БУРҶИ ДИДБОНӢ (НАШРИ ОМӮЗИШӢ) Январ 2017
Дар ин шумора мақолаҳои омӯзишӣ аз 27 феврал то 2 апрели соли 2017 оварда шудаанд.
Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд
Пеш аз ба дигар давлат кӯчидан бисёр хоҳарон аввал дудила буданд, ки ба он ҷо раванд ё не. Лекин чӣ ба онҳо дилпурӣ бахшид? Дар дигар давлат хизмат карда онҳо чиро ёд гирифтанд?
«Ба Худованд таваккал намо ва некӣ бикун»
Корҳое ҳаст, ки мо карда наметавонем, лекин Яҳува моро хурсандона дастгирӣ мекунад. Вале Ӯ мехоҳад, ки мо ҳам аз тарафи худ ҳаракат кунем. Чӣ тавр матни солона барои соли 2017 ба мо дар ин ёрдам мекунад?
Озодиатонро қадр кунед
Озодӣ чист ва Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд? Чӣ тавр шумо озодии дигаронро ҳурмат карда метавонед?
Чаро хоксорӣ муҳим аст?
Хоксорӣ чист ва чӣ тавр он бо фурӯтанӣ алоқаманд аст? Чаро инкишоф додани ин хислат муҳим аст?
Нигоҳ накарда ба душвориҳо шумо хоксор монда метавонед
Ҳангоми дигар шудани вазъият, танқидкунӣ ё таъриф кардани дигарон ва қарор доштан дар ҳолатҳои номуайян чӣ тавр хоксор монда метавонем?
«Он чиро, ки... шунидаӣ, ба одамони мӯътамаде бисупор»
Азбаски умр гузарон аст чӣ тавр калонсолон ба бародарони аз худашон ёштар ёрдам карда метавонанд, ки ӯҳдадориҳои бисёртарро ба гардан гиранд? Чӣ тавр ҷавонон нишон дода метавонанд, ки бародарони калонсолу ботаҷрибаро ҳурмат мекунанд?
Оё шумо медонед?
Чӣ тавр оташ дар замонҳои пеш аз як ҷо ба дигар ҷо бурда мешуд?