Нигоҳ накарда ба душвориҳо шумо хоксор монда метавонед
«Дар ҳузури Худои худ бо фурӯтанӣ [хоксорӣ, ТДН] роҳ рав» (МИКО 6:8).
1–3. Пайғамбаре аз Яҳудо чӣ кор кард ва оқибат чӣ шуд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
БОРЕ дар вақти ҳукмронии Ёробъом, Яҳува пайғамбарашро, ки аз Яҳудо буд, ба назди ин шоҳи осии Исроил фиристод, то ҳукмашро ба ӯ расонад. Пайғамбари фурӯтан ин ҳукмро ба шоҳ расонд ва Яҳува ӯро аз ғазаби шоҳи бераҳм ҳимоя кард (3 Подш. 13:1–10).
2 Вақте ки пайғамбари Худо ба хонааш мерафт ногаҳон пирамардеро, ки аз наздикиҳои Байт-Ил буд, мебинад. Пирамард ба марди Худо гуфт, ки ӯ ҳам пайғамбар аст. Ин пирамард на танҳо пайғамбарро фиреб дод, балки ӯро водор кард, ки ба амри Худо, ки «нон нахӯр, ва об нанӯш, ва бо роҳе ки омадаӣ, барнагард» гуфта буд, гӯш надиҳад. Яҳува аз ин кори ходимаш ба ғазаб омад. Аз ин рӯ баъдтар ҳангоми дар роҳ будани марди Худо шер ба ӯ ҳамла карда ӯро кушт (3 Подш. 13:11–24).
3 Чаро пайғамбари хоксор худписанд гардида ҳамроҳи пирамарди дурӯғгӯ рафт? Китоби Муқаддас дар ин бора ҳеҷ Мико 6:8-ро хонед.) Мувофиқи Китоби Муқаддас бо Худо роҳ рафтан маънои ба Ӯ такя кардан, ҳокимияти Ӯро дастгирӣ намудан ва тибқи роҳбарии Ӯ амал карданро дорад. Одами хоксор нағз мефаҳмад, ки ӯ бо Падари меҳрубону тавоно муошират карда метавонад ва ӯ бояд инро кунад. Пайғамбари Худо барои нағзтар фаҳмидани дастуроти Яҳува метавонист, ки як даҳан аз Ӯ пурсад, вале дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки ӯ ин тавр кард. Баъзан ба мо лозим меояд, ки қарори муҳим қабул кунем, вале мо аниқу равшан намедонем, ки Яҳува аз мо чӣ мехоҳад. Дар ин ҳолат ҷустани роҳбарии Яҳува ба мо ёрдам мекунад, ки хатогии ҷиддӣ накунем.
чиз намегӯяд. Эҳтимол пайғамбар тамоман фаромӯш кард, ки бояд «дар ҳузури Худои худ бо фурӯтанӣ роҳ» равад. (4. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
4 Аз мақолаи гузашта мо фаҳмидем, ки чаро хоксорӣ ба ходимони Яҳува муҳим аст ва зоҳир кардани он чиро дар бар мегирад. Дар кадом вазъиятҳо маълум мегардад, ки оё мо хоксорем ё не? Ва чӣ тавр мо онро инкишоф дода дар ҳолатҳои гуногун хоксор монда метавонем? Барои ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан биёед се мавридеро дида мебароем, ки дар он хоксории мо озмуда мешавад. Ва ҳамчунин мефаҳмем, ки чӣ гуна дар ин мавридҳо хирадмандона рафтор карда метавонем (Мас. 11:2).
ҲАНГОМЕ КИ ВАЗЪИЯТАМОН ДИГАР МЕШАВАД
5, 6. Чӣ тавр Барзилой хоксорӣ зоҳир кард?
5 Вақте ки дар ҳаётамон ё дар таъинотамон дигаргунӣ мешавад, он гоҳ хоксории мо озмуда мешавад. Боре Довуд ба Барзилой, ки мӯйсафеди 80-сола буд, аз рӯи эҳтиром гуфт, ки бо ӯ дар дарбор зиндагӣ кунад. Ин ба Барзилой имконият медод, ки аз сӯҳбати наздик бо Довуд ҳаловат барад. Вале Барзилой узру маънӣ карда «не» гуфт. Чаро? Вай аз сабаби пиронсолиаш нахост, ки ба Довуд бор шавад. Барои ҳамин ӯ ба ҷойи худ Кимҳомро, ки шояд яке аз писаронаш буд, тавсия дод (2 Подш. 19:31–37).
6 Хоксорӣ ба Барзилой кӯмак кард, ки хирадмандона қарор барорад. Вай таклифи Довудро на барои он рад кард, ки масъулиятро ба гардан гирифта наметавонист ё сари бедардашро дардманд кардан намехост. Баръакс Барзилой ба пириаш тан медод. Барои ҳамин намехост, ки аз қуввати худ берун ӯҳдадорӣ гирад. (Ғалотиён 6:4, 5-ро хонед.) Агар мо диққатамонро ба таъинот, обрӯ ё шӯҳратпарастӣ равона кунем, дар мо худпарастӣ, рақобат ва оқибат рӯҳафтодагӣ пайдо шуда метавонад (Ғал. 5:26). Хоксорӣ бошад, ба мо ёрдам мекунад, ки қобилияту ғайратамонро барои ҷалол додани Худо ва барои ба дигарон кӯмак кардан равона созем (1 Қӯр. 10:31).
7, 8. Чӣ тавр хоксорӣ ёрдам мекунад, ки худбовар нашавем?
7 Чи қадаре ки масъулият зиёд шавад, ҳамон қадар ҳокимият зиёд мешавад ва хоксории моро озмуда метавонад. Вақте Наҳемё фаҳмид, ки халқ дар Ерусалим азоб кашида истодааст, вай дар ҳаққи онҳо аз Яҳува мадад пурсид (Наҳемё 1:4, 11). Яҳува ба дуои Наҳемё ҷавоб дод. Дар натиҷа шоҳ Артаҳшасто Наҳемёро ҳокими замини Яҳудо таъин кард. Ҳарчанд Наҳемё бою бадавлат буд, вай на ба худаш, балки ба Яҳува такя мекард. Вай аз Яҳува роҳбарӣ мепурсид ва ҳамавақт Қонуни Ӯро мехонд (Наҳемё 8:1, 8, 9). Ҳарчанд ӯ ҳоким бошад ҳам, ҳокимияташро бар фоидаи худ истифода намебурд ва бо дигарон дағалона рафтор намекард (Наҳемё 5:14–19).
Масалҳо 3:5, 6-ро хонед.) Дар ҷаҳони имрӯза бисёриҳо худпарастанд ва мехоҳанд, ки аз дигарон беҳтар бошанд. Лекин ходимони Яҳува ин тавр намекунанд. Мо фикр намекунем, ки бо ӯҳдадориҳоямон аз дигар аъзои оила ё ҷамъомад як сар боло мешавем. Ба ҷойи ин мо бо якдигар ҳамкорӣ мекунем (1 Тим. 3:15).
8 Мисоли Наҳемё нишон медиҳад, ки чӣ гуна хоксорӣ ба мо кӯмак карда метавонад, ки ҳангоми дигар шудани таъинот ва гирифтани ӯҳдадории иловагӣ худбовар нашавем. Чӣ хел шахс худбовар шуда метавонад? Масалан, вақте ки пири ҷамъомад ба таҷрибаи худ такя карда масъалаи бо ҷамъомад алоқаманбударо бе дуо ҳал мекунад. Бародар ё хоҳаре аввал қарор қабул мекунаду баъд дар дуо аз Яҳува мепурсад, ки қарорашро баракат диҳад. Оё ин рафтори онҳо хоксорона аст? Одами хоксор ҳатто ягон корро маротибаҳои бисёр карда бошад ҳам, ба худаш такя намекунад. Вай ҳамеша дар хотир дорад, ки қуввату қудрати Яҳува беҳамтост. (ВАҚТЕ ДИГАРОН МОРО ТАЪРИФ Ё ТАНҚИД МЕКУНАНД
9, 10. Чӣ тавр хоксорӣ барои паси сар кардани ноҳаққӣ ёрдам мекунад?
9 Вақте ки моро ноҳақ танқид мекунанд, худдорӣ кардан осон нест. Масалан, ҳарчанд ки Ҳанноро шавҳараш нағз медид, Ҳанно аз сабаби фарзанддор нашуданаш сахт зиқ мешуд. Зани шавҳараш Фанинно бошад, ӯро сахт меранҷонд ва ӯ тез-тез гиря мекард. Боре вақте ки дар маъбад ӯ дуо мегуфт саркоҳин Элӣ ӯро дар бадмастӣ айбдор кард. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Ҳанно худашро идора намуд ва бо Элӣ боэҳтиромона гап зад. Дуои бо сӯзи дил гуфтаи Ҳанно дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, он аз имони қавӣ, ҳамд ва миннатдории ӯ нисбати Яҳува шаҳодат медиҳад (1 Подш. 1:5–7, 12–16; 2:1–10).
10 Хоксорӣ ба мо ёрдам мекунад, ки «бадиро бо некӣ мағлуб» кунем (Рум. 12:21). Ҷаҳони Шайтон пур аз бадист. Барои ҳамин вақте бо мо беадолатона рафтор мекунанд, аз ин набояд ҳайрон шавем. Ва агар одамон моро хашмгин кунанд ҳам, мо бояд худдорӣ кунем (Заб. 36:1). Хусусан вақте дар ҷамъомад бародарону хоҳарон моро хафа мекунанд, ин аламовар буда метавонад. Вале мо дар ин маврид ҳам ба Исо пайравӣ кардан мехоҳем. Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст: «Гирифтори бадгӯӣ гардида, Ӯ ҷавобан бадгӯӣ намекард... балки Худро ба Довари Одил месупурд» (1 Пет. 2:23). Исо фурӯтан буд ва медонист, ки Яҳува беадолатиро бартараф мекунад (Рум. 12:19). Мо ҳам мехоҳем, ки фурӯтан бошем ва «дар ивази бадӣ бадӣ» кардан намехоҳем (1 Пет. 3:8, 9).
11, 12. а) Муносибати мо нисбати таърифу хушомад бояд чӣ гуна бошад? б) Чӣ тавр хоксорӣ ба тарзи либоспӯшӣ, ороиш ва рафторамон таъсир мерасонад?
11 Таърифу хушомад низ хоксории моро озмуда метавонад. Биёед мисоли Эстерро дида мебароем, ки чӣ тавр баъд аз малика шудан худашро гум накард. Ӯ беҳад хушрӯ буд ва дар давоми як сол барои боз ҳам зеботар шудан муолиҷаи махсусро гузашт. Ӯ ҳар рӯз бо духтароне сӯҳбат мекард, ки аз тамоми қаламрави империяи Форс буданд ва барои малика шудан рақобат мекарданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда вай хислатҳои хубашро гум накард. Эстер ҳатто баъд аз малика шуданаш аз худ нарафт ва ҳавобаланд нашуд (Эст. 2:9, 12, 15, 17).
12 Агар мо хоксор бошем ба тарзи либоспӯшӣ, ороиш ва рафторамон аҳамият медиҳем, то ки ба Худо писанд оем. Ба ҷои худтаърифкунӣ ва диққати одамонро ба худ ҷалб кардан мо кӯшиш мекунем, ки «рӯҳи ҳалиму сокит»-ро зоҳир намоем (1 Петрус 3:3, 4-ро хонед; Ирм. 9:23, 24). Агар шӯҳратпарастӣ дар диламон бошад, он охиру оқибат дар рафтору гуфторамон аён мегардад. Масалан, шояд мо гӯем, ки аз таъиноти махсус ҳаловат мебарем, ба мо маълумоти махфӣ дастрас аст ва ё бо бародарони масъул дӯстӣ дорем. Ё ягон корро мо бо дигарон карда бошем ҳам, фахр намуда мегӯем, ки мо ин корро худамон кардем. Биёед намунаи Исоро ба ёд орем. Чизҳое ки ӯ мегуфт нисфи зиёдаш аз Навиштаҳои Ибронӣ буд. Исо аз хоксорӣ тавре гап мезад, то дигарон фаҳманд, ки суханонаш аз Яҳува аст, на аз хираду ақли ӯ (Юҳ. 8:28).
ВАҚТЕ ҚАРОР ҚАБУЛ МЕКУНЕМ
13, 14. Чӣ тавр хоксорӣ барои дуруст қарор қабул кардан ба мо ёрдам мекунад?
13 Ҳамчунин ҳангоми қарор қабул кардан хоксории мо озмуда мешавад. Боре вақте ки Павлус дар Қайсария буд, пайғамбар Оғобус ӯро огоҳ кард, ки ба Ерусалим наравад, чунки дар он ҷо ӯро ба ҳабс гирифта мекуштанд. Инро фаҳмида бародарон Павлусро зорию тавалло карданд, ки ба Ерусалим наравад. Лекин онҳо Павлусро аз раҳаш гардонда натавонистанд. Магар Павлус худбовар буд? Не, албатта! Павлус хоксор буд ва пурра ба Яҳува такя мекард. Бародарон ҳам фурӯтанӣ зоҳир карда қарори Павлусро дастгирӣ карданд ва гузоштанд, ки ӯ ба Ерусалим равад (Аъм. 21:10–14).
14 Агар мо ҳам хоксор бошему вазъиятро пурра надонем ё тағйир додани вазъият аз дастамон наояд, қарорҳои дуруст қабул карда метавонем. Масалан, агар мо пурравақт хизмат кардан хоҳем, чунин фикр ба сарамон омаданаш мумкин: «Мабодо касал шавам, чӣ мешавад? Агар падару модари пиронсолам ба ёрдами ман мӯҳтоҷ шаванд-чӣ? Дар айёми пиронсолӣ баъд кӣ маро нигоҳубин мекунад?» Чи қадаре ки тадқиқот нагузаронем ва дуо нагӯем, мо ба ин саволҳо аниқ ҷавоб ёфта наметавонем (Воиз 8:16, 17). Вале агар мо ба Яҳува бовар кунем, тан мегирем, ки ҳама кор аз дастамон намеояд. Баъд аз тадқиқотгузаронӣ, маслиҳатгирӣ ва дуо мо бояд гузорем, ки Яҳува моро бо рӯҳи муқаддасаш роҳбарӣ кунад. (Воиз 11:4–6-ро хонед.) Агар чунин кунем, Яҳува қарорҳои моро баракат медиҳад ва ё барои иваз кардани нақшаҳоямон ба мо ёрдам мекунад (Мас. 16:3, 9).
ИНКИШОФ ДОДАНИ ХОКСОРӢ
15. Чӣ тавр дар бораи Яҳува мулоҳиза рондан ба мо кӯмак мекунад, ки фурӯтан монем?
15 Чӣ кор кунем, ки хоксориро бештар инкишоф диҳем? Биёед чор роҳеро дида мебароем, ки барои инкишоф додани хоксорӣ ба мо кӯмак мекунанд. Аввалан мо бояд дар бораи мартаба ва хислатҳои олии Яҳува фикр кунем, чунки ин барои хоксор будан ва Яҳуваро бисёртар эҳтиром кардан ёрдам мекунад (Иш. 8:13). Дар хотир доред, ки мо бо Худои Қодир роҳ меравем, на бо фаришта ё одам. Донистани ин моро бармеангезад, ки «дар зери дасти пурзӯри Худо фурӯтан» бошем (1 Пет. 5:6).
16. Чӣ тавр оиди муҳаббати Яҳува мулоҳиза рондан моро бармеангезад, ки хоксор бошем?
16 Дуюм, дар бораи муҳаббати Яҳува мулоҳиза рондан ба мо ёрдам мекунад, ки хоксориро инкишоф диҳем. Павлуси ҳавворӣ ҷамъомадро бо бадани инсон муқоиса кард. Яҳува бадани инсонро ҳамин хел офаридааст, ки ҳар як узв ҷойи худашро дорад ва пурарзиш аст (1 Қӯр. 12:23, 24). Ба ин монанд ҳар яки мо низ барои Яҳува пурарзишем. Ӯ дар ҳаққи ҳар яки мо новобаста аз маҳдудиятамон ғамхорӣ мекунад. Яҳува моро бо дигарон муқоиса намекунад ва нигоҳ накарда ба хатогиҳоямон муҳаббаташро аз мо дареғ намедорад. Дар ташкилоти Худо мо худро дар бехатарӣ ҳис мекунем, чунки медонем, ки Ӯ моро дӯст медорад.
17. Дар дигарон некӣ ҷустан ба мо чӣ тавр таъсир мекунад?
17 Сеюм, агар мо ба Яҳува пайравӣ карда дар дигарон чизи некро ҷӯем, миннатдорӣ ва хоксориамон зиёдтар мешавад. Ба ҷойи диққатро ба худ ҷалб кардан ва ё ҳокимиятро ба дасти худ гирифтан, мо фурӯтанона аз дигарон маслиҳат мепурсем ва пешниҳоди онҳоро қабул мекунем (Мас. 13:10). Вақте ки дигарон соҳиби ягон таъинот мешаванд, мо ҳамроҳи онҳо хурсандӣ мекунем. Мо Яҳуваро ҳамд мегӯем, вақте мебинем, ки чӣ тавр Ӯ бародарону хоҳаронро дар «сар то сари ҷаҳон» баракат дода истодааст (1 Пет. 5:9).
18. Чӣ тавр таълим додани виҷдонамон ёрдам мекунад, ки боз ҳам хоксортар шавем?
18 Чорум, вақте мо бо ёрии принсипҳои Китоби Муқаддас виҷдонамонро таълим медиҳем, боз ҳам хоксортар мегардем. Ба туфайли ин принсипҳо мо тарзи фикрронӣ ва ҳиссиёти Яҳуваро мефаҳмем. Вақте ба ҳама чиз мисли Яҳува менигарем, мо қарорҳое қабул мекунем, ки ба Ӯ писанданд. Агар мо омӯзиш гузаронем, дуо гӯем ва чизи фаҳмидаамонро ба кор барем, виҷдонамон боз ҳам қавитар мегардад (1 Тим. 1:5). Ҳамчунин мо аз худ авлотар донистани дигаронро ёд мегирем. Агар мо ин хел кунем, Яҳува ваъда медиҳад, ки моро таълим дода ёрдам мекунад, ки дар худ хоксорӣ ва дигар хислатҳои илоҳиро инкишоф диҳем (1 Пет. 5:10).
19. Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки ҳамеша хоксор монем?
19 Пайғамбаре, ки аз Яҳудо буд бо сабаби як амали худбоваронааш аз ҳаёт ва дӯстӣ бо Яҳува маҳрум шуд. Лекин мо ҳатто душвор бошад ҳам, хоксор монда метавонем. Инро намунаи ходимони содиқи Яҳува исбот мекунад. Чи қадаре ки мо бо Яҳува зиёдтар роҳ равем, ҳамон қадар бештар бояд ба Ӯ такя кунем (Мас. 8:13). Новобаста аз вазъиятамон бо Худо роҳ рафтан аллакай бароямон имтиёзи бузург аст. Инро қадр намоед ва барои то абад бо Худо хоксорона роҳ рафтан ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед.