Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Павлус навишта буд, Яҳува «намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед» (1 Қӯр. 10:13). Оё гуфтан мумкин аст, ки Яҳува пешакӣ муайян мекунад, ки мо озмоишро паси сар карда метавонем ё не ва баъдан бароямон озмоишро интихоб карда ба он роҳ медиҳад?

Агар ин ақида дуруст мебуд фикр кунед, ки чӣ тавр он ба ҳаётамон таъсир мекард. Масалан, бародаре, ки писараш ба худкушӣ даст зад, чунин савол дод: «Магар Яҳува пешакӣ муайян карда буд, ки ману занам ба ин озмоиш тоб оварда метавонем ё не?» Дар ин ҷаҳон бисёриҳо бо бадбахтиҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Лекин оё гуфтан мумкин аст, ки Яҳува ҳама воқеаҳои ҳаёти моро идора мекунад?

Агар суханони Павлусро, ки дар 1 Қӯринтиён 10:13 оварда шудааст, хубтар дида бароем ба хулосаи зерин омадан мумкин аст: мувофиқи Навиштаҳо Яҳува пешакӣ муайян намекунад, ки мо озмоишро паси сар карда метавонем ё не. Ва Ӯ баъд аз ин бароямон озмоишро интихоб карда ба он роҳ намедиҳад. Чаро? Биёед чор сабабро дида бароем.

Якум, Яҳува ба одамон озодӣ додааст. Ӯ мехоҳад, ки худамон дар ҳаёт роҳамонро интихоб кунем (Такр. Ш. 30:19, 20; Еҳ. 24:15). Агар мо роҳи дурустро интихоб кунем, роҳнамоии Яҳуваро интизор буда метавонем (Мас. 16:9). Вале агар мо роҳи нодурустро интихоб кунем, оқибати онро мечашем (Ғал. 6:7). Агар Яҳува бароямон пешакӣ озмоишҳоро интихоб мекард, магар Ӯ озодии моро поймол намекард?

Дуюм, Яҳува моро аз «вақти номусоид ва нокомӣ» муҳофизат намекунад (Воиз 9:11). Агар одам дар вақту ҷои номувофиқ бошад ба фалокат дучор шуда метавонад. Масалан, Исо дар бораи фалокате гуфт, ки дар он 18 нафар ҳангоми афтидани бурҷ нобуд шуданд. Ӯ фаҳмонд, ки Яҳува сабабгори ин фоҷиа набуд (Луқ. 13:1–5). Оё аз рӯи хирад мебуд, чунин фикр кардан, ки дар фалокатҳо Худо пешакӣ муайян мекунад, кӣ зинда мемонад, кӣ не?

Сеюм, ҳар яки мо дар саволи баҳсталаб иштирок дорем. Ба хотир оред, Шайтон гуфта буд, ки ходимони Яҳува барои баракатҳо шуда ба Ӯ хизмат мекунанд. Ҳамчунин Шайтон даъво кард, ки агар онҳо бо озмоишҳо рӯ ба рӯ шаванд ба Яҳува содиқ намемонанд (Айюб 1:9–11; 2:4; Ваҳй 12:10). Агар Яҳува пеши роҳи озмоишҳои ходимонашро мегирифт, магар Шайтон ҳақ намебаромад?

Чорум, ба Яҳува шарт нест, ки пешакӣ бо мо чӣ рӯй доданашро донад. Албатта, Яҳува агар хоҳад ояндаи моро дида метавонад (Иш. 46:10). Вале мо аз Китоби Муқаддас медонем, ки Ӯ на ҳамавақт ин қобилияташро истифода мебарад (Ҳас. 18:20, 21; 22:12). Яҳува меҳрубон ва одил аст, барои ҳамин Ӯ ба озодии мо дахолат намекунад (Такр. Ш. 32:4; 2 Қӯр. 3:17).

Набошад суханони зерини Павлусро чӣ хел фаҳмем: «Худо... намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед»? Павлус дар ин оят дар бораи чизҳое гуфт, ки Яҳува онро на пеш аз озмоишҳо, балки дар вақти озмоишҳо мекунад. Ин суханон ба мо боварӣ мебахшанд, ки агар ба Яҳува такя кунем Ӯ моро дар вақти озмоишҳо дастгирӣ мекунад (Заб. 54:23). Суханони тасаллибахши Павлус дар ду чиз асос меёбанд:

Якум, озмоишҳое, ки ба сари мо меоянд «озмоиши оддии инсонӣ» мебошанд. Яъне бо ин озмоишҳо ҳама рӯ ба рӯ мешаванд. Ин гуна озмоишҳо берун аз қуввати мо нестанд, ба шарте ки ба Худо такя кунем (1 Пет. 5:8, 9). Аз боби 10-уми 1 Қӯринтиён мо мефаҳмем, ки Павлус дар бораи озмоишҳое гап зад, ки халқи Исроил дар биёбон аз сар гузаронд (1 Қӯр. 10:13, 6–11). Барои исроилиёни содиқ ягон озмоиш берун аз қувваташон набуд. Ба ҳар ҳол Павлус чор маротиба гуфт, ки «баъзеи онҳо» беитоатӣ карданд. Афсӯс, ки баъзе исроилиён аз сабаби ба Яҳува такя накарданашон ба хоҳишҳои нодуруст дода шуданд.

Дуюм, «Худо амин аст». Мо аз Китоби Муқаддас медонем, ки Яҳува бо халқаш чӣ хел муносибат мекард. Ӯ муҳаббати Худро нисбати «онҳое ки Ӯро дӯст медоранд ва аҳкомашро риоя менамоянд» зоҳир мекунад (Такр. Ш. 7:9). Ҳамчунин мо аз Калом медонем, ки Худо ҳамеша ба ваъдаҳояш вафо мекунад (Еҳ. 23:14). Барои ҳамин онҳое ки Ӯро дӯст медоранд ва ба Ӯ итоат мекунанд, боварӣ дошта метавонанд, ки Яҳува нисбати ду ваъдаи зеринаш вафо мекунад: 1) Ӯ намегузорад, ки озмоиш берун аз қуввати онҳо бошад ва 2) ба онҳо «сабукӣ ҳам медиҳад».

Яҳува моро «дар ҳар андӯҳи мо тасалло медиҳад»

Чӣ тавр Яҳува ба онҳое ки ҳангоми озмоиш ба Ӯ такя мекунанд, сабукӣ медиҳад? Агар ҳама чиз аз Яҳува вобаста мебуд, Ӯ, албатта, моро аз озмоишҳо раҳо мекард. Лекин Павлус гуфт, ки Яҳува «дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то ки шумо тоб оварда тавонед». Бисёр вақт Яҳува «сабукӣ»-ро ба воситаи чизҳое, ки ба он мӯҳтоҷем, медиҳад, то ки озмоишҳоро бомуваффақият паси сар карда тавонем. Масалан, Яҳува бо роҳҳои зерин ба мо сабукӣ медиҳад:

  • Ӯ «моро дар ҳар андӯҳи мо тасалло медиҳад» (2 Қӯр. 1:3, 4). Яҳува ба воситаи Каломаш, рӯҳи муқаддас ва ғизои рӯҳонӣ ақлу дили моро ором карда метавонад (Мат. 24:45; Юҳ. 14:16; Рум. 15:4).

  • Ба воситаи рӯҳи муқаддас Ӯ моро роҳнамоӣ мекунад (Юҳ. 14:26). Ҳангоми озмоишҳо рӯҳи муқаддас ба мо ёрдам медиҳад, ки принсипҳо ва воқеаҳоро аз Каломи Худо ба ёд оварда қарори дуруст қабул кунем.

  • Яҳува ба воситаи фариштагон ба мо ёрдам мекунад (Ибр. 1:14).

  • Ӯ моро ба воситаи бародару хоҳарон тасаллӣ медиҳад (Қӯл. 4:11).

Мо дар бораи суханони Павлус, ки дар 1 Қӯринтиён 10:13 оварда шудааст, ба чӣ хулоса омада метавонем? Яҳува озмоишҳои моро пешакӣ интихоб намекунад. Вале дар вақти озмоишҳо мо ба чизҳои зерин боварӣ дошта метавонем: Агар пурра ба Яҳува такя кунем, Ӯ ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки озмоишҳо берун аз қувватамон бошанд, Ӯ ҳамавақт ба мо сабукӣ медиҳад, то ки озмоишҳоро паси сар карда тавонем. Донистани ин то чӣ андоза тасаллибахш аст!