Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд

Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд

ДАР БАЙНИ Шоҳидони Яҳува бисёр хоҳарони муҷаррад ҳастанд, ки дар ҷойҳое ки ба воизон ниёзи бештар вуҷуд дорад, хизмат мекунанд. Баъзеи онҳо аллакай даҳсолаҳо боз дар давлатҳои дигар хизмат карда истодаанд. Чӣ ба онҳо ёрдам кард, ки ба давлати дигар кӯчанд? Дар дигар давлат хизмат карда онҳо чиро ёд гирифтанд? Ҳоло ҳаёти онҳо чӣ гуна аст? Мо бо чанд нафари онҳо ҳамсӯҳбат шудем. Агар шумо хоҳари муҷаррад бошеду ба Яҳува бисёртар хизмат кардан хоҳед, пас суханони ин хоҳарон бароятон манфиат меоранд. Лекин ҳар як ходими Яҳува аз дида баромадани намунаи онҳо баҳра бурда метавонад.

МУБОРИЗА БО ШУБҲАҲО

Анита

Оё шумо тайёред, ки дар дигар давлат чун пешрав хизмат кунед? Анита, ки ҳоло синнаш аз 70 гузаштааст дар бораи қобилиятҳои худ сахт шубҳа мекард. Вай дар Англия калон шуда дар синни 18-солагӣ пешрав шуд. Ӯ мегӯяд: «Дар бораи Яҳува ба дигарон нақл кардан ба ман сахт маъқул буд, лекин ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардам, ки дар дигар давлат хизмат карда метавонам. Пештар ман ягон забонро наомӯхта будам ва боварӣ доштам, ки агар сар кунам ҳам, ёд намегирам. Барои ҳамин вақте ки маро ба Мактаби Ҷилъод даъват карданд, ман сахт хурсанд шудам. Вале, ҳамзамон дар ҳайрат мондам, ки чӣ хел ман барин одам ба чунин ҷой таклиф гардид. Лекин фикр кардам: “Агар Яҳува бовар кунад, ки ман аз ӯҳдаи ин кор баромада метавонам, ман кӯшиш мекунам”. Ин 50 сол пеш буд. Аз ҳамон вақт то ҳол ман чун миссионер дар Ҷопон хизмат карда истодаам». Анита илова мекунад: «Баъзан ман ба хоҳарони ҷавон мегӯям, ки “Сумкаатонро гиред ва маро дар саёҳати беҳтарини ҳаёт ҳамроҳӣ намоед”». Ман аз он хурсандам, ки бисёриҳо мисли ман дар дигар ҷойҳо хизмат карда истодаанд.

БО ДИЛПУРӢ АМАЛ КАРДАНД

Пеш аз ба дигар давлат кӯчидан бисёр хоҳарон аввал дудила буданд, ки ба он ҷо раванд ё не. Лекин чӣ ба онҳо дилпурӣ бахшид?

Морин

Морин, ки ҳоло синнаш аз 60 гузаштааст, нақл мекунад: «Дар наврасӣ ман сахт мехостам, ки ҳаётам мақсаднок бошад ва ба дигарон ёрдам кунам». Вақте ӯ 20-сола шуд, ба Квебек (Канада) кӯчид, ки дар он ҷо ба пешравон ниёзи калон вуҷуд дошт. Ӯ нақл мекунад: «Баъдтар маро барои таҳсил дар Мактаби Ҷилъод даъват карданд, лекин ман метарсидам, ки бе дӯстонам ба ҷойи ношинос меравам». Ӯ ҳамчунин мегӯяд: «Ман боз дар бораи модарам ғам мехӯрдам. Намехостам, ки ӯро танҳо монам, чунки ӯ ба падарам, ки касал нигоҳубин мекард. Якчанд шаб дар ин бора ба Яҳува бо гиряву нола дуо гуфтам. Вақте бо падару модарам дар бораи ташвишҳоям гап задам, онҳо маро барангехтанд, ки ба Мактаби Ҷилъод равам. Ман ҳамчунин дидам, ки чӣ тавр ҷамъомадамон нисбати падару модарам ғамхорӣ менамоянд. Дар ҳамаи ин дасти бузурги Яҳуваро дида ман боварӣ ҳосил кардам, ки Ӯ дар ҳаққи ман ғамхорӣ хоҳад кард. Акнун ман ба кӯчидан тайёр будам». Аз соли 1979 сар карда, Морин зиёда аз 30 сол чун миссионер дар Африқои Ғарбӣ хизмат кард. Ҳоло бошад, Морин модарашро нигоҳубин карда дар Канада чун пешрави махсус хизмат мекунад. Ба қафо назар намуда, вай солҳои дар дигар давлат хизмат кардаашро ба ёд оварда мегӯяд: «Яҳува ҳамеша ниёзҳои маро дар вақташ қонеъ мекард».

Венди

Венди ном хоҳаре аз Австралия, ки ҳоло синнаш аз 60 гузаштааст, дар наврасиаш хизмати пешравиро сар карда буд. Ӯ ба ёд меорад: «Ман тарсончак будам ва бароям бо одамони ношинос гап задан хеле душвор буд. Лекин хизмати пешравӣ ба ман ёрдам кард, ки бо ҳар хел одамон сӯҳбат карданро ёд гирам. Ҳамин тавр бовариям ба худам низ зиёд шудан гирифт. Ва бо гузашти вақт тарсончакиам тамоман гум шуд. Хизмати пешравӣ ба ман бештар ба Яҳува такя карданро ёд дод ва барои дар дигар ҷо хизмат кардан ба ман дилпурӣ бахшид. Инчунин хоҳари муҷарраде, ки беш аз 30 сол дар Ҷопон чун миссионер хизмат мекард, маро даъват намуд, ки ҳамроҳаш се моҳ дар Ҷопон хизмат кунам. Вақте бо ӯ хизмат мекардам хоҳишам барои ба дигар ҷо кӯчидан зиёдтар шуд». Дар миёнаи солҳои 1980-ум Венди ба Вануату кӯчид. Ин давлате мебошад, ки 1770 километр дар тарафи шарқии Австралия ҷойгир аст.

Венди ҳоло дар Вануату дар офиси дурдасти тарҷумонӣ хизмат карда истодааст. Ӯ мегӯяд: «Ман ташкилёбии гурӯҳҳо ва ҷамъомадҳоро дар минтақаҳои дурдаст дида хурсанд мешавам. Ба Яҳува дар ин ҷазираҳо хизмат кардан ва дар кори мавъиза саҳми хурдакаки худро гузоштан бароям шарафи бузург аст».

Кумико (дар байн)

Кумико хоҳаре, ки синнаш аз 60 гузаштааст, чун пешрави доимӣ дар Ҷопон хизмат мекард. Дар он ҷо пешраве, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, барояш ба Непал кӯчиданро пешниҳод намуд. Кумико мегӯяд: «Ӯ маро ҳар рӯз илтимос мекард ва ман бошам, ҳар рӯз “не” мегуфтам. Ман дар бораи он ғам мехӯрдам, ки чӣ хел забони навро ёд мегирам ва ба ҷои нав одат мекунам. Инчунин барои ба дигар давлат кӯчидан пул даркор буд ва ман бо ин ғаму ташвишҳоям мубориза мебурдам. Ва он вақтҳо ба садама дучор шуда оқибат ба беморхона афтодам. Дар беморхона ман фикр кардам: “Кӣ медонад, ки пагоҳ боз ба ман чӣ мешавад? Яки ман ба ягон бемории сахт гирифтор мешаваму баъд чун пешрав дар дигар давлат хизмат карда наметавонам. Оё ман ақаллан як сол дар дигар давлат хизмат карда метавониста бошам?” Дар дуо аз Яҳува зора кардам, ки ба ман дар гузоштани ин қадам ёрдам кунад». Баъд аз он ки Кумикоро аз беморхона ҷавоб додан ӯ ба Непал рафт ва баъдтар бо хоҳаре, ки ӯро дар хизмати пешравӣ ҳамроҳӣ мекард, ба он ҷо кӯчид.

Қариб баъд аз даҳ соли хизматаш дар Непал, Кумико мегӯяд: «Душвориҳое, ки дар бораашон ғам мехӯрдам, чун Баҳри Сурх аз пеши раҳам нест шуданд. Ман хурсандам, ки хизматро дар ҷое ки ба воизон ниёзи калон вуҷуд дорад, интихоб намудам. Одатан вақте хушхабари Китоби Муқаддасро дар хонаи ягон оила мавъиза мекунам, панҷ-шаш ҳамсояи дигар омада, маро гӯш мекунанд. Ҳатто кӯдакони хурдсол аз ман эҳтиромона хоҳиш мекунанд, ки ба онҳо рисола диҳам. Дар ҷое, ки одамони самимӣ бисёранд, мавъиза кардан хурсандӣ меорад».

ПАСИ САР КАРДАНИ ДУШВОРИҲО

Албатта, ин хоҳарони нотарс бо мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо ин душвориҳоро чӣ хел паси сар карданд?

Диана

Диана ном хоҳаре аз Канада мегӯяд: «Дар аввал аз оила дур будан бароям хеле мушкил буд». Ҳоло ӯ қариб 60-сола аст ва 20 сол дар Кот-дИвуар чун миссионер хизмат кардааст. «Ман аз Яҳува хоҳиш кардам, то ба ман ёрдам кунад, ки одамонро дӯст дорам. Яке аз устодони Мактаби Ҷилъод, бародар Ҷек Редфорд ба мо фаҳмонд, ки шояд дар аввал мо аз шароити таъиноти навамон дар ҳайрат монем, махсусан вақте бо камбағалӣ рӯ ба рӯ мешавем. Лекин ӯ гуфт: “Ба камбағалӣ нигоҳ накунед, балки ба рӯй ва чашмони одамон нигаред. Аҳамият диҳед, ки онҳо ҳангоми шунидани ҳақиқати Китоби Муқаддас чӣ гуна ба он муносибат мекунанд”. Ман ҳамин тавр кардам ва ин баракатҳои зиёд овард. Вақте ба дигарон хушхабари тасаллибахши Салтанатро мавъиза мекунам, мебинам, ки чӣ хел чашмони онҳо медурахшанд». Боз чӣ ба Диана кӯмак кард, ки муносибаташро ба хизмат дар дигар давлат иваз кунад? Ӯ мегӯяд: «Ман ба одамоне ки ҳамроҳашон Китоби Муқаддас меомӯхтам, наздик шудам ва аз дидани он ки онҳо ходимони содиқи Яҳува гаштанд, хеле хурсанд мешудам. Ҷойи таъинотам бароям чун хонаам шуд. Чи тавре ки Исо ваъда дода буд, ман падару модар ва бародару хоҳарони рӯҳониро пайдо кардам» (Марқ. 10:29, 30).

Анна, ки ҳоло синнаш аз 40 гузаштааст дар яке аз давлатҳои Осиё хизмат мекунад, ки дар он ҷо фаъолияти мо маҳдуд аст. Ӯ нақл мекунад: «Дар давоми солҳо дар ҷойҳои гуногун хизмат карда ман бо хоҳароне зиндагӣ мекардам, ки маданияту характери онҳо аз ман фарқ мекард. Баъзан ин ба хафагию нофаҳмиҳо оварда мерасонд. Дар чунин ҳолатҳо ман кӯшиш мекардам, ки ба он хоҳарон наздиктар шавам ва маданияти онҳоро беҳтар фаҳмам. Ҳамчунин ман сахт кӯшиш мекардам, ки меҳрубон бошам ва бисёртар дар бораи онҳо фикр кунам. Ман шодам, ки ин кӯшишҳоям беҳуда набуданд. Чунки дар натиҷа дӯстони бисёреро пайдо кардам, ки барои паси сар кардани мушкилиҳо то ҳол ба ман кӯмак мекунанд».

Юте

Хоҳаре аз Олмон бо номи Юте, ки ҳоло қариб 50-сола аст, соли 1993 барои хизмати миссионерӣ ба Мадагаскар таъин шуд. Ӯ нақл мекунад: «Дар аввал омӯхтани забон, ба иқлими намнок одат кардан, бо бемориҳои гуногун ба мисли вараҷа (малярия), паразиту кирмҳо мубориза бурдан бароям хеле душвор буд. Лекин бисёриҳо ба ман дасти кӯмак дароз карданд. Хоҳарони маҳаллӣ, фарзандони онҳо ва омӯзандагон ба ман пурсаброна забонро ёд медоданд. Вақте бемор будам хоҳари миссионере, ки ҳамроҳам буд, ба ман ғамхорӣ мекард. Вале беш аз ҳама ба ман Яҳува ёрдам кард. Ман мунтазам диламро ба Ӯ дар дуо холӣ мекардам. Баъд босаброна, баъзан рӯзҳо ва баъзан моҳҳо, ҷавоби дуоҳоямро интизор мешудам. Яҳува ҳар як душвориамро ҳал мекард». Ҳоло 23 сол мешавад, ки Юте дар Мадагаскар хизмат карда истодааст.

ҲАЁТИ ПУР АЗ БАРАКАТ

Ба мисли ин хоҳарон, воизоне ки дар дигар давлатҳо зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, ки ин гуна хизмат ҳаёти онҳоро боз ҳам пурмазмунтар кард. Баъзе аз баракатҳое, ки ин хоҳарон чашиданд, кадоманд?

Ҳайди

Ҳайди ном хоҳаре аз Олмон, ки ҳоло қариб 70-сола аст, аз соли 1968 сар карда дар давлате, ки ҳоло Кот-дИвуар ном дорад, чун миссионер хизмат карда истодааст. Ӯ мегӯяд: «Ман беҳад хурсандам, ки фарзандони рӯҳониам бо Яҳува муносибати наздик доранд. Баъзе аз омӯзандаҳое, ки пештар ҳамроҳашон Китоби Муқаддасро меомӯхтам, ҳоло чун пешрав ё пири ҷамъомад хизмат мекунанд. Бисёри онҳо маро “Оча” ё “Бибиҷон” мегӯянд. Як пири ҷамъомад бо зану фарзандонаш маро аъзои оилаи худ меҳисобанд. Ҳамин тавр Яҳува ба ман писар, келин ва се набераро ато кард» (3 Юҳ. 4)

Карен (дар байн)

Карен ном хоҳаре аз Канада, ки ҳоло қариб 70-сола мебошад, зиёда аз 20 сол дар Африқои Ғарбӣ хизмат кардааст. Ӯ мегӯяд: «Хизмати миссионерӣ ба ман боз ҳам бештар фидокор, меҳрубон ва пуртоқат буданро ёд дод. Ҳамчунин ҳамкорӣ бо бародарону хоҳарони миллаташон гуногун ҷаҳонбинии маро васеъ кард. Ман фаҳмидам, ки як корро бо тарзҳои гуногун кардан мумкин аст. Дар тамоми ҷаҳон доштани чунин дӯстони ҷонӣ бароям баракати бузург аст. Ҳарчанд зиндагӣ ва таъинотҳои мо тағйир меёбанд, лекин дӯстии мо пойдор мемонад».

Маргарет ном хоҳаре аз Англия, ки ҳоло қариб 80-сола аст, дар Лаос чун миссионер хизмат мекард. Ӯ нақл мекунад: «Дар дигар давлат хизмат карда ман бо чашмони худ дидам, ки чӣ тавр Яҳува одамони ҳар халқу миллатро ба ташкилоти худ ҷалб мекунад. Ин имони маро мустаҳкам кард. Ҳамчунин боварии комил ҳосил кардам, ки Яҳува ташкилоти худро роҳбарӣ карда истодааст ва нияти Ӯ ҳатман иҷро мешавад».

Дар ҳақиқат хоҳарони муҷарраде, ки дар давлатҳои дигар хизмат мекунанд, намунаи хубанд. Онҳо сазовори таърифу таҳсинанд (Дов. 11:40). Миқдори ин гуна ходимон рӯз аз рӯз афзуда истодааст (Заб. 67:12). Оё шумо ҳам ба намунаи ин хоҳарон пайравӣ карда метавонед? Агар ҳа, пас шумо, бешубҳа, «хоҳед дид, ки Худованд накӯст!» (Заб. 33:9).