Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Маслиҳатҳо барои омӯзиш

Маслиҳатҳо барои омӯзиш

Бахши «Навигарӣ»-ро самаранок истифода баред

Бахши «Навигарӣ»-ро аз барномаи JW Library® ва сомонаи jw.org ёфта метавонед. Дар он ҷо маводи нав оварда мешавад. Ин бахшро истифода бурда аз маълумоти охир бохабар бошед. Чӣ тавр?

JW Library

  • Мақолаҳои алоҳида ба «силсилаи мақолаҳо» дохил шуда баъд азнавсозии он пайдо мешаванд. Ҳамин тавр, вақте дар бахши «Навигарӣ» силсилаи мақолаҳо дастрас мешавад, нашри охирини онро боргирӣ кунед. Сипас мақолаи навро аз рӯйи санаи нашраш дар аввали рӯйхат пайдо карда, хонда метавонед.

  • Барои пурра хондани адабиёти матнаш калонтар, масалан, маҷаллаҳо, шояд вақти бештар лозим ояд. Аз ин рӯ, агар адабиётеро пурра нахонда бошед, онро ба рӯйхати «Интихобшуда» илова кунед, то баъдтар ба мутолиаи он баргашта тавонед.

JW.ORG

Баъзе чизҳо, аз ҷумла хабарҳо ва эълонҳо, танҳо дар сомонаи jw.org пайдо мешаванд. Барои ҳамин саҳифаи «Навигарӣ дар сайт»-ро тафтиш карда истед, то аз мақолаҳои нав бебаҳра намонед.