Яҳува ӯро «дӯсти Ман» номид
«Ту, эй бандаи Ман Исроил, ва эй Яъқуб, ки туро баргузидаам, ва эй насли дӯсти Ман Иброҳим» (ИШ. 41:8).
1, 2. а) Мо аз куҷо медонем, ки одамон бо Худо дӯстӣ карда метавонанд? б) Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
АЗ ГАҲВОРА то гӯр мо ба муҳаббат ниёз дорем. Одамизод мӯҳтоҷ ва ташнаи муҳаббат аст, на фақат муҳаббати ошиқона. Лекин як навъи муҳаббат ҳаст, ки мо ба он бештар ниёз дорем — муҳаббати Яҳува. Худоро ҳеҷ кас надидааст. Аз ин рӯ барои бисёриҳо тасаввур кардани он ки одамизод бо Худои Қодир муносибати наздик дошта метавонад, душвор аст. Оё мо низ ҳамин хел фикр мекунем? Албатта, не!
2 Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки дар замонҳои пеш одамони нокомил бо Худо дӯстӣ карда буданд. Намунаи онҳо сазовори диққат аст, чунки инкишоф додани чунин дӯстӣ яке аз муҳимтарин мақсадҳоест, ки мо дар пеши худ гузошта метавонем. Дар мавриди дӯстӣ бо Худо Иброҳим намунаи беҳтарин аст. (Яъқуб 2:23-ро хонед.) Чӣ тавр Иброҳим бо Яҳува муносибати наздик пайдо кард? Сирри ин дӯстӣ имон буд. Китоби Муқаддас Иброҳимро «падари ҳамаи имондорон» меномад (Рум. 4:11). Биёед бинем, ки чӣ тавр Иброҳим ба туфайли имонаш дӯсти Худо шуд. Ҳангоми дида баромадани ин мақола аз худ бипурсед: «Чӣ тавр ман ба имони Иброҳим пайравӣ карда дӯстиамро бо Яҳува мустаҳкам карда метавонам?»
ЧӢ ТАВР ИБРОҲИМ ДӮСТИ ХУДО ШУД?
3, 4. а) Фаҳмонед, ки сахттарин озмоиши имони Иброҳим чӣ буд. б) Чаро Иброҳим тайёр буд, ки Исҳоқро ба қурбонӣ орад?
3 Марди пиронсолеро тасаввур кунед, ки дар кӯҳу теппа базӯр-базӯр роҳ рафта истодааст. Шояд, ин душвортарин сафар дар ҳаёти ӯ аст. Сабаби тарсовар будани сафари ӯ синну солаш нест. Шояд Иброҳим тақрибан 125-сола аст, лекин ӯ то ҳол бақувват мебошад. [1] Аз қафои ӯ ҷавонмарди тахминан 25-солае меравад. Ин ҷавон, ки дар пушт ҳезум дорад, писараш Исҳоқ аст. Иброҳим корд ва барои даргирондани оташ чизи лозима дорад. Яҳува ба ӯ гуфт, ки писари худашро ба қурбонӣ орад! (Ҳас. 22:1–8).
4 Иброҳим бо чизе рӯ ба рӯ шуд, ки шояд он сахттарин озмоиши имони ӯ буд. Баъзеҳо мегӯянд, ки Худо бераҳм аст, зеро аз Иброҳим хоҳиш кард, ки писарашро ба қурбонӣ орад. Дигарон бошанд, мегӯянд, ки Иброҳим сангдил буд ва ё ба Худо кӯр-кӯрона итоат мекард. Сабаби чунин фикрронии онҳо дар чист? Онҳо намедонанд, ки имон чист ва онро чӣ тавр зоҳир кардан мумкин аст (1 Қӯр. 2:14–16). Иброҳим кӯр-кӯрона ба Худо итоат накард. Баръакс, ӯ бо чашми имон медид, ки Падари осмониаш — Яҳува ҳеҷ гоҳ аз ходимони содиқаш чизеро талаб намекунад, ки ба онҳо зарари бардавом орад. Иброҳим медонист, ки агар ба Яҳува итоат кунад, Худо ӯву писарашро баракат медиҳад. Имони ӯ дар чӣ асос меёфт? Дар дониш ва таҷриба.
5. Эҳтимол, Иброҳим дар бораи Яҳува аз куҷо фаҳмид ва ин ба ӯ чӣ гуна таъсир кард?
5 Дониш. Ҳарчанд Иброҳим дар шаҳри Ур калон шуд, ки дар он бутпарастӣ паҳн шуда буд, ӯ тавонист дар бораи Яҳува дониш гирад. Чӣ тавр чунин шуда метавонист, модоме ки падари ӯ Тораҳ бутпараст буд? (Еҳ. 24:2). Ҳарчанд дар ин бора Китоби Муқаддас маълумоти аниқ намедиҳад, аз он маълум аст, ки Иброҳим насли нӯҳуми яке аз писарони Нӯҳ буд, ки ӯ Сом ном дошт. Сом шахси имондор буд. Ӯ то 150-солагии Иброҳим зиндагӣ кард. Шояд Иброҳим аз даҳони Сом дар бораи Яҳува шунида буд. Тахмин кардан мумкин аст, ки Сом ҳар он чизе ки дар бораи Яҳува медонист, ба оилаи худ нақл кард. Муҳимаш ин ки Иброҳим дар бораи Яҳува дониш гирифт ва ин ба дилаш таъсир расонд. Иброҳим нисбати Худое, ки дар борааш фаҳмид, муҳаббат пайдо кард ва ба туфайли донишаш ба Ӯ наздик шуд.
6, 7. Чӣ тавр чизҳое ки Иброҳим аз сар гузаронд, имони ӯро мустаҳкам гардонд?
6 Таҷриба. Чӣ тавр он чизе ки Иброҳим аз сар гузаронд, имонашро ба Яҳува зиёд намуд? Мегӯянд, ки фикрҳо ҳиссиётро пайдо мекунанд, ҳиссиёт бошад, амалро. Чизе ки Иброҳим дар бораи Худо фаҳмид, дар ӯ тарс ва эҳтироми беандозаро нисбати Ӯ ба вуҷуд овард, зеро «Худованд Худои Таоло, Молики осмон ва замин» аст (Ҳас. 14:22). Китоби Муқаддас чунин ҳиссиётро худотарсӣ меномад ва он барои доштани муносибати наздик бо Худо хеле муҳим аст (Заб. 24:14; Иш. 11:2, 3). Маҳз худотарсӣ Иброҳимро ба амал барангехт.
7 Худо ба Иброҳиму Сорои солхӯрда фармуд, ки шаҳри Урро тарк карда, ба замини бегона раванд. Онҳо бояд то охири умрашон дар хаймаҳо зиндагӣ мекарданд. Бо итоаткории худ Иброҳим баракату муҳофизати Яҳуваро соҳиб шуд. Масалан, Иброҳим метарсид, ки зани Ҳас. 12:10–20; 20:2–7, 10–12, 17, 18). Ҳамаи ин имони Иброҳимро қавӣ мегардонд.
зебояш — Сороро метавонанд аз ӯ ҷудо кунанд ва худашро кушанд. Тарси Иброҳим беҳуда набуд. Лекин ӯ намегузошт, ки ин ҳама ғаму ташвиш ӯро аз итоат ба Худо боздорад. Яҳува бошад, Иброҳиму Сороро муҳофизат менамуд, баъзан ҳатто ба воситаи мӯъҷиза (8. Чӣ дӯстии моро бо Яҳува мустаҳкамтар мегардонад?
8 Оё мо бо Яҳува дӯст шуда метавонем? Албатта, метавонем. Ба мо намунаи бисёр одамон ва дониши лозима дастрас аст. Иброҳим танҳо қисме аз хиради бепоёни Китоби Муқаддасро дошт (Дон. 12:4; Рум. 11:33). Каломи Худо пур аз ганҷҳои бебаҳоест, ки дониши моро дар бораи «Молики осмон ва замин» бисёртар мекунад ва эҳтирому муҳаббати моро нисбат ба Ӯ зиёд мегардонад. Ин моро бармеангезад, ки ба Худо итоат кунем. Ба Ӯ итоат карда мо мебинем, ки ин чӣ натиҷа меорад. Мо дар ҳаёти худ исботи онро мебинем, ки чӣ тавр маслиҳатҳои Ӯ моро муҳофизат мекунанд, баракатҳо меоранд ва қавӣ мегардонанд. Мо мефаҳмем, ки чӣ тавр аз таҳти дил ба Худо хизмат кардан сулҳ ва хурсандӣ меорад (Заб. 33:9; Мас. 10:22). Агар мо дар бораи Яҳува дониш гирем ва дар ҳаёти худ дасти Ӯро ҳис кунем, имонамон ба Яҳува зиёдтар ва дӯстиамон бо Ӯ мустаҳкамтар мешавад.
ЧӢ ТАВР ИБРОҲИМ ДӮСТИАШРО БО ХУДО НИГОҲ ДОШТ?
9, 10. а) Барои мустаҳкамтар шудани дӯстӣ чӣ кор кардан лозим аст? б) Аз чӣ маълум аст, ки Иброҳим дӯстӣ бо Яҳуваро қадр мекард ва кӯшиш менамуд, ки онро инкишоф диҳад?
9 Дӯстӣ як чизи хеле пурқимат аст. (Масалҳо 17:17-ро хонед.) Дӯстӣ монанди ягон ашё нест, ки онро харем ва он дар ягон ҷо чанг гирифта хоб равад. Он монанди растаниест, ки барои нашъунамо ёфтанаш мо бояд онро об диҳему нигоҳубин кунем. Иброҳим дӯстиашро бо Яҳува қадр мекард ва кӯшиш менамуд, ки онро нигоҳ дорад. Чӣ тавр?
10 Иброҳим ҳеҷ вақт фикр намекард, ки он хизмат ва итоате ки пеш ба Яҳува карда буд, басанда аст. Вақте ӯ бо оилаи калонаш ба Канъон сафар мекард, ӯ дар қабул кардани қарорҳои хурду калон аз рӯи дастуроти Яҳува амал менамуд. Як сол пеш аз таваллуди Исҳоқ, ҳангоме ки Иброҳим 99-сола буд, Яҳува талаб кард, ки тамоми аҳли хонаводаи Иброҳим хатна карда шавад. Оё Иброҳим ин талаби Худоро шунида норозигӣ баён кард? Оё ӯ, каме ҳам бошад, шикоят кард? Не, ӯ худи ҳамон рӯз ба Худо таваккал карда ба Ӯ итоат намуд (Ҳас. 17:10–14, 23).
11. Чаро Иброҳим дар бораи Садӯм ва Амӯро ғам хӯрд ва чӣ тавр Яҳува ба ӯ кӯмак кард?
11 Иброҳим ҳамеша ба Худо итоат мекард. Ӯ дар худ чунин одатро инкишоф дода буд, ки ҳатто дар мавридҳои ночиз ба Ӯ Ҳас. 18:22–33).
гӯш диҳад. Ҳамин тавр ӯ дӯстии худро бо Худо нигоҳ медошт. Аз ин сабаб ҳар гоҳ чизе ӯро ташвиш медод, ӯ озодона дилашро ба Яҳува холӣ мекард. Масалан, вақте Иброҳим фаҳмид, ки Яҳува шаҳри Садӯм ва Амӯроро несту нобуд карданӣ аст, ӯ хавотир буд, ки мабодо одил бо шарир нобуд шавад. Шояд ӯ дар бораи ҷиянаш Лут ва оилаи ӯ, ки дар Садӯм зиндагӣ мекарданд, ғам мехӯрд. Иброҳим ба Яҳува фурӯтанона савол дод ва ба Худо, ки «Довари тамоми замин» аст, таваккал намуд. Яҳува пуртоқатона ба Иброҳим фаҳмонд, ки то чӣ андоза раҳмдил аст, дилҳоро мебинад ва намегузорад, ки росткорон дар вақти доварӣ нобуд шаванд (12, 13. а) Баъдтар чизҳои дар бораи Яҳува донистааш ба Иброҳим чӣ тавр кӯмак кард? б) Чӣ нишон медиҳад, ки Иброҳим аз Яҳува дилпур буд?
12 Бешубҳа, ҳар он чизе ки Иброҳим дар бораи Яҳува медонист, ба ӯ кӯмак кард, ки дӯстии наздикро бо Худо нигоҳ дорад. Баъдтар, вақте ӯ бо озмоиши сахт дучор шуд, ин ба ӯ кӯмак кард. Яҳува аз Иброҳим хоҳиш кард, ки писари ягонаи худ Исҳоқро қурбон кунад. Дар он маврид Иброҳим дар бораи шахсияти Падари осмонӣ ва Дӯсти беҳтаринаш фикр мекард. Биёед мефаҳмем, ки бо марде ки дар боло дар борааш гуфта будем, чӣ шуд. Ӯ бо қадамҳои вазнин ба яке аз теппаҳои замини Мӯриё мебаромад. Оё ӯ чунин фикр мекард, ки Яҳува — Худои меҳрубону раҳмдил баногоҳ дигар шуда бераҳмона амал мекунад? Чунин фикр ҳатто дар гӯшаи хаёлаш намеомад! Мо инро аз куҷо медонем?
13 Пеш аз он ки аз ҳамроҳонаш ҷудо шавад, Иброҳим гуфт: «Шумо дар ин ҷо бо хар бимонед; ва ман бо писар ба он ҷо рафта, ибодат мекунем, ва назди шумо бармегардем» (Ҳас. 22:5). Иброҳим чиро дар назар дошт? Иброҳим медонист, ки писарашро бояд қурбон кунад. Пас, вақте гуфт, ки Исҳоқ бармегардад, ӯ хизматгоронашро фиреб дод? Не. Китоби Муқаддас ба ин масъала каме равшанӣ меандозад. (Ибриён 11:19-ро хонед.) Иброҳим ба эҳёшавӣ бовар дошт. «Ӯ фикр мекард, ки Худо қодир аст аз мурдагон низ эҳё кунад». Ӯ шоҳиди он буд, ки чӣ тавр Яҳува ба Соро, ки безуриёт буд, қобилияти таваллуд карданро дод (Ибр. 11:11, 12, 18). Иброҳим медонист, ки аз дасти Яҳува ҳама кор меояд. Аз ин рӯ ӯ боварӣ дошт, ки он рӯзи душвор чӣ воқеае ки рӯй надиҳад, Яҳува ҳатман писарашро зинда мекунад, то ҳама ваъдаҳояш иҷро шаванд. Ана барои ҳамин Иброҳим «падари ҳамаи имондорон» номида шудааст!
14. Шумо дар хизмати Яҳува бо чӣ гуна душворӣ рӯ ба рӯ мешавед ва чӣ тавр намунаи Иброҳим ба шумо кӯмак карда метавонад?
14 Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Албатта, Худо имрӯз аз мо хоҳиш намекунад, ки писарамонро ба қурбонӣ орем. Лекин баъзан Яҳува аз мо чизеро талаб мекунад, ки иҷро кардани он бароямон хеле Хур. 23:2; 1 Тас. 2:2). Оё шумо ягон бор чунин ҳис кардед, ки гӯё мисли Иброҳим базӯр-базӯр ба теппаи Мӯриё баромада истодаед ва медонед, ки шуморо кори душворе интизор аст? Агар ҳа, аз имони Иброҳим ибрат гиред. Агар мо дар бораи намунаи ходимони содиқи Худо фикр кунем ва аз онҳо ибрат гирем, дӯстии мо бо Яҳува мустаҳкамтар мешавад (Ибр. 12:1, 2).
душвор аст ё мо сабабашро намефаҳмем. Оё шахсан ба шумо итоат кардан ба ягон талаботи Худо душвор аст? Барои баъзеҳо мавъиза кардан осон нест. Эҳтимол, онҳо шарм медоранд, ки назди одамони бегона рафта дар бораи хушхабар гап зананд. Барои дигарон бошад, аз ҳамсинфон ё ҳамкорон фарқ кардан душвор аст (ДӮСТӢ БО ХУДО БАРАКАТ МЕОРАД
15. Чаро мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки Иброҳим ягон бор аз итоаткорӣ ва садоқати худ пушаймон нашуда буд?
15 Ба фикри шумо, оё ягон бор Иброҳим аз итоаткорӣ ва садоқати худ ба Яҳува пушаймон шуда буд? Биёед инро аз Китоби Муқаддас мефаҳмем. Дар он ҷо дар бораи охири ҳаёти ӯ чунин гуфта мешавад: «Иброҳим вафот ёфт, ва дар мӯйсафедии некӯ, пиру солхӯрда шуда, аз дунё чашм пӯшид, ва ба қавми худ пайваст» (Ҳас. 25:8). Дар синни 175-солагиаш Иброҳим мисли пештара бақувват набуд, лекин ӯ ба қафо нигариста аз ҳаёти худ қаноатмандӣ ҳис мекард. Дар ҳаёташ дӯстӣ бо Яҳува Худо дар ҷои аввал меистод. Лекин он ки Иброҳим пиру қаноатманд буд, маънои онро надорад, ки ӯ аз ҳаёт сер шуда буд ва дигар зиндагӣ кардан намехост.
16. Дар Биҳишт Иброҳим аз чӣ шод мешавад?
16 Китоби Муқаддас дар бораи Иброҳим мегӯяд: «Ӯ мунтазири шаҳре буд, ки таҳкурсии мустаҳкаме дорад, ва меъмору бинокори он Худост» (Ибр. 11:10). Иброҳим умед дошт, ки як рӯз не, як рӯз он шаҳр, яъне Салтанати Худоро, ки бар тамоми замин ҳукмронӣ мекунад, мебинад. Ин орзуи ӯ ҳатман ҷомаи амал мепӯшад! Тасаввур кунед, ки то чӣ андоза хурсанд мешавад Иброҳим, вақте дар дунёи нав зиндагӣ карда, дӯстии худро бо Яҳува давом медиҳад! Баъди эҳё шуданаш Иброҳим мефаҳмад, ки намунаи имонаш ба ходимони бешумори Худо, ки дар давоми ҳазорсолаҳо баъди марги ӯ зиндагӣ мекарданд, кӯмак кардааст! Дар Биҳишт ӯ мефаҳмад, ки ба ӯ баргардонида шудани Исҳоқ тимсоли чизи бузургтаре буд (Ибр. 11:19). Ҳангоми ба қурбонӣ овардани Исҳоқ ӯ хеле азоб кашид. Ба Яҳува низ чун қурбонӣ пешкаш кардани Писараш — Исо хеле дардовар буд. Ҳангоми эҳё шуданаш Иброҳим мефаҳмад, ки саргузашти ӯ барои фаҳмидани дарди Яҳува ба миллионҳо ходимони содиқи Худо кӯмак расонд (Юҳ. 3:16). Фидияи Исои Масеҳ бузургтарин нишонаи муҳаббат аст! Намунаи Иброҳим ба ҳамаи мо кӯмак кардааст, ки барои қурбонии Исо миннатдор бошем.
17. Муҳокимаи ин мақола шуморо ба чӣ бармеангезад ва дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?
17 Биёед ҳар яки мо кӯшиш кунем, ки ба имони Иброҳим пайравӣ намоем. Биёед шинохтани Яҳуваро давом диҳем ва назди Ӯ дар беайбӣ роҳ равем. Бо гузашти вақт боварии мо ба он ки Худо ходимони содиқашро мукофот медиҳад, бештар мешавад. (Ибриён 6:10–12-ро хонед.) Бигзор Яҳува абадан Дӯсти мо бошад! Дар мақолаи навбатӣ мо намунаи боз се дӯсти наздики Худоро дида мебароем.
^ [1] (сархати 3) Номи ин мард ва зани ӯ аслан Абром ва Сорай буд, лекин дар ин мақола мо номҳоеро истифода мебарем, ки баъдтар Яҳува ба онҳо дода буд, яъне Иброҳим ва Соро.