. Суханони ӯ ба суханони дуои Ҳанно — модари Самуил монанданд (1 Подш. 2:1–10). Ба ақидаи як олим дар нутқаш Марям қариб 20 маротиба ба Навиштаҳо ишора мекунад. Ин нишон медиҳад, ки ба ӯ дар бораи чизҳои рӯҳонӣ гап задан маъқул буд. Марям аз ганҷинаи дили худ ҳақиқатҳои қиматбаҳоеро мебаровард, ки аз Дӯсти наздиктаринаш — Яҳува Худо омӯхта буд.
18. Чӣ тавр мо ба имони Марям пайравӣ карда метавонем?
18 Мисли Марям баъзан мо аз Яҳува супорише мегирем, ки ба назарамон хеле душвор метобад. Биёед монанди ӯ бо фурӯтанӣ супоришро қабул намоем ва ба кӯмаку дастгирии Яҳува такя кунем. Ҳамчунин мо метавонем ба Марям пайравӣ кунем, ба суханони Яҳува бодиққат гӯш кунем, дар бораи чизҳои рӯҳонӣ мулоҳиза ронем ва ба дигарон дар бораи чизҳои фаҳмидаамон бо хурсандӣ нақл кунем (Заб. 76:12, 13; Луқ. 8:18; Рум. 10:15).
19. Пайравӣ ба имони ходимони содиқи Худо чӣ гуна баракат меорад?
19 Рут, Ҳизқиё ва Марям мисли Иброҳим дӯсти Яҳува буданд. Ба ғайр аз онҳо боз шумораи зиёди одамон чунин имконият доштанд. Китоби Муқаддас онҳоро «абри шоҳидон» меномад. Биёед минбаъд низ ба имони ин ходимони содиқи Худо пайравӣ кунем (Ибр. 6:11, 12). Он вақт мо метавонем аз дӯстӣ бо Яҳува то абад баҳра барем!