Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чун шахсони рӯҳонӣ пешравӣ кунед!

Чун шахсони рӯҳонӣ пешравӣ кунед!

«Мувофиқи рӯҳ рафтор кунед» (ҒАЛ. 5:16).

СУРУДҲО: 16, 10

1, 2. Як бародар кадом камбудии худро пай бурд ва ӯ чӣ кор кард?

РОБЕРТ дар айёми наврасиаш таъмид гирифта буд, лекин ӯ ҳаракат намекард, ки таълимоти Китоби Муқаддас дар дилаш реша давонад. Ӯ мегӯяд: «Ман ҳеҷ гоҳ ягон кори бад намекардам, ба ҳамаи вохӯриҳои ҷамъомад мерафтам, дар як сол чанд моҳ чун пешрави ёвар хизмат мекардам, лекин ҳамаи ин корҳоро гӯё фақат аз рӯйи одат мекардам. Ман ба назар рӯҳан бақувват метофтам, лекин ҳис мекардам, ки чизе намерасад».

2 Роберт худаш намефаҳмид, ки чӣ камбудӣ дорад, лекин баъдтар ӯ инро дарк кард. Вақте ки ӯ оиладор шуд, онҳо бо занаш чистонгӯӣ карда, оиди мавзӯъҳои гуногуни Китоби Муқаддас саволу ҷавоб мекарданд. Занаш, ки шахси рӯҳан баркамол буд, ба саволҳо бе ягон душворӣ ҷавоб медод, вале Роберт аксар вақт чӣ ҷавоб доданашро намедонист ва аз ин шарм медошт. Ӯ мегӯяд: «Гӯё ман ҳеҷ чизро намедонистам. Ман дар дили худ гуфтам: “Агар сардори рӯҳонии оилаам шудан хоҳам, бояд ҳатман ягон чора андешам”». Роберт ҳамин тавр кард. Ӯ мегӯяд: «Ман Китоби Муқаддасро мехондам ва гаштаву баргашта омӯзиш мекардам ва ҳақиқат бароям равшантар мешуд. Ман таълимоти Китоби Муқаддасро хубтар фаҳмидам ва аз ҳама муҳимаш бо Яҳува муносибати наздик пайдо кардам».

3. а) Аз мисоли Роберт мо чӣ омӯхта метавонем? б) Кадом саволҳои асосиро мо дар ин мақола дида мебароем?

3 Мо аз мисоли Роберт чӣ дарси муҳим гирифта метавонем? Мумкин мо аз Китоби Муқаддас ба андозае дониш дорем ва ба вохӯриҳои ҷамъомад мунтазам меравем, лекин худи ин чизҳо моро шахсони рӯҳонӣ намегардонанд. Ё шояд мо аллакай қадре рӯҳан пешравӣ кардаем, вале баъди худро тафтиш кардан мумкин пай мебарем, ки боз беҳтар шуда метавонем (Флп. 3:16). Барои он ки минбаъд низ чун шахсони рӯҳонӣ инкишоф ёбем, биёед се саволи асосиро дида бароем: 1) Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ҳолати рӯҳонии худро тафтиш кунем? 2) Чӣ тавр мо метавонем аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ кунем? 3) Шахси рӯҳан баркамол будан дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо чӣ тавр кӯмак карда метавонад?

ҲОЛАТИ РӮҲОНИИ ХУДРО ТАФТИШ КУНЕД

4. Маслиҳати дар Эфсӯсиён 4:23, 24 додашуда ба кӣ дахл дорад?

Вақте ки ба Худо хизмат карданро сар кардем, мо ба ҳамаи ҷонибҳои ҳаётамон дигаргунӣ даровардем. Ҳатто баъди таъмид низ мо ислоҳ шуданро давом дода истодаем. Чунки Каломи Худо маслиҳат медиҳад: «Минбаъд низ тарзи фикрронии худро нав созед» (Эфс. 4:23, 24). Азбаски мо нокомилем, ба ҳар яки мо лозим аст, ки доимо барои ислоҳ кардани камбудиҳои худ кӯшиш кунем. Ҳатто он ходимони Яҳува, ки солҳои дароз ба Ӯ хизмат мекунанд, бояд барои мустаҳкам нигоҳ доштани рӯҳонияти худ, яъне муносибати худ бо Худо, саъю кӯшиш кунанд (Флп. 3:12, 13).

5. Кадом саволҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки худро тафтиш кунем?

5 Барои беҳтар кардани ҳолати рӯҳониамон ва нигоҳ доштани муносибати наздик бо Яҳува мо бояд худро ростқавлона тафтиш кунем. Мо хоҳ ҷавон бошем, хоҳ калонсол метавонем аз худ пурсем: «Оё аз рафторам маълум аст, ки ман аз ҷиҳати рӯҳонӣ пеш рафта истодаам? Оё хислатҳои ман ба хислатҳои Масеҳ монанд шуда истодааст? Муносибати ман ба вохӯриҳои ҷамъомад ва рафторам дар он ҷо оиди ҳолати рӯҳонии ман чиро нишон медиҳад? Ҳангоми муошират бо дигарон ман асосан оиди чӣ гап мезанам ва ин дар бораи хоҳишҳои ман чиро ошкор мекунад? Оё ман одат дорам, ки мунтазам омӯзиши шахсӣ гузаронам? Тарзи либоспӯшии ман, намуди зоҳириам ва муносибатам ба маслиҳат дар бораи ман чиро нишон медиҳанд? Вақте ки ман бо васвасаҳо дучор мешавам, чӣ гуна рафтор мекунам? Оё маро аз ҷиҳати рӯҳонӣ шахси баркамол гуфтан мумкин аст ё ман то ҳол рӯҳан мисли кӯдак мебошам?» (Эфс. 4:13). Вақте ки мо оиди ин саволҳо мулоҳиза карда ба онҳо ҷавоб медиҳем, мо дараҷаи пешравии рӯҳониамонро муайян месозем.

6. Барои тафтиш кардани ҳолати рӯҳонии худ, боз чӣ лозим буда метавонад?

6 Барои тафтиш кардани ҳолати рӯҳониамон ба мо баъзан ёрдами дигарон лозим аст. Павлуси расул қайд кард, ки одами ҷисмонӣ намефаҳмад, ки тарзи ҳаёташ ба Худо писанд нест. Вале одами рӯҳонӣ нуқтаи назари Худоро мефаҳмад ва медонад, ки ахлоқи нодурусти одами ҷисмонӣ ба Худо маъқул нест (1 Қӯр. 2:14–16; 3:1–3). Агар мо рӯҳияи шахси ҷисмониро зоҳир кунем, пирони рӯҳан баркамол метавонанд инро дар вақташ пай бурда, моро огоҳ кунанд. Оё мо хатогиамонро ба гардан гирифта аз рӯйи маслиҳати онҳо амал мекунем? Агар ин тавр кунем, нишон медиҳем, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ пеш рафтан мехоҳем (Воиз 7:5, 9).

АЗ ҶИҲАТИ РӮҲОНӢ ПЕШРАВӢ КУНЕД

7. Чаро барои шахси рӯҳонӣ будан фақат донистани Китоби Муқаддас кифоя нест?

7 Дар ёд доред, ки барои одами рӯҳонӣ шудан фақат гирифтани дониш аз Китоби Муқаддас кифоя нест. Подшоҳ Сулаймон, ки дар замони қадим зиндагӣ мекард, дар бораи Яҳува дониши зиёд дошт. Суханони хирадмандонаи ӯ баъдтар ҳатто қисми Китоби Муқаддас шуданд. Вале дар охири умраш вай аз ҷиҳати рӯҳонӣ суст шуд ва ба Яҳува содиқ намонд (3 Подш. 4:29, 30; 11:4–6). Пас, ғайр аз дониш гирифтан боз чӣ кор кардан лозим аст? Ба мо лозим аст, ки доимо барои қавӣ кардани имонамон кӯшиш кунем (Қӯл. 2:6, 7). Вале чӣ тавр мо инро карда метавонем?

8, 9. а) Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки имонамонро қавӣ нигоҳ дорем? б) Мо бояд бо кадом мақсад омӯзиш ва мулоҳиза ронем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

8 Павлус масеҳиёни асри якро водор кард, ки «сӯйи камолот» шитобанд (Ибр. 6:1). Чӣ тавр мо имрӯз ин маслиҳатро ба кор бурда метавонем? Як қадами муҳим, ин омӯзиш кардани китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред» аст. Омӯзиши пурраи ин китоб ба шумо кӯмак мекунад, то ки дар амал ба кор бурдани принсипҳои Китоби Муқаддасро ёд гиред. Агар шумо аллакай омӯзиши ин китобро тамом карда бошед, метавонед дигар адабиёти ташкилотамонро дар омӯзиши шахсӣ истифода бурда, имонатонро мустаҳкам кунед (Қӯл. 1:23). Ҳамчунин мо бояд оиди чизҳои омӯхтаамон мулоҳиза ронем ва дуо гӯем, ки онҳоро дар ҳаёт дуруст истифода барем.

9 Мо бо кадом мақсад бояд омӯзиш ва мулоҳиза кунем? Дар мо бояд хоҳиши самимии ба Яҳува писанд омадан пайдо шавад. Инчунин, муҳим аст, ки аз сидқи дил риоя кардани қонунҳои Ӯро ёд гирем (Заб. 39:9; 118:97). Ҳамзамон, мо бояд аз ҳама чизҳое, ки ба пешравии рӯҳонии мо халал мерасонанд, дурӣ ҷӯем (Тит. 2:11, 12).

10. Ҷавонон барои рӯҳан пешравӣ кардан чӣ кор карда метавонанд?

10 Агар шумо ҷавонед, оё мақсадҳои аниқи рӯҳонӣ доред? Як бародар, ки дар Байт-Ил хизмат мекунад, одат дошт, ки дар анҷуманҳо пеш аз сар шудани барнома бо таъмидгирандагон сӯҳбат кунад. Бисёри таъмидгирандагон ҷавононанд. Ин бародар аз онҳо мепурсад, ки чӣ гуна мақсадҳои рӯҳонӣ доранд. Аз ҷавоби аксари онҳо маълум мегардад, ки аллакай оиди хизмати ояндаи худ бодиққат фикр кардаанд. Баъзеашон мегӯянд, ки дар ягон намуди хизмати пурравақт иштирок кардан мехоҳанд ё ба минтақаҳое рафтанианд, ки ба воизон ниёзи бештар вуҷуд дорад. Лекин баъзе ҷавонон намедонанд чӣ ҷавоб диҳанд. Ин чиро нишон медиҳад? Шояд онҳо фикр мекунанд, ки мақсадҳои рӯҳонӣ доштан шарт нест. Ҷавонон, бо додани саволи зерин худро тафтиш кунед: «Оё ман танҳо барои ба волидонам писанд омадан ба ҷамъомад ва хизмат меравам ё худам низ кӯшиш мекунам, ки бо Худо муносибати наздик инкишоф диҳам?» Албатта, маслиҳат оиди гузоштани мақсадҳои рӯҳонӣ на танҳо ба ҷавонон дахл дорад. Доштани чунин мақсадҳо ба ҳамаи ходимони Яҳува кӯмак мекунад, ки рӯҳан пешравӣ кунанд (Воиз 12:1, 13).

11. а) Чӣ кор кунем, то аз ҷиҳати рӯҳонӣ хуб пешравӣ кунем? б) Ба намунаи кӣ мо пайравӣ карда метавонем?

11 Вақте мо фаҳмидем, ки аз кадом ҷиҳат беҳтар шуданамон лозим аст, бояд кӯшиш кунем, ки камбудиҳоямонро ислоҳ кунем. Рӯҳан пешравӣ кардан хеле муҳим аст, чунки аз ин ҳаёти мо вобаста аст (Рум. 8:6–8). Лекин Яҳува аз мо талаб намекунад, ки комил бошем. Ӯ метавонад бо рӯҳулқудсаш ба мо кӯмак расонад, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ кунем. Ба ҳар ҳол, худи мо низ бояд кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем. Дар Луқо 13:24 гуфта шудааст: «Бо тамоми қувват саъю кӯшиш намоед, ки аз дари танг дароед». Бародар Ҷон Барр, ки пеш чун аъзои Ҳайати роҳбарикунанда хизмат мекард, боре ин оятро шарҳ дода, чунин гуфт: «Бисёриҳо ин корро карда наметавонанд, чунки ба таври лозима кӯшиш намекунанд». Мо бояд мисли Яъқуб бошем. Ӯ бо тамоми қувват бо фариштаи Худо гӯштин гирифт ва то даме, ки фаришта баракат надиҳад, вайро сар надод (Ҳас. 32:26–28). Ҳарчанд омӯзиши Китоби муқаддас шавқовар буда метавонад, мо набояд ба он мисли қиссаи бадеӣ, ки танҳо барои вақтхушӣ навишта шудааст, муносибат кунем. Мо бояд ҳангоми хондани он кӯшишу ғайрат кунем, то ганҷҳои рӯҳониеро, ки ба мо кӯмак мекунанд, ёбем.

12, 13. а) Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки суханони Румиён 15:5-ро ба кор барем? б) Чӣ тавр мисоли Петруси расул ва маслиҳаташ ба мо кӯмак карда метавонад? в) Барои аз ҷиҳати рӯҳонӣ беҳтар шудан шумо чӣ кор карда метавонед? (Нигаред ба чорчӯбаи « Қадамҳое, ки шумо барои рӯҳан пешравӣ кардан гузошта метавонед».)

12 Вақте ки мо барои рӯҳан пешравӣ кардан кӯшиш мекунем, рӯҳи муқаддас ба мо қувват медиҳад, то тарзи фикррониамонро дигар кунем. Бо ёрдами ин рӯҳ мо торафт мисли Исо фикр карданро ёд мегирем (Рум. 15:5). Ҳамчунин, ин рӯҳ ба мо кӯмак мекунад, то ки хоҳишҳои ҷисмро аз худ дур кунем ва хислатҳои ба Худо писандро инкишоф диҳем (Ғал. 5:16, 22, 23). Агар мо пай барем, ки ҳушу хаёли мо бештар ба чизҳои моддӣ ё хоҳишҳои нафсонӣ равона шуда истодааст, мо бояд бо чунин фикрҳо мубориза барем. Аз Яҳува гаштаву баргашта рӯҳи муқаддас пурсед ва Ӯ ба шумо барои ба самти дуруст равона кардани фикрҳоятон кӯмак мекунад (Луқ. 11:13). Агар Петруси расулро ба хотир орем, вай дар давоми ҳаёташ якчанд маротиба тавре рафтор кард, ки ба одами рӯҳонӣ хос нест (Мат. 16:22, 23; Луқ. 22:34, 54–62; Ғал. 2:11–14). Лекин ӯ бо камбудиҳояш мубориза бурд ва оқибат бо ёрдами Яҳува тарзи фикрронии Масеҳро аз худ кард. Мо низ чунин карда метавонем.

13 Баъдтар худи Петрус ба масеҳиён маслиҳат дод, ки кадом хислатҳоро инкишоф додан лозим аст (2 Петрус 1:5–8-ро хонед.) Агар мо «тамоми кӯшишро ба харҷ дода» хислатҳои худдорӣ, истодагарӣ ва меҳри бародариро инкишоф диҳем, мо метавонем минбаъд низ рӯҳан пешравӣ кунем. Ҳар рӯз аз худ пурсед: «Имрӯз ман барои инкишоф додани кадом хислат кӯшиш карда метавонам, то ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ беҳтар шавам?»

ПРИНСИПҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАСРО ДАР ҲАЁТИ ҲАРРӮЗА БА КОР БАРЕД

14. Шахси рӯҳонӣ будан ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо чӣ тавр таъсир мекунад?

14 Агар мо тарзи фикрронии Масеҳро дошта бошем, ин ба рафтору гуфторамон дар ҷойи кор ё мактаб ва ба қарорҳое, ки мо ҳар рӯз қабул мекунем, таъсир мекунад. Он гоҳ қарорҳои мо нишон медиҳанд, ки мо ба ӯ пайравӣ кардан мехоҳем. Чун одамони рӯҳонӣ, мо намехоҳем, ки чизе ба муносибати мо бо Яҳува зарар расонад. Тарзи фикрронии Масеҳ ба мо кӯмак мекунад, ки васвасаҳоро бо қатъият рад кунем. Дар вақти қабул кардани қарорҳо хуб мебуд, ки мо даме истода дар бораи саволҳои зерин фикр кунем: «Кадом принсипҳои Китоби Муқаддас дар ин ҳолат ба ман кӯмак карда метавонанд? Агар дар ҷойи ман Исо мебуд, ӯ чӣ кор мекард? Кадом қарорам Яҳуваро хурсанд мекунад?» Биёед бо ёрии якчанд мисол қарори дуруст қабул карданро машқ кунем. Мо мебинем, ки дар ҳар як ҳолат кадом принсипи Китоби Муқаддас кӯмак карда метавонад.

15, 16. Мисол оред, ки чӣ тавр тарзи фикрронии Масеҳ барои қабул кардани қарор дар мавридҳои зерин кӯмак мекунад: а) интихоби ҳамсар б) интихоби дӯстон.

15 Интихоби ҳамсар. Дар ин кор принсипи дар 2 Қӯринтиён 6:14, 15 овардашуда кӯмак карда метавонад. (Оятро хонед.) Суханони дар ин оятҳо гуфтаи Павлус равшан нишон медиҳанд, ки шахси рӯҳонӣ ва шахси ҷисмонӣ аз ҳамдигар хеле фарқ мекунанд. Чӣ тавр ин принсип дар интихоби ҳамсар кӯмак карда метавонад?

16 Интихоби дӯстон. Ба принсип аз 1 Қӯринтиён 15:33 аҳамият диҳед. (Оятро хонед.) Одами худотарс бо онҳое, ки имонашро суст карда метавонанд, дӯст намешавад. Фикр кунед, ки чӣ тавр шумо ин принсипро ба кор бурда метавонед. Масалан, ба худ чунин саволҳо диҳед: «Ҳангоми муошират ба воситаи интернет чӣ тавр ин оятро ба назар гирам? Агар ягон одами ношинос маро тавассути интернет ба бозии компютерӣ таклиф кунад, ман бояд чӣ кор кунам?»

Оё қарорҳои ман кӯмак мекунанд, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ кунам? (Ба сархати 17 нигаред.)

17–19. Шахси рӯҳонӣ будан ба шумо чӣ тавр ёрдам мекунад, ки а) аз корҳои беҳуда канорагирӣ кунед? б) дар ҳаёт мақсадҳои хуб гузоред? в) якдигарнофаҳмиҳоро ҳал кунед?

17 Корҳое, ки ба пешравии рӯҳонии мо халал мерасонанд. Павлус дар Ибриён 6:1 маслиҳати огоҳкунандае дод. (Оятро хонед.) Аз кадом «корҳои беҷон» мо бояд канорагирӣ кунем? Аз ҳамаи он кору амалҳои бефоидае, ки ба рӯҳан пешравӣ кардани мо халал мерасонанд. Ин принсип дар бисёр мавридҳои ҳаёт ба мо кӯмак мекунад, ки қарори дуруст қабул кунем. Масалан, пеш аз бо коре машғул шудан метавонем аз худ пурсем, ки оё он ба қатори корҳои ҷисм дохил намешавад. Ё вақте касе моро ба ягон намуди бизнес таклиф мекунад, мо бояд фикр кунем, ки розӣ шавем ё не. Агар одамон барои беҳтар кардани зиндагӣ шӯриш бардоранд, оё ман ба онҳо ҳамроҳ мешавам?

Оё қарорҳои ман кӯмак мекунанд, ки мақсадҳои рӯҳонӣ гузорам? (Ба сархати 18 нигаред.)

18 Мақсадҳои рӯҳонӣ. Исо дар Мавъизаи болои кӯҳ оиди гузоштани мақсадҳо дастуроти аниқ дод (Мат. 6:33). Шахси рӯҳонӣ ба сӯйи мақсадҳои рӯҳонӣ мешитобад. Дар хотир доштани ин принсип кӯмак мекунад, ки ба саволҳои зерин ҷавоб диҳем: «Оё ман баъди гирифтани маълумоти миёна аз пайи маълумоти олӣ шавам? Оё ба ин кор розӣ шавам ё не?»

Оё қарорҳои ман кӯмак мекунанд, ки сулҳҷӯ бошам? (Ба сархати 19 нигаред.)

19 Якдигарнофаҳмиҳо. Маслиҳате, ки Павлус ба ҷамъомади Рум дод, чӣ тавр ба мо дар ҳал кардани якдигарнофаҳмиҳо кӯмак мекунад? (Рум. 12:18). Чун пайравони Исо мо кӯшиш мекунем, ки «бо ҳамаи одамон муросо» кунем. Вақте якдигарнофаҳмӣ ба миён меояд, мо чӣ тавр рафтор мекунем? Оё мо якравона ҳақ будани худро исбот мекунем ё чун одами сулҳҷӯ рафтор менамоем? (Яъқ. 3:18).

20. Чаро шумо аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ кардан мехоҳед?

20 Инак, бо ёрии чанд мисол мо дида баромадем, ки шахсони рӯҳонӣ оиди принсипҳои Китоби Муқаддас мулоҳиза ронда, қарорҳои дуруст қабул мекунанд. Боз дидем, ки агар тарзи фикрронии Масеҳро дошта бошем, ҳаёт ба мо хурсандии бештар меорад. Роберт, ки дар борааш дар аввали мақола сухан ронда будем, мегӯяд: «Баъди инкишоф додани муносибати наздик бо Яҳува ман вазифаамро чун шавҳар ва падар хубтар иҷро мекардагӣ шудам. Ман худро қаноатманд ва хушбахт ҳис кардам». Агар мо барои рӯҳан пешравӣ кардан саъю кӯшиш кунем, мо низ чунин баракатҳоро соҳиб мегардем. Имрӯз ҳаёт ба мо қаноатмандии бештар меорад ва дар оянда мо «ҳаёти ҳақиқиро» соҳиб хоҳем шуд (1 Тим. 6:19).