Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува халқашро роҳнамоӣ мекунад

Яҳува халқашро роҳнамоӣ мекунад

«Худованд туро ҳамеша ҳидоят хоҳад намуд» (ИШ. 58:11).

СУРУДҲО: 3, 4

1, 2. а) Шоҳидони Яҳува аз дигар динҳо бо чӣ фарқ мекунанд? б) Дар ин мақола ва мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?

«РОҲБАРИ шумо кист?» Ин саволро тез-тез ба Шоҳидони Яҳува медиҳанд. Ва мо аз ин ҳайрон намешавем. Зеро бисёр динҳоро одамони нокомил роҳбарӣ мекунанд, ки онҳоро пешво меҳисобанд. Лекин мо ба чунин одамон бо фахр мегӯем, ки Пешвои мо, Масеҳ, комил аст. Мо ба роҳнамоии ӯ итоат мекунем ва ӯ дар навбати худ ба Яҳува итоат мекунад (Мат. 23:10).

2 Исо имрӯз халқи Худоро ба воситаи гурӯҳи мардоне, ки «ғуломи мӯътамад ва доно»-ро ташкил медиҳанд, роҳнамоӣ мекунад (Мат. 24:45). Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува моро ба воситаи Писараш роҳнамоӣ карда истодааст? Дар ин мақола ва мақолаи навбатӣ мо дида мебароем, ки чӣ тавр Яҳува аз замонҳои пеш то ҳозир барои роҳнамоӣ кардани халқаш мардонро интихоб мекунад. Боз се чизи дигарро дида мебароем, ки чӣ тавр Яҳува ба воситаи ин мардон Пешвои аслӣ буданашро исбот мекунад (Иш. 58:11).

ЁРДАМИ РӮҲИ МУҚАДДАС

3. Чӣ ба Мусо кӯмак кард, ки исроилиёнро пешвоӣ кунад?

3 Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддаси Худ хизматгоронашро дастгирӣ мекард. Биёед намунаи Мусоро дида бароем, ки пешвои исроилиён таъйин шуда буд. Чӣ ба Мусо кӯмак кард, ки аз ӯҳдаи ин кор барояд? Яҳува рӯҳи муқаддасашро ба Мусо дода халқашро роҳнамоӣ мекард. (Ишаъё 63:11–14-ро хонед.)

4. Чӣ исбот мекард, ки Мусо рӯҳи муқаддас дорад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

4 Чӣ тавр исроилиён фаҳмида метавонистанд, ки Мусо рӯҳи муқаддас дорад? Ба воситаи рӯҳи муқаддас Мусо мӯъҷизаҳо нишон медод ва номи Яҳуваро ба фиръавн шиносонид (Хур. 7:1–3). Ҳамчунин рӯҳи муқаддас дар Мусо хислатҳои муҳаббат, ҳалимӣ ва пурсабриро ба вуҷуд овард, то исроилиёнро роҳнамоӣ кунад. Мусо аз роҳбарони дағалу худпарасти дигар халқҳо фарқ мекард (Хур. 5:2, 6–9). Аён буд, ки Яҳува Мусоро барои пешвоӣ кардани халқи Худ интихоб кардааст.

5. Фаҳмонед, ки чӣ тавр Яҳува ба дигар мардони Исроил ёрдам мекард, ки халқи Худоро пешвоӣ кунанд?

5 Яҳува барои роҳнамоӣ кардани халқаш боз ба киҳо рӯҳи муқаддас медод? Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Еҳушаъ ибни Нун аз рӯҳи ҳикмат пур шуд» (Такр. Ш. 34:9). «Рӯҳи Худованд Ҷидъӯнро фаро гирифт» (Дов. 6:34). Ва «Рӯҳи Худованд... бар Довуд нозил шуд» (1 Подш. 16:13). Ҳамаи ин мардон ба рӯҳи муқаддаси Яҳува таваккал намуда бо ёрии он корҳоеро иҷро мекарданд, ки бо қуввати худ карда наметавонистанд (Еҳ. 11:16, 17; Дов. 7:7, 22; 1 Подш. 17:37, 50). Аз ин рӯ барои корҳои бузурги онҳо ба Яҳува ҷалол дода мешуд.

6. Чаро Яҳува мехост, ки халқаш мардони таъйинкардаи Ӯро эҳтиром кунад?

Вақте исроилиён амал кардани рӯҳи муқаддасро дар Мусо, Еҳушаъ, Ҷидъӯн ва Довуд медиданд, бояд чӣ кор мекарданд? Онҳо бояд ин мардонро эҳтиром менамуданд. Вақте ки халқ аз Мусо шикоят кард, Яҳува гуфт: «То ба кай ин қавм Маро хор медоранд?» (Ад. 14:2, 11). Дар ҳақиқат ҳам Яҳува ин мардонро интихоб кард, то ки Ӯро ҳамчун Пешво намояндагӣ кунанд. Ба ин мардон итоат карда халқ дар асл ба Пешвои бузург — Яҳува итоат менамуд.

КӮМАКИ ФАРИШТАГОН

7. Чӣ тавр фариштагон ба Мусо ёрдам мекарданд?

7 Фариштагон ба намояндагони Худо кӯмак мекарданд. (Ибриён 1:7, 14-ро хонед.) Яҳува барои роҳнамоӣ кардани Мусо фариштагонро истифода мебурд. Чӣ тавр? Масалан, якум, фариштае «дар бутта ба ӯ зоҳир шуд» ва ба ӯ супориш дод, ки исроилиёнро аз ғуломӣ озод намуда онҳоро роҳнамоӣ кунад (Аъм. 7:35). Дуюм, Яҳува барои роҳнамоӣ кардани халқаш ба воситаи фариштаҳо Қонун дод (Ғал. 3:19). Сеюм, Яҳува ба ӯ гуфт: «Ин қавмро ба он ҷое ки ба ту гуфтаам, бибар; инак, фариштаи Ман пешопеши ту хоҳад рафт» (Хур. 32:34). Дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки исроилиён диданд, ки чӣ хел фариштагон тани одамиро гирифта он корҳоро иҷро мекарданд. Лекин дастурот ва роҳнамоии Мусо исбот мекард, ки фариштагон ба ӯ ёрдам мекунанд.

8. Чӣ тавр фариштагон ба Еҳушаъ ва Ҳизқиё кӯмак карданд?

8 Фариштагон боз ба киҳо ёрдам карданд? Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «пешвои лашкари Худованд» ба Еҳушаъ ёрдам кард, ки дар ҷанг бо канъониён ғалаба кунад (Еҳ. 5:13–15; 6:2, 21). Баъдтар дар давраҳои ҳукмронии шоҳ Ҳизқиё лашкари бузурги ашшуриён Исроилро таҳдид мекард. Лекин «фариштаи Худованд берун омада, саду ҳаштоду панҷ ҳазор нафарро... зарба зад» (4 Подш. 19:35).

9. Оё нокомилии мардони таъйинкардаи Худо барои беитоатӣ баҳона шуда метавонист? Фаҳмонед.

9 Фариштагон комиланд, вале онҳо ба одамони нокомил кӯмак мекарданд. Масалан, боре Мусо Яҳуваро ҷалол надод (Ад. 20:12). Еҳушаъ бошад, аз Худо роҳнамоӣ напурсида бо ҷибъӯниён аҳд баст (Еҳ. 9:14, 15). Дили Ҳизқиё бошад, «мағрур гардид» (2 Вақ. 32:25, 26). Ба хатогиҳои ин мардон нигоҳ накарда Худо мехост, ки исроилиён ба онҳо итоат кунанд. Барои ҳамин Яҳува ин мардонро ба воситаи фариштагон дастгирӣ менамуд. Бешубҳа, Яҳува халқашро роҳнамоӣ мекард.

РОҲНАМОӢ БА ВОСИТАИ КАЛОМИ ХУДО

10. Чӣ тавр Мусо аз рӯи гуфтаҳои Худо амал мекард?

10 Яҳува намояндагонашро ба воситаи Каломи Худ роҳнамоӣ мекард. Китоби Муқаддас қонунеро, ки ба халқи Исроил дода шуд, «Тавроти Мусо» меномад (3 Подш. 2:3). Лекин мувофиқи Навиштаҳо Яҳува Қонунгузори аслӣ мебошад ва Мусо ҳам худаш ба ин Қонун итоат мекард (2 Вақ. 34:14). Яҳува оиди тарзи сохтани хаймаи ҷомеъ дастур дод ва Мусо «ончунон ки Худованд ба ӯ амр фармуда буд, ба ҷо овард» (Хур. 40:1–16).

11, 12. а) Йӯшиёҳу ва дигар шоҳон чӣ кор бояд мекарданд? б) Каломи Худо ба пешвоёни халқи Исроил чӣ хел таъсир мекард?

11 Вақте Еҳушаъ пешво таъйин шуд нусхаи Каломи Худоро дошт ва Яҳува ба ӯ чунин гуфт: «Онро ту рӯзу шаб биомӯз, то бо риояти ҳар он чи дар он навишта шудааст, амал намоӣ» (Еҳ. 1:8). Баъдтар подшоҳони халқи Исроил низ чунин мекарданд. Онҳо бояд ҳар рӯз Қонунро мехонданд, онро рӯбардор менамуданд ва «ҳамаи суханони ин фароизро ба ҷо» меоварданд. (Такрори Шариат 17:18–20-ро хонед.)

12 Каломи Худо чӣ тавр ба ин пешвоён таъсир кард? Биёед мисоли шоҳ Йӯшиёҳуро дида бароем. Баъд аз ёфтани Қонуни Мусо, котиби Йӯшиёҳу ба ӯ онро хонд *. Шоҳ баъд аз шунидани суханони Худо чӣ кор кард? «Ҳангоме ки подшоҳ суханони китоби Тавротро шунид, либоси худро чок зад». Йӯшиёҳу аз рӯи Каломи Худо амал карда барои нест кардани бутҳо чораҳои амалӣ андешид ва он сол мардум иди Фисҳро хеле тантанавор ҷашн гирифт (4 Подш. 22:11; 23:1–23). Йӯшиёҳу ва дигарон аз рӯйи Каломи Худо амал карда, ба халқ дастуроти дуруст медоданд ва онро мефаҳмонданд. Ва ин ба халқ ёрдам мекард, ки Худоро гӯш кунанд.

13. Пешвоёни халқи Худо аз роҳбарони халқҳои дигар бо чӣ фарқ мекарданд?

13 Пешвоёни халқҳои дигар аз рӯи хиради одамӣ амал мекарданд. Масалан, канъониён ба корҳои даҳшатовар даст мезаданд, ба мисли издивоҷ бо хеши наздик, ҳомосексуализм, алоқаи ҷинсӣ бо ҳайвон, ба қурбонӣ овардани кӯдакон ва бутпарастӣ (Ибд. 18:6, 21–25). Халқи Бобилу Миср мисли халқи Худо қоидаҳои санитарӣ надошт (Ад. 19:13). Вале халқи Яҳува шоҳиди он буд, ки чӣ тавр пешвоёни содиқ онҳоро бармеангехтанд, ки бутпарастӣ накунанд, ҷисман пок буда аз бадахлоқии ҷинсӣ даргурез бошанд. Маълум буд, ки Яҳува онҳоро роҳбарӣ мекард.

14. Чаро Яҳува баъзе пешвоёни халқашро ислоҳ мекард?

14 Лекин на ҳама подшоҳони халқи Худо аз рӯи дастуроти Ӯ амал менамуданд. Онҳое ки ба Яҳува итоат намекарданд, роҳнамоии рӯҳи муқаддас, фариштагон ва Каломашро рад мекарданд. Яҳува ин пешвоёнро ислоҳ мекард ё ба ҷояшон хизматгори дигари Худро таъйин менамуд (1 Подш. 13:13, 14). Вале дар вақти лозима Яҳува шахсеро таъйин карданӣ буд, ки пешвои комил бошад.

ЯҲУВА ПЕШВОИ КОМИЛРО ТАЪЙИН МЕКУНАД

15. а) Чӣ тавр пайғамбарон омадани пешвои комилро пешгӯӣ карда буданд? б) Пешвои комил кӣ буд?

15 Садсолаҳо пеш Яҳува ваъда дод, ки бар халқаш пешвои комилро таъйин мекунад. Масалан, Мусо ба исроилиён гуфт: «Пайғамбаре мисли ман аз миёни ту, аз бародарони ту Худованд Худоят барои ту ба майдон хоҳад овард; ба Вай гӯш диҳед» (Такр. Ш. 18:15). Ишаъё гуфт, ки ӯ «пешво ва ҳоким» мешавад (Иш. 55:4). Дониёл дар бораи Масеҳ навишт, ки ӯ «Раис» мегардад (Дон. 9:25). Ва Исо дар бораи худаш гуфт, ки ӯ «Роҳнамо»-и халқи Худо аст. (Матто 23:10-ро хонед.) Шогирдони Исо бо омодагӣ ӯро пайравӣ мекарданд ва боварӣ доштанд, ки Яҳува ӯро интихоб кардааст (Юҳ. 6:68, 69). Чӣ ба онҳо боварӣ бахшид, ки Исо маҳз ҳамон шахсест, ки Яҳува барои роҳнамоӣ кардани халқаш интихоб кардааст?

16. Аз куҷо медонем, ки рӯҳи муқаддас дар Исо амал мекард?

16 Рӯҳи муқаддас ба Исо ёрдам мекард. Ҳангоми таъмид гирифтани Исо Яҳёи Таъмиддиҳанда «осмонро дид, ки шикофта аст ва Рӯҳро, ки монанди кабӯтаре бар Ӯ нозил мешавад» (Марқ. 1:10–12). Бо ёрии рӯҳи муқаддас Исо мӯъҷиза нишон медод ва бо дигарон ҳамчун соҳибқудрат гап мезад (Аъм. 10:38). Ғайр аз ин рӯҳи муқаддас дар Исо самари комил, яъне муҳаббат, шодӣ ва имони қавиро ба вуҷуд овард (Юҳ. 15:9; Ибр. 12:2). Тавре ки рӯҳи муқаддас дар Исо амал мекард, дар дигар пешвоён дида намешуд. Маълум буд, ки Яҳува Исоро Пешво таъйин кардааст.

Чӣ тавр фариштагон ба Исо баъд аз таъмидгириаш ёрдам доданд? (Ба сархати 17 нигаред.)

17. Чӣ тавр фариштагон Исоро дастгирӣ карданд?

17 Фариштагон Исоро дастгирӣ мекарданд. Баъд аз он ки Исо таъмид гирифт, «фариштагон омада, Ӯро парасторӣ карданд» (Мат. 4:11). Якчанд соат пеш аз маргаш «фариштае аз осмон бар Ӯ зоҳир гардида, Ӯро тақвият медод» (Луқ. 22:43). Исо боварӣ дошт, ки Яҳува барои иҷрои иродааш кадом вақте, ки даркор шавад фариштагони Худро мефиристад (Мат. 26:53).

18, 19. Чӣ тавр Каломи Худо дар ҳаёт ва таълимоти Исо роҳнамо буд?

18 Каломи Худо Исоро роҳнамоӣ мекард. Аз аввали хизмати худ Исо гузошт, ки Навиштаҳо ӯро роҳнамоӣ кунанд (Мат. 4:4). Дар ҳақиқат Исои Масеҳ ба Каломи Худо то дами марг итоат кард. Ӯ ҳатто охирон суханонашро аз Навиштаҳо гуфт, ки дар ҳаққи ӯ пешгӯӣ шуда буданд (Мат. 27:46; Луқ. 23:46). Дар давраҳои Исо роҳбарони дин расму оини одамиро аз Каломи Худо боло мемонданд. Суханони Ишаъё-пайғамбарро иқтибос оварда Исо дар бораи онҳо гуфт: «Ин мардум бо забони худ ба Ман наздик мешаванд ва бо лабони худ Маро парастиш мекунанд, лекин дилашон аз Ман дур аст» (Мат. 15:7–9). Албатта, Яҳува чунин мардонро ҳеҷ вақт чун пешво интихоб намекард.

19 Исо дар вақти таълим додани дигарон Каломи Худоро истифода мебурд. Вақте ки роҳбарони дин бо ӯ баҳс мекарданд, ӯ ба хираду таҷрибаи худ такя накарда аз рӯи Навиштаҳо гап мезад (Мат. 22:33–40). Исо метавонист, ки ба шунавандагонаш дар бораи ҳаёти осмонии худ ва офариниши олам гап зада вақти онҳоро хуш кунад, лекин ба ҷойи ин ӯ «зеҳни онҳоро равшан кард, то ки Навиштаҳоро бифаҳманд» (Луқ. 24:32, 45). Исо Каломи Худоро беҳад дӯст медошт ва сахт мехост, ки ба дигарон дар бораи он нақл кунад.

20. а) Чӣ тавр Исо нишон медод, ки ба Яҳува итоаткор аст? б) Исо аз Ҳиродус Ағрипоси I бо чӣ фарқ мекард?

20 Ҳарчанд суханони Исо шунавандагонашро ба ҳайрат меоварданд, лекин ӯ тамоми ҷалолро ба Устоди худ, Яҳува медод (Луқ. 4:22). Боре як марди бой Исоро ҷалол дода ӯро «Устоди некӯ» номид, Исо бошад, хоксорона ба ӯ гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯӣ? Ҳеҷ кас некӯ нест, ҷуз Худои ягона» (Марқ. 10:17, 18). Қариб ҳашт сол пас аз марги Исо дар Яҳудо Ҳиродус Ағрипоси I ҳукмронӣ мекард ва ӯ тамоман аз Исо фарқ дошт. Дар як ҷамъомади махсус вақте Ҳиродус бо «либоси шоҳона» баромад кард, мардум бо як овоз гуфтанд, ки «ин овози Худост, на овози инсон». Ин гапи одамон ба Ҳиродус беҳад маъқул шуд. Баъд чӣ рӯй дод? «Фариштаи Худованд ӯро зад, зеро ки ӯ Худоро ҷалол надод, ва кирмҳо ӯро хӯрданд, ва ӯ мурд» (Аъм. 12:21–23). Равшан аст, ки Ҳиродусро Яҳува пешво таъйин накардааст. Лекин баръакси ин Исо исбот кард, ки Яҳува ӯро интихоб кардааст. Ва ӯ ҳамавақт Яҳуваро чун Пешвои Бузург ҷалол медод.

21. Мо дар мақолаи навбатӣ чиро дида мебароем?

21 Яҳува мехост, ки Исо якчанд сол не, балки бисёртар чун Пешво ҳукмронӣ кунад. Исо баъд аз эҳёшавӣ ба шогирдонаш гуфт: «Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст». Ӯ боз гуфт, ки «Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам» (Мат. 28:18–20). Лекин чӣ хел Исо аз осмон истода халқи Худоро дар замин роҳнамоӣ карда метавонад? Яҳува аз замин киҳоро интихоб кард, то ки халқашро роҳнамоӣ кунанд? Ва аз рӯи чӣ намояндагони Худоро шинохтан мумкин аст? Дар мақолаи навбатӣ ба ин саволҳо ҷавоб мегирем.

^ сарх. 12 Шояд ин нусхаи аслие буд, ки худи Мусо онро навишт.