Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 13

Аз офаридаҳо фарзандонатонро дар бораи Яҳува таълим диҳед

Аз офаридаҳо фарзандонатонро дар бораи Яҳува таълим диҳед

«Кӣ ҳамаи инро офаридааст?» (ИШ. 40:26).

СУРУДИ 89 Насиҳати падаронаи Яҳува: «Эй писарам, бохирад бош»

ПЕШГУФТОР a

1. Волидон аз кадом ҷиҳат ба фарзандонашон кумак кардан мехоҳанд?

 ВОЛИДОН, шумо дар ҳақиқат мехоҳед ба фарзандони худ кумак кунед, то Яҳуваро шиносанд ва дӯст доранд. Лекин ӯ Худои ноаён аст. Пас, чӣ тавр ба фарзандонатон кумак карда метавонед, то Яҳува барояшон воқеӣ шавад ва онҳо ба ӯ наздик гарданд? (Яъқ. 4:8).

2. Чӣ тавр волидон ба фарзандони худ дар бораи хислатҳои Яҳува таълим дода метавонанд?

2 Як роҳи муҳиме, ки фарзандон ба Яҳува наздик шуда метавонанд, ин омӯзиши Китоби Муқаддас аст (2 Тим. 3:14–17). Ғайр аз ин, дар Навиштаҳо оиди роҳи дигаре гуфта шудааст, ки дар бораи Яҳува дониш гирифтан мумкин. Дар китоби Панднома падаре ба писари худ ёдрас менамояд, ки хислатҳои Яҳува, ки аз офаридаҳояш маълуманд, ҳеҷ гоҳ аз назараш дур нашаванд (Пнм. 3:19–21). Пас, биёед бинем, ки чӣ тавр волидон ба воситаи офаридаҳо ба фарзандони худ дар бораи Яҳува таълим дода метавонанд.

ЧӢ ТАВР БА ВОСИТАИ ОФАРИДАҲО ФАРЗАНДОНРО ТАЪЛИМ ДОДАН МУМКИН?

3. Волидон бояд аз кадом ҷиҳат ба фарзандони худ кумак кунанд?

3 Дар Китоби Муқаддас дар бораи Худо гуфта мешавад, ки «хислатҳои нонамоёни ӯ... аз вақти офариниши ҷаҳон баръало аён аст, зеро одамон метавонанд ба воситаи офаридаҳо ин хислатҳоро дарк кунанд» (Рум. 1:20). Волидон, шумо, бешак, дар берун бо кӯдаконатон вақт мегузаронед. Аз фурсат истифода бурда ба онҳо кумак кунед, то бинанд, ки байни «офаридаҳо» ва хислатҳои аҷоиби Яҳува чӣ алоқамандие ҳаст. Дар ин маврид намунаи Исо ба шумо кумак мекунад.

4. Чӣ тавр Исо ба воситаи офаридаҳо шогирдонашро таълим медод? (Луқо 12:24, 27–30).

4 Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр Исо ба воситаи офаридаҳо таълим медод. Боре ӯ аз шогирдонаш хоҳиш кард, ки ба зоғҳо ва савсанҳо диққат кунанд. (Луқо 12:24, 27–30-ро хонед.) Исо метавонист ягон ҳайвон ё растании дигарро мисол орад, вале ӯ маҳз мисоли зоғ ва савсанҳоро овард. Чаро? Зеро ин чизҳо ба шогирдонаш нағз шинос буданд. Онҳо, аз афташ, медиданд, ки чӣ тавр дар осмон зоғҳо парвоз мекунанд ва дар саҳро гулҳо мешукуфанд. Тасаввур кунед, ки чӣ тавр Исо ба зоғҳову савсанҳо ишора карда сухан мегӯяд. Баъд аз ин мисол ӯ чӣ кор кард? Ӯ ба шогирдонаш дар бораи саховатмандӣ ва меҳрубонии Падари осмонии худ як дарси муҳимро таълим дод: чун дар мавриди зоғҳо ва гулҳои саҳро Яҳува хизматгорони вафодорашро мехӯронад ва мепӯшонад.

5. Чӣ тавр ба воситаи офаридаҳо волидон ба фарзанди худ дар бораи Яҳува таълим дода метавонанд?

5 Волидон, чӣ тавр шумо ҳангоми таълими фарзанди худ аз Исо ибрат гирифта метавонед? Барои ин ба ӯ дар бораи ҳайвон ё растании дӯстдоштаатон гап занед. Фаҳмонед, ки ин офаридаи Яҳува дар бораи ӯ чиро таълим медиҳад. Сипас аз фарзанди худ пурсед, ки ҳайвон ё растании дӯстдоштаи ӯ кадом аст. Агар дар ин бора аз ӯ пурсед, аҷаб нест, ки ӯ ба суҳбататон оиди хислатҳои Яҳува боз ҳам бештар диққат диҳад.

6. Мо аз намунаи модари Кристофер чӣ дарс мегирем?

6 Оё шарт аст, ки волидон аввал дар бораи ҳайвон ё растание дурудароз таҳқиқ кунанду баъд ба фарзандашон гӯянд, ки он дар бораи Яҳува чиро таълим медиҳад? Не, албатта. Исо дурудароз дар бораи хӯрду хӯроки зоғон ё нашъунамои гулҳои савсан нақл накард. Албатта, шояд ба фарзандони шумо гоҳ вақт дар бораи табиат муфассал суҳбат кардан маъқул бошад. Лекин баъзан як-ду сухани одӣ ё савол бас аст, ки шахс мақсади гапро фаҳмад. Аҳамият диҳед, бародаре бо номи Кристофер кӯдакиашро ба ёд оварда, чӣ мегӯяд: «Модарам бо як-ду сухани одӣ диққати моро ба офаридаҳои гирду атроф равона мекард. Масалан, вақте мо дар наздикии кӯҳҳо сайругашт мекардем, ӯ чунин мегуфт: “Бинед, чӣ хел кӯҳи калон ва зебо. Яҳува Худои олиҷаноб аст-а?” Ё, вақте аз назди баҳр мегузаштем, ӯ гуфта метавонист: “Ба қудрати ин мавҷҳо нигаред. Яҳува Худои пурқудрат аст-а?”» Кристофер илова мекунад: «Баъди ин суханони одӣ ва ҳамзамон пурмаънои модарам мо дар бораи офаридаҳо андеша мекардем».

7. Чӣ тавр шумо фарзандони худро таълим дода метавонед, ки дар бораи офаридаҳо мулоҳиза ронанд?

7 Ҳангоми калон шудани фарзандатон метавонед ба ӯ кумак кунед, ки офаридаҳоро мушоҳида карда, дар бораи хислатҳои Худо фаҳмад. Масалан, оиди ягон офаридаи аниқ гап кушода аз ӯ пурсед: «Аз ин офарида дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмӣ?» Шояд ҷавоби ӯ шуморо ба ҳайрат орад (Мат. 21:16).

ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БА ВОСИТАИ ОФАРИДАҲО ТАЪЛИМ ДИҲЕД. ЧӢ ТАВР?

8. Волидони исроилӣ «вақти роҳ рафтан» чӣ гуна имконият доштанд?

8 Волидони исроилӣ бояд ба фарзандонашон дар «вақти роҳ рафтан» амрҳои Яҳуваро таълим медоданд (5 Мӯсо 11:19). Дар Исроили қадим роҳҳо аз деҳот мегузаштанд. Барои ҳамин ҳайвонҳои гуногун, парандагон ва гулҳоро дидан мумкин буд. Волидони исроилӣ раҳ ба раҳ имконият пайдо мекарданд, ки шавқи фарзандонашонро нисбати офаридаҳои Яҳува бедор созанд. Волидон, эҳтимол аст, ки шумо низ чунин имконият доред ва метавонед ба воситаи офаридаҳо фарзандони худро таълим диҳед. Биёед бинем, ки баъзе волидон ин корро чӣ тавр карданд.

9. Шумо аз мисоли Пунита ва Катя чӣ дарс мегиред?

9 Модаре бо номи Пунита, ки дар як шаҳри калони Ҳиндустон зиндагӣ мекунад, мегӯяд: «Вақте ман ба деҳот, ба хабаргирии хешу табор, меравам, имконият пайдо мекунам, ки ба фарзандонам дар бораи офаридаҳои ҳайратангези Яҳува таълим диҳам. Ман пай мебарам, ки, вақте онҳо аз кӯчаҳои серодам ва роҳҳои сермошини шаҳр дур бошанд, ба офаридаҳо бештар диққат медиҳанд». Волидон, кӯдаконатон лаҳзаҳоеро, ки шумо якҷоя дар ҷойҳои зебо мегузаронед, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Аҳамият диҳед, Катя ном хоҳаре, ки аз Молдова аст, чӣ мегӯяд: «Беҳтарин хотираҳои кӯдакиам рӯзҳое мебошанд, ки бо волидонам дар деҳот мегузарондем. Ман аз волидонам бениҳоят миннатдорам. Онҳо маро аз хурдсолиам таълим доданд, ки истода, офаридаҳои Яҳуваро мушоҳида кунам, то ӯ бароям воқеӣ гардад».

Ҳатто дар шаҳр шумо фарзандонатонро ба воситаи офаридаҳо дар бораи Яҳува таълим дода метавонед (Ба сархати 10 нигаред.)

10. Агар ба волидон аз шаҳр берун сафар кардан душвор бошад, онҳо чӣ кор карда метавонанд? (Ба чорчӯбаи  «Кумак ба волидон» нигаред.)

10 Лекин, агар шумо имконияти ба деҳот рафтан надошта бошед-чӣ? Амол, ки инчунин аз Ҳиндустон аст, мегӯяд: «Дар ҷое, ки ман зиндагӣ мекунам, волидон соатҳои дароз кор мекунанд. Ҳамзамон ба деҳа сафар кардан қимат аст. Валекин офаридаҳоро дар боғҳои хурди фароғатӣ ё боми хона низ мушоҳида карда, дар бораи хислатҳои Яҳува суҳбат намудан мумкин аст». Агар аҳамият диҳед ҳатто дар гирду атрофи хонаатон бисёр офаридаҳои Яҳуваро ба фарзандони худ нишон дода метавонед (Заб. 104:24). Масалан, парандагон, ҳашарот, растаниҳо ва дигар чизҳоро. Карина, ки аз Германия мебошад, қайд менамояд: «Ба модари ман гулҳо маъқуланд. Барои ҳамин, вақте хурдсол будам, ҳар боре ки бо ӯ сайругашт мекардем, ӯ гулҳои зеборо дида, ба ман нишон медод». Волидон, шумо низ метавонед видеонаворҳо ва адабиётамонро, ки дар бораи офаридаҳо мебошанд, истифода бурда, фарзандони худро таълим диҳед. Бале, вазъият чи хеле набошад, шумо ба фарзандонатон кумак карда метавонед, ки корҳои Яҳуваро мушоҳида кунанд. Акнун биёед дар бораи баъзе хислатҳои Яҳува гап занем, ки ба диққати фарзандонатон расонда метавонед.

«ХИСЛАТҲОИ НОНАМОЁНИ» ЯҲУВА БАРЪАЛО АЁНАНД

11. Чӣ тавр волидон ба фарзандони худ кумак карда метавонанд, ки муҳаббати Яҳуваро дарк намоянд?

11 Барои он ки фарзандонатон муҳаббати Яҳуваро ҳис кунанд, диққати онҳоро ба ғамхории ҳайвонот нисбати бачагонашон равона кунед (Мат. 23:37). Инчунин ба онҳо гуногунии офаридаҳоро нишон диҳед, ки мо баҳра мебарем. Карина, ки дар сархати боло ёдовар шудем, илова мекунад: «Вақте ману модарам гаштугузор мекардем, ӯ мегуфт, ки истода, ҳар як гулро мушоҳида кунам; бинам, ки он чӣ сон нотакрор аст ва зебогиаш муҳаббати Яҳуваро нишон медиҳад. Аз он рӯзҳо чандин сол гузашта бошад ҳам, ман то ҳол рангорангӣ ва сохти гулҳоро бодиққат мушоҳида мекунам. Онҳо ба ман ёдрас мекунанд, ки Яҳува моро бениҳоят дӯст медорад».

Дар бораи сохти аҷоиби баданамон гап зада, ба фарзанди худ оиди хиради Яҳува таълим диҳед (Ба сархати 12 нигаред.)

12. Чӣ тавр волидон ба фарзандонашон кумак карда метавонанд, ки хиради Яҳуваро дарк кунанд? (Забур 139:14). (Инчунин ба расм нигаред.)

12 Ба фарзандонатон кумак кунед, ки хиради Худоро дарк намоянд. Яҳува аз мо дида садчандон хирадманд аст (Рум. 11:33). Масалан, ба фарзандони худ фаҳмонед, ки чӣ тавр об бухор шуда, абрҳо пайдо мешаванд ва ба осонӣ аз як ҷо ба ҷойи дигар мекӯчанд (Айюб 38:36, 37). Инчунин метавонед диққаташонро ба сохти аҷоиби бадани инсон равона кунед. (Забур 139:14-ро хонед.) Аҳамият диҳед чӣ тавр падаре бо номи Владимир ин корро кардааст. Ӯ мегӯяд: «Рӯзе писарамон аз велосипедаш афтида, захмӣ шуд. Якчанд рӯз пас захмҳои ӯ шифо ёфтанд. Ману ҳамсарам ба ӯ фаҳмондем, ки Яҳува ҳуҷайраҳои бадани инсонро тавре офаридааст, ки онҳо худашонро шифо медиҳанд. Мо инчунин қайд кардем, ки инсон то ҳол чизи ба ин монанд наофаридааст; мисоли мошинро оварда, гуфтем, ки, агар он ба садама афтад, худаш худашро таъмир намекунад. Дар ин бора андеша карда писарамон фаҳмид, ки Яҳува бениҳоят хирадманд аст».

13. Чӣ тавр волидон ба фарзандони худ кумак карда метавонанд, ки қудрати Худоро дарк кунанд? (Ишаъё 40:26).

13 Яҳува мехоҳад мо ба осмон назар афканда, андеша ронем, ки чӣ тавр ӯ бо қудрати бузурги худ коинотро дар ҷояш нигоҳ медорад. (Ишаъё 40:26-ро хонед.) Аз ин рӯ фарзандони худро таълим диҳед, ки ба осмон назар карда, андеша ронанд. Тин-тинг ном хоҳаре аз давлати Тайван кӯдакиашро ба хотир оварда, мегӯяд: «Боре ману модарам ба табиат рафта, шабона осмони пурситораро тамошо кардем. Он вақт ҳамсолонам ба ман фишор меоварданд. Ман хавотир будам, ки хизмати Яҳуваро содиқона давом дода метавониста бошам. Модарам гуфт, ки дар бораи қудрати Яҳува андеша кунам; ба воситаи он ӯ тамоми ситораҳоро офаридааст. Ман бояд дар ёд медоштам, ки бо ин қудрати бузургаш Яҳува маро дар озмоишҳо қувват мебахшад. Баъди он рӯз ман Яҳуваро беҳтар шинохтам ва азм кардам, ки минбаъд низ хизмати ӯро содиқона давом медиҳам».

14. Чӣ тавр волидон ба фарзандони худ ба воситаи офаридаҳо нишон дода метавонанд, ки Яҳува Худои шод аст?

14 Аз офаридаҳо маълум мешавад, ки Яҳува Худои шод ва шӯхтабиат аст. Олимон мушоҳида карданд, ки аксар ҳайвонот аз ҷумла паррандагону моҳиҳо одати бозӣ карданро доранд (Айюб 40:20). Оё ягон бор дидаед, ки чӣ тавр фарзандонатон ҳайвонеро дида механданд? Шояд онҳо мушоҳида карданд, ки чӣ тавр пишакча аз паси калоба медавад ё сагчаҳо гӯштингирӣ мекунанд. Ин дафъа, агар пай баред, ки фарзанди шумо нағмабозии ҳайвонеро тамошо карда механданд, ба онҳо гӯед, ки мо ба Худои шоду хурсанд хизмат мекунем (1 Тим. 1:11).

ҲАМРОҲИ ОИЛААТОН АЗ ОФАРИДАҲО ЛАЗЗАТ БАРЕД

Фарзандонатон шояд дар табиат озодона дар бораи ҳиссиёташон гап зананд (Ба сархати 15 нигаред.)

15. Чӣ ба волидон кумак мекунад, ки андешаҳои дили фарзанди худро фаҳманд? (Панднома 20:5). (Инчунин ба расм нигаред.)

15 Баъзан ба кӯдакон дар бораи мушкилиҳояшон ба волидон гап задан душвор аст. Агар шумо ба чунин ҳолат дучор шуда бошед, бояд андешаҳои дили фарзанди худро фаҳмед. (Панднома 20:5-ро хонед.) Баъзе волидон мушоҳида карданд, ки ин корро дар табиат кардан нисбатан осон аст. Чаро? Як сабабаш ин аст, ки дар табиат ҳушу ёди фарзандон ва волидон камта́р парешон мешавад. Дар бораи сабаби дуюмаш падаре бо номи Масаҳико аз Тайван қайд мекунад: «Вақте мо бо фарзандон дар табиат вақт мегузаронем, ба кӯҳ мебароем ё дар соҳил гаштугузор мекунем, одатан онҳо худро орому озод ҳис мекунанд. Барои ҳамин андешаҳои дили онҳоро фаҳмидан осонтар мешавад». Катя, ки дар сархатҳои боло дар борааш гуфтем, илова мекунад: «Баъди дарсҳо модарам маро ба ягон боғи зебо мебурд. Дар чунин фазои орому осоишта ба ман дар бораи мушкилиҳое, ки дар мактаб доштам, ба ӯ нақл кардан осонтар буд».

16. Чӣ тавр оилаҳо офаридаҳои Яҳуваро мушоҳида карда, вақтхушӣ карда метавонанд?

16 Аъзои оила аз офаридаҳои Яҳува лаззат бурда, дам гирифта метавонад. Дар натиҷа, инчунин, пайванди дӯстии онҳо мустаҳкам мегардад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «вақте барои хандидан» ва «вақте барои рақсидан» аст (Пандгӯ 3:1, 4). Бинобар ин Яҳува барои вақтхушии мо ҳамаи шароитро муҳайё кардааст. Масалан, ба бисёр оилаҳо дар мамнуъгоҳ, деҳот, кӯҳҳо ё соҳили баҳр дам гирифтан маъқул аст. Баъзе кӯдакон бошанд, аз давутоз ва бозӣ дар боғҳо, тамошои ҳайвонот ё шиноварӣ дар дарё, кӯл ва баҳр лаззат мебаранд. Бале, мо барои дар табиат, дар иҳотаи офаридаҳои Яҳува, вақтхушӣ кардан имкониятҳои олиҷаноб дорем.

17. Чаро волидон бояд ба фарзандони худ ёрӣ диҳанд, ки офаридаҳои Худоро мушоҳида кунанд?

17 Дар дунёи нав волидон бо фарзандонашон аз офаридаҳои Яҳува пурра лаззат мебаранд. Дар байни одамону ҳайвонот дигар тарсе намемонад (Иш. 11:6–9). Мо то абад аз амали дастони Яҳува баҳра хоҳем бурд (Заб. 22:26). Лекин, волидон, аллакай имрӯз ба фарзандонатон кумак кунед, ки офаридаҳоро мушоҳида намоянд. Агар ба воситаи офаридаҳо фарзандонатонро дар бораи Яҳува таълим диҳед, эҳтимоли зиёд аст, ки онҳо бо гуфтаҳои зерини шоҳ Довуд розӣ мешаванд: «Эй Яҳува... корҳои ту бемислу монанданд» (Заб. 86:8).

СУРУДИ 41 Ба Яҳува аз ҷавонӣ ибодат намо

a Бисёр бародару хоҳаронамон лаҳзаҳоеро дар хотир доранд, ки чӣ тавр ҳамроҳи волидони худ офаридаҳоро мушоҳида мекарданд. Онҳо то ҳол дар ёд доранд чи хел волидонашон аз фурсат истифода бурда дар табиат ба онҳо дар бораи хислатҳои Яҳува таълим медоданд. Агар шумо низ фарзанддор бошед, чӣ тавр ба воситаи офаридаҳо ба онҳо дар бораи хислатҳои Яҳува таълим дода метавонед? Дар ин мақола ба ин савол ҷавоб дода мешавад.