Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Аз ходимони содиқи Худо вафодорӣ биомӯзед

Аз ходимони содиқи Худо вафодорӣ биомӯзед

«Худованд аз ту чӣ чизро талаб мекунад, яъне фақат инро, ки аз рӯи инсоф амал намоӣ, ва [«садоқат», ТДН]-ро дӯст дорӣ, ва дар ҳузури Худои худ бо фурӯтанӣ роҳ равӣ» (МИК. 6:8).

СУРУДҲО: 18, 43

1, 2. Чӣ тавр Довуд вафодории худро ба Худо нишон дод? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ДАР торикии шаб Довуд ва Абишой оҳиставу бесадо аз байни 3000 лашкар мегузаранд, то ҳеҷ яке аз онҳо бедор нашавад. Дар байни хайма подшоҳ Шоул хоб аст. Ӯ дар биёбони Яҳудо Довудро ҷустуҷӯ мекард, то ӯро кушад. Абишой бо овози паст ба Довуд мегӯяд: «Ба ман изн бидеҳ, то ки ӯро бо як зарбаи найза ба замин бидӯзам, ва барои зарбаи дуюм ҳоҷат нахоҳад буд». Оё Довуд розӣ мешавад? Не, ӯ чунин ҷавоб медиҳад: «Ӯро накуш, зеро кист, ки дасти худро ба масеҳи Худованд дароз карда, беҷазо монда бошад?...Ҳошо аз тарси Худованд, ки ман дасти худро ба масеҳи Худованд дароз кунам!» (1 Подш. 26:8–12).

2 Чаро Довуд Шоулро накушт? Чунки ӯ дар ҳақиқат ба Худо вафодор буд ва намехост, ки ба подшоҳе ки Худо ӯро таъин кардааст, зарар расонад. Ходимони содиқи Худо касонеро ки Ӯ таъин намудааст, эҳтиром мекунанд. Яҳува аз ҳар як ходими худ талаб мекунад, ки «[«садоқат», ТДН]-ро дӯст» дорад. (Мико 6:8-ро хонед.)

3. Чӣ тавр Абишой ба Довуд вафодориашро нишон дод?

3 Абишой Довудро эҳтиром мекард. Масалан, баъди он ки Довуд бо Батшобаъ гуноҳ кард, бародари Абишой, Юоб, куштори Уриё — шавҳари Батшобаъро ташкил намуд, то гуноҳи Довудро пинҳон кунад (2 Подш. 11:2–4, 14, 15; 1 Вақ. 2:16). Абишой, аз афташ, чизе дар ин бора медонист, лекин эҳтироми худро ба Довуд чун ба таъиншудаи Худо гум накард. Абишой ҳеҷ гоҳ ба тахти подшоҳии Довуд дастдарозӣ намекард. Баръакс, ӯ ҳамеша Довудро аз душманону хоинон муҳофизат менамуд (2 Подш. 10:10; 20:6; 21:15–17).

4. а) Чаро гуфтан мумкин аст, ки Довуд шахси содиқу вафодор буд? б) Дар ин мақола мо намунаи киро дида мебароем?

4 Довуд дар давоми тамоми ҳаёташ ба Яҳува содиқ буд. Дар ҷавониаш ӯ Ҷолёти бузургҷуссаро, ки бешармона «Худои Ҳайро таҳқир» карда буд, кушт (1 Подш. 17:23, 26, 48–51). Вақте Довуд баъди подшоҳ шуданаш гуноҳ кард, Яҳува ӯро ба воситаи пайғамбар Нотон ислоҳ намуд. Довуд гуноҳашро ба гардан гирифт ва тавба кард (2 Подш. 12:1–5, 13). Дар пиронсолиаш низ Довуд ба Худо вафодорӣ нишон медод. Масалан, ӯ барои сохтмони маъбади Яҳува чизҳои бисёреро хайрия кард (1 Вақ. 29:1–5). Бале, ҳарчанд Довуд хатогиҳои ҷиддие содир кард, ӯ ба Худо содиқ буд (Заб. 50:6, 12; 85:2). Дар ин мақола мо намунаи Довуд ва ҳамзамононашро дида мебароем ва ба саволҳои зерин ҷавоб меёбем: аз куҷо донем, ки дар кадом маврид аввал ба кӣ бояд содиқ бошем? Барои вафодор будан доштани кадом хислатҳо зарур аст?

ПЕШ АЗ ҲАМА БА КӢ СОДИҚ БОШЕМ?

5. Аз хатои Абишой мо чӣ меомӯзем?

5 Аз кадом сабаб Абишой мехост Шоулро кушад? Ӯ ба Довуд вафодор буд. Лекин Довуд медонист, ки ба тадҳиншудаи Худо даст дароз кардан кори хатост ва пеши роҳи Абишойро гирифт (1 Подш. 26:8–11). Аз ин воқеа як дарси муҳиме меомӯзем: ҳар гоҳ мо фикр кунем, ки дар ин ё он маврид ба кӣ аввал вафодор бошем, бояд аз Китоби Муқаддас роҳнамоӣ ҷӯем.

6. Ҳарчанд ба хешу наздиконамон вафодор будан табиист, мо бояд аз чӣ эҳтиёт шавем?

6 Садоқат аз дил мебарояд, лекин дили одам маккор аст (Ирм. 17:9). Азбаски мо нокомилем, ҳиссиёти мо метавонад моро фиреб диҳад. Агар ягон шахси наздикамон кори бад кунаду аз ҳақиқат равад, биёед дар хотир дошта бошем, ки мо бояд аз ҳама пеш ба Яҳува вафодор бошем. (Матто 22:37-ро хонед.)

7. Чӣ тавр як хоҳар дар вазъияти душвор ба Худо содиқ монд?

Вақте шахси наздикамон аз ҷамъомад хориҷ мешавад, бароямон ба Яҳува вафодор мондан душвор буда метавонад. Мисоли хоҳарамон Анна [1] инро нишон медиҳад. Рӯзе ба Анна модараш, ки аз ҷамъомад хориҷ шуда буд, занг зад. Модараш мехост Аннаро бубинад, чунки аз дарди ҷудоӣ азоб мекашид. Дили Анна реш-реш шуд ва ба модараш ваъда дод, ки ба воситаи мактуб ба ӯ ҷавоб медиҳад. Аммо пеш аз мактуб навиштан, Анна баъзе принсипҳои Китоби Муқаддасро дида баромад (2 Юҳ. 9–11; 1 Қӯр. 5:11). Анна ба модараш навишт, ки ӯ худаш худро аз оила ҷудо намуд, чунки аз рафтори нодурусташ тавба накард. «Танҳо Яҳува метавонад дарди дилатро даво бахшад. Роҳи дигаре нест, барои ҳамин ба сӯи Ӯ баргард»,— навишт Анна (Яъқ. 4:8).

8. Кадом хислатҳо ба мо кӯмак мерасонанд, ки ба Яҳува вафодор бошем?

8 Ходимони Худо, ки дар замони Довуд зиндагӣ мекарданд, фурӯтан, меҳрубон ва далер буданд. Биёед бинем, ки чӣ тавр ин хислатҳо ба мо кӯмак мерасонанд, ки ба Яҳува вафодор бошем.

МО БОЯД ФУРӮТАН БОШЕМ

9. Чаро Абнир Довудро куштанӣ буд?

Вақте Довуд сари Ҷолётро аз танаш ҷудо карда, назди Шоул овард, камаш ду нафар ӯро дида буданд. Яке аз онҳо писари Шоул — Йӯнотон буд, дигаре сарлашкар Абнир. Йӯнотон бо Довуд аҳди дӯстӣ баст ва ба ӯ вафодор монд (1 Подш. 17:57–18:3). Абнир бошад, баъдтар ҳамроҳи Шоул Довудро таъқиб мекард, то ӯро кушад. Довуд навишта буд: «Ситамгарон қасди ҷонам доранд» (Заб. 53:5; 1 Подш. 26:1–5). Ҳам Йӯнотон ва ҳам Абнир медонистанд, ки Худо Довудро барои подшоҳ шудан интихоб намудааст. Пас чаро рафтори Йӯнотон аз Абнир фарқ мекард? Чунки Абнир ба монанди Йӯнотон фурӯтану вафодор набуд. Баъд аз марги Шоул Абнир метавонист фурӯтанӣ нишон дода Довудро дастгирӣ намояд. Ба ҷои ин ӯ кӯшиш намуд писари Шоул — Ишбӯшетро подшоҳ кунад. Аммо вақте Абнир бо суррияи подшоҳ Шоул ҳамхоба шуд, шояд ӯ ҳатто мехост худаш ба тахти подшоҳӣ нишинад (2 Подш. 2:8–10; 3:6–11).

10. Чаро Абшолӯм ба Худо содиқ набуд?

10 Писари Довуд, Абшолӯм низ аз сабаби норасоии фурӯтанӣ ба Худо вафодор намонд. Ӯ худро чунон дӯст медошт, ки «барои худ ароба ва аспон муҳайё кард, ва панҷоҳ нафар шотирон пешопеши ӯ медавиданд» (2 Подш. 15:1). Ӯ исроилиёни зиёдро ба тарафи худ кашид, то содиқона ба ӯ хизмат кунанд. Ӯ ҳатто қасди ҷони Довудро карда буд, ҳарчанд медонист, ки ӯро Яҳува подшоҳ таъин кардааст (2 Подш. 15:13, 14; 17:1–4).

11. Мо аз мисоли Абнир, Абшолӯм ва Борух чӣ меомӯзем?

11 Мисоли Абнир ва Абшолӯм нишон медиҳад, ки агар шахс шӯҳратпараст бошаду фурӯтанӣ надошта бошад, ба осонӣ метавонад ба Худо хиёнат намояд. Ҳеҷ як ходими Яҳува набояд чунин хислатҳо дошта бошад. Агар масеҳӣ хоҳад, ки дар ин дунё соҳиби молу мулк ва ё мансаб шавад, ба муносибати худ бо Яҳува зарар расонида метавонад. Боре котиби пайғамбар Ирмиё — Борух чизеро орзу кард, ки онро надошт. Ӯ ҳис кард, ки аз хизмат ба Худо хурсандӣ намегирад. Яҳува ба Борух чунин насиҳат дод: «Инак, он чи бино кардаам, Ман хароб менамоям, ва он чи мисли ниҳол шинондаам, Ман решакан мекунам,— ва тамоми замин чунин хоҳад шуд. Ва оё ту барои худ чизҳои бузург талаб мекунӣ? Талаб накун» (Ирм. 45:4, 5). Борух насиҳатро қабул кард. Мо низ бояд ба Яҳува гӯш диҳем, чунки Ӯ ба наздикӣ ин дунёи бадро несту нобуд месозад.

12. Чаро шахси худпараст наметавонад ба Худо вафодор бимонад?

12 Дэниел ном бародаре аз Мексика бо душворие рӯ ба рӯ шуда буд. Ӯ бояд интихоб мекард, ки ба кӣ садоқаташро нишон диҳад. Ӯ мехост духтареро ба занӣ гирад, ки ҳамимони мо набуд. Дэниел мегӯяд: «Ман ҳатто баъди пешрав шуданам ба ӯ мактуб менавиштам. Аммо баъд ман дарк кардам, ки бояд фурӯтанӣ зоҳир намуда кӯмак пурсам. Ман ба пири ботаҷриба муроҷиат намуда гуфтам, ки ман дудила ҳастам ва намедонам дар ин маврид ба кӣ содиқ бошам. Ӯ ба ман фаҳмонд, ки, агар ман хоҳам ба Худо содиқ бимонам, бояд дигар ба он духтар нанависам. Баъди дуову нолаҳои бисёр ман ин корро карда тавонистам. Каме баъд ман аз нав дар хизмат хурсандӣ пайдо кардам». Бо гузашти вақт ин бародар бо хоҳаре оиладор шуд. Ҳозир Дэниел чун нозири ноҳиявӣ хизмат мекунад.

ВАФОДОРӢ БА ХУДО КӮМАК МЕКУНАД, КИ МЕҲРУБОН БОШЕМ

Агар шумо аз гуноҳи ҷиддии ягон ҳамимон хабардор шавед, оё ӯро бармеангезед, ки аз пирон кӯмак пурсад? (Ба сархати 14 нигаред.)

13. Чӣ тавр Нотон ҳангоми гуноҳ кардани Довуд ҳам ба Яҳува ва ҳам ба Довуд вафодорӣ нишон дод?

13 Агар мо ба Яҳува содиқ бошем, мо метавонем ба дигарон низ содиқ бошем ва ба онҳо ба таври беҳтарин кӯмак расонем. Масалан, пайғамбар Нотон ҳам ба Яҳува вафодор буд, ҳам ба Довуд. Нотон фаҳмид, ки Довуд бо зане зино кард ва марги шавҳари он занро ташкил намуд. Вақте Яҳува Нотонро фиристод, ки Довудро мазаммат намояд, ӯ далерона амал кард. Лекин ӯ ҳамчунин хирадмандона ва бо меҳрубонӣ гап зад. Ӯ мехост, ки Довуд то чӣ андоза гарон будани гуноҳҳояшро дарк кунад. Нотон мисоли шахси боеро овард, ки гӯсфанди марди камбағалро гирифт. Вақте Довуд инро шунид, аз рафтори марди бой қаҳраш омад. Он гоҳ Нотон ба Довуд гуфт: «Он мард ту ҳастӣ!» Довуд дарк кард, ки бар зидди Яҳува гуноҳ кардааст (2 Подш. 12:1–7, 13).

14. Чӣ тавр шумо ҳам ба Яҳува ва ҳам ба шахси наздикатон вафодор буда метавонед?

14 Меҳрубонӣ низ ба шумо кӯмак расонда метавонад, ки ба Яҳува вафодор бошед. Фарз кардем, ки шумо аниқ медонед, ки ягон масеҳӣ гуноҳи ҷиддӣ содир кардааст. Агар ӯ дӯст ё хеши шумо бошад, шояд шумо фикр кунед, ки бояд ба ӯ вафодор бимонед. Лекин агар шумо гуноҳи ӯро пинҳон намоед, ба Худо хиёнат мекунед. Пеш аз ҳама ба Яҳува вафодор бошед. Мисли Нотон нотарсу ҳамзамон меҳрубон бошед. Ба ӯ гӯед, ки аз пирон кӯмак пурсад. Агар ӯ ба наздикӣ ин корро накунад, шумо бояд аз рӯи садоқат ба Худо худатон ба назди пирон равед. Бо ин коратон шумо ба Яҳува содиқ мемонед ва нисбати шахси наздикатон меҳрубонӣ нишон медиҳед, чунки пирон кӯшиш мекунанд чунин шахсро бо мулоимӣ ба роҳи рост андозанд. (Ибодат 5:1 ва Ғалотиён 6:1-ро хонед.)

БАРОИ БА ХУДО СОДИҚ БУДАН ДАЛЕРӢ ДАРКОР АСТ

15, 16. Чаро ба Ҳушой барои ба Худо содиқ будан далерӣ даркор буд?

15 Ҳушой яке аз дӯстони вафодори Довуд буд. Халқ мехост Абшолӯмро подшоҳ таъин кунад, аз ин рӯ барои ба Худо ва Довуд содиқ мондан ба Ҳушой далерӣ даркор буд. Ӯ медонист, ки Абшолӯм бо лашкараш ба Ерусалим омадааст ва акнун Довуд бояд гурезад (2 Подш. 15:13; 16:15). Дар ин маврид Ҳушой чӣ кор кард? Оё ӯ Довудро тарк карда Абшолӯмро дастгирӣ намуд? Не. Довуд пир буд ва ҳамчунин бисёриҳо ӯро куштан мехостанд. Лекин Ҳушой ба Довуд вафодор монд, чунки ӯро Яҳува подшоҳ таъин карда буд. Ҳушой ба кӯҳи Зайтун рафта бо Довуд вохӯрд (2 Подш. 15:30, 32).

16 Довуд аз Ҳушой хоҳиш кард, ки ба Ерусалим баргашта, худро дӯсти Абшолӯм вонамуд созад, то ки маслиҳати Аҳитӯфалро вайрон кунад. Ҳушой ҷони худро зери хатар монда ба Ерусалим меравад. Довуд дуо гуфта буд, ки маслиҳати Аҳитӯфал вайрон шавад. Яҳува дуои Довудро шунид ва тавре кард, ки Абшолӯм ба маслиҳати Ҳушой гӯш диҳад, на ба маслиҳати Аҳитӯфал (2 Подш. 15:31; 17:14).

17. Чаро барои вафодор будан ба мо далерӣ даркор аст?

17 Ба мо барои ба Яҳува вафодор мондан далерӣ даркор аст. Бисёре аз мо ба муқобилати аъзоёни оила, ҳамкорон ва мансабдорон тоб оварда, вафодории худро ба Худо нишон додаем. Масалан, бародаре бо номи Таро аз хурдӣ ҳар кори аз дасташ меомадаро мекард, то падару модараш аз ӯ розӣ бошанд. Ӯ ба онҳо итоаткор ва вафодор буд, чунки онҳоро хеле дӯст медошт. Лекин вақте ӯ бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард, падару модараш ба ӯ муқобилат намуданд. Аз ин ӯ хеле зиқу рӯҳафтода шуд. Таро ба волидонаш гуфтанӣ буд, ки ӯ мехоҳад ба ҷамъомадҳо равад, лекин дар ин бора ба онҳо гап задан барояш хеле душвор буд. Таро мегӯяд: «Падару модарам бо ман сахт қаҳрӣ буданд. Тӯли солҳо онҳо намехостанд, ки ман ба хабаргириашон равам. Ман дуо гуфта аз Яҳува далерӣ пурсидам, то дар қарорам устувор бимонам. Ҳозир онҳо ором шуданд ва ман мунтазам онҳоро хабар мегирам». (Масалҳо 29:25-ро хонед.)

18. Шумо аз ин мақола барои худ чӣ дарс гирифтед?

18 Биёед ба монанди Довуд, Йӯнотон, Нотон ва Ҳушой ба Яҳува содиқ бошем ва аз дӯстӣ бо Ӯ баҳра барем. Мо намехоҳем, ки мисли Абнир ва Абшолӯм рафтор намоем. Албатта, мо нокомилем ва хато мекунем. Ба ин нигоҳ накарда мо бояд нишон диҳем, ки вафодорӣ ба Худо дар ҷои аввали ҳаётамон аст.

^ [1] (сархати 7) Баъзе номҳо иваз шудаанд.