Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба имон ва итоаткории Нӯҳ, Дониёл ва Айюб пайравӣ кунед

Ба имон ва итоаткории Нӯҳ, Дониёл ва Айюб пайравӣ кунед

«Нӯҳ, Дониёл ва Айюб... бо адолати худ фақат ҷонҳои худро раҳо хоҳанд кард» (ҲИЗ. 14:14).

СУРУДҲО: 6, 54

1, 2. а) Чаро дида баромадани намунаи Нӯҳ, Дониёл ва Айюб моро рӯҳбаланд карда метавонад? б) Ҳизқиёл суханони ояти Ҳизқиёл 14:14-ро дар кадом вазъият навишта буд?

ОЁ ШУМО чунин озмоишҳоро, ба монанди бад шудани саломатӣ, мушкилиҳои иқтисодӣ ва таъқибот аз сар мегузаронед? Оё баъзан ба шумо дар хизмати Яҳува нигоҳ доштани хурсандӣ душвор аст? Агар ҳа, пас, дида баромадани намунаи Нӯҳ, Дониёл ва Айюб шуморо рӯҳбаланд мекунад. Онҳо низ мисли мо нокомил буданд ва бо мушкилиҳое, ки имрӯз мо дорем, рӯ ба рӯ мешуданд. Баъзан ҳатто ҳаёташон зери хатар буд, вале онҳо ба ин нигоҳ накарда, ба Яҳува содиқу итоаткор монданд. Барои ҳамин Худо онҳоро чун намуна овардааст. (Ҳизқиёл 14:12–14-ро хонед.)

2 Суханоне, ки дар аввали мақола чун ояти асосӣ оварда шудаанд, Ҳизқиёл-пайғамбар соли 612-и то милод дар Бобул навишта буд * (Ҳиз. 1:1; 8:1). Азбаски аксари мардуми Ерусалим ба Яҳува хиёнат мекарданд, Худо гуфт, ки шаҳр нобуд мешавад. Ва ин пешгӯйӣ панҷ сол пас, яъне соли 607-и то милод иҷро шуд. Шумораи ками одамоне, ки мисли Нӯҳ, Дониёл ва Айюб ба Худо содиқу итоаткор буданд, наҷот ёфтанд (Ҳиз. 9:1–5). Ирмиё, Борух, Абдумалик ва рекобиён аз ҷумлаи онҳо буданд.

3. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

3 Дар замони мо низ, вақте ин ҷаҳони Шайтон нобуд мешавад, танҳо касоне наҷот меёбанд, ки мисли Нӯҳ, Дониёл ва Айюб росткоранд (Ваҳй 7:9, 14). Биёед дида бароем, ки чаро Яҳува ин се шахсро одил мешумориду ба мо намуна овард. Дар вақти дида баромадани мисоли онҳо диққататонро ба ду чиз равона кунед: 1) Онҳо бо кадом мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуданд? 2) Чӣ хел мо ба имон ва итоаткории онҳо пайравӣ карда метавонем?

СОДИҚӢ ВА ИТОАТКОРИИ НӮҲ ДАР ДАВОМИ САДСОЛАҲО

4, 5. Нӯҳ бо кадом мушкилиҳо дучор мешуд? Чаро истодагарии ӯ ҷолиби диққат аст?

4 Мушкилиҳое, ки Нӯҳ бо онҳо рӯ ба рӯ шуд. Дар замони Ҳанӯх, бобокалони Нӯҳ, одамон аллакай аз Худо хеле дур шуданд. Онҳо рӯз ба рӯз бераҳм мешуданд ва ҳатто бар зидди Яҳува «суханони даҳшатнок» мегуфтанд (Яҳд. 14, 15). Дар рӯзҳои Нӯҳ «замин аз ситам пур шуд». Фариштагони бад ба замин фаромада, ба худ тани одамӣ гирифтанд ва духтарони одамиро ба занӣ гирифтанд. Дар натиҷа, аз онҳо насли бераҳму дилсахт таваллуд шуд (Ҳас. 6:2–4, 11, 12). Вале Нӯҳ аз ҳамзамононаш сахт фарқ мекард. Ӯ «дар назари Худованд илтифот ёфт... Нӯҳ марди одил буд, ва дар насли худ покдоман; Нӯҳ пеши Худо роҳ мерафт» (Ҳас. 6:8, 9).

5 Аз ин суханон мо дар бораи Нӯҳ чиро мефаҳмем? Имрӯз давомнокии умри аксари одамон 70 ё 80 сол аст. Нӯҳ бошад, дар байни одамони бадкор қариб 600 сол зиндагӣ карда, ба Худо содиқ монд (Ҳас. 7:11). Инчунин, дар замони Нӯҳ вохӯриҳои ҷамъомад набуданд ва ӯ хешу таборе надошт, ки имонашро мустаҳкам кунад *.

6. Дар кадом мавридҳо Нӯҳ далерӣ зоҳир мекард?

6 Нӯҳ мефаҳмид, ки фақат одами хуб будан кифоя нест, барои ҳамин ӯ далерона «дар бораи росткорӣ мавъиза мекард» (2 Пет. 2:5). «Ӯ бо имон ҷаҳонро ҳукм кард»,— гуфт Павлуси расул (Ибр. 11:7). Бешубҳа, дигарон ӯро масхара мекарданд ва муқобилият нишон медоданд. Ҳатто баъзан ҳаёти ӯ зери хатар буд. Аммо Нӯҳ ба одамтарсӣ дода нашуда бо ёрии Яҳува далерона амал мекард (Мас. 29:25).

7. Ҳангоми сохтани киштӣ Нӯҳ бо кадом мушкилиҳо дучор шуд?

7 Баъди зиёда аз 500 соли ба Яҳува хизмат карданаш, Яҳува ба Нӯҳ амр дод, то барои наҷоти одамон ва ҳайвонот киштие созад (Ҳас. 5:32; 6:14). Ин амри Худо шояд ба назари Нӯҳ душвор метофт, чунки гап танҳо дар сохтани киштӣ набуд. Ӯ мефаҳмид, ки барои иҷрои ин кор боз бештар ба масхара ва зиддияти одамон дучор мешавад. Аммо ба ин нигоҳ накарда, ӯ ба Яҳува итоат кард ва имони худро дар амал нишон дод. Ӯ «ҳар он чиро, ки Худо ба ӯ фармуда буд, ба ҷо овард» (Ҳас. 6:22).

8. Чӣ тавр Нӯҳ дар таъмин кардани оилааш ба Яҳува такя мекард?

8 Мушкилии дигари Нӯҳ аз ҷиҳати моддӣ таъмин кардани оилааш буд. Пеш аз Тӯфон, одамон аз замин бо як азоб ҳосил мегирифтанд ва Нӯҳ низ сахт меҳнат мекард (Ҳас. 5:28, 29). Бо вуҷуди ин, Нӯҳ диққаташро на ба ташвишҳои рӯзгор, балки ба Худо равона мекард. Ҳарчанд сохтмони киштӣ, қариб 40 ё 50 сол давом ёфт, дар ин муддати дурудароз имони Нӯҳ суст нашуд ва ӯ муносибаташро бо Яҳува мустаҳкам нигоҳ дошт. Баъди тӯфон Нӯҳ 350 соли дигар зиндагӣ карда, ба Яҳува содиқ ва итоаткор монд (Ҳас. 9:28). Чӣ намунаи хубест Нӯҳ барои мо!

9, 10. а) Чӣ тавр мо ба имон ва итоаткории Нӯҳ пайравӣ карда метавонем? б) Агар шумо меъёрҳои Худоро риоя кунед, аз чӣ дилпур буда метавонед?

9 Чӣ тавр мо ба имон ва итоаткории Нӯҳ пайравӣ карда метавонем? Агар нуқтаи назари Яҳуваро оиди чӣ будани неку бад дастгирӣ кунем, ба корҳои ин ҷаҳони Шайтон ҳамроҳ нашавем ва хости Яҳуваро дар ҷойи аввал гузорем, мо ба Нӯҳ пайравӣ мекунем (Мат. 6:33; Юҳ. 15:19). Албатта, ба бисёриҳо маъқул нест, ки мо ин тавр зиндагӣ мекунем. Ҳатто дар баъзе давлатҳо воситаҳои ахборотӣ моро барои риояи қонунҳои Худо оиди издивоҷ ва алоқаи ҷинсӣ танқид мекунанд. (Малокӣ 3:17, 18-ро хонед.) Лекин мо мисли Нӯҳ на аз одамон, балки аз Яҳува метарсем, чунки медонем, ки танҳо Ӯ ба мо ҳаёти ҷовидона бахшида метавонад (Луқ. 12:4, 5).

10 Дар бораи шахсан шумо чӣ гуфтан мумкин? Оё шумо мисли Нӯҳ ба таъқибот ва масхараи дигарон нигоҳ накарда ба Худо содиқ мемонед? Вақте ки аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ мекашед, оё боварӣ доред, ки Яҳува шуморо бе ризқу рӯзӣ намемонад? Агар шумо ба имон ва итоаткории Нӯҳ пайравӣ кунед, метавонед дилпур бошед, ки Яҳува ба шумо ғамхорӣ мекунад (Флп. 4:6, 7).

СОДИҚӢ ВА ИТОАТКОРИИ ДОНИЁЛ ДАР БАЙНИ ОДАМОНИ ХУДОБЕХАБАР

11. Дониёл ва се рафиқаш дар Бобул бо кадом мушкилиҳои калон рӯ ба рӯ шуданд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

11 Мушкилиҳое, ки Дониёл бо онҳо рӯ ба рӯ шуд. Дониёл дар Бобул чун асир зиндагӣ мекард. Ин шаҳр пур аз бутпарастӣ ва сеҳру ҷоду буд. Бобулиён яҳудиёнро паст мезаданд ва Худои онҳо Яҳуваро мазоҳ мекарданд (Заб. 136:1, 3). Дидани ҳамаи ин ба Дониёл ва дигар яҳудиёни содиқ, эҳтимол, хеле дардовар буд. Ғайр аз ин, Дониёл ва се рафиқаш Ҳананё, Мишоил ва Азарё, зери назорат буданд, чунки онҳоро барои дар қасри подшоҳ хизмат кардан тайёр мекарданд. Ба онҳо ҳатто хӯроки махсус дода мешуд, ки хӯрдани баъзеи онҳоро Яҳува манъ карда буд. Вале Дониёл намехост «худро бо хӯроки суфраи подшоҳ ва бо шаробе, ки ӯ менӯшад, палид» созад (Дон. 1:5–8, 14–17).

12. а) Дониёл чӣ гуна хислатҳои хубро зоҳир мекард? б) Яҳува Дониёлро чӣ гуна шахс меҳисобид?

12 Боз як чиз метавонист барои Дониёл васваса шавад. Ӯ дорои хирад ва қобилиятҳои хуб буд, барои ҳамин дар дарбори шоҳ мартабаи баландеро соҳиб шуд (Дон. 1:19, 20). Аммо ба ҷойи ҳавобаланд ва якрав шудан, ӯ шахси одиву фурӯтан монд ва барои ҳамаи комёбиаш доимо Яҳуваро ҷалол медод (Дон. 2:30). Ҷолиби диққат аст, ки Яҳува Дониёлро ҳанӯз дар ҷавониаш дар қатори чунин ходимони содиқ, мисли Нӯҳ ва Айюб барои мо намуна овард. Дониёл ба ин сазовор буд, чунки ӯ то охири умраш ба Худо содиқ ва итоаткор монд. Вақте ки Дониёл қариб садсола буд, фариштаи Худо ӯро «марди дилписанд» номид. Ин суханон ба Дониёл боварӣ бахшиданд, ки Яҳува ӯро хеле қадр мекунад (Дон. 10:11).

13. Яке аз сабабҳое, ки Дониёл мавқеи баландро соҳиб шуд, эҳтимол кадом аст?

13 Ҳамин тавр Дониёл бо дастгирии Яҳува ҳам дар замони ҳукмронии Бобул ва ҳам дар давлати Модаю Форс мавқеи баландро соҳиб гашт (Дон. 1:21; 6:1, 2). Эҳтимол Яҳува ба Дониёл барои соҳиб шудани ин мартаба кӯмак кард, то вай ба халқи Исроил ёрдам кунад *. Чи хеле ки Юсуф дар Миср ва Эстеру Мордахай дар давлати Форс ба халқи худ кӯмак карда буданд, Дониёл низ метавонист аз мартабаи худ истифода бурда халқашро дастгирӣ кунад (Дон. 2:48). Барои Ҳизқиёл ва дигар яҳудиёни асир дидани он ки Яҳува ба воситаи Дониёл онҳоро дастгирӣ мекунад, хеле тасаллибахш буд.

Онҳое, ки беайбиашонро нигоҳ медоранд, барои Яҳува дилписанданд (Ба сархатҳои 14 ва 15 нигаред.)

14, 15. a) Аз кадом ҷиҳат вазъияти мо ба вазъияти Дониёл монанд аст? б) Падару модарон аз волидони Дониёл барои худ чӣ дарс гирифта метавонанд?

14 Чӣ тавр мо ба имон ва итоаткории Дониёл пайравӣ карда метавонем. Бобули бузург, империяи ҷаҳонии динҳои дурӯғ, ки дар Китоби Муқаддас «маскани девҳо» номида шудааст, одамонро аз Худо дур карда, ахлоқи онҳоро вайрон кардааст (Ваҳй 18:2). Дар байни ин гуна одамон мо имрӯз монанди Дониёл чун мусофир зиндагӣ мекунем. Азбаски мо аз дигарон фарқ мекунем, онҳо моро мазоҳу масхара мекунанд (Марқ. 13:13). Аз ин рӯ биёед чун Дониёл ба Яҳува, Худои худ, наздик шавем. Вақте ки бо фурӯтанӣ ва итоаткорӣ ба Яҳува такя мекунем, мо низ дар назари Ӯ дилписанд буда метавонем (Ҳаҷ. 2:7).

15 Падару модарон аз мисоли волидони Дониёл барои худ дарс гирифта метавонанд. Кадом дарс? Дар айёми кӯдакии Дониёл аксари яҳудиён ба корҳои бад дода шуданд. Ба ин муҳити зараровар нигоҳ накарда ӯ ҳамчун шахсе ба воя расид, ки Худоро дӯст медошт. Албатта, муҳаббат ба Худо дар дили ӯ худ аз худ не, балки дар натиҷаи таълиму тарбияи хуби волидонаш пайдо шуд (Мас. 22:6). Ҳатто маънои номи Дониёл, ки «Худованд довари ман» аст, нишон медиҳад, ки волидони ӯ шахсони худотарс буданд. Бинобар ин волидони азиз, бо сабру тоқат фарзандонатонро дар роҳи Яҳува тарбия кунед ва агар бо душворӣ рӯ ба рӯ шавед ҳам, ноумед нашавед (Эфс. 6:4). Инчунин бо онҳо ва дар ҳаққи онҳо дуо гӯед. Вақте шумо барои ҳақиқатро дар дили онҳо ҷо кардан ҳар кори аз дастатон меомадаро мекунед, Яҳува кӯшишҳои шуморо, албатта, баракат медиҳад (Заб. 36:5).

АЙЮБ ДАР САРВАТМАНДИВУ КАМБАҒАЛӢ СОДИҚУ ИТОАТКОР МОНД

16, 17. a) Айюб ҳангоми бою обрӯманд буданаш ба кадом васваса дода шуда метавонист? б) Вақте ки вазъияти Айюб дигар шуд, ӯ чӣ гуна озмоишҳоро аз сар гузаронд?

16 Мушкилиҳое, ки Айюб бо онҳо рӯ ба рӯ шуд. Биёед ду давраи ҳаёти Айюбро, ки аз ҳамдигар сахт фарқ мекунанд, муқоиса кунем. То озмоиш Айюб «аз тамоми аҳли шарқ бузургтар буд» (Айюб 1:3). Ӯ одами солиму бардам, ба ҳама машҳур ва обрӯманд буд (Айюб 29:7–16). Ин чизҳо метавонистанд барои ӯ васваса гарданд. Лекин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Айюб ҳавобаланд нашуд ва фикр намекард, ки бе Худо ҳам зиндагӣ карда метавонад. Барои ҳамин Яҳува ӯро «бандаи ман» номида гуфт, ки ӯ «марди беайб ва росткор ва худотарсе[ст], ки аз бадӣ дур мешавад» (Айюб 1:8).

17 Яку якбора ҳаёти Айюб ба таври ҷиддӣ тағйир ёфт. Ӯ тамоми чизу чораашро аз даст дод ва ба ҳолати хеле ғамангез гирифтор шуд. Ба мо маълум аст, ки Шайтон ба сари Айюб ин мусибатҳоро овард. Вай Айюбро бардурӯғ айбдор карда гуфт, ки ӯ Худоро фақат бо мақсади ба даст овардани ягон чиз ибодат мекунад. (Айюб 1:9, 10-ро хонед.) Яҳува ба ин тӯҳмати Шайтон беаҳамиятӣ накард. Худо ба Айюб имконият дод, то исбот кунад, ки ба Ӯ бо ниятҳои пок ва беғараз хизмат мекунад.

18. а) Дар истодагарии Айюб чӣ бештар диққати шуморо ҷалб мекунад? б) Аз муносибати Яҳува бо Айюб шумо дар бораи Худо чиро фаҳмидед?

18 Шайтон бераҳмона Айюбро пай дар пай зарба мезад. Ӯ маккорона амал кард, то ки Айюб дар ҳамаи ин бадбахтиҳо Яҳуваро гунаҳкор кунад (Айюб 1:13–21). Cе дӯсти Айюб барои тасаллӣ додани ӯ омаданд, аммо дар асл бо суханони дардовар Айюбро ғамгин мекарданд. Онҳо мегуфтанд, ки гӯё Худо ӯро барои гуноҳҳояш ҷазо дода истодааст (Айюб 2:11; 22:1, 5–10). Вале Айюб то охир беайбиашро нигоҳ дошт. Ҳарчанд баъзан вай суханони сахт мегуфт, Яҳува дарду ҳиссиёти ӯро мефаҳмид (Айюб 6:1–3). Ӯ медид, ки ҷони хизматгори вафодораш сахт дард мекунад ва ӯ хеле ғамгин аст. Охир, Шайтон гӯё Айюбро ба замин афтонда бераҳмона ӯро лату кӯб мекард. Вақте ки озмоиши Айюб ба охир расид, Яҳува ба ӯ аз пештара дида ду баробар зиёдтар дороӣ дод. Ғайр аз ин, Айюб 140 соли дигар зиндагӣ кард (Яъқ. 5:11). Дар ин муддат низ ӯ ба Яҳува пурра содиқ монд. Мо инро аз куҷо медонем? Ин аз суханони ояти асосии мақола, яъне Ҳизқиёл 14:14, ки якчанд аср пас аз марги Айюб навишта шуд, маълум аст.

19, 20. а) Чӣ тавр мо метавонем ба имон ва итоаткории Айюб пайравӣ кунем? б) Чӣ хел мо бо дигарон мисли Яҳува дилсӯз буда метавонем?

19 Чӣ тавр мо ба имон ва итоаткории Айюб пайравӣ карда метавонем. Новобаста аз он ки дар кадом шароит қарор дорем, биёед ҳамеша Яҳуваро дар ҳаётамон дар ҷойи аввал гузорем. Дар асл, мо бояд назар ба Айюб боз ҳам бештар ба Яҳува такя кунем ва ба Ӯ итоат намоем. Барои чӣ? Барои он ки мо дар бораи Шайтон ва найрангҳои вай чизҳои бештарро медонем (2 Қӯр. 2:11). Аз Китоби Муқаддас, хусусан аз китоби Айюб мо медонем, ки чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад. Аз пешгӯйии Дониёл мо мефаҳмем, ки Подшоҳии Худо ҳокимияти воқеӣ аст ва подшоҳаш Исои Масеҳ мебошад (Дон. 7:13, 14). Мо медонем, ки ин Подшоҳӣ ба наздикӣ ба тамоми азобу уқубат пурра хотима мебахшад.

20 Аз мисоли Айюб мо мефаҳмем, ки ба ҳамимононамон дар вақти ғаму андӯҳ ҳамдардӣ зоҳир кардан хеле муҳим аст. Онҳо шояд баъзан мисли Айюб суханони сахт гӯянд (Воиз 7:7). Аммо ба ҷойи танқид кардан, мо бояд ҳиссиёти онҳоро фаҳмем ва нисбаташон дилсӯз бошем. Ҳамин тавр, мо ба Падари меҳрубону ғамхорамон Яҳува пайравӣ мекунем (Заб. 102:8).

ЯҲУВА «ШУМОРО УСТУВОР ВА ҚАВӢ МЕГАРДОНАД»

21. Чӣ тавр ояти 1 Петрус 5:10 воқеаҳои ҳаёти Нӯҳ, Дониёл ва Айюбро ба хотир меорад?

21 Ҳарчанд Нӯҳ, Дониёл ва Айюб дар замонҳои гуногун ва дар муҳиту шароити ҳархела зиндагӣ карда буданд, онҳо дар мушкилиҳояшон истодагарӣ карданд. Саргузашти ҳаёти онҳо суханони зерини Петруси расулро ба ёдамон меорад: «Пас аз он ки ба муддати кӯтоҳе азоб мекашед, худи Худо, ки бо роҳҳои гуногун лутфу марҳамат зоҳир мекунад... таълимдиҳиатонро ба охир мерасонад. Ӯ шуморо устувор ва қавӣ мегардонад» (1 Пет. 5:10).

22. Дар мақолаи навбатӣ мо чиро муҳокима мекунем?

22 Ба воситаи суханони Петрус Яҳува моро низ боварӣ мебахшад, ки Ӯ ходимонашро устувор ва қавӣ мегардонад. Ҳар яки мо мехоҳем, ки Яҳува ба мо қувват диҳад, то дар ибодати Ӯ устувор монем. Барои ҳамин биёед ба имон ва итоаткории Нӯҳ, Дониёл ва Айюб пайравӣ кунем! Аз мақолаи навбатӣ мо мефаҳмем, ки сабаби асосии устувор мондани онҳо дар шинохтани Яҳува буд. Онҳо ҳама чизеро, ки Ӯ талаб мекард, мефаҳмиданд (Мас. 28:5). Ва барои мо низ ин муҳим аст.

^ сарх. 2 Ҳизқиёл соли 617-и то милод ба асирии Бобил бурда шуд. Суханони Ҳизқиёл 8:1–19:14-ро ӯ «дар соли шашум»-и асирӣ, яъне соли 612-и то милод навишта буд.

^ сарх. 5 Падари Нӯҳ, Ломак, ки марди худотарс буд, тахминан панҷ сол пеш аз Тӯфон вафот карда буд. Агар модар ва хоҳару бародарони Нӯҳ то вақти Тӯфон зинда буданд, дар Тӯфон нобуд шуданд.

^ сарх. 13 Шояд Яҳува инчунин роҳбарӣ кард, ки се рафиқи Дониёл низ мансаби баландро соҳиб шаванд (Дон. 2:49).